Қуръон ва масъалаи оила

29.10.2015, 14:03 Хонданд: 548

Қуръони Карим чашмаи файёзе аст, ки ҳадафе ҷузъ тарбияту ҳидояти инсонҳо ва роҳнамоии корвону қофилаи инсоният ба сар манзили саодат ва фаллоҳияту растагорӣ, надорад.

Қуръон ба ҳайси манбаи аслӣ ва лоязоли дини мубини ислом; бар амалкарди инсонӣ ва иҷтимоии хонавода таваҷҷӯҳу аҳамияти хосса дошта ва фармонҳои наҷотбахшу равшангар дар ин бора (оилаи солим), ироа додааст. Хонавода, ниҳоди кӯчаке аст, ки асоси ҷомеаро ташкил медиҳад. Оила, муносибтарин ҷойгоҳ барои таъмини эҳтиёҷҳои рӯҳӣ ва маънавӣ, рушди фикрӣ ва имонӣ, истеъдодёбию истеъдодпарварӣ мебошад ва ҷойгоҳи волое аст барои парвариши насли оянда ва ояндасозони ҷомеаи ҷаҳонӣ. Хонавода, аз аввали таърих, ба ҳайси зербинои ҷомеаҳо, хостгоҳи фарҳангҳо, созандаи тамаддунҳо ва сарчашмаи таърихи башар будааст. Ислом, ба унвони мактаби инсонсозу ҷомеапарвар, бисёртарин нигоҳи худро бар рӯи мақоми воло ва бо азамати “оила”, мутаваҷҷеҳ намуда аст. Аз назари ислом, ин конун ва ин ниҳод, муқаддас, пок, муназзаҳ буда ва назди Парвардигор бинои маҳбубтарин мебошад. Ислом, некбахтию бадбахтӣ, саодату шақоват ва салоҳу фасоди ҷомеаро вобаста ба бинои оила медонад. Аз ҳамин хотир вожаи “байт” ба маънои (хона), ҳафтоду якбор дар Қуръони Карим омада аст. Дар ин навишта мо ба дунболи онем то бидонем, ки исломи азиз дар бораи ин бино (оилаи солим), ободии ин бино, фурӯ нарехтану мутазалзил нашудани ин бино, истеҳкоми ин бино ва саодату саломатӣ ва ҳаёти тайибаи аъзои ин бино ва расидан ба байту оилаи осмонӣ, чӣ гуфта аст ва чӣ роҳкорҳое ироа дода аст.

Бахши якум: Таърифи қуръонии оила

 Дар нигоҳи Қуръони Карим оила ва ҳадафи он, таъмини саломати равонӣ-рӯҳӣ барои се гуруҳ аз инсонҳост; зану шавҳар, падару модар ва фарзандон. Таърифи оила, дар Қуръон ингуна баён шуда аст: ”Аз нишонаҳои ӯ (Парвардигор) ин аст, ки аз худи шумо ҷуфтҳое барои шумо офарид, то назди ишон оромиш ёбед, ва миёни шумо дӯстӣ, раҳмат ва меҳрубонӣ барқарор сохт ”(Рум ояи 21). Яъне оила, конуни меҳру сафо ва садоқат мебошад, мадрасаи муҳаббату дӯстист, мактаби меҳру саломатӣ ва ишқварзист, донишгоҳи тарбияту шукуфоии истеъдод ва рушди тафаккуру тааққул мебошад. Дин, имон, бовар, ақида, ватандӯстӣ, илм, дониш, ирода, шаҳомат, шуҷоат, ахлоқ ва ҳамаи фазилатҳо дар дохили ҳамин бино ва фазои он оғоз ва ба шукуфоӣ мерасад. Зану шавҳар бо пайванди худ ва бо муҳаббату маваддат ба якдигар ин конунро месозанд ва бо таомулу якдигарфаҳмӣ ва исору гузашт ба оромиш мерасанду дар водии амни илоҳӣ гом бар медоранд. Ва Худованд низ ба онҳо назари раҳмат намуда фарзандоне эъто мекунад, ки идомадиҳандагони насли башарӣ ва созандагони ҷомеаи ҷаҳонӣ бошанд.

Агар фарзанд, дар оила эҳсоси оромиш намояд, имонаш қавӣ гардад, бинишаш пӯё шавад, иродау истиқоматаш мустаҳкам гардад, саломати равонӣ ва рӯҳияаш таъмин гардад, дар фитрати ӯ Худоҷӯйӣ ва камолҷӯӣ ниҳода шавад, донишандузӣ ва андешаварзӣ ва ишқи ба дасру машқу дониш дар дилаш кошта шавад; ингуна фарзанд ҳаргиз дар туфонҳои зиндагӣ ва иҷтимои бузурги ҷаҳонӣ на танҳо суқут намекунад, балки дигаронро аз суқуту инҳироф ва торикию зулумот наҷот медиҳад.

