Таборшиносии гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ ва падидаи ДОЪИШ (2)

25.07.2015, 15:48 Хонданд: 248

( Идомаи “Таборшиносии гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ ва падидаи ДОЪИШ”)

Марҳилаҳои таҳаввулоти мактаби “Салафият”

Барои ҳар мактабу андешау ҷараёни ботилу фосиде замоне мебошад, ки ҷавлону тохтутоз мекунанд. Вале пас аз равшан шудани ин, ки асосу пояи малакутӣ ва ваҳёнӣ надораду бо фитрати поки инсонӣ носозгор аст, дафтару қаламу шамшеру низоми худро ҷамъ карда ба партовгоҳҳои фосиди таърихи башарият, мепайвандад. Барои андешаи салафият низ марҳилаҳо ва таҳаввулоте вуҷуд дорад, ки метавон дар чаҳор марҳила, тақсим кард:

Марҳилаи якум, ҳолати теорик ва назарияпардозӣ аст, ки тавассути Ибни Таймия дар асри 13-14 мелодӣ поярезӣ ва шолударезӣ шуд. Қадами дуюм, ҳолати татбиқу вифқу баробарсозӣ ва иҷро кардан аст, ки тавассути “Ибни Абдулваҳҳоб” ва ҷонишинонаш дар асри 17-18 мелодӣ дар Ҳиҷоз озмоиш шуд.

Манзили сеюм, табдил шудан ба як ҷараёну гурӯҳи нерӯманду таъсиргузор дар ҷаҳони ислом аст, ки тавассути амирони Саъудӣ ва шайхҳои Арабистони Саъудӣ ба марҳилаи амал даромаду тасбит шуд. Гоми чаҳорум, табдил шудани мактабу андеша ва назарияҳои салафӣ ба як идиалогияи ҷиҳодӣ-инқилобӣ-сиёсӣ аст, ки дар чанд даҳаи ахир шаклгирифта ва боиси ошкор шудани гурӯҳҳои салафии сиёсӣ-ҷиҳодӣ дар Миср, Яман, шимоли Африқо, Кашмир, шарқу ғарби Осиё ва ҷумҳуриҳои тоза истиқлолёфтаи Шуравии собиқ, шудааст.

Тақсимбандӣ, саф ва радабандии ҷараёнҳои “Салафият”

 Дар як марзбандиу тақсимбандии куллӣ метавон имрӯза гурӯҳҳои салафиро ба се бахш тақсиму сафбандӣ ва марзбандӣ кард:

1- Салафиҳои такфирӣ ва ситезаҷу (ҷангҷӯ): Наздик ба ҳаштод дарсади салафиҳои имрӯзиро ин гурӯҳ дар бар мегирад. Ин гурӯҳ ҳамеша ба хушунатталбӣ, ифротгароӣ, қатлу ваҳшигарӣ, куштану террори мухолифон, эҷоди рӯъбу тарсу ваҳшат ва ғайра аҷин асту ҳамаи ин фаъолиятҳои фосиди худро дар зери либоси дину ҷиҳод, рангу бӯи исломӣ медиҳад. Ва хостгоҳу ватани аслии ин гурӯҳ, Шимоли Африқо мебошад. Мамлакатҳое ҳамчун Миср, Ал-Ҷазоир, Тунис, Либӣ, Марокиш, Судон ва ғайра. Шохаҳои ин гурӯҳ, яъне салафиҳои ситезаҷӯ иборатанд аз: 1- Афғонул-Араб, ки муҳоҷирони араб ба Афғонистон аст ва падари шохаҳои бисёре аз Ал-Қоида мебошад. 2- Ал-Қоида дар Мағриби исломӣ (Алҷазира, Либӣ, Малӣ, Муританӣ, Чод ва Ниҷерия). 3- Ал-Қоида дар Ироқ ва марзҳои Урдун, Лубнон ва Сурия (Ҷабҳаи Ан-Нусра, Артиши Озоди Сурия, ДОЪИШ). 4- Ал-Қоида дар Шибҳи Ҷазираи Арабистон (Арабистону Яман). 5- Аш-Шабоб дар африқои Шимолӣ (Сомалӣ, Судон ва Киня). 6- Ҳизби Ҷомеаи Исломӣ (Индонезия, ҷануби Тайланд, Малайзия ва ҷануби Филипин). 7- Ва инчунин гурӯҳакҳои ифротӣ дар Покистон ва атрофи он (Сипоҳи Саҳоба, Байтуллоҳи Масъуд, Тариқи Толибони Покистон, Лашкари Ҷуҳангувӣ, Лашкари Ҷундуллоҳ ва Ҷайшул-адл). Ва ҳадафи ниҳоии ин гурӯҳакҳо ба иддаои худашон талош барои касбу қабзи қудрат ва барқарорсозии ҳукумати исломӣ аз роҳи муборизаи мусаллаҳона ва қатлу террор мебошад.

