Инсон - асири ду қафас

21.10.2015, 14:53 Хонданд: 89

Инсони маҷҳули асри 21

Имрӯз бузургтарин, печидатарин ва бе ҷавобмондатарин мушкили инсон, бар рӯи худи “инсон” давр мезанаду гирди меҳвари шахси “инсон” мечархад; ва илм ҳар рӯз ба саволҳои гуногун ҷавоб медиҳад, ҳар рӯз ба иктишофоти илмии наве ғолиб меояд ва илм ҳар рӯз даричаҳо ва равзанаҳои наве ба сӯи маҷҳулот ва номаълумот мегушояду қуллаҳои нав ба навро фатҳ менамояд; аммо ҳанӯз ба ин савол, ки “Инсон чист? Ва инсон кист? Ва ҳақиқати инсон кадом аст?”, ҷавобе ироа надода аст ва гунгу кару кур монда аст. Ҳанӯз ба кунҳи зоти инсон ва ҷавҳару гавҳару моҳияти инсон даст наёфта аст. Токунун як таърифи ҷомеъ, комил, мантиқӣ ва қобили қабули ҳама пешниҳод надода аст. То имрӯз барои инсон як ҳадафи мушаххасу як ҳадафи ғойӣ ва ниҳоӣ матраҳ нанамуда аст. Инсон дар назди улуми пешрафта маҷҳул аст, номаълум аст, бе таъриф монда аст; ва инро бояд донем, то ки натавонем як таърифи мантиқӣ ва бурҳонӣ барои инсон пайдо кунем, масъалаҳову праблемаҳои дигар қобили ҳал шудан нест.

 Мактабҳои фалсафӣ ва низомҳои илмӣ дар бораи ҳақиқати инсон ба бунбаст расидаанд, ба охири хат расидаанд ва дигар мағзу андешаҳои онон тавони таърифи инсонро надорад ва наметавонанд бо уқулу андешаҳои худ инсонро онгуна, ки шоистаи инсон аст бишиносанду бишиносонанд. Муаллимони бузурги дунё, нухбагони машҳур, файласуфони вораста, муҳаққиқони барҷаста ва сиёсатмадорону муслиҳони ҷаҳонӣ, то кунун натавонанд ин масъала (шинохти инсон)-ро ҳал намоянд, қатъан наметавонанд дигар масъалаҳоро ҳаллу фасл кунанд. Шумо дорусозеро дар назар гиред; ӯ метавонад дору бисозад, доруҳои нав кашф намояд, барои беморон дору пешниод кунад, вале агар надонад, ки фалон дору барои кадом дард шифост, кадом навъ аз дору барои кадомин дарди инсон безарар аст; кори ӯ бефоида, беҳуда ва абас аст. Пас имрӯз агар касе мехоҳад, ҷомеаро ислоҳ намояд, низомро дуруст кунад, андешаҳоро тасҳеҳ ва равшан кунад ва ҳидояту оромиш ва амнияту озодиро дар ҷомеаҳо сарозер намояд; бояд ҳақиқати “инсон”-ро ба дурустӣ бишиносад. Мутаассифона бо пешрафти илму дониш, боз ҳам мебинем, ки дар асри 21 инсон ношинохтатарин, ноошнотарин ва номуълумтарин аст ва инсон рӯз то рӯз маҷҳултару гумномтару мактумтар мегардад.

“Изм-изм”-ҳо дигар ҷавобгӯ нестанд!

 Мактабҳои фалсафаӣ-илмӣ-ҳунарӣ ва низомҳои сиёсӣ-иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба монанди: Марксизм; Коммунизм; Популизм; Либерализм; Либерал-демократӣ; Гумманизм; Феминизм; Реализм; Кейнизианизм (Кейнсианизм); Капитализм; Натурализм; Луминизм; Симболизм; Сотсиализм, Имприализм; Натсизм; Макиавеллизм; Секуляризм ва садҳо мактабу машрабу низоми дигар абъоди гуногуни инсонро нашинохтаанд, таърифи ҷомеъу комил аз инсон ироа надодаанд, ҳадафи ниҳоӣ барои инсон баён накардаанд ва ҳар рӯз баҳсе, масъалае, роҳу равише барои инсон ва барои саъодати инсон мушаххас мекунанд ва инсонро дар ҳолати тардиду шак ва буҳтзадагӣ ва миёни хобу бедорӣ аз гузашта то имрӯз қарор додаву нигоҳ доштаанд. Инсон, асири зиндонҳои ин мактабҳо шудааст, асири хостаҳои ин низомҳо ва вобастаи онҳо гаштааст. Ингуна мактабҳои сохтаи башарӣ, инсонро маҳсур, маҳдуд ва дар пӯстаи моддият ва ҳамин дунёи харобаи вайронаи фонӣ маҳбус намудаанд. Ва фақат ба ҷанбаи ҳайвонии вай яъне, хӯрдану хобидан ва лаззат бурдани вай пардохтаанд ва аз оғозу анҷоми вай баҳсе накардаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки тамаддунҳое, ки фақат бар моддияти инсон ва буъди ҳайавонии вай машғул шудаанд, яке пас аз дигарӣ суқут намудаанд. Тамаддуни Юнон, Рум, Мисри бостон ва дар замони муосир ва асри 21 низ оҳиста-оҳиста тамаддуни ғарбӣ (Аврупо ва Амрико), дар ҳолат ва дар нишебгоҳу партгоҳи суқутанд. Ва сад албатта ҷои шукр боқист, ки дигар ин мактабҳо барои инсон короӣ надоранд, ҷаззобият надоранд, роҳгушою гиреҳгушо несанд; ва инсони асри 21 ором-ором аз ингуна мактабҳо ва низомҳо дар ҳолати гурез аст ва фарорро бар қарор тарчиҳ медиҳаду озодӣ ва истиқлолияти худро дар гурез аз ин мактабҳо медонад.

