Занон дар мантиқи ислом

3.11.2015, 13:13 Хонданд: 404

Дар андешаи динӣ ва махсусан дар тафаккури исломӣ, зан ба ҳайси амонати Худованд ва ба унвони амини ҳаққуллоҳ матраҳ аст.

Ин мақом, ин ҳурмату ҳайсият ва ҷойгоҳи баланду рафеъро Худованди Мутаол ба зан ҳадя карда аст. Давроне, ки дар миёни миллатҳои мутамаддину ғайримутамаддин, мақоми зан поинтару пастар аз мард буд ва зан мавқеияти иҷтимоӣ надошт ва ҳатто ҳеҷ гуна  ҳуқуқеро барои вай эътироф наменамуданду ӯро миёни инсону ҳайвон қарор дода буданд; қитобҳои осмонӣ, Қуръони Карим ва дини Ислом дар ҳамаи давронҳо арзишу ҳайсият ва каромату озодии занро ба ӯ боз мегардонд. Аз назари дин зан; тарбиятгару парваришдиҳандаи насли инсон, мураббии инсонҳо, муаллими ҷомеа ва ободкунандаи кишвару сарзамин, мебошад. Саодату шақоват ва бадбахтию хушбахтии насли инсон вобаста ба зан аст. Аз назари ислом зан монанди мард, инсони комил буда ва халале дар гавҳару ҷавҳари вуҷудии ӯ нест ва метавонад тамоми марҳилаҳои рушдро тай намояд.

Қуръони Карим ҳудудан дар 196 оя дар бораи занон ва аҳкоми онон сухан гуфта аст. Аз нигоҳи Қуръон зан метавонад дар рушду маърифати маънавӣ то он ҷо боло равад, ки вақфи масҷиду хидматгузори маъбад бошаду ибодат кунад (Оли-Имрон 35). Зан ҳаққи номгузорӣ ва интихоби ном барои фарзанди худ дорад (Оли-Имрон 36). Зан метвонад ба мақоме бирасад, ки паёмбари Худоро ба тааҷҷуб расонад ва ҳатто паёмбари Худоро таҳти таъсир қарор диҳад (Оли-Имрон 37 ва 38). Зан метавонад бо фариштаҳо суҳбат кунад ва аз ахбори ғайб  ва осмонӣ огоҳӣ касб кунад ва низ метавонад ба мақоме бирасад, ки Худованд ӯро интихоб намояд ва барои ӯ паём бифиристад (Оли-Имрон 42 ва 43). Зан метавонад дар иҷтимоот ва майдони иҷтимоии башарият ширкат намояд ва таъсиргузор бошад, мисли ширкат дар масҷиду дар намозҳои ҷумъа (Оли-Имрон 43). Ҷои тааҷҷуб аст, ки чаро занҳо ва бонувони андешманду олиму муаллимаи ҷомеаи мо дар нашриёт, ҳафтаномаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, конфронсҳо, суханрониҳо ва ғайра фаъолияташон камранг аст? Бояд занони ҷомеа фаъол шаванду саҳми худро дар андешварзӣ ва донишсароӣ ва тараққиёти маънавӣ ва ғайра рӯз то рӯз пуррангу серранг намоянд. 

Зану мард; нафси воҳида

Дар тафаккури исломӣ ва усули эътиқодии он, инсоншиносии навин ва нигоҳи ҷадид нисбат ба зану мард ёфт мешавад. Дар ин андеша ба таври расмӣ баробарии зану мард эълон шуда аст ва ин, ки зану мард аз як ҷинсу аз як нафси воҳид ва барои оромишу ишқварзӣ, меҳру утуфатварзӣ ва такмилу такомули ҳамдигар офарида шудаанд ва каромату ҳуқуқи баробар доранд (Нисо 1,  Рум 21 ва Исроъ 70). Ислом мактаби ҷинсгаро, ҷинспараст, ҷинсмеҳвар ва афзалияту бартариро бар як ҷинс (мард ё зан), надода аст, балки милоку меъёрӣ сиёдат, бузургӣ, афзалиятро ба парҳезгорӣ ва ҷавҳари инсоният ниҳода аст (Ҳуҷурот 13). Фалосифаи бузурги исломӣ муътақиданд, ки миёни нафси нотиқаи зан ва мард, фарқияте вуҷуд надорад; зеро агар дар нафси нотиқаи ин ду дигаргунӣ вуҷуд медошт, як навъ набуданд, балки ду навъ ва аз ду ҷинс буданд дар ҳолате, ки ингуна нест. Аз ин хотир, аз лиҳози баробарӣ ва муштарак будан дар буъди инсоният ва касби камолоти инсонӣ миёни зану мард ҳеҷ гуна дигаргуние вуҷуд надорад. Аз назари ҳуқуқӣ низ мактаби ислом барои зан, ҳуқуқи баробар бо мард қоил шуда аст. Дини ислом ҳар он ҳуқуқеро, ки барои мард қоил аст барои зан низ эътироф карда аст; ҳар чанд, ки бинобар фарқиятҳое, ки зоҳири ҷисми зану мард дорад барои онон ҳамонандӣ ва яксониро қабул надорад. Ислом ба зан ирода, тасмим, озодӣ, истиқлолият ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро эъто карда аст ва дар ҳеҷ як аз майдонҳои бузурги ҳаёти башарӣ занро аз мард ақиб нагузошта аст.

