Тарбияти “Гули боғи зиндагӣ” бар асоси ояҳои қуръонӣ

5.11.2015, 13:51 Хонданд: 475

Яке аз имтиёзҳову хусусиятҳои беназири Қуръони Карим ин аст, ки худ як китоби тарбиятист ва ҳамаи ояҳои он ба таври мустақиму ғайримустақим, ошкору пинҳон, сариҳу ғайрисариҳ дар мақоми тарбияту ислоҳи инсону ҷомеа мебошад.

Тарбияту ислоҳе, ки тамоми сину сол; пеш аз таваллуд то ба ҳангоми дар қабр гузошанро шомил мегардад. Қуръон дар сураҳою ояҳои зиёде ба ҳангоми нақли саргузашти паёмбарон (а) ва фарзандону пайравони онон ба абъоди гуногуни тарбияти фарзанд, аҳаммияту меҳварҳо ва ҳадафҳою шеваҳои он барои башарият огоҳӣ дода аст. Аслитарин ҳадафи беъсати паёмбарон (а) ва фалсафаи асосии онҳо аз таълимоту маорифашон, тарбияти насли инсон ва боло бурдани ҷавҳари инсоният аз гаҳвора то гӯр мебошад.

Яке аз ҳадафҳои таълиму тарбияти фарзанд дар хонаву мактабу мадраса, омодасозӣ ва тарбияту таълими вай барои зиндагӣ дар иҷтимои бузурги ҷаҳонӣ ва дунбол кардану пайгирӣ намудани ҳадафҳои ҷомеаи илоҳӣ аст; аз нигоҳи қуръонӣ. Барои ҳамин таълиму тарбияту омӯзишу ислоҳи ӯ аз муҳити гарми хонаву хонавода оғоз мегардад. Агар фарзанд дар муҳити оила омода нашавад, қавӣ нагардад, мустаҳкаму пӯлодину обдида нагардад, рӯҳу равону ҷисми ӯ барои зиндагии оянда тайёр нашавад; қатъан дар иҷтимои бузурги ҷаҳонӣ ва дар баробари хатарҳою таҳдидҳову тӯфонҳои азими ахлоқӣ-равонӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ-иқтисодии он, гули навниҳол осеб мебинад, пажмурда мешавад ва бунёди зиндагии ӯ аз ҳам мепошад. Қуръони Карим барои он, ки ин навниҳол аз ҳаргуна заҳрҳову олудагиҳо маҳфузу масун бимонад ва дар даврони навҷавонию ҷавонӣ ва куҳансолию пиронсолӣ ба омолу орзуҳои худ бирасад ва битавонад барои худ як зиндагии тайиба ва поку мутаҳҳарро барпо кунад, намояндаву ҷонишинӣ Худованд дар замин боқӣ бимонад ва ҷавҳари инсонияти ӯ шукуфо гардад; барномаҳои зиёдеро матраҳ сохта, тавассути паёмбарон (а) фиристода ва дар китобҳои фиристодааш баён карда аст. Ба ин ҳадафҳои бузург инсон ноил намегардад магар он ки фарзандро  бо тарбияти некӯ ва одоби ҳасана мунаққашу музайяну ороста намояд.

    Вожаи “тарбият” ба маънии парвариш додан, адаб нишон додан, ороста ба ахлоқи неку гардонидан, зинатбахшии фарзанд бо назокату матонати воло, ҳусни муошират ва пос доштану такрими мақоми волои инсоният мебошад. Тарбияти фарзанд ба маънои муҳайёсозии муҳит барои шукуфо шудани истеъдодҳои ӯ дар роҳи расидану наздик шудан ба Худованд аст. Агар падару модаре ақидаҳои саҳеҳ, роҳи дуруст, афкору андешаҳои созанда, тариқу равиши ободгару кафолаткунандаро ба фарзанди худ тарсиму нақшанигорӣ кунанд, дар ҳақиқат хайру баракати бузургеро барои худ ва фарзанди худ омода кардаанд. Ин орзу ба даст намеояд магар он ки ба фарзанди худ фарҳанги исломӣ-миллӣ омӯзонида шавад, фитрати исломӣ рушду нуму дода шавад, афкору андешаҳои динӣ-миллӣ дар ӯ эҳё шавад, ҳисси меҳандӯстӣ ва исломпайравӣ дар фитрати кӯдак ниҳодина карда шавад, дар мазрааи ҷони ӯ истиқлолиятталабии фарогир ва мубориза алайҳи зулму ҷавру истибдод кошта шавад, рушду боландагии тараққихоҳӣ ва ҷустуҷуи таолихоҳӣ дар ҳар буъду мақтаъ орзу талошу кӯшиши фарзанди тоҷик бояд бошад. Ҳоло бубинем, ки Қуръони Карим; ин китоби тарбиятгари инсоният барои тарбияту ислоҳу парвариши фарзанду ҷигаргӯшаи мо чӣ равишҳову аслҳо ва асосҳои тарбиятро муаррифӣ мекунад. – Албатта ногуфта намонад, ки асосҳои қуръонӣ барои тарбият фақат дар ҳаминҳое, ки мо менависем хулоса намешавад. Ончизе ки мо менависем танҳо як кодгушоӣ ва коддиҳӣ барои азизон аст, ки худ пайгирӣ кунанд!

Усул ва асосҳои тарбияти қуръонии фарзанд

Бунёди аввалия ва хишти якуми тарбияти қуръониро метавон ба се асли асосии дин, яъне “тавҳид, қиёмат, набувват”, баён кард. Ҷаҳонбинии исломӣ ва меъёри асосии тарбияти динӣ бо ҷаҳонбинии дигар мактубҳо, андешаҳои моддӣ-инсонӣ-заминӣ комилан дар зиддияту тазод мебошад. Ҷаҳонбинии материалистӣ инсонро дар ҳуҷраи тангу торики табиату модда, зиндонӣ месозаду тарбиятро бар ҳамин асос барои инсоният пешкаш мекунад. Аммо ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва исломӣ, бар пояи тавҳиду оғозгоҳи хилқат ва робитаву пайвандиҳандаи миёни ин ду, яъне паёмбарист. Яъне ин ки ҷаҳони ҳастӣ аз як иродаи ҳакимона ба вуҷуд омада ва асоси онро ҳуббу муҳаббату маваддату хайр ва раҳмат ба мавҷудот ташкил медиҳад. Дар ин навъ ҷаҳонбинӣ инсон мақоми такриму шарофат ва ҷонишинии Худованд дар рӯи заминро баҳраманд аст. Дар ин нигариши осмонӣ ва қуръонӣ ҷаҳон, донишгоҳу мактабе аст, ки инсонро тарбият карда равонаи ҷомеа месозад. Устодону фарҳангиёни ин мактаб паёмбарону авлиё ва имомону донишмандон мебошанд. Қуръони Карим дар сураи Таҳрим ояи 6 мефармояд: ”Эй касоне, ки имон овардаед худ ва оилаи худро аз оташе, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳост нигаҳ доред”.