“Адён”, инсониятро ба куҷо мебаранд?

 Аз тарафи дигар адёни осмонӣ бо китобҳо ва қонунҳои илоҳӣ, ки барои саодати башарият омадаанд ва парчами хушбахтӣ ва иззату озодагиро барафроштаанд; пас аз муддате дар давоми асрҳо тавассути пайравони худаш ба инҳироф кашида шуда, таҳрифу ташреҳи нодуруст шуда ва он низ короӣ барои инсоният надорад ва асолат ва гавҳари зебои худро аз даст додааст ва барои инсон ва саодаташ назарҳои гуногуне матраҳ намдуаанд. Биёед амиқтар ба ин масъала нигоҳ кунем, бидуни ғараз ва озодона назар афканем: ба унвони мисол, дини яҳудият иддао дорад, ки пайравонаш танҳо наҷотёфтаҳо, маҳбубони Худо, фарзандони Худо ва қавми бургузидаи Худованданд ва биҳиштро махусси худ медонанд. Аз тарафи дигар пайравони дини масеҳият муддаӣ ҳастанд, ки паёмбари онҳо фарзанди Худост ва биҳишти мавъуд ҷойгоҳи ҳақиқии онҳост. Пайрвони Будо, оини Ҳинду, Зардуштиён, Изадиён, Соибиён, фирқаҳои навзуҳури ирфонӣ, Шинтуизм, Баҳоизм, Порсиҳо, Сикҳо ва дигарон бо сароҳат мегӯянд, ки инсонҳои дурусткор онҳо ҳастанду дину оини онҳо ҳамон дине аст, ки метавонад инсониятро ҳидоят ва саодатманд гардонад. Дар тарафи дигар Ислом, дини пешраванда бо ҷамъияти 1,3 миллиардӣ муддаии сафи аввал ҳасту танҳо роҳёфтагони ба сӯи маънавияту имону ҳақиқат ва биҳишту ҷовидонагӣ дар онро махсуси пайравони худ медонад.

 Агар фарз кунем, ки оини “яҳудият” дуруст гуфта аст пас бояд дар биҳишт ҳамагӣ 14 милион дохил гарданд. Ва инсонҳои саодатманд ва ҷонишини Худованд дар замин яҳудиҳо бошанд ва ё конуни меҳру вафо, сафову садоқату ростию саодат дар миёни пайравони дини яҳудият бошанд; дар ҳоле, ки интавр нест. Имрӯз ва дар гузашта ҳар чӣ дар дунё зулму ситам буда ва ҳаст, пушти пардаи ҳамаи инҳо дасти олудаи яҳуд аён дида мешавад. Боз агар фарз кунем, ки яҳудият не, балки “масеҳият”, бо ҷамъияти ҳудум 2 милиард дини поку ростист ва пайравонаш инсонҳои софу содиқ ҳастанд; мебинем, ки тасаввури мо ғалат мебошад. Чун, ки ин қадар ин дин порча-порча ва тикка-тикка шуда ва таолиму маорифи он дарҳаму барҳам шуда аст, ки наметавон ҳақиқатро дар он пайдо намуд. Агар фарзи мо бар он бошад, ки дини “ислом” бо ҷамъияти 1 милиарду 300 милионаш парчамдори ҳидояту растгорӣ ва саодату фаллоҳият мебошад; ба таърих, ки назар меафканем ва кутуби таърихиро варақ мезанем мебинем, ки баъд аз реҳлати Паёмбари Ислом (с), бисёр зуд кашмакашҳо ва фитнаҳо, ҷангу хунрезӣ, фирқаву гуруҳгароӣ ва дур шудан аз таолими Паёмбари Акрам(с) оғоз мегардад. Баъд аз 60 соли зуҳураш пораи тан ва фарзанди паёмбарашонро дар Карбало фоҷиъона сар мебурранд, алибайташро асир мекунанду муҳоҷир ва гуфторҳои қуръону паёмбарро тибқи майлу хости худ тафсиру таъвил менамоянд. Олимону фақеҳон ва файласуфону табибон ва донинмандону нависандагонашонро табъиду қатлу мавриди куштор қарор медиҳанд, китобу китобхонаҳояшонро ба ҳар баҳонае месӯзонанд. Ҳамкишони худро ба ҳар баҳонае муҳоҷир месозанд, ба такфири ҳамдигару муттаҳамсозии якдигар мепардозанд. Ва то имрӯз миёни фирқаҳояш ҷангу қатлу хунрезист ва ҳар як аз онҳо идиои ҳаққоният ва растагорӣ доранд. Ва имрӯз бештарин ҷангҳо ва кашмакаш ва қатлу ғорату муҳоҷират (бидуни нигоҳ кардан ба омилҳои хориҷӣ ва сиёсӣ ва дастҳои пушти парда), дар ҷаҳони ислом ва миёни пайравони он мебошад. Ва гузашта аз инҳо, оё пайравони дигари динҳои осмонӣ ва ё соҳибони паёмбар ва китобҳои ирфонию қонунҳои ваҳёнӣ ба монанди ҳиндуҳо, буддоиҳо, зардуштиҳо, соибиҳо, маҷусиён, изадиён, сикҳо, суннатиҳои африқоӣ, рӯҳгароён, ҷоингароӣ, Шинтуизм, сурхпӯстон ва ҳатто бехудоён соҳиби растгароӣ ва ҳидояту ҳақиқат ҳастанд? Дар ҳоле, ки ҳамаи инҳо низ ғалатҳои фоҳиш, хатоҳои ошкор ва хурофотҳои бузурге доранд!