    Мантиқи ислом бар зидди сухани касоне, ки менависанду мегӯянду матраҳ месонад аст, ки; зан муқаддимаи вуҷуди мард набуда ва барои танҳоӣ ва ишқбозии мард офарида нашуда аст, балки ҳар як аз зану мард барои комил намудани ҳамдигар офарида шудаанд. Зану мард ба монанди либоси ҳамдигар, зинати ҳамдигар, обруи ҳамдигар ва сабаби ҳифз кардани ҳамдигаранд (Бақара 187). Аз хубиҳои зан, аз баракатҳои зан ва хайру хушии зан он аст, ки вуҷуди зан барои мард ва баръакас вуҷуди мард барои зан сабаби оромиш, ишқ, меҳр ва сакина мебошад. Ва марду зан ва махсусан зан офарида шудаанд, ки иллати гармии оила бошанд (Рум 21). 

Ҳуқуқи баробари марду зан

Аз ҷумла шубҳаҳое, ки дар бораи ҳуқуқи зану мард матраҳ месознад ин аст, ки мегӯянд ислом ҳуқуқи зану мардро ба таври мусовӣ ва баробар матраҳ накарда аст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ислом каффаи сангини тарозуро барои мардон қарорда ва занон дар барномаҳои исломӣ нақши чандону ҷойгоҳи чашмрасе надоранд. Не, ин тавр нест! Агар касе андак бо маорифи исломӣ ошно бошад, аслан ингуна андеша намекунад. Ислом меъёри бузургӣ ва фазилатро на дар зан ва ё мард ва нажоду пӯсту забону сарвату мақом ва ё ҷойгоҳи иҷтимоӣ қарор надода аст, балки дар тақво, парҳезгорӣ, Худотарсӣ ва хидмати холисона ба башарият дониста аст (Ҳуҷурот 13 ва Аҳзоб 35). Ислом ҳеҷ гоҳ мухолифи озодии занон набуда аст, балки шарофату иззату ҳайсияти барбод рафтаи занро ислом ба ӯ бозгардонд. Имрӯз агар мебинем, ки занон дар ҷомеаҳои исломӣ озодӣ надоранд, ин айб дар ислом нест, балки баъзе аз каҷфаҳмону нофаҳмҳо бо даркҳои ноқису андешаҳои заъифи худ исломро ингуна нишон додаанд ва ё худи занон мебошанд, ки аз ҳаққи худ дифоъ наменамоянд. Дар мантиқи ислом зан баробари мард аст, зан монанди мард озод аст, ки сарнавишти худро худ бинависад ва озодона фаъолияти худро интихоб намояд. Албатта як навъ маҳдудиятҳоеро ислом барои зан қоил шуда аст, вале дар асл маҳдудият нест, балки масъунияту маҳфузият аст. Ва ақли солим ҳукм мекунад, ки ҳар чизе гаронбаҳост бояд ҳифозат карда шавад. Дар ислом зан аз ҳамагуна ҳуқуқи сиёсӣ ва маданӣ баҳраманд мебошад. Зан ҳаққи кори шарофатмандона дорад, ҳаққи интихоб дорад, ҳаққи раъй дорад, ҳаққи байъат дорад ва ҳатто метавонад намояндаи маҷлис ва иҷтимооти инсонӣ шавад. Бар асоси андешаи бунёдини ислом, зану мард аз назари ҳуқуқӣ баробару яксонанд. Ҳарчанд, ки баъзе фаъолиятҳое аст, ки ҷисми зан, вуҷуд ва бадани зан тавонии адои онро надорад ва баръакс баъзе корҳое ҳаст, ки аслан мард тавони анҷом додани онро надорад.     

