Хонданд: 1893

Созмонҳои мамнӯъ эълоншудаи исломӣ

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ)

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст. Раҳбари ҳаркати мазкур Тоҳир Юлдошев, ва сарвари банди низомӣ Ҷуъма Ҳоҷиев мебошанд.

ҲИӮ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ ҳисобида мешавад.

Фаъолияти ҲИӮ аз тарафи ҳукуматдорони Ӯзбекистон назора карда мешавад, ва дар алоқамандӣ ба ин, аксари раҳбарон ва аъзоёни қатории ҳаракати мазкур дар муҳоҷират қарор доранд. Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд.

Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. Дар ҷараёни танзимнамоии низои дохилитоҷикӣ фармондеҳони сайёри ҲИӮ аз иҷро кардани шартҳои созишномаеро, ки дар байни ҳукумат ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик ба тасвиб расонида шуда буд, дасткашӣ карданд. Моҳи августи соли 1999 сафҳои ҲИӮ (бо шумораи қариб 1000 нафар) ба ноҳияҳои ҷанубии Қиригизистон зада даромаданд. Моҳи октябри ҳамон сол, сафҳои ҳаракати мазкур қаламрави ин ҷумҳуриро тарк карданд. Дар замони амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон аъзоёни ҲИӮ дар муқовимати нерӯҳои муттаҳидаи байналмилалӣ иштирок карданд. Зимни бомбаборонкуниҳо дар моҳи ноябри соли 2001 раҳбари ҳарбии ҳаракти мазкур Ҷуъма Ҳоҷиеви намангонӣ вафот кард.

Қисмҳои низомии ҲИӮ, ки ба тарк кардани хоки Афғонистон маҷбур шуданд, бо раҳбари он Тоҳир Юлдошев дар музофотҳои Покистон, Вазиристони шимолию ҷанубӣ маскан гирифтанд ва дар он ҷо дар ҷангҳои Вазиристон ба ҷониби Толибон бевосита ширкат варзиданд.

Иштирок дар низоъхо

Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик

Дар воқеахои дар Баткен сарзада, бар зидди низомиёни давлатӣ

Ҷанг дар Афғонистон дар соли 2001 ба ҷониби Толибон

Дар Тоҷикистон ҲИӮ соли 2001 ба рӯйхати созмонҳои террорситию экстримистӣ дохил карда шуд, фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳури аз ҷониби Суди олии кишвар манъ карда шудааст.

Ҳизб ут-Таҳрир

Номи дурусту пурраи он – «Ҳизб ат-Таҳрир ал-Исломӣ» (Ҳизби озодии исломӣ).

Созмони динию сиёсии суннӣ, ки соли 1953 дар Байтулмуқаддас аз тарафи суди додгоҳи шариатию шикоятӣ Такиуддин ан-Набҳонӣ таъсис дода шудааст. Пас аз марги у дар моҳи декабри соли 1977 раҳбари ҳизби мазкур шаҳрванди Фаластин Абдул Қадим Заллум таин гардид, ки соли таваллудаш 1925 буда, дар Урдун зиндагӣ мекард. «Ҳизб ут-Таҳрир» худро ҳамчун «ҳизби сиёсие, ки идеологияаш ислом мебошад, муаррифӣ кардааст». Ҳадафи ҳизби мазкур мусоидат кардан барои бозгаштани мусалмонҳо ба тарзи ҳаёти исломӣ (ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт бояд мувофиқи меъёрҳои шариат ба роҳ монда шаванд) ва паҳннамоии эътиқоди исломӣ дар ҷаҳон ба воситаи ҷиҳод ба хисоб меравад. Дар баробари ин, изҳор карда мешавад, ки амалигардии ин мақсад танҳо бо роҳи таҷдиди давлати ягонаи теократӣ (тамоми ҷаҳони исломиро иттифоқкунанда)-халифат имконпазир аст.

Дар ҳуҷҷатҳои «Ҳизб ут-Таҳрир» ҳукуматҳои кишварҳои мусулмонӣ ҳамчун давлатҳои ғайриисломӣ тафсир карда шудааст ва сабаби ҳамаи проблемаҳои имрӯзаи ҷомеаи мусалмонӣ «набудани ислом дар ҳаёти ҳаррӯзаи он» ва «набудани низоми идоракунии исломӣ» маънидод карда шудааст. Мувофиқи ҳамон манбаҳо номи ҳизб кӯшиши аъзоёни худро барои ба даст овардани «озодии комил аз раҳбарии беэътиқодон, ки имрӯз дар тамоми кунҷи олам сарварӣ мекунанд» қайд мекунад.