2- Салафиҳои Девбандия: Ин ҷараёни салафӣ роҳи наҷоту саодати мусалмононро дар густриш, таблиғу тарвиҷи дин ва риояти шариату ахлоқу адаб, медонад. Хостгоҳи ин ҷараён Шибҳи Қораи Ҳинд ва Афғонисон аст. Пас аз муддате то Осиёи Марказӣ, Ҷануби Осиё, савоҳили Уқёнуси Ҳинд ва марзҳои шарқии Эрон, густариш ёфт. Ҳадафи ин гурӯҳи салафӣ бар уҳда гирифтани раҳбарии фикрӣ-маънавии аҳли суннат, мубориза бо рақибони қудратманд дар муомилаҳои минтақаӣ ва дахолат дар мавзуъи Кашмир мебошад.

3- Салафиҳои эътидолӣ (миёнарав): Шайх Муҳаммад Абдуҳ ва ҷаноби Ҳасан Ал-Банно аз бунёнгузорони фикрии ин ҷараён ба ҳисоб меоянд. Ва раҳбарони феълии ин гурӯҳ низ талош мекунанд, чеҳраи муътадилу миёнарав ба ҷаҳон арза ва пешкаш кунанд. Хостгоҳи ин ҷараён низ Шимоли Африқо ва махсусан Миср мебошад. Шохаҳои муҳими ин ҷараён иборатанд аз: Ҳизби “Тавсеа ва адолат” –и Туркия, “Озодӣ ва адолат” –и Миср, “Ҳизби Нур” –и Миср,  ҳизби “Ан-Наҳза” –и Тунис, “Наҳзати Исломи”и –Тоҷикистон, “Ҷамоати Исломӣ” –и Покистон ва “Ҷамъияти Исломӣ” –и Афғонистон. Дар мамлакатҳое ҳамчун Миср, Тунис, Қатар, Урдун, Баҳрайн, Имороти Арабӣ, Уммон, Кувайт, Туркия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳадафи ин ҳизбҳову гурӯҳҳо  касби қудрат дар аркони давлат, ҳифзу афзункунонии қудрати сиёсӣ бо чеҳраи эътидолу миёнаравӣ мебошад.

 Муштаракоту шабоҳатҳои гурӯҳҳои салафимаслак

Бо ковишгарӣ ва ҷустуҷуи андешаҳоу назарияҳои гурӯҳҳои салафӣ ва зери заррабин қарордодану баррасӣ кардану дақиқ шудан ба зоҳир ва аъмолу рафтори ҷараёнҳои такфирӣ–салафӣ, муайян мегардад, ки ҳамаи онҳо аз як манбау маъхаз итъому обёрӣ мешаванд. Дар поин ба баъзе аз муҳимтарин муштаракоту шабоҳатҳои гурӯҳҳои гуногуни салафӣ, нигоҳи кутоҳ меандозем:  

1– Исломгароии ифротӣ: Бардошту таъбиру фаҳм ва ташхису тамйизи инҳо аз аҳкоми исломӣ, таъбири тунду ифротӣ ва мутавассил шудан ба хушунату тундхӯӣ аст. Равшан аст, ки роҳро нодуруст рафтаанду ба ҷои роҳи “Ҳаниф”, роҳи “Ҷаниф” –ро тай мекунанд.