Дуруст аст, ки зану мард дар навъ як навъи воҳида ҳастанд, аммо аз назари ҷинсиятӣ фарқиятҳое низ доранд; ва ин фарқ доштанҳо ба маънои нақс нест, балки ба маънои камолбахшӣ ба инсон аст то зану мард дар канори ҳам ба камол бирасанд. Бинобар ин зану мард дар канори ҳам ба дараҷаҳои камол мерасанд ва ҳаргиз бидуни ҷуфт ба камоли мутлақ ва равшаноии мутлақ нахоҳанд расид. Оромиш, осоиш, маваддат, ишқ, меҳр, муҳабат ва раҳмат вақте насиби инсон мешавад, ки завҷ ва ҷуфт дар канори ҳам бошанду зану мард якдигарро комил намоянд ва нақсҳои ҳамдигарро бартараф намоянд ва дар Қуръон аз зану мард ба либоси ҳамдигар таъбир шудаанд (Рум 21. Бақара 187 ). 

Нақши зан дар пешрафти ҷомеа

Агар як оила, як ҷомеа, як мамлакат ва ҳукумату тамаддун мехоҳад пешрафт кунаду бозсозӣ шавад; бояд бисёртарин нигоҳаш ва таваҷҷӯҳаш ба неруи инсонӣ бошад пеш аз диққат намудан ба неруи иқтисодӣ ва сиёсӣ; ва вақте нигоҳҳо бе неруи инсонӣ ҷалб шавад мебинем, ки нисфи ин неруро занҳо ташкил медиҳанд. Ва агар ба неруҳои созандаи зан диққат нашавад, аҳамият дода нашавад, дурӯғ аст ва хатост, ки ҷомеа ва давлат пешрафт намояд. Агар бонувони кишвар худ даст ба кор нашаванд ва исломро ба дурустӣ надонанду ҳуқуқи инсонӣ ва исломии худро нашиносанд, на худ пешрафт кардаанду на саҳми худро дар тараққии кишвар мегузоранд. Агар зулме ба занон шуда бошад дар дараҷаи аввал худи онҳо гунаҳкоранд, чун он касе ки шаъну шарафу иззату такрими занро бояд бишиносад ва дифоъ намояд; дар дараҷаи аввал худи бонувон мебошанд. Дар натиҷа имкон надорад, ки мард ба танҳоӣ тавони сохти ҷомеаи ормониро дошта бошад. Агар аз нигоҳи таърихи динӣ низ назар афканем мебинем, ки дар пушти пешрафту таолӣ ва ҳидояти инсонҳо тавассути паёмбарон, занҳое низ вуҷуд доштанд. Ҳазрати Мусо (а) ба пешрафту ободӣ шояд намерасид агар модари бузургвори ӯ, хоҳари карими вай, духтари Шуайб (а), Осия паваришдиҳандаи он ҳазрат (а); инҳо агар намебуданд шояд, ки пешрафти ончунонӣ анҷом намгирифт. Ва ё агар Омина модари бузургвори Пёмбари Акрам (с) намешуд, Ҳалимаи меҳрубон намебуд, талошҳо ва муҷоҳидатҳои Хадиҷа вуҷуд намедошт ва ё меҳрварзии Фотимаи Заҳро; Паёмбар Ислом(с) низ шояд ба тарзи комил наметавонистанд, масъулияти худро баён намоянд. 

Ислом занро озод кард

Дин омаду занро озод кард, ба зан истиқлолият бахшид, занро аз истеъмори мардони номард раҳонид. Дин ба зан фазилат ва мақом дод ва ӯро ҳампо ва душодуши мардон қарор дод ва ҷойгоҳи ӯро бас рафеъ ва шоиста муаррифӣ намуд. То сад соли пеш зан дар Ғарб ҷойгоҳе надошт, каромате надошт ва бардаву канизе беш набуд; аз ҳеҷ гуна  ҳуқуқи инсонӣ ва иҷтимоӣ баҳраманд набуд. Имрӯз низ Ғарб ба зан озодӣ надода аст; балки ӯро дар девори ҳунар ва ороишу зебоӣ ва филмҳои синамоӣ ва барномаҳои моделу фашион (fashion) ва майдонҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуру зиндонӣ намуда аст ва каромати латофати занро поймол намуда аст. Дар Ғарб имрӯзҳо аз зан баҳрабардорӣ мешавад, ба манфаати мардон истифода мешавад; занро зебову ороста менамоянд, то чашмони ҳавасолуд ва ҳарзаи мардонро сер намоянд ва равшантараш ин, ки зан дар зиндони модерн аст.