Ҳассостарину ҳаётитарин вазифаву масъулияти падару модар дар баробари фарзандон, тарбияти саҳеҳу солими онҳост. Исломи aзиз шахсияти ояндаи кӯдакро вомдору натиҷаи тарбияту парваришу муҳофизати падару модар медонад ва барои лаҳза-лаҳзаи умри кӯдак, фармонҳои хосси инсонсоз дорад. Фарзанд, гуле аст, падару модар вазифа доранд ба ҳайси боғбони дилсӯзу вақтшинос онро парвариш диҳанд то атру бӯйи дилангези он оилау ҷомеаро шодобу башшошу хушбӯву бо нишот созад. Дар пойин ба бистуду асли қуръонӣ барои тарбияти фарзанд, баён мекунем:

1-Паёмбарон (а): Намунаҳои комил барои тарбияти фарзанд

Қуръони Карим паёмбарон (а)-ро ба унвони инсонҳои комил, сарчашмаҳои илму донишу ҳикмату имону ақлонияту маънавият, сармашқҳои ҷовидона, усваҳои намуна ва улгуҳои бартар барои тарбияту ислоҳи башар, муаррифӣ менамояд. (Мумтаҳина 4, Таҳрим 10 то 12, Аҳзоб 21, Ҳуд 88, Нисо 125 ва...). Агар хоҳони он ҳастем, ки фарзандони мо тарбияту адабу ахлоқи солеҳу солиму салим дошта бошанд ва ояндасозони сарзамину ҷомеаву иҷтимои ҷаҳонӣ бошанд, бояд коре кунем, ки фарзандони мо сармашқҳои зиндагии худро аз паёмбарон (а), бигиранд. Он ислоҳгарони ҷаҳониро усва ва улгу интихоб кунанд. Бояд аз зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии онҳо барои фарзандон гуфту омӯхт. Бояд барои комилу иззатманд кардани насли наврас аз Форобиҳову Синоҳо, Атторҳою Хоҷа Насриддинҳо, Ибни Арабиҳову Садриддини Шерозиҳо, Ҳофизу Мавлавиҳою Саъдиҳо ва ғайра гуфт. Ҳамаи ин бузургворон хатмкунандаҳои донишгоҳи паёмбарон (а), мебошанд. Пас якумин асли қуръонӣ ва илоҳӣ барои тарбияти фарзанд, таваҷҷӯҳ додани кӯдакон ва ошно сохтани онҳо бо мақоми шомехи паёмбарон (а), мебошад. Фарзандони мо фарҳанги худро аз қиссаву достонҳою таълимҳои ин бузургворони динӣ-миллӣ бояд биёмӯзанд, на аз аксу филм, филми тасвирию кортону анимейшнҳо ва наққошиҳову лухтакҳои (Барбӣ) бегонаву ғарбӣ. 

2- Нақши дӯст дар тарбияти фарзанд

 Баъд аз падару модар, яке аз улгуҳою сармашқҳои кӯдакону ҷавонон дар зиндагӣ “дӯстон”-и онҳо ҳастанд, ки бар рӯи фикру андеша ва тарбияту ақидаҳою фарҳангу адаби онҳо таъсири назаррасе доранд. Дар ояҳои Қуръону ҳадисҳои зиёде дар бораи чигунагии интихоби дӯст, муошират бо дӯстон ва аҳаммияти дӯст, нақл шудааст. Ба унвони мисол дар ояҳои 27 то 29 сураи Фурқон мефармояд: ”Ва рӯзе, ки ситамкор ду дасти худро (аз рӯи ҳасрат) бо дандон мегазад ва мегӯяд: Эй кош бо паёмбар ҳамроҳ мешудам. Эй вой бар ман! Кош фалониро дӯсти худ намегирифтам. Рафиқи ман баъд аз он, ки ҳаққ аз тарафи Худо барои ман омад, маро гумроҳ сохт”. Интихоб намудани дӯсти солим муҳим мебошад, чун дар одобу фарҳангу ҳунар ва андешаву иқтисоду сиёсат асаргузор аст.

3- Нақши муаллим дар тарбияти фарзанд

Сеюмин рукну асоси тарбияти фарзанд аз нигоҳи Қуръони Карим; интихоби муаллим ва ё чигунагии парваришу рушди илмӣ барои фарзандон мебошад. Нақши “муаллим” ва асаргузории он бар рӯи кӯдакону ҷавонон, бисёр муҳиму ҳаётӣ мебошад. Чун, ки кӯдакону ҷавонон тамомии ҳаркатҳою феълу афъол ва зеҳну андеша ва сухани худро дар ихтиёри муаллим мегузоранду аз муаллим нусхабардорӣ ва тақлид мекунанд. Ба ҳамин хотир Қуръони Карим дар сураи Абаса ояи 24 мефармояд, ки: ”Инсон бояд ба хӯроки худ бингарад”. Хӯрок; яъне илм, яъне фарҳанг, яъне ахлоқу адаб, яъне фикру андеша ва ғайра. Фарзанди мо бояд аз росихони дар илму соҳибони ақлу тазаккур (Оли-Имрон, 7), илму маърифатро бояд биёмӯзад. Бояд кӯдакону навҷавонону ҷавонони мо ақлу ҳушу тадбиру ахлоқу фарҳанги худро ва қалбу ҳуввияти худро таслими аҳли зикр (Наҳл 43 ва Анбиё 7), кунанд. Муаллимони мо бояд аҳли Худо бошанд, аҳли сафову маънавият бошанд, аҳли зикру аҳли ковушгарии уқёнуси азими илм бошанд, дилсӯзу меҳрубон бошанд; ҳаёту марг ва равшаноию торикии сарзамину миллатҳо, вобаста ба илму дониш аст.

