Қуръон ва масъалаи иқтисод

20.11.2015, 12:24 Хонданд: 299


Зиндагии беҳтар

Яке аз ҳадафҳои муҳими мо, донишҷӯён ва пажӯҳишгарони динӣ бояд ин бошад, ки сарчашмаҳо, аслҳо ва асосҳои илми иқтисодро аз дидгоҳи ваҳй, Қуръон, суннат, сира, тақрир ва рафтори паёмбарон (а) махсусан Паёмбари Мубин (с), зиндагии имомону   бузургони исломӣ; берун оварем, кашф кунем, истихроҷ намоем ва ба мардум бирасонем ва иқтисоди исломӣ ва дидгоҳи ислом дар бораи иқтисодро муаррифӣ кунем; масалан ин навишта, ки дар бораи иқтисод аст, бояд бидонем, ки дар Қуръон зиёда аз 750 оя дар бораи иқтисод баҳсу гуфтугӯ карда аст. Мутолиаи саҳифаҳои зиндагии башар дар давоми асрҳою қарнҳо ва солҳои тӯлонии таърих, гӯёи ин ҳақиқат аст, ки ёфтани шеваҳои муносиб ва равишҳои дуруст барои зиндагии беҳтару меҳрату бартар, аз муҳимтарин масъалаҳои тамоми инсонҳост ва ҳамеша барои расидан ба ин ҳадаф, талошҳоу кӯшишҳои зиёде карда ва мекунанд ва ранҷҳою машаққатҳои бисёре дар ин роҳ мутаҳаммил шудаанд. Ва дар ин масъала (зиндагии беҳтар ва бартар), паёмбарон, ҳакимон ва сафирону фиристодаҳои илоҳӣ бешакку шубҳа пешгому пешқадам ва парчамдор будаанд; ҳарчанд, ки мо намедонем ва ёдамон надоданд.

Дин, тамоми саъяш ва махсусан дини мубини Ислом, ҳамаи кӯшишаш ин аст, ки барои башарият  зиндагии беҳтару бартар ва шоистаи башарият , фароҳам оварад; вале мутаассифона ба мо ёд надоданд . Ва мо намедонем, ки ислом бештарин аҳаммияти худро ба иқтисод, маътуфу мутаваҷҷеҳ карда аст. Бо таассуф вақте дин, мегӯянд зеҳни мо динро дар намозу рӯза, дуо ва ниёиш, қуръонхонӣ дар қабристону маърака ва масҷиду саллаву абову қабо хулоса мекунад; дар ҳолате ки, дин ҳамааш ин нест; дин, яъне зиндагӣ, яъне шеваи зиндагии беҳтар, яъне иқтисоди бартар, яъне тиҷорати пурсуд, яъне зиндагии шоистаи инсонӣ, яъне оромишу осоиш, амнияту рафоҳ, яъне озодию истиқлол, иззату такрим ва ғайра. Дар Қуръони Карим ҳар ҷо сухан аз намоз аст, билофосила баъдаш фармон бар ин аст, ки закот бидеҳ! Ин чӣ маъне дорад? Боре фикр кардаем? Ё намедонем, ё ёдамон надоданд ва ё худро ба нодонию таҷоҳул мезанем ва ин мусибат аст, дард аст ва заҷр. 

Қуръони Карим, китоби замоншумулу ҷаҳоншумул 

Қуръони Карим, китобе аст замоншумулу ҷаҳоншумул, ки ҳамқадаму ҳамгом бо замону таҳаввулҳо ва дигаргуниҳо сафар мекунад ва эҳтиёҷҳои зиндагии инсонро посух медиҳад. Қуръон тибёну баёнгари ҷомеъ аст, ки мавзуоту масъалаҳои ҷомеаи башариро ба беҳтарин ваҷҳ ва осонтарин роҳи мумкин табйину тафҳиму ташриҳ намуда аст. Афсус, ки боре Қуръонро барои фаҳмидан нахондаем, фақат онро тиловат намудаем;- ба Худо қасам агар ҳадаф аз фиристодани Қуръон фақат ва фақат тиловаташ бошаду табарраукҷустанаш; ҳеҷ фарқе миёни хондани сарсарии Қуръон ва як китоби оддии дигар нест, -. Қуръон, худ худро “Тибён”, яъне баёнгари ҳамаи масъалаҳо номида аст (Наҳл 89).

Ба Зоти Поки Худо қасам ё Худованд хилофи ваъдаи худ ва гуфтаи худ амал мекунад (наузу биллоҳ) ва ё мо намефаҳмем. Агар Қуръон ҳамаи чизро баён карда аст, мушкилгушо аст, наҷотдиҳанда аст, ҳаллоли масоил аст; пас чаро мо зиндагии залилона ва пур аз касоду фасоду табоҳу барбод рафта дорем? Ба назари ман ин мо ҳастем, ки намефаҳмем ва нафаҳмидем ва нафаҳмониданд, ин хато ва иштибоҳ ва ғалат дар мост на дар Қуръон!. Ва бадтар он аст, ки барои фаҳмидан низ истодагӣ мекунем! 