Чаро ингуна мебошад?

 Биёед амиқтар нигоҳ кунем ба масъалаҳо ва мушкилот! Амиқтар нигоҳ кардан, суолҳоро дуруст фаҳмидану матраҳ намудан ва тахассусӣ гом бардоштан, на тақлидӣ, ба назарам корсоз бошад! Суоли ман инҷост, ки чаро бояд пайрави дин бошем? Чаро бояд мазҳаб интихоб кунем? Чаро бояд дар як дину мазҳаби хос бимонем? Чаро фақат як динро бишиносем ва аз як мазҳаб тақлид кунем? Оё имрӯз мазҳаби ҳазрати Имом Абуҳанифа ва таълимту маорифи он бузургвор чавобгӯи ҷавони тоҷики асри 21 ҳаст? Чаро пайравони дин; эътиқод доранд, ки дин инсонро саодатманд месозад? Чаро ҳар дин пайравони худро саодатманду биҳиштӣ медонад? Чаро мо фақат худамонро мусалмону биҳиштӣ бидонем? Оё дин ба мо инро таълим дода аст, ки ҳар касе ғайр аз ҳам ойину ҳамкешу ҳаммазҳаби худро кофиру ҷаҳаннамӣ бидонем? Чаро биҳишт фақат аз они диндорон бошад? Чаро диндорон фикр мекунанд, ки фақат онҳо дӯстдошта, баргузида ва интихобшудаи Худо ҳастанд? Чаро тамоми 26 дини мавҷуд дар дунё бо тақрибан 200 мазҳаб, ҳар кадом иддао доранд, ки биҳиштӣ фақат молу мулки шахсии онҳост? Қуръон якесту Паёмбари Ислом яке, пас чаро ислом ба шуъбаҳои мухталиф тақсим шуда аст? Агар усули дин барои ҳар кас таҳқиқӣ ва ҷустуҷӯӣ мебошад, оё ман дар интихоби Худо, дин, қиёмат ва ғайра озод будаам ва ё аз падару модарам тақлидона динро итихоб намудаам? Чаро ҳазрати Умар (р) ба хоби сунниҳо меояду ҳазрати Алӣ (к) ба хоби шиаҳо ва ҳазти Исо (а) ба хоби масеҳиёну Мусо (а) дар хоби яҳудиҳо ва Буддову Зардушт ба хоби пайравони худ? Оё агар имрӯз 124 ҳазор паёмбар-(салому дуруди Худо бар онҳо буд), дар як замону дар як макон ҷамъ оянд, рӯ ба рӯи ҳам бошанду дар канори ҳам; миёни онҳо низ ихтилофот ба вуҷуд меояд? Оё агар ман ба Исои Масеҳ (а), эътиқоди ҳақиқӣ дошта бошам биҳишт намеравам? Ва агар ба Муҳаммад (с) имон дошта бошам, вале дар дини Зардушт бошам, оё Муҳаммад (с) маро қабул надораду ба биҳишт роҳам намедиҳад? Чаро пайравони ифротии Буддо мусалмононро зинда-зина месӯзонад ва мусалмонони ифротӣ ба куштану даридани ҳамдигару сӯзоиндани тамаддунҳо иқдом мекунанд? Чаро яҳудиён оламро қурбонии хостаҳои шайтонии худ намудаанд? Чаро масҳеҳиёни ортодоксӣ ва католикӣ сад солаҳост, ки ба ҷони ҳам афтодаанд ва чаро масеҳиёни евангелиҳо яҳудиёнро оқо ва сарвари олам медонанд? Оё Дар ҳақиқат Худованд башариятро инугна ва дар шубҳаҳо ва хоку чангҳо ва фитнаҳо раҳо карда аст ва хоста аст, ки башарият дар гумроҳӣ ва ҷангу хунрезӣ бошад? Оё Худованд башариятро халқ карда аст, ки дӯзах бибирад? Оё фалсафаи офаридани дӯзах кашонидану пур кардани он аз башарият мебошад? Ин чӣ гуна дину мазҳабу андешаи осмонӣ ва роҳу равише аст, ки гоҳ дар Ироқу Сурия хуни мардум мерезаду баъзан дар Яману дар саҳрои поки Мино ва чандин даҳа мебошад, ки андешаи палиди тунгароӣ ва хашунату ифротгароиро дар ҷаҳони ислом тарвиҷу нашр медиҳад? Чаро номам агар номи арабӣ бошаду исломӣ, нигоҳҳо ба суям дигар асту агар исмам исмҳои тоҷикӣ ва миллӣ бошад дигар? Ва... Чаро ингуна мебошад? Ва даҳҳо саволи дигар! Оё боре перомуни ин саволҳо андешидаем?

Чаро ингуна набошад?

 Чаро фикр намекунем; ҳамон Зоти поке, ки мусалмон дар масҷид мехонаду номашро “Аллоҳ”, гузошта аст; ҳамон Зотро яҳудӣ дар савмаъа ёд мекунаду масеҳӣ дар калисо ва будоиёну ҳиндуёну зардуштиён дар маъбад ва шайху суфию коҳину дарвеш дар хонақоҳ ва ҳама як Зотро бо номҳои гуногун ва сифатҳои мухталиф мехонанд! Чаро интавр намеандешем, ки Худованд ҳамаи моро халқ карда аст ва ҳама махлуқи як Худоем; аммо бо шаклу навъ ва рангу пӯсту забонҳои мухталиф ва ҳамаи моро дӯст медорад ва ба ҳамаи мо ризқу рӯзӣ медиҳад дар ин дунё ва дар он дунё низ моро баҳраманд месозад аз ризқу рузияш! (Дуруст аст ва ақл ҳам қабул дорад, ки баъзеҳо бартаранду лаёқмандтар, барои корҳои хубе, ки мекунанд ва баъзеҳо бадбахту гирифторанду дар дараҷаҳои поён ба сабаби аъмоли бадашон).