2- Мубориза бар асоси хушунат: Аксарияти қотеи гурӯҳҳои салафӣ, рафторҳо, амалҳо ва гуфторҳои ислоҳкунанда ва нармиву оромиро ба канор гузоштаанду дар тафаккур ва манишу равиши инҳо ҷое барои эътидолу миёнаравӣ ва ақлу ақлоният вуҷуд надорад. Дар ҳоле, ки исломи азиз бар асоси маънавият, ақлоният ва эътидол дар ҳаракат аст, вале инҳо холӣ аз ин асосҳову аркони исломӣ ҳастанд.

3–Фиқҳу аҳкоми исломӣ: Дар фиқҳу аҳком, пайрави ҳеҷ кадом аз мазоҳиб ва муқайяд ба он нестанд. Бар ҳадисҳо такя мекунанду тобеи тафсир ба раъйи бузургони худ ҳастанд.

4– Модернизатсия: Аз афкору андешаҳо, арзишҳо ва истилоҳоте, ки ба миёни мусалмонон дар раванди доду гирифҳои фарҳангӣ–сиёсӣ бо дигар тамаддунҳои ҷаҳон омада аст, бидуни баррасӣ ва санҷиш гурезонанду ба шиддат бо он дар ҷанганд.

5- Даъват ба тавҳид: Даъвати мардум ба тавҳиду ягонагии Худованд аз ҳимматҳои ҷиддии онҳост, аммо тавҳидро фақат дар амри кӯмакхоҳи мустақим аз Худованд хулоса кардаанд. Ва ба рӯҳи ибодату абъоди гуногун ва фалсафаи маънавият, диққат нанамуда, аз он дур шудаанд. Ва агар заррае эҳсоси хатар кунанд, парчами мушрикхонии дигаронро барафрошта мекунанд.

6–Душманӣ бо фалсафа: Умуми салафиҳои тундрав бо фалсафа, илми калом, илми усули фиқҳ ва дар як калом бо ҳаргуна истидлолу мантиқу бурҳону муҷодалаи аҳсан, бегона ва душмананд.

7– Раҳбари сиёсӣ–динӣ: Улгӯи фикрӣ ва усваи амалӣ, раҳбари динӣ ва сиёсӣ ва ҳамаи таълимҳои илмӣ ва амалии онҳо, “Ибни Таймии” ва “Ибни Абдулваҳҳоб”, мебошад.

8–Бадахлоқӣ: Умуман олимону бузургони салафиҳо ва раҳбарони гурӯҳакҳои терористии салафӣ аз ҳаргуна ахлоқу адабу ҳурмату хоксорӣ фарсахҳо дуранду баръакс дар онҳо кибру ғуруру нухувват ва бадзабонӣ мавҷ мезанад.

9– Бегонапарасти худкуш: Бо бегонагон ва бо касоне, ки онҳоро таслиҳу татмиу фоида мерасонанд, дӯстиву созиш доранд, вале бо мусалмон носозгорӣ ва адовату душманӣ мекунанд.

10–Набуди ошноӣ бо олами ҷадид: Навад дарсад аз  олимону раҳбарони салафимаслак ҷаҳони ҷадиду модернро нашинохтаанд, зарарҳо ва таҳдидҳои онро алайҳи ҷаҳони ислом дарк накардаанд, бо мактабҳои фалсафаӣ ва адабии ғарбӣ аслан ошно нестанд ва нақду таҳлили онро карда наметавонанд, нисбат ба адёни дигар ошноии комил надоранд, бо ҳаргуна пажуҳишу таҳқиқу тафаҳҳус бегона буда, илму амалу идеология ва низомсозии ҷаҳонии исломиро дар чаҳор ҳадиси заъифу ду ояи ҷиҳодӣ, хулоса кардаанд.  

