Таборшиносии гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ ва падидаи ДОЪИШ

22.07.2015, 06:23 Хонданд: 374

Навиштори якум:  (“Салаф”дар луғат ва истилоҳ, Таърихчаи “Салафият”, Марҳилаҳои таҳаввулоти мактаби “Салафият”, Тақсимбандии ҷараёнҳои “Салафият”, Шиаҳои ифротӣ-такфирӣ, Падидаи салафигарӣ;  рақиби инқилобҳои арабӣ, Сурия; қурбонӣ шуд ё қурбонӣ гирифт?)

Барои он, ки ҷомеъ бишиносем, комил бидонем, дақиқу зариф шинохта бошем бар мо лозим меояд, ки ҳар чизу ҳар касу ҳар падидаеро моҳиятшиносӣ кунем, решаёбӣ намоем, чистинигарӣ карда ҳувияту саргузашти онро бояд бидонем, баъд аз он метавонем дар борааш суҳбат кунем, назар ироа диҳем, дар муқобилаш мавзеъгирӣ кунем ва ҳадафҳову хатарҳояшро дониста дар баробараш аксулъамал нишон бидиҳем. Гурӯҳаки “ДОЪИШ” аз ин қоида мустасноу берӯн набуда бахотири ҳамин бояд шаклгирии гураҳакҳои тундраву ваҳшиву хашинро бояд дар фарозу нишибҳои зиндагии башарият, ҷустуҷу кард. Азми ин навишта бар он аст, ки ин падидаи шуму фосидро аз “Алиф” то “Ё” ва ё аз “Гаҳвора” то “Гур”, барои шумо бишиносонад. Яке аз мушкилтарини мушкилот ва муъзалтарини муъзалоти таърихи башарият, ки ҳамеша тамаддунҳоро таҳдид мекарда ва ба хусус чанд даҳаи ахир, ки на фақат ҷаҳони ислом, балки ҳамаи оламро тарсу иръоб кардааст, падидаи ифротгароиу терористӣ, каҷфаҳмиу каҷравиву каҷбардоштӣ, қишрнигариву кутаҳбинӣ ва зоҳирбиниву салафгароӣ аст, ки гирду меҳвари “салафият” мечархад, мебошад.

“Салаф”, дар луғат ва истилоҳ

 “Салаф”, дар луғат ба маънии “пешин, пешигирифтан ва сибқатгирифтан”, омада аст. Ва дар баробари он, “Халаф”, қарор дорад. Яъне мо нисбат ба ояндагон “салаф” ҳастему нисбат ба гузаштагон “халаф” ба ҳисоб меоем. Мафҳуми салаф, дар истилоҳи аҳли суннат ва шиа фарқ дорад. Аҳли суннат, салафро гурӯҳе аз мусалмонон; шомили саҳоба, тобеин ва тобеини тобеин медонанд. Онҳо ин се наслро ба далели наздикии замонӣ ва маконӣ ва беҳтар фаҳмидану дарк кардан аз ваҳй, беҳтарини уммат медонанду аз ҳадиси “Хайрия”, далел меоваранд. Албатта аҳли суннат дар бораи моҳияти ин “бартарӣ ва беҳтарӣ”-и ин се гурӯҳ бо якдигар ихтилоф доранд. Баъзе ин се гурӯҳро бар ҳамаи уммат то рӯзи қиёмат беҳтар медонанду бархе дигар муътақиданд, ки имкон дорад замоне биёяд, ки шахсиятҳое пайдо шаванд, ки аз ин бузургворон, бузургвортар бошанд. Ба ҳар ҳол натиҷа он аст, ки аҳли суннат эътиқод доранд, ки чун ин бузургворон ба Паёмбари Акрам (с), наздик буданд, бояд аз онҳо ба таври мутлақ пайравӣ шавад. 