4- Фалсафа барои фарзанд

Фикрпарварӣ ё андешаварзӣ яке аз шохаҳои таълими фалсафаи исломӣ аст, ки қудрату истидолол, баёни равшан ва тафаккури фалсафиро дар кӯдакон густариш медиҳад. Муаллим бояд наслеро тарбият кунад, ки битавонанд дар оянда бо имону тафаккуру умеду шодобӣ майдонҳои бузурги илмӣ ва фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодиро фатҳ кунанд. Бовар дошта бошем, ки кӯдакон дар баҳсҳои назарӣ, теорӣ ва фалсафиву ақлонӣ аз истеъдодҳои саршоре баҳраманд ҳастанд; ҳунари як устоду муаллим ин аст, ки ин истеъдодҳои дарунӣ ва зотии кӯдакро кашфу истехроҷ кунад. Имом Алӣ (к) дар бораи иллатҳои фиристода шудани паёмбарон мегӯянд: ”Онҳо мабъус шуданд хираду андешаи инсонҳо ва он чӣ, ки дар он наҳуфта аст, барангезонанд”. Дар фалсафа барои кӯдакон низ ҳамин мавзуъ аст, ки бояд неруи тафаккуру андешиданро дар онҳо барангехт ва зеҳни онҳоро кунҷков кард.

Яке аз бузургтарин файласуфи ҷаҳони ислом- Шайх Шаҳоубддини Суҳравардӣ (13 мелодӣ) мебошад дар муддати умри кӯтоҳи бо баракати худ (38 сол), осори фалсафии гаронбаҳоеро ба мерос гузошт. Китобҳои вай имрӯз дар донишгоҳи Ғарб тадрис мешаванд. Яке аз қиссаҳое, ки он бузургвор барои хирадварзӣ, шукуфоии ақли кӯдак ва рушду нумӯи он дар қолаби забони фалсафии соддаи кӯдакона баён карда аст “Ақли сурх”, мебошад. Ё дар рисолаи “Рисолатун фи ҳолит-туфулия”, кӯдаконро бо забони содда аз маҷҳулот ба сӯи маълумот мекашад. Дар ҳақиқат ҷои ингуна баҳсҳо дар кишвари мо дар ниҳодҳову кумитаҳои фарҳангӣ ва мактабу мадрасаҳои мо ба шиддат ҳис мешавад. Дар натиҷа асли чаҳоруми қуръонӣ ин шуд, ки Қуръон фармон медиҳад, ки бояд зеҳни кӯдак ҳассос шавад, кунҷкову ковушгар ва пурсанда шавад.

5- Хӯроки фарзанд

Модарон, фарзандонашонро ду соли комил шир бидиҳанд (Бақара 233). Ҷисму ҷон, дар шаклу бунёди шахсияти кӯдаки имрӯз ва ҷавони фардо ва таъмину кафолаткунанаи камалоти инсонии ӯ, эҳтиёҷ ба ғизои саҳеҳу солим, хӯроки комилу бенақс ва ҳалолу пок дорад. Пас падару модар масъулият доранд, ки 3-4 соли аввали кӯдакро бо хӯрокиҳои муқаввӣ, поку солим муҳайё созанд, то кӯдак ҳам селулҳои мағзиаш ва ҷисму ҷонаш аз ҳаруна нақсу носаломатӣ ва нопокӣ дур бошад. Агар дар айёми кӯдакӣ фарзанд аз назари хӯроки таҷҳизонида нашавад, дар давоми умри кӯдак ин зарар қобили ҷуброн кардан нест. Аҳамияти хӯроки поку ҳалол ва таъсисри он ба руҳу равон бисёр муҳим мебошад. Шояд агар хӯроки носолиме кӯдак бихӯрад бо доруҳои пизишку духтур хуб шавад, вале агар раҳу равону андешаву ахлоқи кӯдак аз тариқи хӯрокиҳои нопоку ҳаром олуда гардад, бозгашт ба саломат бисёр кори сахту тоқатфарсо аст. (муроҷиа шавад ба қиссаи зебои ҳазрати Мусо (а) дар ояҳи 6 то 13 сураи Қасас). Шири ҳалоли модару хӯроки поки Осия буд, ки Мусо (а)-ро барои бузур гтарин инқилоби ҷаҳонӣ алайҳи зулму ситаму ҷаҳолату сиёҳӣ омода кард.

Ҳазрати Алӣ (к) дар ҳадисе мефармоянд, ки: ”Чаро мардум вақте хӯрок хӯрдан дар шаб, чароғро равашан мекунанд, то бо чашми худ бубинанд, ки чӣ ғизое мехӯранд, вале дар хӯроки руҳу равону маънавияти худ кӯшиш намекунанд, ки чароғи ақлро бо шуълаи илм барафрӯзанд, то аз ғизои олуда масуну маҳфуз бимонанд ва оқибату оризаҳои нодониву гуноҳ дар ақидаҳою аъмоли худ, гирифтор нашаванд?!”. Хӯроки ҳалол барои ҷисму руҳ сабаби майл ва кашиши инсон ба хубиҳо мешавад. Ҳамонгуна, ки инсони солим аз хурданиҳову нӯшиданиҳо лаззат мебарад ва таъми бо маззаи онро ҳис мекунад ва ба суи онҳо кашида мешавад; инсонҳои салимул-ақл бо фикрҳою андешаҳои дуруст ба тарафи некиҳо, ҳақиқатҳо, адолатхоҳиҳо, кӯмак ба дигарон ва ғайра майл мекунанду аз онҳо лаззат мебаранд ва барои расидан ба онҳо талошу кушиш мекунанд. Баръакас ғизоҳои олуда ва ҳарому шубҳанок инсонҳоро ба сӯи бадиҳову шароратҳо ва зулму ситам ва... мекашонад. Фиравну Шаддод ва Намруду Чингизҳо, фитратан золиму ситамгар набуданд, балки хӯроку ғизои нопок ва сабабҳои дигар онҳоро ба ин роҳ кашонида аст. Яке аз баҳсҳое, ки коршиносону раҳбарони динӣ-фарҳангии мо аз он ё ғофиланду ё дар баробараш сукут кардаанд; ин аст, ки аксарияти хӯрокиҳою пушокиҳо ва бӯиданиҳою диданиҳову ламс карданиҳои модерн, ки аз кишварҳои хориҷӣ махсусан кишварҳои ғарбӣ ба ҳар унвоне (ёрӣ ва тиҷоратӣ) вориди кишвар мешаванд, ҳамагӣ зараровар ҳастанду дар руҳи равони кӯдакону ҷавонони мо асарҳои бад гузоштаанд, фарҳанги миллӣ ва боварҳои динии кӯдакону ҷавононро олуда сохтаанд.

