Равандҳои сиёсӣ ва омилҳои ҷалби занону ҷавонон ба равияҳои ифротӣ

9.07.2015, 16:00 Хонданд: 256

Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртазодию пешгӯӣ нашуданашон фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо инстинкти худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад. Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, дарёфти технологияҳои назорат ва идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.
Таҳлили равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки хусусияти ҷалби ҳарчи бештари субъектон ба онҳо аз шакли оммавӣ ба шакли фардӣ гузашта истодааст. Яъне, қувваҳои манфиатдор усули таъсиррасонии фардӣ ва алоҳидаро ба шахсиятҳо пеш гирифта, дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар аз шахсиятҳои дорои хислатҳои маргиналӣ, ба муҳити иҷтимоӣ пурра вориднашуда ва ҷавонони камтаҷриба истифода баранд. 
Илм ҳам собит намудааст, ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда истодаанд. В.Коровин қайд мекунад, ки дар давраи индустриалӣ амалиётҳои ҷангӣ бо истифодаи чунин мафҳумҳо, аз қабили ақибгоҳ ва фронт тавсиф карда мешуданд. Задухӯрдҳои ҳарбӣ рӯ ба рӯ ва бевосита суръат гирифта, ғалаба аз теъдоди яроқу аслиҳаи такмилёфта ва шумораи аскарон вобаста буд. Яъне, барои ба даст овардани ғалаба душман аз усули ҳуҷум аз берун истифода мебурд. Дар замони муосир ин усул тағйир ёфтааст. Яъне, мавҷудияти захираҳои иттилоотӣ имконият медиҳанд, ки усули мубориза «аз дохил ба берун» истифода шавад. Ин усул истифодаи яроқу аслиҳаи зиёд, хароҷоти гарони молиявӣ ва талафоти ҷонии душманро талаб намекунад. Баръакс, тавассути пешбурди таҳоҷуми иттилоотӣ, тағйири мафкура ва ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш ва ақидаҳои худи аҳли ҷомеа, қувваи дохилии онро ба муқобили худаш истифода мебарад, ки мисоли аниқи ин гуфтаҳо давлатҳои араб ва кишвари Украина мебошад.
 Коргардонҳои ин сенарияҳо кӯшиш намуданд, ки бо эҳсоси мардум бозӣ намуда, субботу низоми ин кишварҳоро барҳам диҳанд. Мутаассифона, ба ин ноил ҳам гаштанд. Ин мисоли амиқи истифодаи қувваи дохилӣ ба муқобили худи давлат мебошад.
 Таъсиси даҳҳо шабакаи иҷтимоӣ, ҳамчун василаи содда ва арзони муошират имконият фароҳам оварда истодааст, ки миллионҳо нафар бадин васила вориди онҳо гашта, гурӯҳҳои худро таъсис диҳанд. Мутаассифона, ҳаракату равияҳои ифротгаро ҳам аз ин технологияҳо васеъ истифода бурда истодаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб шуда истодаанд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини ислом, паст будани сатҳи маърифату дониш, бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа, нокомӣ дар мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ мегардад, ки оқибатҳои фоҷиаовар дорад.
Саволе ба миён меояд, ки кадом гурӯҳи ҷавонон ва занон бештар майли гаравидан ба равияҳои ифротиро доранд?
Тибқи исботи олимон бештар ҷавононе, ки каҷрафторӣ барояшон хос аст, ба ин роҳ мераванд. Ба ибораи дигар инҳо нафароне мебошанд, ки дар марҳилаи омезиши шадиди арзишҳо умр ба сар мебаранд ва моҳияти ин омезишро ба пуррагӣ дарк карда наметавонанд. Дар илм чунин мафҳуме ҳаст, ки онро аномияи иҷтимоӣ меноманд. Аномия аз рӯйи моҳияти худ раванди таърихан вобастаест, ки дар он пошхӯрии ҷузъҳои таркибии фарҳанг, пеш аз ҳама, меъёрҳои этикӣ ба вуҷуд меоянд. Ин раванд ба марҳилаҳои гузариш хос буда, дар онҳо тағйирёбии арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ ба миён меоянд. Меъёрҳои пазируфташудаи ахлоқӣ дар доираҳои алоҳида мавриди эътироф ва қабули зарурӣ қарор намегиранд. Дар натиҷа, дар ҷомеа бархӯрди арзишҳо ба вуҷуд омада, раванди муносибатҳои иҷтимоиро халалдор менамояд. Ба ақидаи муҳаққиқи рус Е. М. Бабосов аномия «мавҷуд набудани низоми дақиқи меъёрҳои иҷтимоӣ, вайроншавии ягонагии фарҳанг буда, дар натиҷа таҷрибаи ҳаётии одамон ба меъёрҳои идеалии ҷомеа мутобиқат намекунанд».
Меъёрҳои иҷтимоӣ ҳамчун маҷмӯи принсипҳои умумипазируфтаи рафтор ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нишондиҳандаи қудрати инсонҳо баҳри ташаккули муҳити зарурии иҷтимоиест, ки тавассути таъсиррасонӣ ба якдигар метавонанд рафтори худ ва атрофиёнро ҳамоҳанг созанд.
Устуворгардии таъсирҳои бегонаи ғаразнок дар замони муосир ба ташаккулёбии муҳити мусоид ва зарурии иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҷаҳонишавӣ ва хусусиятҳои хоси он, ки суръати омезиши арзишҳоро пурзӯр менамояд, косташавии меъёрҳои мавҷударо низ қувват мебахшад.
Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия низ дар замони муосир хусусияти мушкил ба худ касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа уфуқҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар байни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд. 
Дар чунин шароит фаъолгардонии нақши ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа муҳим буда, дар ин раванд бояд ҳамбастагии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад. Фаъолияти ҳамоҳанг ва ҳамгирои онҳо метавонанд натиҷаҳои дилхоҳ дошта бошанд. Дар ин масир баланд бардоштани нақши оила ва фаъол гардонидани мавқеи он бениҳоят муҳим буда, иҷрои босифати уҳдадориҳои иҷтимоии он омили муҳими ташаккули шахсиятҳои худогоҳ мебошад. Таҷрибаи фаъолияти ҳаррӯза нишон медиҳад, ки дар низоми муносибатҳои оилавӣ ҳолатҳои зӯроварӣ дар масъалаи аз бар намудани сару либос ва дигар масоили дорои ҷанбаи эътиқодӣ баръало ба чашм расида истодаанд, ҳатто оқибатҳои фалокатбор низ доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз василаҳои ҷалби занон ба ҳаракатҳои ифротию муноқишаҳои давлатҳои Ироқ ва Сурия маҳз таъсири аъзои оила мебошад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат амиқу саривақтӣ ҳушдор доданд, ки «Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем».
Масъалаи дигари ташвишовар ин симои занона пайдо намудани ифротгароию терроризм аст. Зан ва террор ду мафҳуме мебошанд, ки якдигарро дар ҷавҳари худ инкор мекунанд. Зеро зан офаридгор, ҳаётбахш, равшанкунандаи роҳи фарзанд, оила ва ҷомеа мебошад. Ифроту терроризм бошад, нобудкунандаи беҳтарин неъмати худододӣ - ҳаёти инсонӣ, вайронӣ, харобӣ ва даҳшатафканию марг аст. Пас оё ин ду мафҳум метавонад бо ҳам тавъам бошад. Албатта не. Вале, воқеият имрӯз онест, ки мо дорем, яъне зан-модар тавонистааст бо дилсардию бераҳмии махсус оила ва фарзандонро дар чорроҳаи тақдир танҳо гузошта, на роҳи ободкорию тарбия, балки роҳи қатлу кушторро пеш гирифта, ин амали манфури худро тавассути расонаҳо ба маърази ом гузоштааст. Ин берун аз эҳсоси модарист, ки ҷигарбандони худро қурбони худхоҳӣ ва гумроҳии худ намоӣ. Воқеан ҳам, Адамова М.А. дуруст қайд намудааст, ки ба чунин занон инстинкти сусти модарӣ ва майл ба ҳаёти оворагардона хос мебошад. Ҳол он, ки устувории мавқеи зан, ирода ва боҷуратии ӯ, дилсӯзияш нисбат ба тақдири оила ва фарзандону наздиконаш метавонад, пеши роҳи хатоҳои фоҷиаборро гирад.
Василаи муҳими фаъолгардонии ҷавонону занон ин дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба равандҳои иҷтимоии муосир мебошад, ки тавассути он имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад. Ба ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин кард ва баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд. 
Дар таҷрибаи сиёсӣ собит гаштааст, ки зуҳуроти алоҳида қодир аст ба ҷараёни раванди сиёсӣ таъсири худро расонад. Ин таъсиррасонӣ тавассути қабули ин ё он зуҳурот аз ҷониби ҷомеа ба миён меояд, яъне, қабули ҷомеа метавонад равандро тақвият бахшад ва ё баръакс, ин зуҳурот метавонад нафрати ҷомеаро ба миён оварда, боиси аз байн рафтани он гардад. Имрӯз эҳсос мегардад, ки аксар қувваҳои солимфикри ҷомеа ин зуҳуроти нафратоварро маҳкум мекунанд. Аз ин рӯ, дар чунин ҳолатҳо мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ муҳим мебошад.
Тақвият бахшидани корҳои фардии тарғиботӣ ва ташкили чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ низ баҳри фаъолгардонии нақши ҷавонону занон дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. 
Ҳамин тариқ, таҳлили равандҳои сиёсии муосир нишон медиҳад, ки вобаста ба имконияти фарохи истифодаи василаҳои гуногун, аз он ҷумла, техникӣ ва иттилоотӣ, суръат ва моҳияти онҳо куллан тағйир ёфта, хусусиятҳои пешгӯйинашавандагиашон бештар гашта истодааст. Аз ин рӯ, ҳарчи бештар боло бурдани иттилоотнокии ҷомеа вобаста ба моҳияти аслии вазъи муосири геополитикии ҷаҳон, раванди суръатгирии зиддиятҳо дар пояи дину мазҳаб, истифода аз номи дини мубини ислом бо мақсадҳои ғаразноку сиёҳ, боло бурдани дарки дурусти равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва тарбияи эҳсоси баланди ватандорӣ зарур мебошад.

Махфират ХИДИРЗОДА,

д.и.ф., профессор

jumhuriyat.tj



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2