Ислом 1400 сол пеш дар сураи Нисо ояи 32 қонунеро тасвиб кард, ки мардону занонро соҳибҳақ донист ва ҳар кадомро, ки талошу кӯшиш мекунанд соҳиби ҳаққи худ муаррифӣ намуд ва ҳамонтавре, ки мард истиқлоли иқтисодӣ дорад, ба зан низ истиқлоли иқтисодӣ дод. Ва дар ояи дигар (Нисо 7) фармуд: ”Мардонро аз моле, ки падару модар ва ё хешовандон баъд аз мурдани худ боқӣ мегузоранд баҳрае аст ва занонро ҳам баҳрае аст”. Ин оя ҳаққи ирс бурдани занро тасбит карда аст. Араби ҷоҳилият ва ҳатто диндорони ҷоҳили имрӯза низ ин ҳақро барои зан қоил нестанд. Пас Қуръон сенздаҳ аср пеш аз Аврупо ба зан истиқлоли иқтисодӣ дод. Ба гуфтаи Вил Дюрант: “Ислом ба зан истиқлоли озодӣ дод; аммо хонавайронӣ накард, асоси оиларо хароб накард, занонро бар зидди шавҳаронашон ва духтаронро алайҳи падаронашон саркаш нанамуд. Ислом дар бораи зан инқилоби бузурге ба вуҷуд овард, аммо бидуни зарару хатар. Аммо олами Ғарб занро аз бандагӣ ва ҷонкандан озод сохт, вале гирифтори ғуломӣ ва ҷонкандан дар мағоза ва корхона кард; яъне Аврупо занҷире аз дасту пои зан боз кард ва занҷири дигаре, ки дардаш аз якумӣ камтар набуд ба дасту пои ӯ баст” (Муртазо Мутаҳҳарӣ, “Низоми ҳуқуқии зан дар Ислом”, саҳифаи 202 ва 203).

Чаро дар ҷомеаи мо занро дар дараҷаи дуюм қарор додаанд? Чаро мардон фикр мекунанд, ки ҳамаи кори онҳо, андешаи онҳо, тарҳу тасмимҳои онҳо дурустар ва беҳтар аз занон мебошад? Чаро ба зан ҳаққи сухан гуфтан, ҳаққи изҳори ақида ва ҳаққи фаъолият дода намешавад? Чаро мардон огоҳона ва ё ноогоҳона худро бартару беҳтару болотар аз занон медонанд? Ва даҳҳо саволи дигар... . Мо мардҳо бидонем, ки на маорифи динро фаҳмидаему на фарҳанги асили инсониро дарк намудаем! Ингуна рафтор бо зан дар зиддият бо дин ва асли инсоният мебошад. 

Маънои ояи “Мардон, сарпарасти занонанд” чист?

Гуфтем, ки ислом занро озод карду озодагӣ эъто намуд, вале зоҳири ояи 34 сураи Нисо чизи дигар мегӯяд: ”Мардон, сарпарасти занонанд...”. Бинобар ҳамин оя баъзеҳо бар ин фикр муътақиданд, ки зан мутеи мард асту мард бар зан бузургӣ дорад! Аммо намедонанд, ки ин оя бад-ин маъност, ки сарпарасти умури хона бар гардани мард аст. Мард бояд кор кунаду аз ҳайси вазифаву масъулият аст, ки бузургӣ дорад. Масрафҳои зиндагӣ бар уҳдаи ӯст. Зан ҳар чӣ сарвату пул дорад аз они худаш мебошад ва зан маҷбур нест, ки барои таъмини маоши оила кор кунад. Ва ингуна ҳам нест, ки дар ҳама ҷо зан бояд аз мард итоат кунад. Чунин чизе на дар мантиқи ислом дорему на дар шариат. Ояи “Мардон, сарпарасти занонанд”, маънояш ин нест, ки зан бояд дар ҳамаи масъалаҳо пайрави мард бошад ва ё монанди муқаллидони фарҳанги аврупоӣ бигӯем, ки зан ҳама кора мебошаду мард пайрави вай (зансолории маҳз). Ин ҳам ғалату иштибоҳ аст. На ифроту на тафрит ва на тундравию на кундравӣ. Ислом мегӯяд, ки зану мард шарики зиндагии ҳам ҳастанд ва мисли ду рафиқ дар баъзе масъалаҳо мард гузар мекунад ва аз хостаи худ мегузарад ва баъзан зан исору фидокорӣ менамояд ва дар давоми ин гузашту фидокориҳо зиндагӣ обод мегардад, ин асли мантиқи ислом мебошад. Аммо ба ҳар ҳол барои равшан шудани тафсири оя ба назарияҳои баъзе аз муфассирони барҷастаи олами ислом ишора менамоем:

Баъзе аз муфассирон қаввомият, бузургӣ ва сиёдатро на аз боби фазилат, балки аз боби вазифа донистаанд. Масалан соҳиби тафсири “Тафсирул Қуръон” мефармояд: ”Қаввомияти мард як вазифа аст. Низоми зиндагӣ зарур медонад, ки яке аз зан ва мард сарпарастии оиларо бар уҳда гирад. Пас агар ҳаққи қаввомият барои мард набошад, барои зан хоҳад буд.(Хатиб Абдулкарим, “Ат-тафсирул қуръони лилқуръон”, ҷилди 3, саҳифаи 781) ”. Муҳаммадрашид Риз аз муфассирони бузург мегӯяд: ”Мақсуд аз ин фазилату тафзил, тафзили ҷинси (мард) бар ҷинси (зан) аст ва на ҷамеи мардон бар ҷамеи занон; чӣ басо зане, ки аз ҳайси илму амал ва балки қувваи баданӣ ва қудрат бар касб аз шавҳараш қавитар бошад”. Инчунин Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз соҳибназарон ва муфассири бузурги Қуръон дар ин хусус баён менамояд: ”Қаввом будан, нишонаи камол ва тақаррубу наздикӣ ба Худованд нест, чун масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва кӯшиш барои ҳосил намудани молу таъмини эҳтиёҷҳои хона ва идораи зиндагиро мард беҳтар бар уҳда мегирад ва масъули таъмини ҳазина аст ва сарпарастии дохили хона низ бо ӯст. Вале чунин нест, ки ин сарпарастӣ мазият, имтиёз ва ё тақаддуме ҳам ба даст оварад, балки як кори иҷроӣ ва як вазифа аст, на як фазилат (Ҷаводии Омулӣ, “Зан дар оинаи ҷалол ва ҷамол”, ҷилди аввал, саҳифаи 366). 

Зан аз нигоҳи ирфони исломӣ

Худованд ду навъ ва ё ду қисм сифатҳо дорад; сифоти ҷалолӣ ва сифоти ҷамолӣ ё қаҳрӣ ва лутфӣ. Ва Худованди Мутаол ин гуруҳ сифатҳоро дар инсон ба амонат гузошт то ба унвони халифаи илоҳӣ ва ҷонишини Худованд битавонад бар ғайр аз Худо парвардигорӣ ва рубубият намояд (Бақара ояи 30 то 33). Сифоти ҷалолӣ; сифатҳои ҷалолӣ ё асмои ҷалолии Худованд аз азамат, қаҳҳорият ва кибриёии Ҳақтаъоло ҳикоят мекунанд ва боиси манъи неъмат ва қатъи камоли банда мегардад, монанди Мутакаббир, Азиз, Қаҳҳор, Ҷаббор, Мунтақим. Ва аммо сифоти ҷамолӣ; сифатҳое ҳастанд, ки Ҳақтаъоло зуҳур меёбад ва неъмату камолотро бар халқ инъом менамояд, назири асмои Раҳим, Рауф, Раззоқ ва ғайра. Бинобар ин, инсон ҳамаи камолоте, ки Худованд аз онҳо ба ҳайси асмои ҳуснои илоҳӣ дар Қуръон ёд карда аст, дорад ва бояд битавонад онро кашфу ба зуҳур бирасонад ва ба ҳақиқат табдил намояд (Аъроф 108. Исроъ 110. Тоҳо 8. Ҳашр 24).