Қуръони Карим, китобе аст воқеънигару ҳақиқатбин, ки шароитро месанҷад ва барои зиндагии инсон ва муҳиту фазои атрофи вай ва ниёзҳову эҳтиёҷҳои инсон, фармонда дода аст ва заминаро барои оҳанги пар кашидани инсон ба мақсади аъло ва мақсуди волоро барои инсон мунаққаш ва тарсим карда аст. Бар ин асос бахши зиёде аз оёҳои Қуръон мустақиму ғайримустақим перомуни иқтисод, тиҷорат, даромад, муомилот ва аҳкому ахлоқи иқтисодӣ аст. Албатта барои донистану фаҳми “иқтисоди исломӣ ва қуръонӣ”, китобҳои қатуру пурварақ лозим аст, вале ба ҳар ҳол барои андак тааммуле перомуни он, дар ҳадди худ ин чанд калимаву чанд сатр менависам, бошад, ки сабаби ҳаракати мо ва таҳқиқи муҳаққиқон ва пажӯҳиши пажӯҳишкунандагон гардад. 

Ҷаҳонбинии тавҳидии иқтисодӣ 

Аз дидгоҳи Қуръони Карим, тамоми коинот ва ҳастӣ аз ҷумла инсон, манобеъ ва маъхазҳо, абзорҳои тавлид ва шукуфосозии зиндагӣ махлуқи Худованди Алиму Ҳакиманд. Инчунин ҳаргуна фаъолияту талош ва шукуҳмандсозӣ, сохтани тамаддун ва пешрафту тарққӣ ва таолӣ, низ махлуқи Худованд мебошанд ва мустақил аз иродаи Худованд наметавонанд таҳаққуқ ёбанд ва ҳаракат намоянд; ин ҷаҳонбинии тавҳидии иқтисодист. Қуръон исрор дорад ва пофишорӣ мекунад, ки ба инсон биёмӯзад ва ба ин нукта таваҷҷӯҳашро ҷалб намояд, ки аз омилҳои созанда ва истифода шуда, ҳама ва ҳама махлуқи ӯянд, то, ки инсон саркаш нашавад (Аъроф 57, Исроъ 12, Шуро 12,). Калидҳои манобеи осмон ва хазинаҳои замин аз они Ӯст. Барои ҳар кас бихоҳад рӯзии густарда медиҳад ва ё маҳдуд месозад. Дар иқтисоди исломӣ, муваҳҳидон ва муъминон дар майдонҳои фаъолиятҳои иқтисодӣ-тиҷҷорӣ ҳамеша дасти ғайбе эҳсос мекунанд, ки ҳидоятгар, кӯмакрасон ва ёру ёвари фаъолиятҳои иқтисодии онон аст; бар асоси биниши тавҳидӣ, мардум дар сарсахтарин шароити бади иқтисодӣ ва буҳронҳои молӣ дучори ноумедӣ намешаванд ва инчунин дар беҳтарин шароити иқтисодӣ низ, аз ёди Худо ғофил намегарданд ва тоғӣ, боғӣ, ғозӣ ва саркаш дар баробари Худованд намешаванд. Дар замони буҳронҳои молӣ чашми умед ба раҳмати восеаи Худо ва гушоишу фараҷ дар масъалаҳояшон доранд ва дар замони доштани сарват бахшандагию саховату ҷудро фаромуш намекунанд. Иқтисоду пулу сарватро на барои худ, балки барои аҳдофи олӣ ва мутаолӣ ва дар хидмати халқуллоҳ ва расонидани башарият ба суи хубиҳо медонан ва истифода мебаранд.

Фаъолиятҳои иқтисодӣ; ҷилвае аз убудияти Худо

Аз нигоҳи Қуръони Карим, фаъолиятҳои иқтисодӣ аз манобеи табиӣ барои таъмини маоши зиндагӣ, метавонад як амали ибодӣ ва мазҳару ҷилвае аз убудияту бандагӣ бошад. Дар сураи Мулк ояи 15 омада аст: “Худованд зоте аст, ки заминро ром кард, бар шонаҳои он роҳ биравед ва аз рӯзиҳои Худованд бихуред”. Ва ё дар сураи Ҷумъа ояи 10 омада аст: “Ва чун намоз адо шуд дар рӯи замин пароканда шавед ва ризқи Худоро биҷӯед ва Худовандро зиёд ёд кунед”. Мебинем, ки аввалан дар ин ояҳо Худованд таъкид дорад, ки инсоният бояд кор кунад, талош намояд ва барои ёфтани ризқу рӯзӣ ҷиддӣ пайгир бошад, аммо аз тарафи дигар гуфта аст, ки Худовандро ёд намоед, яъне ин ки фаъолиятҳои иқтисодӣ бо убудият гиреҳ хурда аст, бояд иқтисоди ҳалол пайдо кард, нону намаки ҳалол хурд ва дар ҳини доду ситад ва муомилот Худоро дар назар гирифт.

Мутаассифона  баъзе наздикбинону  кутаҳбинон фикр мекунанд, ки агар мусалмоне ба дунболи иқтисод ва тиҷорат биравад, аз зумраи бандагони солеҳ намебошад; ин хатост, ингуна инсонҳо на динро фаҳмидаанд, на диёнат ва на дунёро; инқадар кам гунҷоишанд, ки наметавонанд масъалаҳои дину дунёнро ба ҳам гиреҳ зананду омехта намоянд. Аз бузургтарини ибодатҳо ва ҷилваҳои убудият ин аст, ки инсон битавонад иқтисоди мардумро дуруст намояд, суфраву дастурхони халқи Худоро пур намояд ва барои ҷавонҳо ҷойҳои корӣ ва иштиғолзоӣ намояд. Бар ҳамин асос дин, ислом ва Қуръон додуситад, корҳои тиҷҷорӣ, иштиғолзоӣ ва корофариниро мазҳари убудият ва ҷилвае аз бандагӣ медонад.