6 – Номгузории фарзанд

Исломи азиз, ки барои ҳамаи шуъуноти зиндагӣ барнома дошта, резтарину кӯчактарин масъалаҳои зиндагӣ аз лаҳзаи оғозин то рӯзи вопасинро бо маорифи баланди худ фармони иҷро дода ва пеш аз таваллуди фарзанд низ, номи некуро супориш намуда аст. Интихоби номи хуб барои навзод бисёр муҳим буда ва ҳикояткунанда аз мақому рафъату меҳрубонист. Расули меҳрубонӣ (с) онро аз ҳуқуқи фарзанд бар гардани падару модар медонаду мефармоянд:”Ростарин номҳо, номе аст, ки баёнгари убудият ва бандагӣ бошад (мисли Абдуллоҳ) ва беҳтарин номҳо номи паёмбарон аст”. Боз фармуданд:” Номи некӯ бар худ ниҳед, зеро дар қиёмат, ба ин номҳо хонда мешавед. Фалонӣ фарзанди фалонӣ бархез ба суи нури худ бирав ва фалонӣ фарзанди фалонӣ бархез, ки нур надорӣ”. Он ҳазрат (с) ҳамчунин фармуданд:”Ҳар кас чаҳор писар дошта бошад ва номи яке аз онҳоро ба номи ман номгузорӣ накунад, ба ман ҷафо карда аст. Агар номи фарзандатонро Муҳаммад гузоштед ӯро гиромӣ бидоред ва ба ӯ эҳтиром кунед”. Ҳамчунин фармуданд:” Ҳатто фарзандони сиқт шударо ҳам номгузорӣ кунед, чун дар рӯзи қиёмат, ки мардумро ба ном мехонанд, фарзандони сиқт шуда ба падарашон айб мегиранд, ки чаро барои мо ном нагузоштед?”. Ба унвони мисол Худованди Мутаол пеш аз он, ки ҳазрати Яҳё (а) писари Закариё (а) таваллуд шаванд, номи зебои ӯро Худованд ниҳода буд (Марям 7 ва Оли-Имрон 39).

    Интихоби номи паёмбарону бузургон ва шахсиятҳои баландмақом бар фарзандон сабаб мешавад, ки соҳиби ном эҳсоси навъе бузургӣ ва вақор дар худ намояд ва ҳамрангу ҳаммақом бо соҳиби ном гардад. Мутаассифона ҳануз ҳам миёни мо мардум фарҳанги номгузории зебо ва гирифтани номи зебо комил нашуда аст. Аз мардум хоҳиш мекунем, ки ба фарзандонашон номҳои зебои қуръонӣ ва миллӣ гузоранд ва инчунин аз ҷойҳое, ки барои кӯдакон шаҳодатнома содир мекунанд, хоҳиш мекунем, ки барои касоне, ки номҳои бемаъне ва ё гоҳан бо маъноҳои бад доранд шаҳодатнома надиҳанд, то замоне, ки номҳои худро иваз накунанд. Бояд фарҳангсозӣ кард, на фарҳангсӯзӣ.

7 – Солимкунии муҳити рушд барои фарзанд

   Тарбияту парвариши саҳеҳу комили фарзандон бидуни аҳамият ба эҷоди як фазову як муҳити солиму муносибу ором муяссар намешавад. Қуръони Карим дар ин бора борҳо таъкид мекунад ба унвони мисол дар сураи Рум ояи 21  мехонем:” Аз нишонаҳои Худо ин аст, ки ҳамсароне аз навъи худатон барои шумо офарид, то бо онҳо оромиш гиред ва дар байни шумо дӯстиву маваддату раҳмат қарор дод; қатъан дар он нишонаҳое аст барои касоне, ки тафаккур мекунанд”. Ихтилофу халал дар муҳити оила, ҷангу кашмакаш миёни падару модар, набуди робитаҳои самимона миёни аъзои оила, камбудиҳои иқтисодӣ-ахлоқӣ ва дар охир набуди амнияту оромиш дар хонавода, тарбияти саҳеҳи фарзандро таҳдид карда имрӯзу ояндаи ӯро ба хатар меандозад. Пас асли ҳафтум дар тарбияти фарзанд аз нигоҳи Қуръон, солимсозии муҳит барои рушди фарзанд мебошад.

8 – Ҳидояти эътиқодии фарзанд

    Яке аз аслу асоситарин пояҳою сутунҳои тарбиятӣ дар Қуръон, тарбияту парвариши фарзандон аз назари боварҳои эътиқодӣ мебошад. Ҷавон метавонад гушнаву ташнаву хаста дар баробари ҳар навъ душмане муқовимату истодагӣ кунад, вале агар эътиқоду фарҳангу бовари вай ташнаву гуруснаву пажмурда шавад, дар андак замоне худро мебозад. Барои ҳамин ҳам душманони башарият аз ҳамеша ва махсусан дар асри муосир барои нуфуз дар мамлакатҳо, барои ишғолу ғорати дороиҳои миллатҳо, барои бардагӣ ва ба ғуломӣ гирифтани инсонҳо; ҷанги эътиқодӣ ва таҳоҷуми фарҳангиро оғоз кардаанд. Паёмбари раҳмат (с), низ пас аз мабъус шуданашон дар Маккаи Мукаррама 13 сол фақат ба густаришу ислоҳи эътиқодӣ ва тарвиҷи фарҳанги ноби Қуръонӣ ҳиммат гумоштанд. Худованд дар сураи Луқмон ояи 13 мефармояд:“Ба хотир биёвар ҳангомеро, ки Луқмон ба фарзандаш (дар ҳолате, ки ӯро мавъизау насиҳат мекард) гуфт: Писарам, чизеро шарики Худо қарор мадеҳ, ки ширк зулми азиме аст”. Дар ин оя ва чанд ояи пас аз он, сухан аз Луқмони Ҳаким ва бахше аз андарзҳои муҳими ин марди илоҳӣ ба фарзанаш дар бораи тавҳид ва мубориза бо ширк, барпойии намоз ва амр ба хубиҳо ва наҳй аз бадиҳо ва дар бораи ахлоқу адаб, мебошад.