Тахмин меравад, ки мубориза барои амалигардонии мақсадҳои дар пеш гузошташуда се марҳилларо дар бар хоҳад гирифт: якум, ядрои ҳизбӣ ташкил карда мешавад, «одамоне, ки ба ҳадафҳо, супоришҳо ва усулҳои ҳизб боварӣ доранд»; «дар марҳиллаи дуюм, ҳамкории дуҷонибаи фаъолона бо умма ба рох монда мешавад»; марҳиллаи сеюм пас аз таъсисёбии давлати исломӣ оғоз мегардад ва ба худ «миссияи бурда расонидани исломро ба кишварҳои боқимонда» дохил мекунад.

Ҳизби мазкур мӯҳлати таҷдиди халифатро муайян накарда, дар ин масъала танхо аз «кӯмаки Оллох» умедвор аст.

Филиалҳои «Ҳизб ут-ТаҲрир» дар Миср, Урдун, Тунис, Қувайт, Фаластин, Туркия ва кишварҳои Аврупои ғарбӣ фаъолияти худро пеш мебарад. Аз соли 1995 фаъолияти ҳизб дар Ӯзбекистон низ қайд карда шудааст. Дар рафти солҳои ахир дар давлатҳои пасошуравии Осиёи Миёна доимо дар бораи фаъолияти «экстримистҳои» «Ҳизб ут-Таҳрир» ва оид ба мунтаззам дастгир шудани фаъолони ҳизби мазкур хабар дода мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳизби «Ҳизб ут-Таҳрир» аз соли 2001 ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъи экстримистию террористӣ дохил карда шуд. Фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби Суди олӣ манъ карда шудааст.

Салафия

Салафи́я (араб. سلف‎‎ — «аҷдодон, пешгузаштагон») – равияи ислом, ки ходимони динии мусулмониро муттаҳид месозад, ки дар давраҳои мухталифи таърихи ислом бо хитобаҳои мувофиқ шудан ба тарзи ҳаёт ва эътиқоди ҷамоати пештараи мусалмонӣ, ба аҷдодони одил (ас-салаф ас-салиҳун; араб. السلف الصالحون) баромад мекарданд ва ҳамчунин ҳамаи навигариҳои бавуҷудомадаи баъдинаро дар соҳаҳои ишорашуда, шурӯъ аз усулҳои тафсири рамзию тамсилии Қуръон то навовариҳои гуногун, ки ба ҷаҳони мусалмонӣ аз робитаҳои он бо Ғарб ворид карда шудааст, ҳамчун бидъат муайян мекунад.

Салафия маънои «фаҳмиши динро ба он шакле, ки пайғамбар ва ҳамсафони ӯ онро мефаҳмиданд» дорад.

Калимаи салаф («пешгузашта») дар маънои оддии худ дар ҳамаи замон истифода карда мешавад, бар ивази он дигар вожа омад, ва ба калимаи «пештар» айният дорад, зеро дилхоҳ фосилаи вақт нисбат ба замоне, ки баъдтар фаро мерасад, пештар ба вуқӯъ мепайвандад.

Ба Салафия Ибни Ханбал, аш-Шафӣ, Ибн Таймийа, идеологияи ассотсиатсияи «ал-Ихвон ал-муслимун» дохил мешаванд.

Дар адабиёти ғарбӣ барои маънидод кардани идеологияи Салафия истилоҳҳои «анъанапарастӣ», «мустаҳкамӣ», «таҷаддуд» ба кор бурда мешавад.

Догмаҳои асосии салафиҳо

Салафиҳо дар бораи мамнӯъ будани зиёрати қабри шахсони муқаддас, ки онҳо инро ҳамчун таъзим кардан ба марҳумхо қабул карда буданд, қайд кардани рӯзи мавлуди пайғомбар Муҳаммадро наматлуб мехисобиданд. Тамоми ҷудоии сиёсии миллатҳои исломӣ ва ё ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун парокандагӣ ва вайроншавии ягонагии исломӣ қабул карда мешавад.