Охиратгароӣ дар иқтисоди исломӣ 

Гуфтем, ки Қуръон дар айни ҳол, ки инсониятро ташвиқу тарғиб ба кору фаъолиятҳои иқтисодӣ менамояд, аз тарафи дигар ба вай рӯзи ҷазо, рӯзи ҳисоб ва рӯзи қиёматро ҳамеша ёдовар мешавад, то ба банда гушзаду таъкид намояд, ки дар тиҷоратат корҳои ҳаром накун, рибо нахур, ришва надеҳ, дуруғ нагу, қасамҳои дуруғин ёд накун, қиммат нафуруш, аз тарозу мазан. Ва ин таъкидҳои бисёр, нақши бисёр муассиру созанда дар тасҳеҳи рафторҳои иқтисодии инсонҳо дорад. Қатъан бо эътиқод ба охират ва рӯзи вопасин ва зиндании пас аз марг, уфуқи равшан барои инсон мегушояд ва ҳамчун “тормоз” вайро аз хатарҳо ва фасодҳои иқтисодӣ дар амон медорад. Дар ояҳи 1 то 7 сураи Мутаффифин омада аст: “Вой бар камфурушон! Онон, ки вақте барои худ паймона мекунанд, ҳаққи худро ба таври комил мегиранд, аммо ҳангоме, ки мехоҳанд барои дигарон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд. Оё инҳо гумон намекунанд, ки дубора зинда мешаванд, дар рӯзи бузург?”. Бинобар ин муҳосиба ва ёдоварии рӯзи қиёмат омили бас бузургу муҳим дар пешгирӣ аз фасодҳои иқтисодӣ-тиҷҷорӣ аст.

Иқтисоди пуёи қуръонӣ 

Барои зиндагии солим ва ҳаёти поку тайиба, иқтисоду пуёи пешраванда ва зиндагии беҳтар, Қуръони Карим се пешниҳод дорад: Дарёфти дониш ва маорифи ваҳй ва истифодаи он дар зиндагӣ; тафаккуру тааққул ва ба коргирии таҷриба ва талош; ва пешниҳоди сеюм майдони амал аст, яъне худсозӣ, парҳезгорӣ, тақво, худотарсӣ ва эҳсоси ҳузури Худованд дар иқтисоду тиҷорат. Инак мо ин се пешниҳоди Қуръонро (ба андозаи) вусъу тавон шарҳ медиҳем: 

1- Дарёфтнамудани маорифи ваҳй 

Қуръони Карим дар ояи 85 сураи Исроъ инсонро мавриди хитоб қарор дода фармуда аст, ки аз илм, дониш, ҳикмат ва маорифи бисёр каме бархурдору муҷаҳҳаз ҳастӣ. Аз ин оя ва ояҳои дигар истифода мешавад, ки ёфтани зиндагии солиму шоиста дар гарави баҳрагирӣ аз маорифи осмонӣ ва улуми ваҳёнӣ ва ба коргирии қувваи фикру ақл аст. Ва бояд  риштаҳо, хатҳо, аслҳо ва шоҳроҳҳои ҳидояту саодатмандиро аз ваҳй (улуми исломи ноб) гирифт ва дар чорчубаи онҳо ва бо кӯмаки қувваҳои идрокии худододӣ, андухтаҳои таҷрибиро афзоиш дод ва аз ин роҳ, мушкилоту монеҳо ва шубҳаҳоу сиёҳиҳоро аз масири башар ва ҷоддаи инсоният дар зиндагӣ бартараф намуд. Масъалаҳои иқтисодӣ низ бахши бисёр муҳиму ҷой пуркуни инсон аст. Ва бояд барои дастёбӣ ба иқтисоди солиму ҳалол ва худописанд ба ончӣ холиқу офаринандаи инсон фиристода аст, муроҷиат намуд; ва он роҳу масиру тариқеро, ки Худованд гуфта ва фармон дода аст бояд паймуд, ҳаракат кард ва фатҳ намуд. Агар хоҳони расидан ба ҳаёти тайиба ва пок ҳастем, ночорем қадам дар ҷоддае бугзорем, ки Худованд нишон дода аст. 

Ҳаёти тайиба кадом аст? 

Ҳаёти тайиба чист? Ҳаёти тайиба, яъне зиндагие, ки дар он, ҳам рӯҳи инсон, ҳам ҷисми инсон, ҳам дунёи инсон, ҳам охирати инсон, ҳам фикри инсон, ҳам мағзи инсон, ҳам амнияту ҳам оромиши инсон таъмин аст, омода аст; зиндагии фардӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар он фароҳам аст; оромиш, сакина, тамаънина, саодати иҷтимоӣ, иззатмандии ухравӣ, истиқлолият, озодии умумӣ ҳам дар он таъмин аст. Ва ингуна ҳаётиро Қуръон ба мо ваъда дода аст. Худованд дар сураи Наҳл ояи 97 мефармояд:”Ҳар кас кори шоиста анҷом диҳад, хоҳ мард бошад ё зан, дар ҳоле, ки муъмин аст, ӯро ба ҳаёти тайиба ва поку покиза зинда медорем”. Дар исломи азиз ҳамаи чиз муқаддимаи худсозист, маънавият аст, ирфон аст, омодагии рӯҳӣ ва камоли рӯҳ аст. Ҳамаи фароиз, аҳком, таклифҳо, воҷибот, суннатҳо, гуфторҳо, навишторҳо, дурӣ аз гуноҳ, кори неку анҷом додан, ҳукмҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра; ҳама ва ҳама муқаддима ва пешдаромади ҳаёти тайиба мебошад; муқаддимаи зинда шудани инсон бо рӯҳи инсонӣ ва худоӣ аст; пешдаромади уруҷу парвози инсоният аз олами ҳайвоният ва таваҳҳуш аст; пешоғози инсон шудан ва раҳоӣ аз нуфуси шайтонист; дебочаи суъуд аст ба сӯи малакут. 