    Мисоли дигари мо дар ин бора аз ҳазрати Яъқуби набӣ (а) мебошад, ки он бузургвор дар охирин лаҳзаҳои умри бо баракаташон фарзандони худро ҷамъ карда онҳоро ба яктопарастӣ, боварҳои дуруст ва пайравӣ аз дини ҷаддаш Иброҳим (а) ёдоварӣ мекунад (Бақара 132 ва 133). Барои мо дарс аст, ки ҳазрати Яъқуб (а), дар охирин дақиқаҳои ҳаёти худ аз ҳидояти эътиқоӣ ва андешаҳои дурусти фарзандон ғафлат намекунад. Аз ин ду оя натиҷа мегирем, ки беҳтарин роҳ барои тарбияти фарзанд; гуфтугӯи самимӣ бо ӯст, аз ҳуқуқи фарзанд ин аст, ки ӯро панду андарзу мавиза намояд, қатъан фарзанд ба насиҳати падару модар эҳтиёҷ дорад, бо фарзанд бояд бо забони оромиву мавъиза сухан гуфт, на тундиву сарзаниш ва мавъиза бояд ҳамроҳ бо мулоимату утуфату меҳрубонӣ бошад.

    Худованди Мутаол барои тарбияти инсонҳо дар ояи 125 сураи Наҳл ингуна мефармояд:”Бо ҳикмату андарзи некӯ ба роҳи парвардигорат даъват кун ва бо онон ба шевае, ки некӯтар аст муҷодила намой”. Мавъизаи некӯ, мавъизае аст, ки аз умқи ҷони поки воиз ба шеваи некӯ барои ислоҳи ҷомеа барояд ва Қуръони Карим, худ китоби мавъиза аст.

9 – Шеваю сабки муҳаббат ба фарзанд

      Бегумон яке аз сабкҳою равишҳое, ки дар тарбияту рушду ислоҳи фарзанд ва ҳамаи инсонҳо асарбахшу нақши азиму таъйинкунандаву корсоз дорад, шеваи ”муҳаббат” мебошад. Қуръони Карим сутуни низоми ҳастиро бар пояи маваддату меҳру муҳаббат бунён гузошта аст. Худованди Мутаол Паёмбари Меҳрубонаш (с)-ро ба ин шева ороста карда мефармояд:”Пас ба баракати раҳмати илоҳӣ бо онон нармху ва пурмеҳр шудӣ ва агар туднху ва сахтдил мебудӣ қатъан аз атрофи ту пароканда мешуданд”.(Оли-Имрон 159). Асоси ин, ки дини мубини Ислом дар андак замоне қалбҳову андешаҳоро фатҳу тасхир кард ҳамин шева, яъне ишқу алоқа, меҳру муҳаббат ва инсондӯстӣ мебошад. Инчунин Қуръони Карим аз фарзанд дар сураи Шуро ояи 49 таъбири “бахшиш ва ҳадя” мекунад, ки чӣ қадар таъбири муҳаббатофарин аст. Хишти нуҳуми бунёни тарбияти фарзанд дар Қуръон ошкор кардани меҳр ба фарзанд ва тарбияти ӯ бар асоси ишқ мебошад. 

 10 – Такриму эҳтироми фарзанд

Эҳтирому такрими шахсияти инсон яке аз беҳтарину корсозтарин шеваҳои тарбиятӣ дар фарҳанги ҳаётбахши Ислом аст ва таълимҳои қуръонӣ низ бар поя ва асли эҳтиром ба инсон ва каромати инсонӣ бунёнгузорӣ шуда аст. Худованди Мутаол дар сураи Исроъ ояи 70 мефармояд:”Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва онҳоро дар хушкӣ ва дарё бар маркабҳои роҳвар савор кардем ва аз анвои ғизоҳои покиза ба онон рӯзӣ додем ва бар бисёре аз махлуқот бартарӣ бахшидем”. Аз назари Ислом кӯдакону навҷавонон шоистаи каромату иззату эҳтиром ҳастанд ва бояд ба эҳсосҳои поки онҳо ҳурмат қоил шуд. Эҳтироми фарзанд ба вай иззату эътимод ба нафс мебахшад, ҳаракату шаҳомату шуҷоат эъто мекунад, истодагӣ ва мубориза дар рӯзҳои тӯфонии зиндагӣ ҳадя менамояд, аз ӯ як инсони бо шахсияту мавриди ҳурмату эҳтиром дар ҷомеа месозад. Ин асли даҳуми қуръонӣ барои тарбияти фарзандон буд. 

11 – Тамҷиду танбеҳи фарзанд

    Тамҷиду танбеҳ монанди биму умед ва ваъду ваъид аз равишҳои муассири қуръонӣ барои тарбияти инсонҳо ва махсусан тарбияти насли наврас мебошад. Яъне фарзандро аз як тараф тарғибу ташвиқу тамҷиду таъриф бояд кард, то ба фаъолияту пешрафту тараққӣ ноил ояд ва аз тарафи дигар танбеҳ. Албатта танбеҳ ба маънои заданаю дашному лату кӯб нест, балки падару модар бояд як навъ қаҳру ғазаб ва хашме кунанд, ки фарзанд танбеҳ шавад ва хатояшро дарк кунад. Гуноҳи кардаашро нодида бигиранд ва аз хатояш гузаранд; ба ҳар намуде ба фарзанд бифаҳмонанд, ки аз гуфтору кирдораш норозӣ ҳастанд. Бо нигоҳи каримонаву меҳрубонона вақте бо фарзанд рӯ ба рӯ шавем роҳи ислоҳу ҳидояти ӯро дар ҳақиқат муҳайё сохтаем. Масалан, замоне, ки фарзандони Яъқуби набӣ (а) ба хатояшон пай бурданд ва надомату пушаймонӣ намуданд гуфтанд:”Падар, аз Худо афви гуноҳони моро бихоҳ, ки мо хатокор будем. Яъқуб гуфт: Ба зудӣ барои шумо аз парвардигорам омурзиш талаб мекунам, ки ӯ ғафуру меҳрабон аст”.(Юсуф 97 ва 98). Яъқуб (а) фарзандони худро таҳқир накард, оқ накард; балки бо намудҳое ишибоҳи ононро ба онҳо фаҳмонид.