Аз нигоҳи ирфонӣ, зан дар ҳамаи даврони зиндагониаш, намодҳоу сумбулҳое аз латофат, покӣ ва зебоӣ аст. Дар духтарӣ нишонаи покӣ, исмат, эҳсос ва отифа аст ва дар давроне, ки нақши ҳамсарро бар уҳда дорад комилкунандаи имони шавҳараш ва замоне, ки дар нақши модар ошкор мегардад намоди меҳру ишқу муҳаббат аст. Инчунин замоне, ки фарзанди худро дар оғӯш мегирад мазҳари фидокорӣ ва исору гузашт мебошад. Зан дар ирфон намоди офариниш, таҷаллӣ, тобиш ва намуди Худост ва ҳар мавҷуде мазҳари исме аз асмои зоти Аллоҳ. Ва “хилқату офаринишу табиъат”; иборат аст аз таҷалии Холиқ дар чеҳраи махлуқҳои гуногун (Бақара 115). Ба фармудаи ҳазрати Алӣ (к): Худоро сипос, ки бо офариниши махлуқот бар махлуқот таҷаллӣ кард (Наҳҷул-балоға, хутбаи 108). Ва ба таъбири қуръонӣ: ”Чун Парвардигораш дар кӯҳ таҷаллӣ ва тобиш кард, кӯҳро дар ҳам кубид ва Мусо беҳуш биафтод” (Аъроф 143). Таҷаллӣ ва тобиши Худо гоҳ сабаби мурдан асту гоҳ сабаби ҳаёт (Муъминун 80) ва баъзан боиси ханда ҳасту баъзан сабаби гиря (Наҷм 43).

Муҳиддин ибни Арабӣ (падари ирфони исломӣ), ки аз орифони бузург ва аз олимони барҷастаи ҷаҳони ислом мебошад, дар бораи занон ингуна менависад: ”Бидон, ки инсоният ҳақиқате аст воҳид, аз ин хотир мардон аз ҳайси инсоният бар занон бартарӣ ва бузургӣ надоранд. Мардону занон дар асли инсон будан бо ҳам иштирок доранд ва ихтилофу фарқияташон фақат ба мард будану зан будан аст, ки амри оразист ва дохил дар ҷавҳара ва асли вуҷуди инсон нест. Тай намудани мақомҳои ирфонӣ ва камол махсуси мардон нест, балки барои занон низ ҳаст”. Дар идома сирри маҳбуб будани зан дар баёни Паёмбари Акрам (с)-ро ингуна тафсир мефармояд: ”Чун зоти Ақдаси Илоҳ муназзаҳу пок аз он аст, ки бидуни таҷаллӣ, тобиш ва мазҳар дида шавад ва ҳар мазҳаре, ки бисёртар ҷомеи исмҳо ва сифатҳои илоҳӣ бошад, беҳтар Худоро нишон медиҳад, зан дар мазҳарияти Худо комилтар аз мард аст; зеро мард фақат мазҳари қабулӣ ва инфиол (анҷоми шудани кор) аст; вале зан ғайр аз он, ки қабул ва инфиол (гузаронидани кор) аст, мазҳари феъл ва таъсири илоҳӣ низ ҳаст; чун дар мард тасарруф мекунад ва онро маҷзуби худаш қарор дода муҳиб ва ошиқи худ месозад ва ин тасарруф ва таъсир, намудор ва аломате аз фоъилияти Худост. Ва аз ин сабаб зан комилтар аз мард аст” (Шарҳи Қайсарӣ, Фасси Муҳаммадӣ, саҳифаи 477 ва 480)”.