Агар башар зери тарбияти Худованд қарор гирад, ин ҳаёти покиза дар нафси ӯ ба вуҷуд хоҳад омад ва ҳатто муҳити атрофи ӯро ва атрофиёни ӯро низ поку мутаҳҳар месозад. Ва агар тарбияти Худованд набошад ва инсон зери тарбияти касони дигар, ки нафси шайтонӣ доранд биравад ва иродаву азми худро дар роҳи паймудани роҳҳои маънавӣ аз даст бидиҳад ва дар хидмати ҳавоҳои нафсонӣ ва шайтонӣ ва бозичаи дасти инсониҳои шайтонсифат қарор гирад, ин инсон дар ҳадди ҳайвоният боқӣ хоҳад монд ва ҳайвоне хатарноктар аз ҳайвонҳои дигар хоҳад шуд. Ҳамонтавре, ки дар таърих ба аён дидем, ки чӣ инсонҳое дар сурати инсонӣ, аммо дар сирати ҳайвонӣ буданд, мисли Фиръавнҳоу Қорунҳо, Намрудҳоу Ҳомонҳо, ва Сомириҳоу Балъамҳо ва имрӯза низ Ал-Бағдодиҳо. Ҳоло яке аз роҳҳои асосие, ки инсон метавонад дар ҳамин ҷодда ва роҳ, яъне саодати дунявӣ ва ухравӣ қадам гузорад ва яке аз муҳимтарин омилҳое, ки ба инсон ҳаёти тайиба медиҳад; ин иқтисоди қуръонӣ аст, иқтисоди пок ва пуле, ки аз роҳи ҳалол ба даст омадааст. Иқтисоди исломӣ, илоҳӣ ва қуръонӣ ҷомеа ва тамаддуне месозад, ки ҳам ба рӯҳи инсон созгор аст ва ҳам ба ҷисми ӯ, ба инсон ҳам модда медиҳаду ҳам маъно, ҳам рафоҳу ҳам пул, ҳам имону ҳам маънавият, ҳам дунёу ҳам охират. Бинобар ин, бар мо лозим аст, ки маорифи ваҳйро биёмӯзем, бидонем, Қуръонро дарк кунем; Қуръон фақат барои бӯсидану табаррукҷустану болои тоқча монаду сари мазору мурда нест. 

2- Тааққул ва тафаккур (ба коргирии таҷриба) 

Қувваи нотиқа, фикр, тафаккур ва ақлу тааққул бар пояи дониши таҷрубии башарӣ мавриди таъйиду инояти ва ситоиши Қуръон аст. Аз манзари қуръонӣ, истифода аз “ақли ҷамъӣ”, “машварат бо соҳибназарон”, “фаъолиятҳои гурӯҳӣ ва иҷтимоӣ”, барои тадбири масъалаҳои иҷтимӣ ва иқтисодӣ як асли муҳим дар ҷомеаи динӣ, исломӣ ва тавҳидӣ аст: (Шуро 38. Оли-Имрон 103. Раъд 17 ва сураи Ҳадид). Ба унвони мисол дар сураи Раъд ояи 17 Қуръон ишора карда аст, ки сохтусози кураи оташин, зуб намудани филизҳо ва дур намудани нохолисиҳои он ва ба коргирии филизҳо дар умури зиндагӣ, ки ҳосили таҷриба ва тааққули инсонҳост, равиши ҷорӣ дар ҷомеаи исломӣ аст. Бинобар ин донишҳои таҷрибӣ ва истифодаи дуруст аз он ва низ мавриди ишораи Қуръон ва таъйиди қуръонӣ дорад. 

3- Тақвои иқтисодӣ 

Тақвои иқтисодӣ; яъне парҳезгорӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ, риояти ҳалолу ҳаром дар фаъолиятҳои иқтисодӣ, ҳалол хурдану ҳалол нӯшидану ҳалол пӯшидану даромади ҳалол касб кардан, покии пулу молу сарват, аз роҳи ҳалол ба даст овардани сарват, тиҷорати ҳалол, дар иқтисоду тиҷорат дурӯғ нагуфтан, савганд ёд нанамудан, фиребу найрангбозӣ ва ҳилаву макрбозӣ нанамудан, қиматфурушӣ накардану аз тарозу назадан ва ғайра ҳама ва ҳама мавриди таъкидҳои пай дар пайи дин, ислом ва Қуръон аст. Аз нигоҳи Қуръони Карим ҳар ҷо, ки даромад бошад, пул ба даст ояд, сарват андухта гардад, аммо ёди Худо набошад, ҳалол набошад, аз роҳи шаръӣ набошад; ҳарчанд, ки пулҳои калон ҳаст, вале пойдор намемонад, баракат надорад, давомдор нест; бар ҳамин асос агар имрӯз мебинем, ки ғули иқтисодии олами Ғарб ва иқтисоди чашмгиру чашмхиракунандааш дар ҳолати суқуту рукуд аст ва рӯз то рӯз фалаҷ мешавад ва чанд соле ҳаст, ки буҳронҳои молӣ дар ҷаҳон шуруъ гашта аст;  дар ин аст, ки онҳо ақли таҷрибӣ ва дониши таҷрибиро ба кор гирифтанд ва ба хидмат бурданд, аммо масъалаҳои ҳалолу ҳаром ва дурусту нодурусташро раҳо карданд, ба як буъд нигоҳ намуданд ва натиҷааш ин шуд, ки мебинем. 