12 – Бозӣ ва саргармиҳои солими фарзанд

Бозӣ кардан ва саргармиву тафреҳу хушии солим барои фарзанд, як эҳтиёҷи фитрӣ ва табиӣ аст ва набояд аз он пешгирӣ кард. Фарзанд бо бозию саргармӣ ва хурсандию дилхушӣ қувваю энергияи фитрии худро холиву тахлия мекунад. Ислому Қуръон тамоман бо бозии солими фарзанд зид нестанд, балки бозиро як навъ тарбият медонанд. Кӯтоҳ сухан ин, ки набояд дар бораи бозии фарзандон сахтгирӣ, баҳонҷӯӣ ва пешгирӣ кард. (хонандаҳо метавонанд ба таври муфассал ба сураи Юсуф аз ояи 11 то 14 муроҷиат кунанд). Он чизе, ки аҳамият дорад ин аст, ки талошу кӯшиш кунем, то бозиҳои фарзандони мо муносиб бо фарҳанги миллӣ ва арзишҳои исломӣ бошад. Бояд бо кӯдакон ҳамбозӣ шуд, навъи бозӣ ва замони бозии фарзандонро контрол кунем, беҳтар аст бозии фарзандон дар паркҳоу боғҳо ва ҷангалҳои сарсабз бошад, интихоби ҳамбозии фарзанд аҳаммият дорад ва бояд бозиҳои физикию ҷисмонӣ бошад, то ба рушди ҷисмӣ ва зеҳнии фарзанд ёрӣ расонад.

Аммо мутаассифона бозиҳои имрӯзии модерн офате шуда аст бар ҷону ҷисму рӯҳи фарзандони мо. Бозиҳои компютерӣ-интернетӣ, ки ба бозорҳои мо омадаанд, контрол намешаванд, хатарҳою таҳдидҳои он дар ҳеҷ ҷо гуфта намешавад. Ифротгарию хушунатталабӣ, ки имрӯзҳо офати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меояд аз ҳамин бозиҳо оғоз шуда аст. Ингуна бозиҳо дар фарзандон хатарҳою таҳдидҳои бисёреро ба бор меоварад. Ба унвони мисол: Дар фарзандон ҳисси хушунатталабиро афзоиш медиҳад, кӯдакон дар дунёи танҳоии ингуна бозиҳо ҳисси танҳоӣ мекунанд, аз мактабу дарсу машқ фирорӣ мешаванд, гӯшанишинӣ ва танҳонишин мешаванд, пархошгарию асабият дар онҳо зиёд мегардад, зеҳнҳояшон танбал мешавад, самимият бо оила аз байн меравад, уфти дарсӣ ва ахлоқиро сабаб мешавад, фарҳангу боварҳо ва эътиқодҳояшонро дигаргун месозад, ба стрессу бадхобию камхобӣ дучор мешаванд, ингуна бозиҳо кӯдаконро камҳушу камзеҳну камбинову беназм месозад ва садҳо айби дигар.

13 – Фарзанди духтар ё писар

    Яке аз аслҳои тарбият дар Қуръон фарқият қоил нашудан ва ё баробарӣ миёни фарзанди писар ва духтар аст. Дар Қуръони Карим ҳеҷ фарқе миёни духтару писар нест; ҳар ду инояти Худованданду ҳар ду фарзанди инсон. Аммо онҳое, ки духтардор мешаванд ва ба хотири таваллудшудани духтар чеҳраҳояшон ғамгин мешаваду сиёҳу торик, онҳо ҳамонанди замони ҷоҳилият ва дар ҳақиқат ҷоҳилияти модернанд. Ва ё касоне, ки ба хотири писар доштан мисли Абулаҳаб менозанду фахрфурӯшӣ мекунанд, дар воқеъ пайравони фикрии Абулаҳабанд. Тасмиму иродаи Парвардигор нисбат ба бандагон айни лутф, мутлақи муҳаббат, ҷилваи ишқу раҳмат, таҷаллии каромат ва ҳусну зебоии интихоб аст. Худо ҳарчиро барои банда бихоҳад ба маслиҳату фоидаи дунявӣ ва ухравии бандааш аст. Ва ҳар кӣ тавонист таслими иродаи Худованд шавад, дар ҳақиқат пайрави роҳи анбиё, авлиё ва имомон мебошаду нишонаи ишқу маърифат нисбат ба Бори Таоло.  Бар асоси ояи 49 сураи Нисо фарзанди духтар, ҷилваи салтанату подшоҳӣ, таҷаллии иродаи Худо дар офариниш, нури доноӣ ва тавоноии Худо нисбат ба инсон аст. Бояд дарк кунем ва ин фарҳанги ғалати зидди қуръониро аз байн бибарем. Ва нисбат ба додаҳои Парвардигор шокиру сипосгузор бошем. Бо ҷоҳилияти модерн муқобила ва муборизаи фарҳангӣ бикунем. Асли сездаҳуми қуръонӣ барои тарбияти фарзанд ин шуд, ки миёни духтару писар фарқият қоил нашавем.

14 – Ҳифзи ҷони фарзанд дар ҳар шароит

    Падару модари муваффақ он касоне ҳастанд, ки дар ҳар шароити сахту туфонӣ ва номулоимҳои зиндагӣ барои ҳифзи ҷони фарзандони худ, барои ҳаёти ҷонӣ ва фикриву фарҳангии кӯдакон, барои ояндаи некӯи фарзандон ва ҳатто барои саодату ҳидояти ҷовидонагии фарзандон; талошу кӯшишу ҳаракат ва фаъолият мекунанд. Ин асли қуръонӣ мебошад, ки дар сураи Исроъ ояи 31 ва дигар ояҳо фармон дода шуда аст:”Аз тарси фақру тиҳидастӣ фарзанди худро накушед; моем, ки ба онҳо ва шумо ризқу рузӣ мебахшем; орӣ! Куштани онҳо хато ва гуноҳи бузурге аст”. Сураи Ҳуд ояи 42 ба зебои қиссаи Нуҳи набӣ (а)-ро баён карда аст: “Киштӣ Нуҳро дар миёни мавҷи куҳосо мебурд ва Нуҳ ба сӯи писараш фарёд зад: Эй писараки ман бо ман савор шав ва бо кофирон мабош”. Мебинем, ки ҳазрати Нуҳ (а) дар ҳеҷ ҳолат аз вазъияти фарзандаш ғофил нашуд ва барои наҷоти ҷони ӯ аз ғарқ шудан ва наҷоти андешаи ӯ аз куффор талош кард. Инчунин ҳазрати Иброҳим (а) дар ояи 35 сураи Иброҳим аз Худованд барои фарзандонаш амният, саломати ҷисмӣ ва ахлоқиро таманно мекунад.