11– Нуфузи Арабистон ва Амрико: Ҳамаи гурӯҳҳои ифротии салафӣ, таҳти  таъсири қудрати пулии Арабистон ва қудрати фароминтақаӣ чун Амрико, қарор доранд ва бидуни иҷозати онҳо ҳатто об наменӯшанд. Ин қудратҳо бо ҳимоятҳои пулӣ, фикрӣ, машвараӣ ва таслиҳотӣ, шаҷараи хабисаи инҳоро обёрӣ мекунанд. Дар як калом агар бигуем Арабистон падари маънавӣ ва Амрико падари низомии ин гурӯҳакҳо мебошад.

12–Ҳукумати Исломӣ: Дар бинишу шоммаи сиёсии инҳо нисбат ба ҳукумати исломӣ ин аст, ки эътиқод доранд, ки бояд ҳукумати исломӣ сохт ва ҳар чӣ тезтар тамоми башариятро мусалмон кард. Ва дар ин роҳ аз ҳеҷ гуна рафторҳои зишту зананда ва касифу хабису фосид, парҳез намекунанд. Қатли ом мекунанд, зану кудаккушӣ мекунанд, ба сарзаминҳои ҳамсоя ҳамла мекунанд, меросҳои азими тамаддуни башариятро ғорат мекунанд ва барои озодӣ, озодии баён, озоди ақаллиятҳои динӣ ва қавмӣ, ҳеҷ гуна иззату такриме қоил нестанд. Миллату миллиятро қабул надоранду дар иваз ба уммат эътироф доранд.

13– Такфиру такфиргароӣ: Ин ҷамоатҳо барои далелтарошӣ ва муваҷҷаҳсозии фаъолиятҳои зидди исломӣ ва фосиди худ ва барои марзбандӣ миёни худӣ ва бегонаҳо, аз мафҳуми “такфир” яъне, кофиру бедин хитоб кардани мухолифон, ба шиддат истифода мебаранд.

Шиаҳои ифротӣ-такфирӣ

Гуфтем, ки аввалинбор ба таври қудратманд андешаи ифротгароӣ тавассути Ибни Таймия, ошкор гашт, вале хело зуд олимони ҳақиқии ислом онро саркуб карданд. Аммо пас аз чанде ин дарахти пӯсидаи заҳролуд тавассути Абдулваҳҳоб, бо дастгирии душманони ислом дубора ҷон гирифту тануманд шуду таҳти номи Ал-Қоидаҳо ва ДОЪИШ-иҳо идомаи ҳаёт дод. Яъне инро мехоҳам бигӯям, ки ин гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ аз дилу даруни мазҳаби поки аҳли суннат баромаданд, вале ҳеҷ рангу бӯи мазҳаби аҳли суннатро надоранд. Аз тарафи дигар, яъне дар мазҳаби шиа низ ингуна гурӯҳҳои терористӣ-такфирӣ, вуҷуд доштану доранд. Аввалинбор гурӯҳҳои шиаи ифротӣ дар даврони пас аз Паёмбари Акрам (с), ошкор гаштанд, ки ҳазрати Алӣ (к)-ро то мақоми улуҳият боло бурданду он ҳазрат (к)-ро Худо хонданд. Ин гурӯҳ дар таърих ба номи “Ғолиҳо” машҳур буданд, аммо дар андак замоне саркубу шарманда шуданду аз байн рафтанд. Вале ҳеҷ вақт душманони ислом аз ҳарбаи ҷанги мазҳаб алайҳи мазҳаб ғофил нашуданд. Истеъморгарон барои мубориза бо ислому мусалмонон ҳамонтавре, ки дар миёни мазҳаби аҳли суннат фирқаи “Ваҳҳобият” – ро сохтанд дар тарафи дигар, яъне дар миёни мазҳаби шиа фирқаи “Баҳоият” –ро таъсис намуданд. Дар Аврупо 200 сол миёни пайравони Католик ва Уртудукс ҷангу даъво ва кашмакаш буд ва натиҷа ин шуд, ки мардуми Аврупо аз дин безору гурезон шуданд. Душман ҳамон барномаро дар миёни уммати исломӣ низ пиёда кард.