 Бахши дуюм: Издивоҷ дар Қуръони Карим

Яке аз биноҳои мустаҳкам ва пураҳамияти иҷтимоъ, издивоҷ ва ташкили оила ва хонавода аст. Ин аввалин хонаи иҷтимоӣ ва сангбинои таълиму тарбият ва донишу андеша мебошад ва инсон бо пайванди издивоҷ ба оромишу такомул ва бақову тадовуми насли худ мерасад. Издивоҷ, дар нигоҳи Қуръон бо аҳамият буда ва фалсафаҳо, баракатҳо, фоидаҳо ва осори бешумореро баён медорад. Агар издивоҷ аз рӯи норизоятӣ бошад, аз рӯи каҷфаҳмӣ бошад, маҷбурӣ бошад, шартҳои он муроот нагардад, миёни арусу домод хушрафторӣ набошад; ин оила ва бунёд побарҷо нахоҳад монд ва ба зудии зуд фурӯ мерезад. Қуръон барои истеҳкоми издивоҷ ва тадовуми он ва фалсафу баракаоти он баъзе нуктаҳо ва шартҳоро ишора менамояд:

1- Имон, шарти асосии ҳамсар: Имон доштан, Худоро бовар доштан, дин доштан, аҳкоми Худоро муроот намудан, ба ҳалолу ҳаром аҳамият додан ва ғайра рукни асосӣ ва сутуни мустаҳками зану шавҳар мебошад.(Бақара 221).

2- Хушрафторӣ бо ҳамсар: Худованд мефармояд: Дар зиндагӣ бо занони худ, бо инсоф ва хушрафтор бошед (Нисо 19). Агар дар зиндагӣ миёни зану шавҳар хушрафторӣ набошад, эҳтирому ҳурмат набошад ва агар пардаҳои иффату ҳаёт дарида шавад; бунёди издивоҷ ва хонаи издивоҷ бо андак туфоне аз байн меравад. 3- Оромиш, раҳмат, маваддат, ишқ, меҳр ва муҳаббат аз дигар фалсафаҳо, ҳадафҳо ва баракоти издивоҷ мебошад. Раҳмату муҳаббат, ду сабаби аслӣ ва кафолаткунандаи истеҳкоми бинои издивоҷ мебошад. (Рум 21).

4- Худованд ба зану марди фақир мужда медиҳад, ки агар издивоҷ кунанд, агар пайванди заношуӣ барқарор созанд, агар дар амри хайри арусӣ пешқадам бошанд; Худованд низ аз фазлу раҳмати бекарони худ ононро бениёз месозад. (Нур 32). Пас маълум мегардад, ки яке аз баракатҳои издивоҷ тавсеаи ризқу рӯзӣ ва даромаду иқтисоди хуб ва зиндагии бо лаззат мебошад.

5- Яке дигар аз фалсафаҳои издивоҷ ва пайванди заношуӣ аз назари Қуръон, ҳифзи насли башар, бақои насли инсоният ва идомаёфтани зиндагии инсон мебошад (Наҳл 72).

 Бахши сеюм: Аслҳои қуръонӣ барои истеҳкоми оила

Қуръони Карим барои он, ки издивоҷ ва бинои оила мустаҳкам бимонад, пайванди ҷавонони нав оила барқарорнамуда устувор бимонад; чанд аслу асос ва зербинову фундаментро шарҳу тафсир медиҳад, ироа медиҳад ва ҳамагонро ба амал намудан ба он даъват менамояд:

1-Асли зикр ва тиловати ояҳои илоҳӣ: Дар оилае, ки Қуръон вуҷуд дорад, тиловати Қуръон ҳаст, Худобоварӣ мавҷ мезанад, эътиқод ба Худованд ҳаст ва дар ҳақиқат Худованд эҳсос мешавад ва ҳузураш лабрез аст; он хона ва он оила манзури Худост, раҳматшудаи Парвардигор аст, мавриди эҳтирому ҳурмати Худост, он макон назди Худо рафеъ аст ва Худованд аҳли он хонаро гиромӣ медорад. (Аҳзоб 34 ва Нур 36).

2- Асли робитаи маънавӣ: Бар асоси ояи Қуръон агар миёни аъзои оила, эҳтирому иззат ва такрими ҳамдигар бошад, ҳамдигарро бо меҳрубонӣ ва иззат ёд кунанд, бар асоси якдигарфаҳмӣ ва озодии баён агар пайвандҳо барқарор бошад; хайру баракати фаровон, зиндагии солим ва таҳияти бисёр аз ҷониби Худо бар аҳли ин хонадон нозил мегардад. Он замон, ки ҳам миёни аъзои оила пайванди қудсӣ бошад ва раҳмати Худо низ, ки омад, ин раҳмат ба ҷомеа низ кашида ва сарозер мегардад ва дар натиҷа ҷомеа низ ҷомеаи қудсӣ, маънавӣ, имонӣ, бародарӣ, баробарӣ ва саломату амният барои инсонҳо хоҳад шуд.

3- Асли ирзои ҷинсӣ: Оила, маъман ва паноҳгоҳи амне барои ирзои ҷинсӣ, тахлияи шаҳвонӣ ва ризоияти ҷинсӣ аст. Дини ислом бо саркуби қувваи ҷинсӣ ба шиддат мухолиф буда ва онро мазаммату накуҳиш карда аст. Аз суи дигар, бо озодии бе қайду шарти ҷинсӣ ва озодии мутлақи шаҳвонӣ низ мухолифат намуда аст. Аз ҳамин сабаб, издивоҷро ягона роҳи ирзои ғариза ва қувваи ҷинсӣ медонад ва барои оромиши ҷинсӣ барқарорсозии оиларо матраҳ мекунад. (Нур 32,33 ва Бақара 223).