Дар ояҳои бисёр зиёд Қуръон раҳнамоӣ мекунад, масъалаҳои ҷузъӣ ва куллӣ ва аслӣ ва фаръии иқтисодро меомӯзонад. Қиматфурушӣ мамнуъ, рибохурию рибогирӣ мамнуъ, ришвагирию ришваситонӣ мамнуъ, аз тарозу задану паймонаро кам кардан мамнуъ, эҳтикору ихтисосӣ намуданд мамнуъ, ҳарому аз роҳҳои нодуруст андухтани мол мамнуъ, моли ятиму беваро хурдану бурдан мамнуъ; ва садҳо нукта, фармон, дастур ва роҳнамоиҳи дигар. Барои мисол метавонед ба ин ояҳо нигоҳе андозед: (Бақара 275, Моида 1,Нисо 29, Исроъ 53, Анфол 41, Аъроф 96). Аз тарафи дигар Қуръон инсониятро ба дурустфурӯшӣ, инфоқу хайркунӣ, пардохти закоту... дурӣ аз рибоу ришва ва дигар аъмоъли шаниъу паст, аҳамият додан ба моли ҳалол ва таваҷҷӯҳ намудан ба манбаи даромади сарват ва дар як ҷумла тақво ва парҳезгории иқтисодӣ даъват менамояд. 

Аҳдофи иқтисоди қуръонӣ

Дар ин масъала (ҳадафҳои иқтисоди қуръонӣ) мо мехоҳем бубинем, ки ҳадафи асосии баён иқтисод аз нигоҳи Қуръон чист? Қуръони Карим, ки саросар фармонҳои иқтисодӣ дорад чиро дунбол мекунад ва чӣ мақсад дорад? Дар пайи дастёбӣ ба кадомин ҳадафҳо мебошад. Дар ин ҷо мо мухтасаран ба баъзе аз муҳимтарин ҳадафҳои иқтисоди қуръонӣ ишора менамоем:

1- Адолатгустарӣ дар фаъолиятҳои иқтисодӣ: Асли “адл ва адолат”, яке аз бунёдитарину асоситарин маорифи Қуръони Карим аст ва риояти адлу адолат ва барқарории қисту адл дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо, яке аз ҳадафҳои бисёр баланди иқтисоди қуръонӣ ба ҳисоб меояд. Ва ҳатто Қуръон ҳадаф аз фирстодани байинот, китобҳои осмонӣ, мизон ва паёмбаронро қиёми мардум ба қисту адлу адолат медонад (Ҳадид 25). Алабтта барқарории қисту доду адлу адолат; ҳадафи ниҳоии паёмбарон нест, балки ҳадафе дар тули ҳадаф аст ва ҳадафи ниҳоӣ барои инсоният ин убудият ва абди солҳе будану инсони комил шудан аст. Ва низ дар ояи 15 сураи Шуро ба сароҳати тамом, маъмурияту вазифа ва масъулияти Паёмбари Акрам (с)-ро эҷоди адолат баён менамояд: “Ман маъмурам дар миёни шумо адолатро барпо намоям”. “Эй касоне, ки имон овардаед, комилан ба адолат қиём намоед ва барпо хезед” (Нисо 135). Ва дар сураи Наҳл ояи 90 омада аст: “Худованд ба адлу эҳсон фармон медиҳад”. Ва боз дар сураи Исроъ ояи 35 омада аст: “Ҳангоме, ки паймона мекунед, ҳаққи паймонаро адо намоед ва бо тарозуи дуруст вазн кунед. Ин барои шумо беҳтар ва оқибаташ некутар аст”. пас аввалин ҳадаф аз ҳадафҳои иқтисоди қуръонӣ, эҷоди адлу адолат ва эҳсону мусовот мебошад, то башарият дар сояи “адл”, ормишу рафоҳ ва осоишу надоштани дағдағаи иқтисодию молӣ ба убудияти Худо ва бандагии Худованд машғул гардад.

2- Истиқлолу иқтидори иқтисодӣ: Истиқлоли иқтисодӣ ва роҳёбӣ ба худкифоӣ, худиттикоӣ ва такя бар худ ва раҳоию халосӣ аз вобастагӣ дар иқтисод ва иртиқоу иқтидори иқтисодӣ яке аз муҳимтарин ҳадафҳои иқтисоди қуръонӣ мебошад. Иқтисоди қуръонӣ омада аст то иқтисоди салтанатӣ ва подшоҳиро ба иқтисоди марумӣ табдил намояд, монополияро ҷамъ намуда дастурхони иқтисоди кишварро барои умуми мардум паҳн намояд, вобастагиро зудуда ва истиқлолияти иқтисодиро таъмин намояд; иқтисоди қуръонӣ омада аст то ақибрафтро ба пешрафт ва харобиро табдил ба тармиму таъмир табдил бахшад ва пас аз иқтидору истиқлоли иқтисодӣ сабабии хорӣ ва таҳқири душманони побараҳнагону мазлумону ситамдидагон шаваду иззати нафс ва такрими ҳувияти бепаноҳон. Агар истиқлоли иқтисодии як ҷомеа ва як кишвару мамлакат муҳаққақ нашавад, муяссар нагардад, яъне дар масъалаи иқтисодӣ як мамлакат бар руи пои худаш наистад; истиқлоли сиёсӣ, як руъёю орзу ва сароби беш нест. Дӯстон метавонанд ба ин ояҳо муроҷиат намоянд:(Оли-Имрон 139, Нисо 141 ва 144, Моида 51 ва 57, Анфол 60).