Чаро бо мондан дар дини худ ва эътиқод ба мазҳаби худ; бо ҳамаи башарият дӯсту ошно набошем ва таомулу рафту омаду додугирифт надошта бошем? Чаро дигаронро аз рафтан ба биҳишт манъ созем? Чаро биҳиштро барои ҳамагон надонем? Чаро худро аз кинау ғазаб ва аз таассубу ҷаҳолату курбинию курандешӣ дур насозем? Чаро набояд бигӯем, ки ҳамонгуна, ки ин дунё биҳишти ҳама бошаду он дунё низ биҳишти ҳама? Ва... Чаро ингуна набошем?

Ингуна дину мазҳаб низ инсонро зиндонӣ кардаанд!

Пас натиҷа мегирем, ки ин динҳо ва мазҳабҳое, ки фақат пайравони худро ҳидоятшуда медонанду роҳёфта ва “билетдошта” ба биҳишт; дин таҳриф шудааст ва аз тарафи Худо наёмада ва тавассури паёмбарон таблиғ нашуда аст! Он мазҳабе, ки иддао дорад, ки Худо фақат аз онҳо ва бо онҳо ва ба сӯи онҳост, мазҳаби дурӯғ аст! Ингуна дину мазҳаб низ мебинем, ки инсонро зиндонӣ ва дар қафас кардаанд, маҳсуру маҳдуд намудаанд! Мутаҷовизу хашину мустакбир сохтаанд! Ҷоҳилу нодон ва мутаассибу каҷфаҳму каҷандеш парваронидаанд! Бадбину кинатуз тарбият кардаанд! Шақию осӣ ва саркашу туғёнгар ба бор овардаанд! Худоро золиму ҷаббор ва ситамгару номеҳрубон муаррифӣ намудаанд! Динро сабаби пуркунии шикаму ирзои шаҳвати ҳайвонии худ донистаанд! Зиллату хорӣ ва забунию пастиро тақдиру сарнавишт медонанд! Балоҳои табиӣ ва туфонҳои ҳастиро қаҳру ғазаби Худо баён кардаанд! Инсониятро дар фолу тарсу ваҳму хоб қарор додаанд! Башариятро аз озодию истиқлол ва ихтиёру ирода дур намуда занҷир кардаанд! Худоро дар хонаву дар дӯкону дар масҷиду маъбаду калисо мефурӯшанд! Одамкушию қатлу ғорат ва таҷовузу хиёнат ва сухтану сӯзониданро хости Худо ва матлуби Худо медонанд! Ба номи Худо инсонро мекушанд, медаранд, мезананд ва зибҳ мекунанд! Андешаҳоро фарсуда, фикрҳоро пӯсида, зеҳнҳоро суст ва ақлу мантиқро пӯч намудаанд! Бо бурҳону ақлу мантиқ бегонаанд! Бо тараққӣ ва технологияи рӯз мухолифанд! Дониши донишмандон, ихтироъи мухтарион ва ибои мубдаиёноро зидди Худо дониста маҳкум ва соҳибони илму донишро сар мебуранду месӯзонанду табъид мекунанд. Занро аз ҳуқуқаш маҳрум ва мақому иззату обрӯяшро зери по намудаанд ва духтаронро аз ҳаққи илмомӯзию касби донишу ҳунар маҳрум сохтаанд. Суол намуданро бидъат ва ҷавоб хостанро куфр медонанд. Ба номи фарҳангсозӣ, фарҳангсӯзӣ мекунанд. Ва... Ва ба назари ман ин дине нест, ки паёмбарон овардаанду муслиҳону мубаллиғону озодихоҳон онро нашр додаанд ва аслан ин, он дини Худованд нест! Ин зиндоне аст, ки башариятро маҳбус намудаанд!...

“Башар”, “Инсон” ва ё “Ҷонишини Худо”

Таърифи “башар”, “инсон” ва “ҷонишини Худо”, чист? Ва ҳақиқаташон чист?

Башар, ҳамон мавҷуди ду по, ду даст, ду чашм, як бинию як тану сар ва ... мебошад. “Инсон”, мавҷуде, ки сифатҳои “башар”-ро дорад ва ба илова инсон; як мавҷуди азиз, карим, меҳрубон, муъаллим, созанда, фарҳангӣ, донишҷӯ, устод, донишманд, сиёсатмадор, олим, мулло, кашиш, роҳиб, поп, механик, кишоварз, ҳуқуқдон, ҷомеашинос, соҳибкор, корофарин ва ғайра мебошад. “Ҷонишини Худо”; шахсияте аст, ғайр аз он, ки доштаҳои башар ва инсонро дорад; инсоне аст, ки мутахаллақ ба ахлоқи илоҳӣ; иллати ниҳоии хилқат; сабаби эҷод ва бақои олам; мутаҳаққақ ба исми ҷомеи Аллоҳ; воситаи миёни Ҳақ ва халқ ва файзу неъматҳои илоҳӣ; намояндаи меҳр, қаҳру ғазаби Худо; ҷонишини Худо дар ҳастӣ; тариқат ва ҳақиқати мутлақа; роҳёфта ба ақволи нек, афъоли нек ва гуфтори нек; ошно бо ошкору пайдои инсон ва ботину зоҳири нуфус ва шифодиҳандаи ҳамаи нуфуси дардманд; махлуқи Худо, аммо Худогуна; мазҳари исми атамми асмои Худо ва оинаи тамомнамои Худо. Ва дар як калом, инсони комил; саромади ҳамаи хубиҳо, фазилатҳо ва камолот мебошад.