Баҳоият, мазҳабе аст, ки дар Эрон дар асри 19-и мелодӣ тавассути Алимуҳаммади Шерозӣ (1819–1850), бо тахаллуси Боб, бо кӯмакҳои мустақиму ғайримустақими Ингилис, бунён гузошта шуд. Боб, дар аввал идаои  ҷонишинии ҳазрати Маҳдиро дошту пас аз он иддао мекард, ки худи  Маҳдии охирӯззамон асту саранҷом мегуфт, ки фиристодаи Худост. Ва имрӯза маркази ин мазҳаб ва мақбараи Боб, дар шаҳри “Ҳифо”, дар Фаластини ишғолӣ, мавҷуд аст. Вале ин мазҳаб ба сабаби ҳушёрии олимони шиа ва мавзеъгириҳои сахти уламо ва ҳукуматдорони эронӣ ба шиддат саркуб шуд ва натавонист ба ҳадафои аслии худ бирасад.

Пас аз он, ки душман тавассути “Баҳоият”, муваффақ нашуд, ки ба аҳдофи шумаш бирасад, тарҳи дигареро пайгирӣ карданд ва он ин, ки иддаеро аз дарӯни шиа парвариш доданд, пул доданд, мақому қудрат доданд, шабакаҳои моҳвораӣ дар Лондону Сантияго дар ихтиёрашон гузоштанд, то аз ин роҳ шиа ва сунниро ба ҷони ҳам ба куштани ҳам ба рехтани хуни хумдигар машғул созанд ва худ ба ғорати молу мулку дороиҳои азими мусалмонон даст заданд. Ин гуррӯҳҳо дар гуфторҳои худ, дар навиштаҳои худ, дар шабакаҳо ва саҳифаҳои интернетии худ коре ҷуз лаъну саббу туҳмат задан ба асҳобу ҳамсарони Паёмбари Акрам(с) надоранду ҷанги шиа ва сунниро таҳрик мекунанд. Касоне чун фирқаи “Шерозиҳо”, “Аллоҳёриҳо”, “Ёсир Ал-Ҳабибиҳо” ва ғайра. Дар ҳолате, ки аксарияти олимони шиа аз ин гурӯҳҳоу шахсиятҳо эъломи безорӣ кардаанд ва тавҳину беэҳтиромӣ нисбат ба бузургони аҳли суннатро ҳарому мамнуъ медонанд.

Фирқаҳои ифротӣ- такфирии шиа ва суннӣ, абзору қамчину шамшери дасти душман ҳастанду барои соҳибону арбобони худ ҳамчун сагон дум такон медиҳанд. Фалсафаи аслии таъсиси ин гурӯҳҳо ин аст, ки ба ҷаҳониён аз ислом чеҳраи хашину ифротӣ ва ақибрафта нишон диҳанд, яъне исломҳаросӣ кунанд то аз рушду густариши “исломи ноб”, пешгирӣ кунанд. Баҳонае аст барои қудратмандони ҷаҳон, ки ба мамлакатҳои исломӣ ҳамла кунанду ба ғоратгариву чаповулгарӣ даст бизананд. Исломҷӯёну пӯяндагони роҳи исломро маъюсу ноумед созанд. Ҷавонҳои мусалмононро аз дину оину мазҳаби худ пушаймону берун кунанд. Низоми исломи сиёсиро шикаста шуда ва нокоромад ҷилва диҳанд. Шикастани иқтидори бо шукуҳи исломӣ ва коҳиши ҷамъияти мусалмонон, аз дигар ҳадафҳои инҳо мебошад. Ва ҳадафи муҳими дигаре, ки тавассути ин гурӯҳҳо бароварда мешавад он аст, ки мусалмонон ё дар оғуши ингуна гурӯҳҳо меафтанду нобуд мешаанд ва ё бо ин гурӯҳҳо ба ҷангу ситез бар мехезанд ва дар ҳар ду ҳолат ҳам натиҷа ин мешавад, ки уммати исломӣ аз Фаластину Қудси Шариф ғофил мешаванду Исроили ишғолгар нафаси роҳат мекашад.