3- Мубориза бо фақр ва табъиз: Дар ислом фақр, фақирӣ, камбағалӣ ва нодорӣ ба шиддат наҳй шуда аст ва дар ривоятҳои исломӣ, фақр; омиле барои куфр қабул кардан аст. Ҳазрати Алӣ (к) ба фарзандашон Муҳаммади Ҳанифа супориш намуданд: “Эй фарзандам! Ман аз тиҳидастӣ ва фақр бар ту ҳароснокам, аз фақр ба Худованд паноҳ бибар, ки ҳамоно фақр, дини инсонро ноқис, ақлро саргардон ва сабаби душманӣ аст”. Ва дар ҳадиси дигар фармуданд: “Ҳар кас ба фақру нодорӣ мубтало гардад ба чаҳор хислат гирифтор мешавад: Заъфи таъйин, нуқсони ақл, сустии дин ва камҳаёӣ”. Фақр; як беморие аст, ки инсонро нобуд месозад. Фақри иқтисодӣ, сабаби фақри фикрӣ ва илмӣ низ мегардад, ки бадтару кушандатар аз фақри иқтисодӣ аст. Яке аз ҳадфҳои дигари иқтисоди қуръонӣ решакан кардани фақру табъиз, ҳақкушӣ, тақсимкуниҳои ноодилона ва ноҷои сарвати миллӣ мебошад. Касоне ки мехоҳанд аз фақр наҷот ёбанд Қуръон роҳкорҳои бисёре ироа дода аст, ки яке аз онҳо талошу кӯшиш ва ҷиҳодҳои иқтисодӣ ва камари ҳиммат бастану иродаи қавӣ доштан ва дурӣ аз ҳаргуна сустию танбалӣ, беҳолию дармондагӣ ва фиребу найрангҳост. 

Худованд дар сураи Бақра ояи 173 ба сарватмандону ҳукуматдорон ва дастгоҳҳои иҷроӣ фармон дода аст, ки ба бенавоёну бепаноҳон ва фақирону ситамдидагон садақа бидиҳед. Инчунин, боз фармуда аст, ки дар роҳи Худо инфоқ намоед ва медонем, ки инфоқи сарвартмандон ором-ором боиси аз байн рафтани фақр дар ҷомеа мегардад. Инфоқ фақат ба маънои пул додан нест, балки маънои омме дорад, ки ҳар хубиеро дар бар мегирад. Аз созандагию роҳандозии корхонаҳо, таъмини ҷойҳои корӣ, корофаринию соҳибкорӣ, қарзу вом додан ва ҳатто машварату маслиҳатҳои холисонаро низ шомил мегардад. Ислом барои рафъу дафъи фақр дар ҷаҳон барномаҳои зиёде дорад, монанди пардохти закот, хумс, садақа, инфоқ, тақсими одилонаи сарват ва ғайра. Инчунин Қуръон фармон дода аст, ки рӯҳияи хастагию танбалиро бояд аз байн бурд ва барои рафъи фақр бояд худи инсонҳо ва махсусан инсонҳои фақир низ бояд талошу кӯшиш кунанд.

4- Тарсонидани душманон: Яке аз беҳтарину муассиртарин роҳҳое, ки метавон душмани ғаддору қаттолро  шикаст дод, хору залилу забун кард ва ӯро ба зону нишонд ва коре кард, ки дигар фикри таҷовуз ба манфаатҳои як сарзамин дар хаёлаш нагузарад ва ҳатто нагунҷад (ва махсусан дар асри муосир); ин иқтисоди мустақиллу муқтадир аст. Қуръони Карим дар яои 60 сураи Анфол ошкоро фармон дода аст, ки муъминон бояд дар ҳар масъалае пурқувват бошанд ва душмани худ ва Худоро битарсонанд. Бинобар ин яке аз ҳадафҳои иқтисоди исломи нобу қуръонӣ ин аст, ки иқтисод ва пулу молу сарватро барои дифоъ аз худ, аз музлумони олам, аз бепаноҳони ҷаҳон ба кор мегираду истифода мекунад. Барои он, ки ҷомеаҳои исломӣ, динӣ ва озод, мустақил бошанд ва иззату такрим дошта бошанд ва дасти гадоӣ пеши ину он номарди ҷаҳонӣ дароз накунанд; бояд худитико, худкифо ва бар худ такя намоянд.