Бо андак гузару гузор дар осори адабии Мавлоно бо таъбирҳои шигифтоваре дар бораи зан рӯ ба рӯ мешавем ва дар ҳақиқат дарк менамоем, ки ҳаққи матлабро дар бораи зан адо карда аст. Мавлавӣ дар кул нисбат ба зан нигоҳи бисёр каримона ва эҳтиромона дошта ва бо сахтгириҳои мутаассибона ва кӯркӯронаи ҷоҳилона дар замони худаш комилан мухолиф буд. Ӯ муаддабона ва бо забони нарму латиф, олитарину зеботарин тафсирҳо ва одилонаву озодона таъбирҳоро дар бораи зан тафсиру ташреҳ карда аст. Дар дафтари аввал фармуда аст, ки “Партави ҳаққаст он маъшуқ нест холиқ аст он гӯё, махлуқ нест”. Зан дар нигоҳи Мавлоно камоли ҷамоли илоҳист. Аз нигоҳи Мавлоно зану мард ҳарду як гавҳаранд ва он гавҳари инсоният аст. Мавлоно муътақид аст, ки зан дар ҳақиқат маъшуқи мард нест, балки партаве, дурахшандагие ва шаъшааи нуре аз ҷамоли ҳазрати Ҳақтаъолост. Ногуфта намонад, ки баъзан дар гуфторҳову навишторҳои Мавлоно суханҳое низ дар мазаммати занон омада аст, вале шориҳон онро тақия ва ё пинҳонкории Мавлоно дар баробари олимони ҷоҳили замони худ, зикр кардаанд. Аммо дар кул дида мешавад, ки зан дар ирфони исломӣ аз ҷойгоҳи бисёр баланду рафиъе баҳраманду бархурдор мебошад. 

Майдонҳои фаъолияти занон дар мантиқи ислом

Дар мантиқи ислом, барои фаъолияту талошу кори занон, се майдон муайян шуда аст. Арсаи якум ва майдони аввал; майдони такомулу рушди маънавӣ ва таолии рӯҳӣ ва нафсонии худи зан мебошад. Зан мисли мард метавонад ба дараҷаҳои олии маънавият ва инсоният бирасад. Дар сураи Таҳрим ояҳои 11 а 12 ва Аҳзоб ояи 35 ба зебоӣ дар бораи Осия зани Фиръавн омада аст, ки Осия дар баробари дастгоҳи ҷаббору шақӣ ва золими фиравниён истодагӣ кард, муқовимат намуд ва имони худ, маънавият ва инсонияти худро зери лагадҳои гумроҳи Фиръавн нагузошт ва тавонист роҳи саодатро аз даруни кохҳои гумроҳии мутлақи фиръавниён пайдо намояд. Ва ё достони дилнишини ҳазрати Марям дар Қуръон барои инсони комил мисол оварда шуда аст, ки чӣ гуна Марям тавонист ҳамчун кӯҳ дар баробари таблиғоти туҳматолуд ва нигоҳҳои сӯи занну хабосатолуд биистад ва фарзанди худ Исроро ба ҳамагон муаррифӣ намояд. Ин ду зан, дунёро нуронӣ мекунанд, нурафшонӣ менамоянд ва намуна ва сумбули имону маънавияту муҷоҳидату тақво мегарданд. Ин майдони аввал буд.

Майдони дуюм, майдони фаъолиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳамаи саҳнаҳои иҷтимои ҳаёти башарӣ мебошад. Дар ин майдонҳо низ дар мантиқи ислом ҳеҷ гуна  фарқе миёни зану мард нест ва зан метавонад по ба ин арсаҳо гузорад ва ин майдонҳоро фатҳ намояд. Он касе, ки иддао дорад, ки зан ҳаққи фаъолиятҳои иҷтимоиро надорад, ҳаққи кору талоши иқтисодиро надорад, наметавонад муаллими мактабу донишгоҳ бошад ва ғайра; мантиқи исломро баён накарда аст, балки хостаи худ ва фикри кӯтоҳи худро аз номи ислом гуфта аст. Албатта баъзе фаъолиятҳо ҳаст, ки дар шаъни зан нест ва ё ҷисму бадани зан тоқати онро надорад. Ислом дар айни ҳоле, ки барои зан озодӣ дар корҳои иҷтимоиро гуфта аст, барои зан ҳудуде ва чорчӯбаеро ҳам мушаххас карда аст ва ихтилоту якҷояшавии занон бо мардонро бар ҳазар дошта аст ва ҳар ҷое, ки зану мард ба истилоҳ “аралаш” шаванд, ислом мухолифат намуда аст. Имрӯза баъзе аз кишварҳои пешрафтаи ғайриисломӣ мисли Чин дар идораҳо, дар ҷойҳои корӣ ва ҳатто нақлиёти умумӣ занону маронро ҷудо кардаанд ва сабабашро ҳам дар ин медонанд, ки зану мард якҷоя шаванд фақат суҳбату гуфтугӯ миёни онҳо мешаваду кори давлату мардум ақибмонда, пешрафту тараққӣ ҳосил намегардад. Мантиқи ислом ин аст, ки агар субҳ шаваду садои мусалмоне ба гӯш расад, ки талаби ёрӣ менамояд ва ба кӯмаки ӯ нашитобад, мусалмон нест; ин сухан ва ин фармон махсуси мардон нест, балки барои занон низ омада аст ва занон низ баояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ асосгузор бошанд ва масъулият ҳис намоянд аз нуқта назари мантиқи ислом. Зан метвонад озодона сарвати худро, дороии худро, иқтисоду молу мулки худро дар роҳи хайрхоҳона масраф намояд. Дар ҳоле, ки дар Аврупо ва олами Ғарб то 70-80 сол пеш зан ҳаққи моликият надошт, ҳаққи бахшиш надошт, молики сарвати худ набуд ва бояд сарвати ӯ дар ихтиёри падараш, шавҳараш ва ё бародараш мебуд.