4- Хона; асли оромиш ва таскин: Аввалин коркарди хона, таъмини оромиши ҷисму таскини ҷону аъзову ҷавореҳи инсонист. Инсон илова бар эҳтиёҷ ба сукунат дар хона, ба ҷое барои таскини дардҳои рӯҳӣ, озоди аз қайдҳою дардҳои иҷтимоӣ, истироҳати ба дилхоҳ, хилват кардан ва розу ниёз бо Худованд, дидору нишасту бархост бо фарзандон ва ишқу меҳрварзӣ бо ҳамсар, дорад. Агар хона таъминкунандаи ин хостаҳо набошад, маскан нахоҳад буд. Ин гуна манзилу маъво ва маскану кошона ва амнияту оромиши онро Худованд ба худ нисбат дода аст (Наҳл 72 ва 80). Хонаву хонавода кафили бақои насли инсон аст, таъминкунандаи оромишу амнияти инсон аст, конуни парвариши насли солеҳу солим ва муаллимону мураббиёну муслиҳони ҷаҳонист.

5- Асли шафқат, меҳрубонӣ, мағфират ва маваддат: Аз нигоҳи Қуръони Карим, “шафқат”, дар хонавода сабабу омили салоҳу ислоҳ ва фалоҳу растагорӣ аст (Тур 25 ва 26). Шафқату меҳрубонӣ ва ишқу маваддат, калиди пирӯзиҳои оила, растагории хонавода, муносибатҳои зебои зану шавҳар, комёбиҳои фарзандон ва фаллоҳияту растгароии оила ва ҷомеа мебошад. Инсон, аз хатову иштибоҳ масуну маҳфузу маъсум нест; бинобар ин бояд зану шавҳар аз хатои ҳамдигар бигузаранд, аз иштибоҳҳои фарзандон гоҳан чашмпӯшӣ намоянд ва сулҳу созиш ва таомулу якдигарфаҳмиро миёни ҳам барқарор созанд (Тағобун 14, Нисо 19 ва 128 ва Рум 21).

6- Асли амонатдорию вафодорӣ: Қуръони Карим бар асли амонатдорӣ, ба хусус бар масъулияти занон дар бораи он таъкид намуда ва онро яке аз сифатҳои занони шоиста дониста аст (Нисо 34). Зану ҳамсари амин; амини асрори шавҳар аст, калиддори хазинаҳои моддӣ ва маънавии ҳамсар мебошад, иффату шарофати худ ва шавҳарашро ҳофизу нигаҳбон аст, аз ҳарими хона ва кошнаи худ дар баробари туфонҳои саҳмгину кушанда муҳофизат менамояд. Дигаре аз аслҳои қуръонӣ барои таҳкиму истеҳкоми хонавода, асли вафодорист. Вафодорӣ, бисёр мафҳуму маънои густарда дорад ва тақрибан ҳамаи абъоди зиндагии инсониро дарбар мегирад. Вафодории завҷҳо ба ҳамдигар дар умури ҷинсӣ, масъалаҳои моддӣ ва маънавӣ; вобастагии он дуро ба ҳамдигар зиёд менамояду кафили рафоҳу осоиш ва амнияту оромиш мебошад. Бунёди оила ва истеҳкоми он бо вафоу амонатдорӣ, поку мутаҳҳар ва муқаддасу муаттар мегардад (Нур 31 ва 32, Аҳзоб 32 ва59).

7- Асли ишқ ба ҳамсардорӣ: Алоқа ва ишқу муҳаббат ба ҳамсардорӣ аз ҷумла масъалаҳою умуре аст, ки дар фитрати инсонӣ наҳуфта аст. Ин эҳтиёҷ дар мавҷудоти зиндаи дигар низ мушоҳида мегардад. Худованди Мутаол пеш аз ташкили оила, дар миёни зану мард маваддату муҳаббате эҷод намуд, ки ҳаргиз бидуни он оромиш намеёбанд ва онгоҳ, ки марду зане барои амри муқаддаси издивоҷ ба якдигар наздику самимӣ мешаванд, гуё гумшудаеро, ки солҳои сол дар паи он будаанд, пайдо намудаанду аз якдигар ба осонӣ ҷудо намешаванд; ва ин яке аз бузургтарин неъматҳо, лутфҳои Худованд ба бандагонаш мебошад. Дар ҳадисе омадааст: ”Аз хусусиятҳои ахлоқи паёмбарон, дӯстдоштани занони хеш будааст”.

 Бахши чаҳорум: Масъулияти падару модар нисбат ба фарзандон

 1- Интихоби номи шоиста: Интихоби номи хуб, зебо, шоиста, барозанда, муносиб ва неку барои кӯдак амри бисёр муҳиму ҳассос аст, ки таъсири зиёде бар шахсияту равони ӯ дорад. Номи зебову шоиста; намоди ҳувият ва сумбули шахсияти ҳар фард ва сабаби ифтихору боландагӣ ва нишоту шодобии вай хоҳад буд. Дар ислом бисёр бар рӯи ин масъала таъкид шуда аст. Мутаассифона, дар гузашта ва ҳатто имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо онқадар номҳои зишту носавобу номуносиб мегузоранд, ки на ба дин мутобиқ асту на ба фарҳанги миллӣ ва шахсияти кӯдакро таҳқиру тамассхур менамояд. Ин аввалин ҳуқуқи фарзанд бар волидайни худ аст.