Ҳамагон бидонем, ки ҳардуи ин ҷараён (шиаҳо ва сунниҳои ифротӣ-такфирӣ) ҳеҷ гуна дахле ба ислому мусалмонон надоранду ҳардуи онҳо фосиду зараррасонанду муздур. Ба қавли шоири бузургвори ҷаҳони ислом, ҳазрати Ҷомӣ:” ... Сад шукр, ки саг суннӣ ва хар шиъӣ ниям.” Бузургтарин хиёнати ҷараёни такфирӣ ба мусалмонон ва хидмат ба душманони мусалмонон дар давоми таърих ва махсусан имрӯза ба гуфтаи Қурхони Карим дар ояи 205 сураи Бақара ин аст, ки ин лаҷуҷону хабисону касифон насли муъмину мусалмонро аз байн мебаранд ва зерсохтҳоу пешрафтҳои санъатӣ ва иқтисоди як сарзаминро нобуд месозанд. Ошкоро имрӯзҳо мебинем, ки баъд аз ҳувайдо шудани ин гуруҳакҳои фосид, мамлакатҳои исломӣ нобуд ва ҷамъияти исломӣ куштаву пароканда шудааст. Албатта, ҷои шукр аст, ки Худованд дар идомаи оя мефармояд, ки Худованд фосидонро дӯст намедорад ва ин худ беҳтарин далел барои маҳкумияти онҳост. Бар ҳамаи мусалмон фарз аст, ки аз ҳар дуи ин гурӯҳҳо безорӣ ва дурӣ ҷӯянд. Барои муқобила бо ин гурӯҳҳо бояд афсарону низомиёни фарҳангӣ, яъне соҳибони қаламҳои нофиз, соҳибони гуфторҳои расо, моликони кумитаҳо ва ҷамъиятҳои илмӣ-фарҳангӣ бояд даст ба кор шаванду моҳияту арбобону тарҳҳоу ҳадафҳои ин гурӯҳҳои иҷораии душманонро ба ҳамаи мардум ошкор созанд.

Падиаи салафигарӣ; рақиби инқилобҳои арабӣ

Дар ҳолате, ки амвоҷи нерӯманду пурқуввати ҳаракати миллатҳои мусалмони арабӣ дар бедории исломӣ, хезиши исломӣ, ҳаракатҳои исломихоҳона, бозгашти ба ислом ва имону маънавият ва ё ҳамон баҳори арабӣ (баҳори арабӣ низ ба бедории исломӣ тамом мешавад; он кас, ки ба асли фитрати поки инсониаш бозгардад қатъан ба Худо ва маънавият бозгашта аст) чеҳраи ҷадиде ба Ғарби Осиё (Ховари Миёна), бахшида аст, ҷаҳони араб шоҳиди ошкор шудани баъзе ҳаракатҳои куҳангаро, мутаҳаҷҷир, навситез, вопасгаро, иртиҷоӣ ва фирқаҳои рондашуда барои суиистифода ва баҳрабарӣ  аз фурсати ба даст омада, яъне бедории исломӣ, васваса шудаанд. Ҳамонҳое, ки то дирӯз (пеш аз оғози бедории исломӣ), дар гӯшау каноре умр басар мебурданд, арбада, наъра ва додубедодҳои мастонаи онҳо дар майдонҳои сиёсӣ-ақидатӣ гӯшҳоро кар ва чашмҳоро хира карда аст.