Салаф, дар нигоҳи аҳли ташайюъ низ эътибор дорад, аммо ҳамеша қайди “солеҳ”, (салафи солеҳ), бо он ҳамроҳ аст. Бар хилофи аҳли суннат, ки қоил ба адолати мутлақи ҳамаи саҳоба ҳастанд, ба назари шиа, баъзе аз асҳоб корҳое анҷом додаанд, ки онҳоро аз адолат соқит карда аст; бинобар ин, наметавон ҳамаи саҳобаро одил донист ва ба таври мутлақ аз онҳо пайравӣ кард. Шиа, аз Қуръон санад меовараду низоъҳоу ҷангу кашмакашҳо ва вуҷуди мунофиқон дар миёни асҳобро истинод мекунанд бар ин, ки саҳоба ба таври мутлақ одил нестанд. Дар натиҷа, наметавон қоил ба адолати ҳамаи саҳоба шуд; чӣ расад ба тобеин ва тобеини тобеин. Аз ин хотир фақат, гурӯҳе аз саҳоба, ки дар аҳли байти Паёмбари Акрам (с), хулоса мешаванд ва китобу суннат низ ба пайравӣ аз онон фармон дода аст, шоиста ва сазовори пайравианд.

Таърихчаи салафият

Яке аз ҷараёнҳое, ки дар солҳои ахир нақши назаррасе дар сиёсатҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ дошта ва ҳаррӯз маҳдудааш афзун ёфта ва буҳрону таҳдиди он бар олам соя анфанда, ҷараёни “салафгароӣ”, аст. Салафигарӣ ба мактабу машрабу андешае ишора дорад, ки боварҳо ва эътиқодоти махсусе доранд дар таноқузу зиддият бо дигар мазҳабҳои исломӣ. Вожаи салафигарӣ, пешинаи дарозе дар таърихи ислом надорад ва то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (сенздаҳуми мелодӣ), бо мафҳумҳое ҳамчун “Аҳлиҳадис” ва “Асҳоби ҳадис”, рӯ ба рӯ ҳастем. Аҳли ҳадис ҳарчанд бо андешаи салафигарӣ шабоҳатҳои зиёде доранд (такя бар ҳадис ҳарчанд заъиф), аммо ҳеҷ гоҳ ба ҳайси як мактабу мазҳаб дар давоми таърих матраҳ набуданд. Аз назари таърихӣ, ҳарчанд баъзе аз шавқу рағбатҳои андешаи салафӣ дар асри чаҳоруми қамарӣ (даҳуми мелодӣ), шакл гирифта аст, аммо ба далели зиддияту таорӯз бо андешаҳои исломӣ, дар муддати кутоҳе хомуш шуд.

Дар асри ҳафтми ҳиҷрӣ (сенздаҳуми мелодӣ), “Ибни Таймия”,(1263-1328) мубтакири салафият, андешаи салафигариро эҳёу бунёнгузорӣ кард ва оташи ихтилофҳоро дар миёни мусалмонон шуълавар намуд. Пас аз вай шогирдонаш “Заҳабӣ”, “Ибни Қайим”, “Ибни Касир”, барои зинда нигоҳ доштани ин андешаҳо бисёр талош карданд, аммо бо муваффақият ҳеҷ гоҳ рӯ ба рӯ нашуданд. Далелаш ҳам зиддияти он бо мантиқи қуръонӣ ва фитрати поки инсонӣ ва ақли салимӣ буд. Абдулҳаким Абуллуз, муҳаққиқи барҷаста дар китобаш “Ал-Ҳаракотус салафия фил мағриб”, мегӯяд:” Ибни Таймия дар осораш ҳазорон бор алфози ба ёдоварандаи такфирро истифоа бурда аст. Бар асоси баррасии маҷмуа осори Таймия, вай 917 бор лафзи кофир, 892 бор лафзи яқтулу (мекушад), 829 бор лафзи муртад, 219 бор лафзи ястатобу (навъе аз муртад), 97 бор лафзи ҳалолуддам  (хунаш ҳалол) бурда ва агар дақиқтар баррасӣ шавад боз ҳам аз ингуна лафзҳои таҳриккунанда зиёд аст.”