2- Меҳру муҳаббат: Дуюмин ҳуқуқи фарзанд бар волидайни худ, меҳру утуфату ишқу маваддат мебошад. Муҳаббат асоси муваффақияти хонавода ва аз муассиртарин шеваҳои тарбиятие аст, ки дар фарҳанги исломӣ ба он бисёр аҳамият дода шудааст. Ислому Қуръон фармон дода аст, ки фарзандро бар асоси меҳру муҳаббат тарбият намоед. Кӯдак беш аз ҳар кас ташнаи ишқу муҳаббати волидайни худ мебошад. Меҳру муҳаббати падару модар ба фарзанд ба вай эҳсоси эътимод ба нафс, оромиши хотир, амнияти равонӣ ва бовару шаҳомат мебахшад. Фарзанде, ки меҳру муҳаббатро чашида бошад ба вақти дохил шудан ва қадам гузоштан дар майдонҳои иҷтимоии рӯзгор муваффақ хоҳад буд ва беҳтар метавонад бо ҳодисаҳои рӯзгор мубориза намояд, аммо агар меҳру ишқро эҳсосу ламс накарда бошад, ҳамчун шиша шикаста хоҳад шуд ва дар иҷтимоъ худро бохта ва гум хоҳад кард. Аз тарафи дигар ишқу муҳаббати зиёд ва ифротӣ ба фарзанд низ дар ислом манъ шуда аст; чун кушанда аст, мутазалзилкунанда аст ва инсонро ғофилу бехабару бедард месозад. Худованд дар сураи Мунофиқун мусалмононро аз муҳаббату алоқаи зиёд ба молу фарзанд, ки боиси ғафлат аз ёди Худо, кинаву адоват, дурӣ аз дӯстону ҳамкорону ҳамразмон, фаромуш намудани арзишҳо ва ҳадфҳо, мегардад, манъ менамояд. Муҳаббати зиёди бе ҷо, бевақт, беҳангом, бемуносибат, нодаркорӣ, безарурат; сабаби нозпарвардагӣ, зуққоқу ҷуқоқ, эрка мегардад ва боиси вобастагии шадиди кӯдак ба падару модар мешавад ва истиқлолияту бовари худро аз даст медиҳад ва дар ҳақиқат заифу суст мегардаду нопойдор дар баробари мушкилот.

 3- Солимкунии муҳити рушди фарзанд: Худованд волидайнро нисбат ба тарбити фарзандон масъул медонад ва фармон медиҳад, ки худ ва оилаи худро аз инҳирофоту каҷиҳо ва палидиҳою хабосатҳо маҳфуз бидоред (Таҳрим 6). Парваришу тарияти саҳеҳи фарзандон бидуни таваҷҷӯҳ ба эҷоди фазои солиму муносиб ва ором, муяссар намешавад. Нобасомонии хонавода, ҷангу кашмакаш миёни падару модар, набуди робитаҳои самимӣ миёни аъзои оила, фуқдони оромишу амният дар оила, надоштани як иртиботи маънавӣ ва одобу ахлоқи писандида; тарбияти дурусти фарзандро таҳдид менамояд. Ҳазрати Луқмони Ҳаким барои тарбияти фарзанди худ чанд нукта ва тарбияти ҳасанаро гушзад мешавад, ки барои ҳамаи мо дарсу сармашқ аст: ”Фарзандам! Мутавозеъ ва хоксору фурутан бош, бо бе таваҷҷӯҳӣ аз мардум рӯй магардон ва мутакаббирона роҳ марав, дар роҳ рафтанат эътидолро муроот намо ва дар сухан гуфтанат низ миёнарав бош ва аз садои худ бикоҳ ва фарёд мазан”(Луқмон 18 ва 19).

4- Бозӣ бо кӯдакон: Яке дигаре аз ҳуқуқе, ки фарзандон болои волидайни худ доранд, ин ҳамбозӣ шудан, сайру сафар, фароғату истироҳат ва хушҳолию хурсандии волидайн бо кӯдакони хеш аст. Бозӣ аз муҳимтарин фаъолиятҳои кӯдак ба ҳисоб меояд, ки таъсири бисёр мусбате дар рӯҳия ва шахсияту равони кӯдак мегузорад ва сабаби шукуфоии истеъдодҳои нуҳуфта ва ошкор шудани халлоқияту ҳунарҳои вай мегардад. Падару модар набояд дар бозиҳо мехостагиҳои худро бар кӯдакон таҳмил намоянд ва иродаву хоҳишҳои фарзандро нодида бигиранд. Паёмбари Раҳмат (с) кӯдаконро бисёр дӯст медошанд ва бо онҳо ҳамонанди онҳо бозӣ менамуданду мефармуданд: ”Ҳар кас кӯдаке пеши ӯст, бояд барои ӯ кӯдакӣ кунад”.

 5- Эҳтиром ба кӯдак: Эҳтирому иззат ва такрими шахсияти инсон яке аз шеваҳои тарбиятии оини ҳаётбахши ислом аст ва таълимҳои қуръонӣ бар поя ва аслҳои эҳтиром ба инсон ва каромати инсонӣ бунён ниҳода шуда аст. Аз назари ислом кӯдакону навҷавонон ҳам шоистаи каромат ва эҳтиром ҳастанд ва бояд ба эҳсосоту хостаҳо ва раъюу тамоюлҳои онон ва машварату маслиҳатҳои кӯдакон эҳтирому иззат гузошт. Ва ин низ яке дигар аз ҳуқуқи фарзандон нисбат ба падару модари худ мебошад. Паёмбари Акрам(с) фармуданд: ”Бо фарзандони худ тавре рафтор кунед, ки онҳо худашонро кариму бо шахсият бидонанд”. Такриму ҳурмати кӯдак боиси ба вуҷуд омадани эҳсоси шахсияту иззати нафс, қабул намудани суханон ва таълимҳои волидайн, зинда шудани ҳуввияту боландагӣ, пешгирӣ аз суқуту таназзулу дар вартаҳои гуноҳу фасод, ҷилавгирӣ аз эҳсоси худ, камбинӣ ва нифоқу дуруягии вай мегардад. Аз Паёмбари Худо (с) нақл шудааст, ки фармуданд: ”Панҷ чизро то лаҳзаи марг тарк намекунам, яке аз онҳо салом гуфтан ба кӯдакон аст”.