5- Тавсеа ва рушди ҷамъияти инсон: Афзоиши ҷамъияти инсон дар ислом як асл аст, як асос аст, як реша аст, ки бояд дарахти тануманду пурбору пурсамар гардад. Худованд дар ҳамаи адён ва махсусан ислом касонеро, ки ба хотири фақр ва ё таваҳҳуми фақр аз фарзандор шудан пешгирӣ мекунанд ва ё дар ҳини ҳомилагӣ ва пас аз он ҷанину тифлро мекушанд, сарзаниш мекунад, чаро, ки Худованд рӯзи расони ҳамагон аст ва тарс аз фақир гаштан ва дар натиҷа фарзандор нагаштан дар ҳақиқат инкори раззоқияти Худованд аст. Фарзанд хостану фарзандор шудан як ғаризаву хости табиӣ дар инсон аст, ки дар одамият умеду шодобиро зинда месозад. Бар ҳамин асос паёмабарони илоҳӣ ҳатто гоҳан дар синини пирӣ низ аз Худованд талаби фарзанд менамуданд (Ҳиҷр 51 то 54, Соффот 81 ва 101, Оли-Имрон 38 ва 39, Марям 2 то 7, Каҳф 34 то 39, Сабаъ 34 ва 35). Ин ки шумораи инсонҳои муъмину худопараст, мусалмону худоҷӯй, покизаву озода, аҳли тавҳиду адолат, соҳиби андешаҳои нобу зулол ва андешмандони муслеҳ дар ҷаҳон афзуда гарданд, ин беҳтарин ҳаст барои ҳама, аммо мутаассифона аксарият таҳти таблиғоти васеъ ва густардаи бегонагон ва душманони башарият қарор гирифтаанд ва фарзандор шуданро сабаби фақиру камбағалӣ медонанд ва рӯз то рӯз ин таваҳҳуму бадбинӣ дар зеҳну фикру зиндагии онҳо дохил ва амиқтар мешавад. Контроли ҷамъияти ҷаҳон, пешгирӣ аз рушди фарзанд ва инсон барои иқтисоди хубу пуё ва иқтисоде, ки барои ҳамагон бирасад; ин дурӯғ аст, таблиғоти душманона аст ва асосу реша надорад.

Одил Ҳусайн (дабири кулли собиқи ҳизби кори Миср) мегӯяд: “Ғарбиҳо иддао мекунанд, ки ҳадафашон аз даъвати Осиё ва Офриқо ва Амрикои Лотин ба контроли ҷамъият ин аст, ки нигарон ва парешонхотири густариши фақр дар ин минтақаҳои ҷаҳон ҳастанд. Аммо ин иддао ҳеҷ пояу асоси илмӣ надорад... вонгаҳе онҳо аз кай дилсӯзи башарият шудаанд? Магар на ин аст, ки худашон ҳамаи сарватҳои моро ба тороҷ бурда, ақибмондагии иқтисодиро аз асрҳо пеш бар мо таҳмил карда ва моро дар ботлоқи қарзҳо ғарқ кардаанд?”. Спартакос Ар (сармуҳаррири нашрияи лондонии “Глобал Африка Букетнюз”), мегӯяд: “Аврупо мехоҳад аксари кишварҳои ҷаҳонро ғорат кунанд то оромишро барои мардуми худ таъмин кунанд”. Руже Горовдӣ (файласуфи мусалмони фаронсавӣ), мегӯяд: “Сарватмандони ҷаҳон зери пӯшиши Созмони Милали Муттаҳид ба Қоҳира меоянд, ки ба фақирони олам бигӯянд: Шумо фарзандор нагардед, то мо битавонем ба ғорат ва зиёдаравии худ идома диҳем. Бомби ҷамъиятӣ ҳиллае барои баҳракашӣ ва ғорат аст”. Вай хитоб ба Ғарб мегӯяд:”Он чӣ хатарнок аст рафтори девонавори шумост, ки панҷ аср аст бар ҷаҳон таҳмил кардаед; нахуст аз тариқи истеъмор ва сипас аз тариқи сандуқҳои байналмилалии пул”. Хонум Доктор Журмин Ҷарир мегӯяд: “Парешонхотиру нигарониҳое, ки дар бораи инфиҷори ҷамъиятӣ матраҳ аст аз сӯи касоне гуфта мешавад, ки барои корхонаҳои васоили пешгирӣ аз ҳомилагӣ бозор дуруст кунанд. Нахустин бор дар соли 1954 буд, ки тарс аз инфиҷори ҷамъиятӣ матраҳ шуд ва матраҳкунандаи ин мавзуъ низ шахсе буд ба номи Ҳиюм Мор, ки ихтироъкунандаи яке аз василаҳои пешгирӣ аз ҳомилагӣ буд”. Маълум мешавад, ки раванди рушди ҷамъият сабаби фақри ҷаҳонист, ҳамаш таблиғоти дурӯғ аст! Аммо бовари комил ва яқини қатъӣ дорам, ки агар иқтисоди ноби исломӣ дуруст фаҳмонида шавад; миллиардҳо инсонро метавон дар ҳамин авзои ҷаҳонӣ серу сероб кард, пӯшонид ва аз фақр наҷот дод.