15 Аҳамияти намоз хондан барои фарзанд

   Намоз, рукни асосии дин ва сабки зиндагии қуръонист. Намоз ресмони муҳкам миёни Худо ва халки Худост. Намоз пайвандиҳандаи миёни Худо ва бандагонаш мебошад. Намоз хондану бо намоз анис будан зиндагии кӯдаконро моломол аз меҳру утуфату меҳрубонӣ карда боиси шукуфоии зеҳну хиради кӯдак мешавад. Нахондани намоз, диққат накардани намоз, бе аҳамият будан нисбат ба намоз; ба гуфтаи Худованд  дар зиндагӣ барои инсон мушкилоти зиёде нозил мешавад (Сураи Тоҳо 124). Худованд ба Паёмбари Меҳрубонаш (с) фармон медиҳад, ки:”Оилаи худро ба намоз фармон бидеҳ ва худ бар он шикебо бош”. (Тоҳо 132). Луқмони Ҳаким ба фарзандаш гуфт: ”Писарам намозро барпо дор”.(Луқмон 17). Кӯдаке аз овони туфулият бо намоз ва розу ниёз бо Худованд рағбату майл дошта ва ба Худояш вобастагӣ дошта бошад, дар зиндагии иҷтимоиаш ба ҳар касу нокас вобастагӣ пайдо намекунад ва пешонии шарафу ҳайсияти худро ба ғайри Худо ба саҷда намегузорад. 

16 – Таълими аҳкоми шариъат барои фарзанд

    Шонздаҳумин асли қуръонӣ барои тарбияти фарзанди қуръонӣ; таълиму омӯзиши аҳкоми шаръӣ мебошад. Кӯдакон бо ёдгирии аҳкоми шариат дар майдонҳои ахлоқӣ-шахсӣ-иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодӣ комёбиҳо меёбаду аз газанди ҳаргуна таҳдидҳо дар амон мемонад. Ҳазрати Луқмон дар сураи Луқмон ояи 17 ба писраш ингуна панду андарз менамояд: ”Эй писараки ман, намозро барпо дор, ба кори писандида амр кун, аз кори нописанду ҳаром наҳй намо ва бар мушкилоте, ки бар ту ноил меояд, сабр кун”. Ва садҳо ояи дигари Қуръон. Навҷавону ҷавоне, ки аҳкоми шариатро бидонад дар доми олудагиҳои иқтисодӣ мисли “рибо” гирифтор намешавад, қимматфурӯшӣ намекунад, аз тарозу намезанад. Дар фасоди идорӣ-иқтисодӣ-сиёсӣ мисли “ришва”, намеафтад. Донистани аҳкоми дин, навҷавону ҷавонро аз ҳар газанди заҳролуд озод месозад.

17 –  Таълиму адабу ахлоқ барои фарзанд

      Луқмони Ҳаким дар ояҳои 18 ва 19 сураи Луқмон чанд нуктаи ахлоқӣ ва адабии муҳимро ба фарзандаш ёдоварӣ менамояд:”Нисбат ба мардум бепарво набош ва аз онҳо руй магарон, мағрурона бар рӯи замин роҳ марав, дар роҳ рафтан миёнаравиро риоят намо, дар сухан гуфтан низ эътидолу миёнаравиро муроот кун ва бо садои баланд суҳбат макун”. Қуръони Карим китоби панду андарзу насиҳату ахлоқу адаб мебошад. Сартосари Қуръон ҳама таълими фарҳанги нобу наҷотбахш мебошад. Кӯдаке, ки тоҷи адабу ахлоқ бар сар дораду бо фарҳанги зебои қуръонӣ-миллӣ наққошӣ шуда ва зинат дода шуда бошад; ба монанди он аст, ки ҳастӣ барои ингуна фарзанд оғуш боз карда бошад.

18 –  Машварат кардан бо фарзанд

    Мутаассифона дар рӯзгори мо ба хотири мустабидду худкома, худраъйю худмеҳвар будани оилаҳо ва машварат накардану диққат нанамудан ба сухану пешниҳоду маслиҳатҳои фарзандон; сабаби гурезон шудани фарзандон аз оила мешавад. Асли қуръонӣ дар ин бора ин аст, ки бо фарзандон машварат кунем, ба суханонашон гӯш бидиҳем, ба нақду интиқодҳояшон таваҷҷӯҳ намоем (ҳарчанд амал накунем). Дар достони ҳазрати Шуъайб (а) ва духтаронаш ва рӯ ба рӯ шудани духтарон бо ҳазрати Мусо (а), достони бисёр омӯзандае аст, ки ҷой дорад борҳо хонда шавад. Дар он ҷо бо он, ки ҳазрати Шуъайб (а) паёмбар мебошад, вале бо духтарони худ дар бораи ҳазрати Мусо (с) машварат мекунад. (Қасас 26). Ва ин машварат кардан ва ҷуръату шаҳомат додан ба фарзанд, аз вай дар иҷтимоъ як қаҳрамон месозад.

19 –  Таълими Қуръони Карим барои фарзанд

Яке аз усули асосии Ислом барои тарбияти фарзанд, омӯхтани Қуръон, фаҳми Қуръон, маънусу ҳамнишин будани бо Қуръон тавассути фарзандон мебошад. Қуръони Карим роҳнамои кӯдакон аст, дилу мағзи кӯдаконро шукуфо месозад. Агар аҳамият дода бошед кӯдаконе, ки Қуръонро хондаву ҳифз карда бошанд, зеҳнҳои бозу равшан доранд. Албатта таълими Қуръон равишу шеваи хосси худро дорад; мутаассифона дар сарзамини мо муллоҳои каҷфаҳму нафаҳм кӯдакону шогирдони худро маҷбурӣ таълим медиҳанд, латукӯб мекунанд, кӯдакро аз қуръону маорифи он гурезон месозанд. Қуръони Карим, китоби осмонӣ муҳимтарин манбаи исломӣ ва сарчашмаи маорифи илоҳӣ аст ва дар тарбияти динӣ ҷойгоҳе бас азиме дорад. Бубинем, ки аксарияти бузургони исломӣ-милии мо ё ҳофизони Қуръон буданду ё омилону муфассирону маънусони Қуръон. Бузургоне чун: Ибни Сино, Ҳофиз, Ибни Арабӣ, Ҷомӣ ва ғайра, ки ҳамагӣ дар синини кӯдакӣ ҳофизу омилони қуръонӣ ба ҳисоб меомаданд. Қуръони Карим, тарбиятгари асосии башарият махсусан барои кӯдакон мебошад. Қуръон бо кӯдакон бо замбони кӯдакӣ суҳбат мекунад ва забони зеҳну андешаи ӯро месабзонад.