6- Риояти адолат миёни фарзандон: Аз ҷумла вазифаҳои тарбиятии падару модар иҷрои адолат ва баробарию мусовот миёни фарзандон аст. Кӯдак интизор дорад, ки падару модар дар зиндагӣ бо вай ба адолат рафтор кунанд ва аз ҳаргуна табъизу фарқиятгузориҳо дар бораи фарзандон парҳез намоянд. Дар ислом ҳеҷ фарқу тафовуте миёни фарзандон нест; духтару писар айни ҳам ҳақққу ҳуқуқ доранд. Паёмбари Ислом фармуданд: ”Миёни фарзандонатон адолатро риоят намоед, чунон, ки дӯст доред ононро дар эҳсону лутф ба шумо ба адолат рафтор намоянд”.

7- Издивоҷи ба мавқеъ: Яке дигар ва масъулиятҳои падару модар ба мавқеъ извоҷкунонии фарзандон мебошад. Издивоҷ қадами муҳкам ва муқаддас барои ташкили хонавода аст, ки сабаби оромишу амнияти зану мард мебошад ва иллати каромату шарофати инсонӣ мегардад. Падару модар набояд ба хотири нодоро будан ва ё афақру тиҳидастӣ аз издивоҷи ба мавқеъи фарзандон пешгирӣ намоянд. Фарзанд, ки ба воя расид, ба балоғати ақлӣ ва ҷинсӣ расид ва ба шароите расид, ки туфонҳои шаҳвонӣ ва хатари фасоду бадахлоқӣ ӯро таҳдид менамояд, издивоҷ беҳтарин роҳ барои дар саломат мондан аз ин туфонҳо мебошад. Волидайн лозим нест, ки арусиҳои ончунонӣ ва бо ҳашамату бо таҷаммулот барои фарзандони худ, бигиранд; ҳар чизе, ки доранд ба андозаи вусъу тавонашон. Худованд дар сураи Нур ояи 32 мефармоянд: ”Мардону занони беҳамсар (муҷаррад)-и худро издивоҷ кунонед ва ҳамчунин ғуломон ва канизони солеҳу дурусткори хешро. Чунончӣ фақир ва тангдаст бошанд, Худованд аз фазли худ ононро бениёз мекунад; Худованд гушоишдиҳанда ва доност”.

Бахши панҷум: Масъулияти фарзандон нисбат ба падару модар

 Фарзандон низ масъулиятҳое дар баробари волидайн доранд. Аз нигоҳи Қуръони Карим шоиста аст, ки рафтори фарзандон бо падару модар омехта бо эҳтирому муҳаббат бошад. Ҳамроҳ бо ишқу меҳру алоқа бошад. Бояд ба гунае рафтор намуд, ки падару модар эҳсоси танҳоӣ, бекасӣ, таҳқир ва тамассхур нанамоянд. Ба фарзандон фарз аст, ки бо волидани худ некӣ, меҳрубонӣ ва ба таври шоиста рафтор намоянд ва онҳоро ба ҳангоми пиронсолӣ мавриди раҳмату меҳрубонӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Ба хостаҳои онҳо аҳамият бидиҳанд ва онҳоро ҳеҷ вақт аз худ дур нанамоянд. Қуръони Карим дар чанд ҷое аз Қуръон пас аз убудияту бандагии Худо, некӣ ба падару модарро дар авлавият медонад (Исроъ 23 ва 24, Аҳқоф 15, Нисо 36).

 Бахши шашум: Осебшиносии оила

 Хонавода ва оила, монанди ҳамаи ниҳодҳои пурарзиш, дар маърази анвои осебҳо, таҳдидҳо, хатарҳо ва офатҳое аст, ки саломатӣ, устуворӣ, истеҳком ва пуёии онро таҳдид мекунад. Қуръони Карим ва пешвоёни бузурги ислом, дар канори баёни таҳкиму истеҳкомбахшии хонавода, раҳнамудҳо ва машваратҳои бисёр арзандаеро барои пешгирӣ аз ин офатҳоро ироа кардаанд. Дар ин ҷо ба баъзе аз осебҳои куллӣ, таҳдидҳое, ки аз тарафи шавҳар (падар) ва ҳамсар (модар) содир мегардад, ишора менамоем:

А): Осебҳои куллӣ:

1- Издивоҷи зуракӣ ё таҳмилӣ: Нахустин шарти ташкили хонаводаи пойдору мустаҳкам, озодии духтару писар дар интихоби ҳамсар ва таҳмилу ба зурию маҷбур накардани пайванди заношуӣ бар онҳост. Сухане аз Паёмбари Акрам(с) дар бораи маншаъ ва шуруъи кашмакаши ҳамсарон, нақл шуда, ки мефармоянд: ”Рӯҳҳо ҳамчун сипоҳиёне ҳастанд фароҳам омада, ки ҳар кадом аз онҳо бо ҳам ошноӣ ва созгорӣ дошта бошанд, бо ҳам улфат мегиранд ва ҳар кадом аз онҳо, ки бо ҳам ноошно бошанд, бо ҳам ихтилофу кашмакаш пайдо мекунанд”(Саҳеҳул-Бухорӣ, китоби аҳодисул-анбиё, бобул-арвоҳ ҷунуд). Шахсе аз Имом Содиқ (р) мепурсад: Ман дӯст дорам бо зане издивоҷ кунам; вале падару модарам мехоҳанд, ки бо зани дигаре издивоҷ намоям. Чӣ кунам? Имом фармуданд: Бо касе издивоҷ кун, ки худат мехоҳӣ ва он шахсеро, ки падару модарат мехоҳанд, раҳо кун! Аввали шуруъи ҷангу кашмкашҳо ва аз ҳам пошидани оила, издивоҷҳои зурӣ, маҷбурӣ ва таҳмилӣ мебошад. Бояд диққат намоем ва аз ин навъ пайвандҳо пешгирӣ намоем ва фарҳанги исломӣ ва миллӣ дар ин бораро густариш бидиҳем; ақлҳо, мантиқҳо ва бинишҳою нигоҳҳоро дар ин бора иртиқо ва рафъат бидиҳем.

 2- Маҳри сангин: Ҳикмату фалсафаи будани маҳрия дар ислом; таъдил, тавозун ва миёнаравӣ дар робитаҳои зану мард ва низ пайванд додани онҳо ба якдигар аст. Маҳрия, аз он ҷо ба вуҷуд омад, ки дар хилқату офариниш, нақши ҳар як аз зану мард, ғайри ҳамдигар аст. Мард дар баробари ғаризаю туфонҳои шаҳват, аз зан нотавонтар аст. Ин хусусият, ҳамеша ба зан фурсат дода аст, ки дунболи мард наравад ва зуд таслими мард нагардад. Баръакс, мардро маҷбур сохта аст, ки ба зан, изҳори эҳтиёҷ намояд ва барои ҷалби розигии зан ба дунболаш равад ва кӯшишу талош намояд. (Чӣ зебост ҳикматҳои Худованд!). Яке аз ин ҳикматҳои зебо ин аст, ки мард барои ҷалби ризояти ҳамсар ва ба эҳтироми ӯ, ҳадяю туҳфае нисори ӯ мекунад. Маҳрия; бо ҳаё ва иффату ифофи зан, ҳамреша аст. Зан бо илҳоми фитрӣ фаҳмида ва дарк карда аст, ки иззату эҳтиром ва каромату шарофати ӯ ба ин аст, ки худро ройгон дар ихтиёри мард қарор надиҳад. Дар сураи Нисо ояи 4 Худованд аз маҳрия ба ҳайси “садақа”, ёд карда аст, ки садоқату ростии мард ва алоқаи ӯ нисбат ба занро нишон медиҳад. Ҳоло агар ҳамин маҳрия, туҳфа, садақа ва ҳадя сангин бошад ва ҳукми доду ситад ва доду гирифт ва муомиларо иҷро намояд, бунёди оиларо мутазалзил менамояд ва аз ҳам мепошонад. Маҳрия агар сангин бошад, хостаҳои зан зиёд гардад, падару модари зан исрор намуданд ва мард (домод)-ро маҷбур сохтанд, то маҳрияи зиёд пардохт намояд; дигар хушбахтӣ нест, балки шурбахтист, бадбахтист, нагунбахтист; ва зан аз ҷойгоҳи рафеъу баландаш меафтад, иззату ҳурматаш назди мард гум мешавад ва баракату раҳмат аз байн меравад. Паёмбари Акрам(с) фармуданд:”Беҳтарини маҳрия, сабуктарини он аст”. Маҳрияҳои сангин, расму оини ҷоҳилист, одатҳои ғайриимонист ва касоне, ки ба дунболи маҳрияҳои сангину вазнин мегарданд, дар ҳақиқат дунболи барҳам додани оилаву ҷомеаҳо мебошанд. Баъзеҳо хаёл мекунанд, ки маҳрияи сангин ба ҳифзи заношуӣ ва пайванди онҳо ёрӣ мерасонад. Ин хато, иштибоҳ ва ғалат аст. Маҳрияи зиёду сангин фурӯпошиии оила аст, на истеҳкоми оила.

 3- Ҷаҳизияи зиёд (туқуз ё сарупо): Ҷаҳизияи бисёр, ҳеҷ духтареро хушбахт намекунад ва ҳеҷ оиларо ба оромишу скун ва бовару эътимод намерасонад. Ҷаҳизияи бисёр талаб кардан ҷуз заҳмату бадбинӣ ва кинаву мушкилофаринӣ ҳеҷ фоидае надорад. Ҳастанд падару модаре, ки барои ҷамъкунии туқуз қарз мегиранд, худро мақруз месозанд, худро беобру менамоянд. Инҳо фақат саршикастагӣ ва иззатшиканӣ чизи дигаре нест. Пас яке аз осебҳою таҳдидкунандаҳои оила, ҷаҳиязиҳои сангину вазнин мебошад.