1- “Башар” кист? Ҳамон касе ки дар рӯи курраи хокӣ фоҷеа меофаринад; мекушад, медарад, медуздад, ситам мекунад, зулм менамояд, мутаҷовиз аст, мунҳариф мебошад, месӯзонад, нобудгар аст, ваҳшист, хунхор аст, ҷаллод аст, мунтақим мебошад, мутакаббиру мағрур аст; ва ингуна башар дину мазҳаб намешиносад; дар ҳар дину оину кишу мазҳабу фарҳанг ҳаст. Фиръавн, Намруд, Шаддод, Қорун, Ҳомон, Ҳитлер, Балъам, Атила, Пел Пут, Кин Шӣ Ҳуванг, Чингиз, Ал-Бағдодӣ ва ҳазорон ҷинояткори таърихи олами башарият, ҳамагӣ башар буданд ва дунё пур ҳаст аз ингуна башарҳо. Ва инҳо ҳадафе ҷуз султа ба инсоният, фасод дар замин, нобудии ахлоқу иззату каромату озодӣ ва ғайр аз ба ҳадафҳои шуму палиди худ намеандешанд. Рӯзе Фираъвн ошкор мегуфт, ки ман Худоям ва шумо бандагони ман, аммо имрӯз ҳамон Фиръавнҳо дар либосу зару зуру тазвир ва либоси тақвову либосҳои муқаддас ва зери шиорҳое ҳамчун “озодӣ”, “истиқлол”, “ҷанг бо тероризм”, “ҳуқуқи башар”, “озодии баён ва андеша”, “озодии зан”, “халъи силоҳҳои куштори ҷамъӣ” ва ғайра идомаи зулми Фиръавнҳоро мекунанд ва ин яъне, такомули башар. “Башар”, бо ин сифатҳои гуфташуда дар ҳақиқат ҳамон “ҳайвон” ва пастар аз он аст. Роҳбарии ин гуруҳро гоҳан Фиръавн бар уҳда дораду баъзан Абубакр Ал-Бағдодӣ.

2- Инсон кист? Инсон, махлуқи бартари Худо, мавҷуди ашрафи Худо, ки дар тули Худо, худогуна мегардад (мо ҷумла зи Худоем, роҳ суи ӯ паймонем!). Инсон, чун ошиқи камол аст ва аз он ҷо, ки камоли бе интиҳо ва мутлақ Худованд мебошад; ҳамеша ба сӯи Худо меравад, бо ҳар амалу ҳар кори савоб саъй дар расидан ба Худовандро дорад. Худо куҷост? Худо ҳама ҷо, Худо аввалу охир аст, Худо абадият ва бе интиҳо ва бе саранҷом аст! Ва ин инсон, ки дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Худо ҳаст, бе интиҳост; пас инсон низ бе интиҳо ҳаракат мекунад ва ин ҳаракатҳо ва “шудан-шудан”-ҳо ба инсон ҳаракат ва камол медиҳад, аммо рӯзе, ки инсон аз ҳаракат монд; ӯ дигар инсон нест, балки башар ва ҳайвон ва пастар аз он аст. Ва инсон ҳамеша мавриди имтиҳон аст ва миёни ғафлату тағофул ва ҷаҳлу таҷоҳул. Ин инсон хусусиятҳои зиёде дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз: Худогоҳ, интихобкунанда, ихтиёрдошта, офаринанда, озод, мустақил, қудратманд ва соҳиби ақлу имону маърифату андеша. Агар аз хусусиятҳои худ истифода намояд, рӯз ба рӯз пешрафту тараққӣ менамояд ва ғайр аз он, ки худ пеш меравад дигаронро низ ба пеш ҳидоят менамояд.

Аммо ҳамин инсони озоди мухтори соҳибандеша, баъзан гирифтори бадбинию кина ва шаҳвату ғазаб қарор мегирад ва аз биҳишт ронда мешавад ва бо омилҳои баду манфӣ ва шайтонӣ рӯ ба рӯ мешавад. Агар тавонист аз нуфуси бад ва гумроҳкунанда дурӣ кунад ва ё бо онҳо мубориза барад ва фоиқу пирӯз ояд; ба ватани аслии худ боз мегардаду поёни ҳиҷраташ мебошад. Вале агар натавонист, нахост, сустӣ намуд, танбалӣ кард, мубориза ва муқовимат накард; муқассир ва гунаҳкор худаш мебошад ва худро худ сарзаниш намояд.

Аз аввал ва то имрӯз ин инсони созанда ва Худогуна ва озоду мухтору мустақилро дар зиндону қафас намудаанд. Ин инсоне, ки метавонад ва истеъдодашро дорад ва ҳадаф аз хилқаташ низ ҳаминаст, ки ҷонишини Худо бошад ва оинаи тамомнамо сифоту асоми Худо бошад; ин инсон зиндонӣ шудааст. Дар мазҳаб зиндонӣ шудааст, дар дин мабус шуда аст, дар мактабҳои иҷтимоӣ ва фалсафаӣ ва низомҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ маҳсур, маҳдуд ва дар қафас гаштааст. Ва дигар тавони ҳаракат надорад, худро дар ҳисор мебинад. Ва ҷои таассуф дорад, ки баъзеҳо ин зиндону маҳдудияту маҳсуриятро озодӣ медонанду меноманд ва тасаввури беҳтару зеботари хориҷ аз зиндонро надоранд. Тақлидҳои куркӯрона, мутаассибона ва мавҳумона инсонро асири мазҳабу дину мактаби фосид ва зиндонии бедонишӣ кардааст.