6- Таблиғи Ислом:  Ислом, яъне ҳамаи хубиҳо, арзишҳо, фазилатҳо, кароматҳо, зебоиҳо ва илму ҳикмату донишу ахлоқу адаб, пешрафту тараққӣ ва олию мутоалӣ ва адлу эътидолу адолат; аммо барои густариши ин хубиҳо дар паҳнаи курраи хокӣ ва дар ҷаҳон пул лозим аст, будҷа зарурат дорад, неру мехоҳад, талошу кӯшиш даркор дорад; ва иқтисоди исломӣ дар ин ҷо ба кӯмаки таблиғу тарвиҷи хубиҳо ва нашру густариши сулҳу сафо ва амнияту оромиши ҷаҳонӣ меояд. Ин ки мегӯянд масалан асоси иқтисод, асли пул, зарурати сарват ва аҳаммият додан ба пулу сармояро Маркс ё дигарон баён намудаанд, нодуруст аст; асрҳо пеш дин, паёмбарон ва ислом гуфта аст ва таъкид низ карда аст. Қуръони Карим дар сураи Ҳуд ояи 113 мефармояд, ки барои ободии худ, барои пешрафту тараққии худ, барои шукуҳмансозию тамаддунсозии худ даст, (он ҳам дасти зиллату гадоӣ) ба золимон дароз нанамоед ва ба зулм такя нанамоед. Ва ё фармуда аст, ҷомеаҳои исломӣ ва мардуми мусалмони дунё фақат ба фикри худ набошанд, балки фақирони олам, бепаноҳони ҷаҳон ва мустазъафони заминро низ ёрӣ расонанд. Паёмбари Акрам (с) фармуданд: Агар касе субҳ намояд ва ба масъалаҳои мусалмонон эҳтимому аҳаммият надиҳад, мусалмон нест. Иқтисоди исломӣ, мусалмонро масъул дониста аст; ҳам масъули худ, ҳам оилаи худ, атрофиёни худ, мамлакату сарзамини худ ва ҳатто ҷаҳон. Иқтисоди исломӣ фақат ба фикри мусалмон нест, балки ҳамаи мустазъафони оламро ёрӣ мерасонад.     

Ҷамъбандӣ...

1- Аввалин натиҷае, ки метавон гирифт ин аст, ки дин, Ислом, Қуръон ва гуфтаҳою сира ва зиндагонии ҳамаи паёмбарон омехта бо иқтисод аст, аҷин шуда бо иқтисод аст, ҷудо аз иқтисод нест, гурезон аз иқтисоду даромадҳои калон нест, аммо бояд диққат намоем, ки дин, Ислом, Қуръон ва паёмбарон иқтисодзада нестанд, иқтисодбозӣ намекунанд, дар сарвату молу пул ғута намехуранд, ғарқ намегарданд, ҳадафашон фақат даромад ҷамъкунии сарват нест ва иқтисодро барои худ намехоҳанд ва онро ҳадаф намедонад, балки муқаддима ва купруке медонанд, ки бояд аз он барои манфаати кулли ҷаҳони башарӣ истифода бурд.

2- Савол: Агар иқтисоди исломи ноб ва қуръонӣ наҷотгар аст, муъҷизаовар аст, ҳаётбахш аст, мунҷию кӯмакрасон аст, пешрафтовару тараққидиҳандаю ҳаракатбахш аст ва фақру танбалию беҳаракатӣ ва бе раҳмиро дафъ ва рафъ менамояд; пас чаро мусалмонон фақиранд? Чаро иқтисоди исломӣ моро наҷот надода аст? Чаро зиндагии мусалмонон машаққатбор аст? Чаро мусалмонон хору залил шудаанд? Ва саволҳои дигар. Бовар намоед ин саволҳо зеҳни маро низ ба худ машғул карда аст ва фикр мекунам, танҳо касоне, ки дар ин бора муҷриманд, муқассиранд ва гуноҳкор: Олимҳо ҳастанд. Ман олимҳоро гунаҳкору муқассир медонам, ки кутоҳӣ намуданд дар фаҳмонидан, дар огоҳӣ додан, дар маърифатбахшӣ, дар мубориза алайҳи фақру нодорӣ ва дар ҳамаи масъалаҳо.

3- Метавонам барои ин саволҳо як ҷавоби кутоҳ бидиҳам; ва он инки асли исломи ноб, исломи муҳаммадӣ (с), исломи Қуръонӣ, исломе, ки Худо гуфт, Ҷабраил овард ва Муҳаммад(с) таблиғ намуд; ба назарам он ислом ба мо ё нарасида аст, ё нодуруст расида аст ва ё момил нарасида аст, ки агар мерасид вазъи мо ин набуд, зиндагии мо ингуна ошуфта набуд, бадбахт набудему овораи кишварҳои бегона; пас асли исломи ноб ба мо ба дурустӣ ва комилу ҷомеъ нарасида аст ва бадбахтӣ дар ин аст, ки агар имрӯза дар бораи ин сухан (исломи ноб), ҳарф бизанем ва бигӯему бинависем баъзе олимо ба шиддат бо мо мухолифат мекунанд ва ин ранҷовартару мусибатбортар аст, ки худамон намехоҳем аз ин ошуфтагӣ ва парешонхотирӣ наҷот ёбем. Ва боз дар ин ҷо кӣ муқассиру муҷриму гуноҳкор аст?, Олим, ман олимонро муқассир медонам.

4- Боз ҷавоби дигар: Ман фақиҳ нестам, муфтӣ нестам, олим ҳам нестам ва худро фақат як донишҷӯи содда, талабаи динӣ ва пажӯҳишгари оддӣ медонам: Инро дарк кардаам ва фаҳмидаам, ки асли иқтисоди исломӣ мушкил надорад, асоси шариати исломӣ мушкил надорад, фиқҳи иқтисоди исломӣ мушкил надорад; вале мушкил дар иқтисоддонҳои исломии мост, дар коршиномони иқтисодии мост; бо чанд китобу чанд ҷумлау чанд конфронс наметавон мушкилоти иқтисодӣ ва молии мусалмононро ҳал кард ва дигаргун намуд. Боз кӣ муқассир аст? Олимони боло гузару болонишин. Ва мардум ва авоме, ки асрҳост, силии уламоро мехуранд!.

Муҳаммад Ғуломов, пажуҳишгари динӣ-фарҳангӣ ва узви “ИЖТ”



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    март 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2