20 –  Таълими дуо барои фарзанд

Дар тарбияти динӣ, дуо, муноҷот, розу ниёз ва гуфтугӯ бо Худованд ҷойгоҳи махсусе дорад. Дуо василе аст, ки инсонро дар баробари ҳодисаҳою туфонҳову мушкилоти зиндагӣ, обдидау пӯлодин месозад. Кӯдаке, ки аз аввали зиндагӣ ва аз он замоне, ки мазрааи рӯҳу равони ӯ барои ҳар коште таёр аст, бо дуо ва муноҷот маънусу ҳамнишин бошад, дар айёми ҷавониву пиронсолӣ ва дар тӯли ҳаёти инсонӣ муқовиму устувор хоҳад буд. 

21 Шиносондани аҳлибайти Паёмбар (с) барои фарзанд

Бинобар фармудаи ояи 23 сураи Шуро, Паёмбари Ислом (с) аҷру музду подоши рисолати азими башарсози худро муҳабату ишқу меҳру муваддат ва илму маърифату шинохт ва пайравӣ аз аҳлибайти худ баён намудаанд. Ошно намудан фарзандон бо аҳлибайти Паёмбари Ислом (с) ва маорифу суханони гаронбаҳои онон, аз ҷумлаи унсурҳои муҳим дар тарбияти динӣ ва фарҳанги қуръонӣ мебошад. Бар падару модар зарурист, ки базри муҳаббати аҳлибайти Паёмбар (с)-ро дар дилҳои онон бипошонад ва ононро бо маорифи ғанӣ, басиратовар, инсонсоз ва равшангари аҳлибайт ошно кунанд. Шинос кардани кӯдакон бо маорифу гуфтаҳои аҳлибайти Паёмбари Акрам (с), фарзандони моро дар ҳарими амни ақидатӣ-фикрӣ қарор дода таҳоҷумҳои фикрӣ-фарҳангӣ ва осори шуми онро аз байн мебарад. Дар ҳақиқат аҳлибайт кӯдакони моро аз ҳар назар ваксина мекунанд.

22 – Бурдани фарзанд ба масҷид

Дар сураи Каҳф ояи 46 мехонем, ки:”Молу фарзандон зинати зиндагии дунёянд”. Ва дар сураи Аъроф ояи 31 мехонем, ки мефармояд:”Эй фарзандони Одам! Зинату зебоиҳои худро ба масҷид бибаред”. Дар ояи гузашта молу фарзанд зинати дунё ба ҳисоб омаданд ва дар ин оя фармон дода аст, ки зинатҳои худро (молу фарзандон), ба масҷид бибаред. Яъне, вақте молу иқтисод ба масҷид бурда шавад, мушкилоти масҷиду мардум ҳал мешавад ва замоне, ки фарзандон ба масҷид бурда шаванд, мушкилоти ояндаи насли кӯдакон низ ҳал мешавад. Масҷид ба кӯдакон дарсу илму адаб ва ахлоқу фарҳанги зебои динӣ-миллиро меомӯзонад. Кӯдак энергия ва қувва дорад ва онро бояд холӣ созад, агар дар масҷиду мадраса ва дар мактабу ҷойҳои илмӣ-фарҳангӣ нагузаронад; қатъан дар майдонҳои сиёҳию торикӣ мегузаронад. Аз масҷид илму адабу ҳунар истихроҷ мешавад.

Натиҷагирӣ...

    Ин буд хулосае аз бисту ду аслу асоси тарбияти фарзанд аз нигоҳи Қуръони Карим, албатта боз ҳам таъкид мекунем, ки усулу асосҳои тарбияти қуръонӣ дар ҳамин чанд нуктае, ки мо навиштем хулоса намешавад. Нуктаи поёние, ки мехоҳам бинависам ин аст, ки кӯдак  ва фарзанд ширин аст, вале гоҳо ҳамин ширинӣ сабаби талхӣ мегардаду инсонро аз роҳи ҳаққу ҳақиқат ба берун мекашад. Фарзанддорӣ робитаҳои танготанге бо отифаву ҳиссиёти башарӣ дорад. Ишқу меҳр ба фарзанд ба ҳамон андоза, ки лаззату ширинӣ дорад ба ҳамон миқдор озмуну имтиҳони бузурге барои инсон мебошад (Мулк 2 ва Тағобун 14). Инсон ба шаклҳои гуногуне дар доми ин имтиҳон гирифтор мешавад ва ба осонӣ наметавонад аз он бо муваффақият берун ояд. Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд, ки баъзе аз мардум ба фарзандон тафохур мекунанд (Каҳф 34 то 39) ва фарзанди зиёдро сабаби фахрфурӯшӣ ва бузургии худ ба ҳисоб меоваранд ба он такаббуру иноду душманӣ меварзанду худнамоӣ мекунанд (Марям 77, Сабаъ 34 ва 35, Таббат 2). Ва ҳамин фахрфурӯшии онҳо сабаби аз Худо дур шудану ширку куфр ва инкори қиёматро сабаб мешавад (Кафҳ 34,36,37 ва 42). Саъй кунем ширинии фарзанду ҳуббу меҳри фарзанд моро кару кӯру гунг насозад, ки дар баробари ҳар хубу хубӣ биистем ва дар зиндагӣ ба хотири фарзандон роҳҳои каҷу ҷанифро тай кунем ва ҳалокати худ, оила ва дигаронро сабаб шавем.

Муҳаммад Ғуломов, пажӯҳишгари динӣ-фарҳангӣ ва узви “ИЖТ”



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    март 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2