Бахши сеюм, ки бисёр муҳим мебошад; майдони оила ва хонавода мебошад. Дар ин майдон нақши зан; ё ҳамсар асту ё модар ва ин бо аҳамиятарин бунёд дар мантиқи исломӣ мебошад. Зан дар мантиқи ислом озод аст, ки худ шавҳари худро интихоб намояд; ва падару модар ва ё бародару хешутабор ҳаққи маҷбур кардан ва ё таҳмил кардани шавҳар бар занро надоранд. Ислом ин иҷозаро ба касе намедиҳад, ки маҷбуран барои духтар шавҳар интихоб намояд. Ва замоне, ки оила ва хонавода ташкил мешавад, мард ҳаққи зургуфан, зулм намудан ва ситам кардан ба занро абадан надорад. Ислом оиларо як зиндагии муштарак медонад, на ин ки ҳар чӣ мард бигӯяд ҳақ бошаду зан ночор аст, ки итоат намояд. Ҳар, ки ғайри инро бигӯяд ғалат карда аст ва мантиқи исломро нагуфта аст. Ва аз ҷумла вазифаҳои муҳиме, ки дар оила бар дӯши зан мебошад фарзандоварӣ ва тарбияти фарзанд мебошад. Аз тарафи дигар агар зане, ки ба хотири фаъолиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра аз ин вазифаи поку муқаддас (тарбияти фарзанд) гарданкашӣ намояд, саркашӣ кунад ва ё танбалӣ кунад ва ё фарзанди кам таваллуд ва ё аз шавҳараш ва хостаҳои шавҳараш ӯ ғофил шавад, аз назари ислом маҳкум аст. Ва ҳам ба худ зарар задад аст ва ҳам  шавҳару оила ва ҷомеа зарба зада аст. Модароне, ки барои кору фаъолият фарзанди худро аз оғуши меҳру утуфати худ маҳрум мекунанд, сахт дар иштибоҳанд. Ва инро ислом иҷоза намедиҳаду мантиқи ислом низ ин нест. 

Натиҷагирӣ...           

Бо дар назардошти баҳсҳои навишташуда чунин натиҷа мегирем, ки дар мантиқи ислом ва куллан дар мантиқи дин, миёни зану мард ҳеҷ гуна  фарқе нест ва мусовот, баробарӣ ва соҳибҳуқуқанд. Ҳар кадом метавонанд озодона дар ҳар майдони иҷтимоӣ фаъолият намоянд ва маҷбурию таҳмил намудан нест. Дар дуо, муноҷот, ниёиш, ибодат, иҷтимоъ, сиёсат, иқтисод ва ғайра ихтиёр доранду соҳибҳаққи баробаранод. Албатта корҳе аст, ки фақат аз уҳдаи мард мебарояду корҳе аст, ки махсуси занон мебошад ва ин ба маънои бартарӣ ва ё поинбудани ҳуқуқи зан нест. Зану мард ба ҳайси ду шарик дар ин ҷаҳон дар мантиқи ислом матраҳ ҳастанд, ки бояд дар канори ҳам, дар паҳлуи ҳам ва барои тараққӣ, саодат, пешрафт ва зиндагии солиму беҳтар кӯшиш намоянд ва аз ҳаргуна зулму ситам ба ҳамдигар дурӣ намоянд. 

Муҳаммад Ғуломов, пажӯҳишгари масоили динӣ-фарҳангӣ ва узви “ИЖТ”   



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    март 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2