Инсони мустқил, мухтор, озод, интихобгар, созанда, офаринанда, навовар, халлоқ ва худиродаро, тамаддуну санъату пешрафту тараққии модерну замонавӣ таҳқир карда аст. Асри инсони фазоӣ ва кайҳонӣ, инсон ва махсусан мақоми занро таҳқир кардааст. Шаб то рӯз ва рӯз то ба саҳар дар корхонаҳо ҳамчун мошинҳо фаъолият мекунанду замони анешидан ва таҷаллӣ додану сайкал намудни ақлу рӯҳи худро пайдо намекунанд. Ва инсон, асири дунёи модрен ва тамаддуни пешрафта гашта аст.

“ДОИШ”-ро худи мо парвариш додем!

Замоне, ки ин инсон асир шуд, таҳқир шуд, зиндонӣ шуд, дар қафас шуд, мустаъмара шуд, истиқлолияташ дуздида шуд, озодиаш гирифта шуд, ихтиёраш рабуда шуд, молу мулку дороишяш гирифта шуд ва бар дасту по ва зеҳну фикраш занҷирҳо баста шуд; саранҷом, ин инсон бо инсони дигар ва ҳамнавъони худ қаҳр мекунад, бо Худованд носозишӣ менамояд, худро бираҳна, урён ва таҳқиршуда мебинад ва вуҷудашро барбод рафта дар оина тамошо мекунад; дар натиҷа ӯ кина мегирад, ғазаб мекунад, ҳиқд мебандад ва дар паи интиқом мебарояд. Муллоҳо, кашишҳо, роҳибҳо, браҳманҳо, попҳо замоне, ки инсонро аз Худо метарсонанд, аз мазҳаб меҳаросонанд, аз дӯзах мегурезонанд, башариятро ба шакку дудилӣ ва таваҳҳум мерасонанд, инсонро тарсӯ ва буздил месозанд, ӯро мутаассибу мутаҳаҷҷир мекунанд ва ақлу фикри вайро мерабоянд, ба номи Худо ва дар роҳи Худо аз башарият пул меситононанд ва ё он замоне, ки донишу илм бошад, аммо тақвову худотарсӣ ва виҷдони бедор набошад бузургтраин фоҷеаи таърих рақам мехурад.

Агар тақво набошад, бадкорону бадсиголон либоси дину диёнат мепӯшанд ва теша ба решаи дин мезананд. Шумо фарз кунед, як нафаре, ки табиб набошад ва либоси табобат бипӯшад оё фоҷеа нест? Касе ки ронанда нест, аммо ронандагӣ кунад ваҳшат намеофаринад? Касе, ки муҳандис нест, оё дар созандагӣ зилзила барпо намекунад? Пас ҳамин аст, ки бояд ҳар кас либоси худро бипӯшад. Мо худамон бадбахтии худамонро фароҳам месозем; худамон либоси дину диёнатро ба ноаҳлону нокасон мепӯшонем (қасдан ё саҳван). Ва дар натиҷа ҷудое аз сабабҳои хориҷӣ ва сиёсӣ; ДОИШ дар ҷаҳони ислом падид меояд; ифротгароёни буддоӣ зуҳур мекунанд; яҳудиҳо дунёро мулки худ мепиндоранд; масеҳиён худро соҳибҳаққи ҳамагон тасаввур мекунанд ва... .

Қонуни “ҷозибаи замин”-ро кашф кардем, аммо...

Имрӯзҳо буҳрони камбуди об, камбуди ғизо, камбуди энергия ва буҳрони иқтисодиро матраҳ месозанд. Дар ҳолате, ки инҳо буҳрон нест; буҳрони аслӣ буҳрони инсоният аст, буҳрони ахлоқ аст, буҳрони дур шудан аз Худованд аст, буҳрони поймол шудани каромати зан ва мақоми оила аст, буҳрони фарҳангу ҳувият ва имону ақида аст. Қонуни ҷозибаи заминро кашф кардем, аммо дигар натавонистем ба осмон баргардем ва дар кашфкардаи худ зиндонӣ ва асир гаштем. Ва фаромуш кардем, ки мо инсонҳо мутааллақ ба дигар ҷой ҳастему инҷо муҳоҷир ва моро аз “найистон”, бубридаанд. Имрӯз бо будани технология, пешрафту илм ва дониш, фазопаймоӣ ва кайҳонравӣ, санъати моҳвараю интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва филму сериал, озодии баёну озодии ҷинсӣ ва анвои озодӣ; инсон обод нашудааст, озод нест, ташнагиаш рафъ нашудааст ва эҳсоси пӯчӣ, беҳудагӣ, аташ, ташнагӣ ва холӣ будан мекунад. Ва рӯз то рӯз инсоният суқут мекунад, ҷомеаҳо буҳрон мебинанд ва туфонҳои бузург бар сари инсонҳо нозил мегардад.