Ин хезишу ҷӯшиши миллатҳои мусалмони минтақа ҷуз бозгашту бедории исломӣ чизе дигаре набуд, шоҳиду далел он аст, ки: Тазоҳуроткунандагон мардуми мусалмон буданд, ки қиём карданд ва баъд аз он пайравони дигар адён ба онҳо мулҳақ шуданд. Шиорҳоу намодҳо ва аломатҳо ҳама исломӣ буданд. Дар масҷидҳо таҷаммуот мешуд. Ҷавонҳо бо шӯру эҳсости поки исломӣ ба майдонҳо меомаданд. Истикборситезӣ ва зидди имприёлизм будан дар ин ҳаракатҳо мавҷ мезад. Баъд аз муваффақиятҳо низ мардум ба ҳаракатҳои исломӣ раъй доданд. Онҳое, ки ин ҳаракатҳоро пешбарӣ, ҳидоят ва контрол мекарданд, ҳамагӣ аз шогирдону серобшдагони мактаби Сайид Ҷамолиддини Асадободӣ, Шайх Муҳаммад Абдуҳ ва дигарон буданд. Намозҳои ҷумъаи миллионӣ баргузор мешуд, занҳои бо ҳиҷоб дар майдонҳо ҷамъ мешуданд, куштаҳои худро шаҳид меномиданд, шиорҳои миллигароӣ ва қавмгароӣ набуд. Аслан чаро ин ҳаракатҳои мардумӣ, ҷаҳони Ғарб ва вобастагони онҳоро ба ларза овард ва онҳо аз ин ҳаракат ба шиддат ҳаросон буданд? Ва алайҳи он мавзеъгириҳои душманона доштанд? Инҳо худ далел бар исломӣ будани ин ҳаракат аст. Ва даҳҳо далели дигар!

Вале мутаассифона Амрико ва муттаҳидони дохилӣ ва хориҷиаш аз фурсати ба даст омода ниҳояти истифодаро бурда, ин хезиши исломиро ба бероҳа кашониданд; тавассути чӣ касоне? Ба дасти ҳамин гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва хашину иртиҷоӣ. Ва албатта зоҳирсозиу худнамоӣ карданд, ки ин ҳаракатҳоу хезишҳо ба фоидаи салафиҳо тамом мешаваду ҷонфидоиҳо ва пойдории миллатҳоро мечинад ва дар натиҷа мардумро аз саҳна маҳв сохтанду низоми исломи сиёсиро нокоромад ҷилва доданд. Ягона роҳе, ки метавонистанд ин хезиши умумии исломиро мутаваққиф созанд, бимиронанд, саркуб кунанд ва нагузоранд ба дигар мамлакатҳо сироят кунад, он буд, ки гурӯҳи исломгаро ва тундрави исломиро сари қудрат биёваранд. Такягоҳи ин гурӯҳҳои тундрав; коршиносони барҷастаи низомии минтақаӣ, дипломатҳо ва сервисҳои иттилоотӣ, долларҳои нефтии баъзе аз кишварҳо ва ғайра буд.

Самир Имғор, нависандаи китоби “Салафигарии муосир; ҷунбишҳои фирқаӣ дар Ғарб” мегӯяд: ”Мустанадҳои қобили исботи бисёре гувоҳӣ медиҳанд, ки Арабистон таъминкунандаи гурӯҳҳои салафӣ аст. Бисёре аз муҳассилони мадрасаҳои Мадинаи Мунаввара хориҷӣ ҳастанду бо кӯмакҳои Арабистон таъмин мешаванд. Билетҳои ҳавопаймо ва иқоматгоҳҳои ройгон аз ҷумлаи кӯмакҳои инҳо аст. Инҳо замоне, ки таҳсилоти худро ба анҷом мерасонанд барои нашру тарвиҷи андешаҳои салафият ба мамлакатҳои худ сафар мекунанд”.  Содир кардани ислом ҳадафии асосии Арабистон нест, балки аз аслитарин ҳадафи ин мамлакати нафтхез таҳкиму густариши нуфузи худ ва дар як калом сарварии ҷаҳони ислом дар чорчӯбаи хостаҳои шуми бегонагон мебошад.

Муҳаммад Ғуломов, таҳлилгари масоили динӣ-фарҳангӣ ва узви “ИЖТ”

(Идома дорад)



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2