Чаҳорсад сол баъд аз “Ибни Таймия”, шахси дигаре ба номи “Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб” (1703-1791), аҳли Наҷди Ҳиҷоз (Арабистони феълӣ), масъалаҳову назарияҳои Таймияро пайгирӣ ва матраҳ кард. Абдулваҳҳоб чун аз илми кофӣ ва вофӣ ҳамчун Таймия баҳраманд набуд, роҳи амалу иқдомро интихоб карда рисалоҳои кӯчаку ҷузъӣ, бидуни пояҳои илмӣ ва истидлолӣ навишт ва ба шамшеру зур мутавассил шуд ва роҳи тундиву хушунату ифротгароиро пеш гирифт. Вай пайравони назарияҳояшро мусалмону муваҳҳид ва мухолифону мунтақидонашро кофиру мушрик хитоб мекард. Ӯ бисёр зуд ба таблиғи оро ва ақоиди худ машғул ва ба сарбозгирӣ ва ҷанг бо қабилаҳои ҳамсояи худ кард. Ва ба далели ҳимоятҳои пири истеъморгар - Ингилистон, хело зуд рӯшд ва ба хусус дар Наҷду Ҳиҷоз ҷои пои худро мустаҳкам намуд. Абдулваҳҳоб саранҷом бо кӯмаки раиси қабила ба номи “Муҳаммад бин Саъуд” (бунёнгузори Оли Саъуд), давлати  кӯчакеро дар шаҳри “Даръия” аз шаҳрҳои Наҷд дар соли 1744 бино карданду сиёсат ба дасти Саъуд ва муфтиёт ба дасти Абдулваҳҳоб тақсим шуд ва то имрӯз низ дар Арабистони Саъудӣ ҳамингуна мебошад. Ва таблиғоти худро бар асоси ширку тавҳид мутваҷҷеҳ сохту ба вайронкунии мақбараҳо, биноҳо, зиёратгоҳҳо ва осори бостонӣ машғул гашт. Ором-ором ин ҷараён ба “ваҳҳобият” машҳур шуд.

Ҷараёни Ваҳҳобият (идомаи салафияти Таймия) ба ҳайси бидъатгузор ва тавҳинкунанда ба муқаддасоти исломӣ фаъолияти худро қадам-қадам пеш мебурд, то ин, ки султони Усмонӣ ва шоҳи Эрон барои саркуби онон лашкар равона карданд. Саранҷом дар соли 1818 сипоҳиёни “Муҳаммадалӣ Пошо”, маркази ваҳҳобият, яъне шаҳри Даръия (пойтахти пешини хонадони Оли Саъуд)-ро ба тасарруфи худ дароварда маркази сиёсӣ-низомии ин ҷамоатро аз байн бурданд, вале пас аз муддате ваҳҳобиҳо дубора парчами иморати худро дар Риёз, таъсис карданд, ки он ҳам пас аз муддате дучори заъфу фурӯпошӣ шуд.

Наздикиҳои ҷанги аввал ҷаҳонӣ бори дигар хонадони Саъуд тайи кашмакашҳои сиёсӣ ва қабилаӣ ва баъд аз ғайбати садсола, дубора бар тахти қудрати Ҳиҷоз (1921), такя заданд ва ин бор тамоми шибҳи ҷазираи Арабистонро ба тасарруфи худ дароварданду ба ғорату қатлу қитоли мухолифон ва сарзаминҳои ҳамсоя машғул шуданд. Бад-ин тартиб бори дигар наҳзату андешаи “салафият”, равнақу ҷони тозае гирифту шайхҳои салафӣ ва султонҳои Саъудӣ даст дар дасти ҳам ба тарвиҷу нашри маслаки худ карданду ҳукумату сайтара бар ҷаҳони исломро дар сар мепарваронданд. Аммо ин ки чӣ гуна бори дигар ин ҷараён сари қудрат омаданду нақши истеъмори пир - Ингилистон дар қудрат гирифтани ин ҷараён чист? Навиштор ба дарозо мераваду аз навиштани он парҳез мекунем. Ва дар даврони кунунӣ ва бешакку шубҳа ҳодисаи New York,  “11 Сентябр”, нуқтаи атфу чархишгоҳи таваҳҳулоти ҷараёни салафият мебошад. Имрӯза низ ин ҷараён қамчини сахте дар дасти Амрико барои пешбурди ҳадафои худ ва пайравонаш, дар кишварҳои исломӣ шудааст.

(Идома дорад)

Муҳаммад Ғуломов, таҳлилгар



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2