3- “Ҷонишини Худо” кист? Ҷонишини Худо ё инсони комил; соҳиби сифатҳои барҷаста ва камолоти баргузида мебошад. Вай соҳиби илму дониш ва қудрату тазкия ва таҳзибу сафои рӯҳ мебошад ва ҷонишини Худо ва муаллими фариштаву инсоният мебошад. Инсони комил; сарпарасти башарият, роҳбари инсоният, валии махлуқот, пешвои ҳидоят ва роҳнамои инсонҳо ба сӯи Худо ва саодати абадӣ мебошад. Ин бузургворон бисёр дар ақаллиятанд, гулчинанд, ангуштшуморанд, нигини зебои инсониятанд ва вазифаи онҳо ин аст, ки миёни худо ва халқаш оштӣ кунонанд, махлуқотро ба сӯи Худо, имон, ахлоқ, фазилат, иззат, каромат, илм, ҳикмат, балоғат ва зиндагии хубу обруманд гусел доранд. Инсони комил ё ҳамон инсони нахустину инсони қадим ва инсони азалӣ ва ё мақоми Муҳаммадӣ (с); ҳамоне аст, ки камолро қабул карда ва шабеҳи Худо гаштааст ва монанди инсони ноқисе, ки камолотро надораду шабеҳи Худо нест, нест. Ва ҳадаф аз хилқати ҳастӣ ва низоми офариниш тавассути Худованд; сохатну тарбият намудан ва парвариши ингуна инсонҳо мебошад. Ва инсонҳои комил, дар ҳар асру ҳар мақтаъе аз замон ҳузур доранду роҳнамо ва мунзиру мубашширу панддиҳандаи қавмҳо ҳастанд. Ва дар ҳақиқат соҳибони замону соҳибони замин ва ворисони ҳастианд.

Ҷамъбандӣ...

1- Ҷамъбандие, ки метавон аз ин навишта бардошт кард ин аст, ки агар ба инсон лаззат, мақом, мансаб, пул, сарват, шуҳрат, озодии мутлақ ва ғайра дода шавад ва бидуни имону маънавият нигаҳ дошта шавад; ӯ тоғӣ, боғӣ ва саркаш мегардад. Ва ҷомеа ва тамаддуне, ки ингуна бошад; он ҷомеа ва тамаддун ба зудии зуд суқут мекунад. Ҳамонтавре, ки тамаддунҳое, ки бар асоси моддигароӣ буданд суқут карданд ва дар асри мо низ Марксизму Либерализму ҷомеаҳое аз ҳар назар озод дар ҳолати суқутанд. Аз тарафи дигар ҳамонтавре, ки адёни таҳрифшуда инсонро фақат имону маънавияти дуруғин медиҳанду ӯро аз дунё дур медоранд ва ё аз тафреҳу шодӣ ва хурсандию хушҳолӣ ва дунёдорӣ маҳрум менамоянд ва дар кунҷи масҷиду савмаъа ва калисову маъбад менишинонад; дар ҳақиқат инсонро пӯч, ҳарза, кинатуз, кинаҷӯ, уқдаӣ, ҳарис ва ғайра месозанд. Ва фикру зеҳну андеша ва халлоқияту созандагии вайро нозо, ноборвар ва пӯсида мекунанд. Дар ин ҷо гуфтугӯи мо бар рӯи дини таҳрифшуда мебошад; на дини ҳақиқӣ. Дини ҳақиқӣ, ҳамон дине, ки Худованд фиристода аст, муназзаҳ ва поку мақаддас аст аз ингуна бадиҳо ва палидиҳо. Дини воқеӣ ҷавҳару гавҳари нобу холисаш инсонсоз аст, ҷомеасоз аст, шукуфоӣ ва хушбахтиро барои башарият меовараду мехоҳад. Дин, фи нафсиҳ, ба худии худ ва зотан аз ҳар гуна бадиҳо ва нопокиҳо пок аст. Ва бояд донист, ки динро дар либоси диндорон набинем, балки динро дар либоси худаш ва соҳибонаш бубинем ҳамонтавре, ки муҳандису механику табибро дар либосҳои соҳибонаш дидан лозим.

2- Ҳоло савол ин аст, ки маънавияти дуруғини адёни таҳрифшуда ва нигоҳи онҳо фақат ба рӯҳ, ки корсоз нашуд ва натавонист инсонро саодатманд гардонад ва инчунин мактабҳои сохти башарӣ ва “изм-изм”-ҳо, ки танҳо ба ҷанбаи моддӣ ва ҷисми инсонӣ пардохтанд ва боз ҳам натавонистанд инсонро ҳидояту фаллоҳият бидиҳанд ва ӯро ором созанд; пас кӣ ва чӣ ҳаст, ки ин инсонро саодатманд мегардонад? Маълум гашт, ки корхонаҳои аслиҳа, шаҳракҳои синамоӣ, санъати филму сериал, моҳвараву синамо, илму ҳунар, тараққию пешрафт, масҷиду мадраса ва маъбаду савмаъа натавонист дасти инсонро бигираду ба қулла бирасонад ва ё марҳаме бошад бар захми амиқи инсоният; пас кӣ ба доди ин инсон мерсад? Инсон илмро кашф кард, аммо худ дар зиндони ин илм монду асир гашту қафасгир шуд. Кӣ ҳаллол аст ва ки гиреҳгушо?

3- Ақидаам ин аст, ки ҳамаи паёмбарон ва муслиҳону озодихоҳон ва андешмандону мухтариони ҷаҳон ва таърихи инсоният дар пайи як ҳадафи ягона ва воҳид будаанд; бандагии Парвардигори ҳақиқӣ ва дурӣ аз зулму ситам ба ҳамнавъи худ ва барқарорсозии амнияту рафоҳу осоиш. Ҳамаи он бузургворон аз Одам, Нуҳ, Иброҳим, Мусо, Исо, Муҳаммад, Зардушт, Буддо, Ҳинду ва дигарон дар пайи ислоҳи башарият буданду ҳастанд. Арасту, Суқрот, Афлотун, Кунфусиюс, Шинту, Форобӣ, Сино, Мавлоно, ибни Арабӣ, Садро, Ҷомӣ, Ғаззолӣ, Кант, Декорт, Маркс, Рудвел, Ҳенрӣ Курбен, Гута, Вилтер, Наполеон, Эйнтейн, Имом Хумайнӣ, Гондӣ, Лаълнеҳру, Манделла, Росил Минз, Че Гиваро ва ғайра ва ҳамаи бузургони ҳақиқии муосир дар пайи ҷомеасозӣ ва роҳнамои башарият будаанд.