4- Издивоҷ бо ҳадафҳои дунявӣ: Нахустин адаб аз адабҳои ташкили оила, дурустии ангеза, садоқати ҳадаф ва иродаи пок аст. Аз ин хотир, издивоҷ кардан ба хотири пулдоршудан, шуҳратталабӣ, фахрфурӯшӣ, сарватманд гаштан, обрую иззат пайдо кардан, худнамоӣ ва риё, зебоӣ ва ё қудрат ёфтан, мавқеияти иҷтимоӣ пайдо намудан ва ҳар навъ ҳадафҳои палиди дунявӣ ва ғайра; зидди арзиш, накуҳида ва мазмум мебошад. Паёмбари Худо (с) фармуданд: ”Занонро ба хотири истеҳкоми робитаҳои хешовандӣ издивоҷ накунонед; зеро ин кор, ба бурида шудани робитаҳои хешовандӣ меанҷомад. Ҳар кас бо зане, ба хотири қудраташ издивоҷ намояд, Худованд, ӯро хору залил мегардонад ва ҳар кас барои сарваташ издивоҷ намояд, Худованд ӯро нодор намояд ва ҳар кас бо зане, ба хотири бузург зодагиаш издивоҷ кунад, Худованд, ҷуз ба пастии вай намеафзояд, аммо агар ҳар кас бо зане, фақат барои ин издивоҷ кунад, ки чашмашро аз ҳарому номаҳрам бипӯшонад, ё доманашро пок нигаҳ дорад, ё пайванди хешовандиашро барқарор бидорад, Худованд, дар он марду зан баракат эъто менамояд”.

4- Таҷаммулгароӣ: Таҷаммулгароӣ, ҷоҳу ҷалол, дабдаба, тантана ва тумтуроқгароӣ барои як ҷомеа, музир ва бад аст. Мо бо лаззату хушӣ ва хурсандӣ мухолиф нестем, вале аз ҳад, ки гузашт дигар хомуш наменишинем ва вазифаи исломӣ ва миллии худ медонем ва ёдоварӣ менамоем. Ҳастанд, касоне, ки баъзан шабро бо шикамҳои гурусна мехобанд, аммо касоне ҳам пайдо мешаванд, ки дар ҷашну хушиҳои худ ва махсусан ҷашни арусиҳои худ; таҷаммулпарастиро ба авҷ мерасонанд, шукуҳгароиро ба ҳадди аъло бурда мерасонанд ва масрафҳои ноҷо ва нодуруст менамоянд. Фикр кардаанд, ки бо таҷаммул намудани ҷашни арусӣ, пайванди никоҳу издивоҷ мустаҳкам мегардад! Ин корҳо ҷуз ин, ки як идда ҷавон духтарону писаронро озурда хотир месозад, ҳасрат ба дил мегузорад ва ранҷиш меоварад, дигар фоидае надорад. Агар пул дорӣ, агар сарварт дорӣ, агар пули бе масраф дорӣ, Ё АЛЛОҲ биё остинатро боло кун ва барои ҷавонҳое, ки наметавонанд зан бигиранд ва ё шавҳар кунанд ва дар хона мондаанд, завҷ пайдо кун, масрафи арусиро бидеҳ, хайр кун ва ҷавонони мамлакатро обод кун. Магар издивоҷ, як муомилаи моддӣ аст, ки ин ҳама бояд харҷу масраф шавад? Ба рухи дигарон кашидани пул чӣ маънӣ дорад? Ин корҳо ва ин амалҳо ғалат аст ва на ба дини мо мувофиқ аст ва на ба фарҳанги милли мо!

 Б): Осебҳо аз тарафи шавҳар: Баъзан осебҳою таҳдидҳое аст, ки аз тарафи марди хона, ниҳоди оила ва конуни гарми хонаводаро таҳдид мекунад ва мумкин аст ба фурупошии оила бианҷомад. Баъзе аз ин хатарҳо иборатанд аз:

1- Азияту озор ва таҳқиру тамасхури ҳамсар: Зан, чун ҳамсар шуд, аз хонаи гарми падари худ ба хонае по мениҳад, ки ҳама чиз барои вай, тоза ва бесобиқа аст. Ба як дунёи нав, ба як одамҳои нав ва як муҳиту ҷои нав қадам мегузорад. Ҳол агар ин зан ва ин нав арусро домод ва ё шавҳар ва оилаи ӯ таҳқир намоянд, тамасхур кунанд, кӯчак бидоранд, ҳурмату иззат нанамоянд ва ҳатто агар латукӯб кунанд, бо нигоҳҳои номатлуб нигоҳ намоянд ва ӯро ҳаққи сухан, ҳаққи интихоб, ҳаққи баён ва ҳаққи амал надиҳанд; ин мешавад оғозе бар фурупошӣ ва ҷангу кашмакаш миёни зану шавҳар. Ва фарқе ҳам надорад, ки дар оғози зиндагӣ ин амалҳои қабеҳ тавассути мард анҷом гирад ва ё дар ҳар мақтаъ аз замон. Аз Паёмбари Меҳрубониҳо (с) ривоят шудааст, ки мефармоянд: Ҳар марде, ки ба занаш силӣ (шаппотӣ) бизанад, Худованд ба нигаҳбони дӯзах, фармон медиҳад, ки дар оташи ҷаҳаннам, ҳафтод силӣ бар вай бизанад.

2- Бахилӣ ва сахтгирӣ: Инсони муъмин, адабшуда ва тарбиятшудаи Худованд аст ва масрафҳои зиндагии худро бо каму зиёд намудани атои илоҳӣ, танзим менамояду назм мебахшад. Агар Худованд ба вай рӯзии бештар бидиҳад, ӯ низ ба зиндагиаш ва ба зиндагии дигарон вусъат мебахшад, аммо агар рузиаш кам гардад, қонеъ мегардаду ба андозаи вусъаш масраф менамояд. Аммо инсони бахил, дар ҳар сурат, ба касе чизе намедиҳад ва аз аҳволи дигарон ҷӯё намегардад. Чунин шахсе ба оилаи худ, ба ҳамсари худ, ба назидикони худ сахтгириҳоро раво медорад, бухл меварзад, аз додаҳои Худо дигаронро бе насиб мегардонад; ва чун бухл омад, сахтгириҳои нодуруст дар зиндагӣ омад, ва чун дораду намедиҳд ва харҷ намекунад; зиндагӣ он рӯи кашмакашу низои худро нишон медиҳад ва ихтилоф миёни зану шавҳар оғоз мешавад ва ин яке аз таҳдидҳои бузурге аст, ки дар аксари вақтҳо диққат ва аҳамият дода намешавад. Паёмбари Худо (с) фармуданд: Манфуртарини бандагон назди Худованд, касе аст, ки ба хонаводааш бухл биварзад.