4- Ин ки мегӯянд Иброҳими бутшикан; ба назар намерасад, ки ҳазрати Иброҳим (а) барои шикастани чаҳор бути сангӣ худро дар домани марг қарор бидиҳад ва ақл низ онро таъйид намекунад. Ба назар мерасад, ки Иброҳим (а) на бути сангиро шикаст, балки бути ҷаҳолату нодонӣ, таҳрифу хурофот ва бадандешию асоратро шикаст. Бути истикбору истибдод, бути истеъмору истеҳмор ва истебъоду истисморро дар ҳам кубид; бутҳое, ки сабаби бандагӣ ва асир намудану манофеи иқтисодӣ сохта шуда буд, шикаста шуд. Ва ин барои ҳокимони золим ва муллоҳои муфтхуру роҳибони бедарде бедарк сахт вазнин омад. Ҳазрати Мусо (а), танҳо ҳадафаш озодии бани исроил набуд, балки барои он ҳиҷрати қавми яҳудро тарроҳӣ намуд, то убуҳату ҳашамати Фиръавну олашро дарҳам кубад. То эҳсоси ҳақорат ва сархамӣ ва шикастагӣ дар Фиръавн эҷод шавад. Исо (а), мурдагонро зинда ва беморонро шифо медод то шояд битавонад ақлу уқули инсонҳоро зинда ва онҳоро ба сӯи осмон нигоҳашонро нофизу басир гардонад. Ва аммо Муҳаммад (с), бузургтаин инқилобро дар таърихи башарият рақам зад ва инсониятро зинда, эҳё, пуё, мутафаккин, донишманд, мухтареъ, кашшоф ва халлоқ сохт. Ва ҳамаи муслиҳони бузург ва бедордилони ҷаҳонӣ аз ҳар рангу пӯсту забону нажод, низ дар идомаи кори анбиё дар пайи шикасти бутҳои ҷоҳилият ва ҷоҳилиятҳои модерн ва бесаводӣ ҳиммат гумоштанд ва бар алайҳи касоне ки ин бутҳоро дуруст намуда буданд мубориза мебурданду мебаранд. Имон, маънавият, ахлоқ, тазкияи ботин, сафои дил, таҳорати қалб, покии замир, дурустии андеша, бедории виҷдон, ҳамнавъдӯстӣ, таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ, тавозуъ, фурутанӣ, хоксорӣ, меҳру ишқу вафо, сулҳу таомул, вафову амонатдорӣ, ваҳдату иттиҳоду якпорчагӣ, истиқомату ирода ва ҳаракат ба сӯи ҷойгоҳи рафеъ ва лоиқи инсоният, мубориза бар алайҳои зулму ситам ва ҷабборону дастгоҳҳои золиму шақӣ ва таваккул ба худо хости ҳамаи динҳо, мазҳабҳо ва бузургон мебошад.

5- Ба назари банда ягона роҳе, ки метавонад инсонро саодатманд созад ин аст, ки инсонҳо дарк кунанд ва бовар дошта бошанд, ки махлуқи як зотанд ва ҳама аз нафси воҳида офарида шудаанд ва ҳеҷ гуна бартарӣ ва фазилат бар якдигар надоранд. Ва Худованд низ миёни махлуқоти худ ҳеҷ тафовуту фарқияте намегузорад; магар дар тақво, худотарсӣ ва парҳезгорӣ ва зулму ситам нанамудан ба худ, худои худ ва дигарон. Ҳама як Худоро мехонанд, ҳама махлуқи як Худоянд, ҳама дарди худро бо як Худо мегӯянд, ҳама аз Ӯ металабем, ҳама ба сӯи Ӯ раҳсипорем, аввали мо Ӯст, охири мо Ӯст, ва Ӯ низ дар мост, бар мост, бо мост, наздик ба мост, ҳар ҷо бингарем ҳамонҷост, ғайри Ӯ нест, ҳама Ӯст, ҳама Ӯро мехонем бо забонҳои мухталиф, ҳама ба тарафи Вай ҳаракат мекунем бо қадамҳоу бо равишҳои гуногун, ҳамагӣ ба Вай ишқ меварзем бо муноҷотҳо ва дуоҳои рангоранг, ҳама Ӯро аз худ медонему худро аз Вай...

Агар инсонҳо динбозӣ накунанд, мазҳабтарошӣ нанамоянд, мактабпарастиро мамнуъ кунанд, қавму миллатгароӣ раҳо созанд; ҳар кас дар дини худ содиқ бошад, дар мазҳаби худ холис бошад, ба роҳу равиши дину мазҳаби худ имону яқину бовар дошта бошад, гуфтаҳои бузургони худро амал намояд, ба инсониҳои дигар меҳрубон бошад, дӯстию сулҳу оштӣ биҷӯяд, душманию кинаро дур беандозад, барои озодии худ ва дигарон талош намояд, кӯтаҳбин набошад, сатҳинигару қишринагар набошад, мутаҳаҷҷиру каҷандеш набошад ва дари “биҳишт”-ро ба рӯи касе набандад; ӯ растагор аст, ӯ фаллоҳ аст, ӯ саодатманд гашта аст ва роҳро пайдо намудааст. Ва дигар вай “дар ду қафас”, яъне “дини таҳрифшудаи осмонӣ ва мактаби сохташудаи башарӣ”, нест.

Муҳаммад Ғуломов, пажӯҳишгари динӣ-фарҳангӣ ва узви “ИЖТ”



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2