3- Танаввуъталабӣ: Ислом бо таваҷҷӯҳ ба бисёр будани ҷамъияти зан ва далелҳои бисёри дигар, чанд ҳамсариро бо риояти шартҳои сахт (монанди адолат, мусовот, баробарӣ), қабул карда аст; аммо ин ба он маънои танаввуъталабӣ, рангрангхоҳӣ, навънавъхоҳӣ ва рафторҳои худхоҳонаи мардон бо зан нест. Ҳаргоҳ мард бихоҳад бидуни далел зани худро талоқ бидиҳад ва ё бидуни ҳеҷ пурсидану касби ризояти ҳамсар зани дигар интихоб намояд, ин амал назди Худованд мазмуму манфур аст. Дар ривоят омада аст, ки Худованд аз мардони пур талоқу пур издивоҷу танаввуъталаб, нафрат дорад. Бинобар ин, танаввуъталабӣ яке аз осебҳои хатарноке аст, ки ниҳоди оиларо таҳдид мекунад ва монеи таҳкими ин ниҳоди муқаддас мегардад.

 В): Осебҳо аз тарафи ҳамсар: Зан маркази меҳру ишқу алоқа ва утуфату раҳмат мебошад. Ҳамсар ва модар, нақши муҳим ва калидӣ дар бораи назму инсиҷом ва таҳкими бунёди оила доранд. Вале, гоҳо сабабҳое боис мегардад, ки зан ва ё ҳамсару модар ғофил мешаванд ва худ ноогоҳ ва ё огоҳ кӯмак мекунанд, то назми оила ва конуни хонавода аз ҳам бипошад. Баъзе аз хатарҳое, ки тавассути зани хона, оиларо таҳдид менамояд, инҳо ҳастанд:

1- Озор додани шавҳар: Озор додани шавҳар, ҳамонанди озор додани зан, сабаби тазалззул ва суқути бунёди хонавода мегардад; ва конуни зиндагӣ, ба майдони ҷангу кашмакаш табдил мешавад ва ором-ором чунин вазъияте барои ҳар ду тараф мушкил гашта, суқутро фароҳам меоваранд. Зан агар ба ҳар баҳонае, шавҳарашро азият намояд, хашмгин созад, тавҳин намояд, таҳқир кунад, таъна занад, беҳурматӣ кунад, истеҳзо намояд; дар ҳақиқат ба фурӯ рехтани хонаи худ розӣ ва харобкунии онро худ имзо намуда аст.

2- Носипосӣ нисбат ба шавҳар: Зан, бештар ба муҳаббати шавҳар эҳтиёҷ дорад ва мард, ба сипосгузории зан. Аз ин хотир, агар зан нисбати заҳматҳои марди худ, талошҳои шавҳари худ, кӯшишу азобҳои падари фарзандони худ, ношукр бошаду носипосӣ намояд ва қадрдонӣ накунад; ишқу меҳри мард нисбат ба зан ва ҳамсараш камрангу тира мегардад. Ва оҳиста-оҳиста ин аксулъамали ду суя, зинҷире аз шиквакунӣ, гилеҳмандӣ ва шикояти дарунию беруниро барои ҳамдигар фароҳам мекунанд ва бунёни хонаводаро сусту сустар менамоянд ва ин аз муҳимтарин таҳдидҳо мебошад.

3- Миннат ниҳодан бар шавҳар: Бонувоне, ки аз назари сарват ва мавқеияти хуби хонаводагӣ ва ё иҷтимоӣ, бар шавҳари худ, болодастӣ ва бартарӣ доранд, бояд аҳамият бидиҳанд, ки сарвату мақому мансабу иззати худро бар рӯи шавҳар накашанд ва миннат нагузоранду ҳар лаҳза ёдоварӣ нанамоянд. Миннат ниҳодан, талхии зиндагии хонаводагӣ мегардад ва гоҳо сабаби фурупошӣ мебошад.

4- Хиёнат: Хатарноктарин офате, ки аз тарафи зан, ниҳоди оиларо таҳдид менамояд, хиёнат (ба хусус хиёнати ҷинсӣ ва номусӣ), аст. Аз Расули Меҳрубонӣ (с) дар бораи хатари ин хиёнат, ривоят шуда, ки мефармоянд: ”Чаҳор чиз камаршикан ҳастанд, ... ва зане, ки шавҳараш аз ӯ нигаҳдорӣ мекунад; вале ӯ ба шавҳараш хиёнат мекунад”. Барои пешгирӣ аз ин офати камаршикан, ҳам мард масъул аст ва ҳам зан, аммо бешакку шубҳа, масъулияту вазифаи зан дар ин бора, сангинтару вазнинтар аст.

 Муҳаммад Ғуломов, пажӯҳишгари динӣ-фарҳангӣ ва узви “ИЖТ”



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    март 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2