Догмаи асосии салафиҳо- эътиқоди бешубҳа ба худои ягона. Супориши асосии он бурдани мубориза барои тоза кардани ислом аз бегонагии мухталиф, аз хусусиятҳои фарҳангӣ, этникӣ ва ғайраҳо, ки ба он аз ҷониби ин ё он халқиятҳои мусулмонӣ илова карда шудааст, меҳисобанд. Онҳо ҷоришавии навигариҳои мухталифие, ки ислом қабул надорад, рад мекунанад. Салафиҳо имкони «миёнаравиро» дар байни Оллоҳ ва инсон, суфизм ва ҳоказоро инкор мекунанд.

Дар Тоҷикистон тарафдорони салафия шуруъ аз соли 2000-ум ба зиёдшави огоз кард. Махсусан, маъруфияти бештарро он дар соли 2005-2008, вақте дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон, хусусан дар Душанбе масҷидҳое, ки дар онҳо намоз бо тарзи салафӣ хонда мешуданд, ба даст овард.   

Зуҳуроти навро ҳамчун таҳдид ба ягонагии дин ва ҷомеа ба ҳисоб гирифта, дар охири соли 2008 ҳаракати Салафияро ғайриқонунӣ эълон карданд. Моҳи январи соли 2009 бо даъвои прокуратураи генеролии Суди олии Тоҷикистон ҳаракти Салафияро ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон дохил кард. Моҳи январи соли 2010 Суди олии Тоҷикистон раҳбари салафиҳои тоҷик Сироҷиддин Абдураҳмонро (эшони Сироҷиддин) ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҷамоати Таблиғ

 Ҳаракати Таблиғ (Ҷамоати Таблиғ) соли 1927 дар мавзеи Меват каме дуртар аз Деҳлӣ аз ҷониби фақеҳи маъруфи равияи деобандии ислом Моулан Муҳаммад Илёс (1885-1944) таъсис дода шудааст. Имрӯз созмони покистонии мазкур шӯъбаҳои худро дар якчанд кишвар, аз ҷумла дар Британияи Кабир ифтитоҳ кардааст. Ҳамчунин дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ шӯъбаҳои худро дорад.

Он далел, ки Муҳаммад Илёс яке аз идеологҳои мактаби деобандӣ буд, барои фаҳмиши доктринаи Ҷамоати Таблиғ ва рушди минбаъдаи он аҳамияти ҳалкунанда дорад. Аз аввал фалсафаи Таблиғ бо радикализми деобандии худ фарқ мекард, яъне қабул накардани дигар шаклҳои равия, аз ҷумла мазҳаби шииаи ислом ва тафсири синкретикии он, бо тафсрнамоии дилхоҳ шаклҳои пешравиро ҳамчун номувофикати бо ислом, хорич кардани занҳо аз ҳаёти ҷамъиятӣ, ва ҳамчунин прозелитизми таассубӣ, ки аз муътақидӣ дар бораи оне, ки ислом бояд дигар динҳоро танг карда барорад, асос ёфтааст.

Баҳонаи водоркунанда барои таъсис додани «Таблиғи ҷамоат» кӯшиши Илёс барои ба ислом баргардонидани ба ном мусалмонҳои Меват мебошад, ки дар оғози асри 20 фаъолона ба эътиқоди худ фаъолони индуизмро ҷалб мекарданд.

Тактика

Пас аз давраи кӯшишҳо барои зиддият нишон додан ба ин вусъатёбии мадрасаҳо Илёс ба тарзи эҳёкунии шуури мусалмонӣ бо роҳи таблиғ кардани ақоиди динӣ, ба воситаи миссионерҳои сайёр, ки рутбаи рӯҳӣ надорад, рӯ овард. Ба як гурӯҳ бо шумораи тақрибан даҳ нафар муттаҳид шуда, пас аз каме омӯхтан барои пеш бурдани кори тарғиботӣ ба ҳар сӯ сафар мекарданд. Ин сафари онҳо аз якчанд рӯз то якчанд моҳ бо принсипи «аз дар ба дар» идома меёфт. Ин мусулмонҳои ниҳоят бетаълим, аммо соҳиби ғайрати махсусбударо ба як ҷо ҷамъ оварда, Илёс ба онҳо аз Қуръон иқтибосҳое, ки афзлияти амал ва фадаилиро аз болои фаҳмиши амиқи асосоҳои илм ва тобишҳои масоили исломиро таъкид мекарданд, пешкаш кард. Ин тарзи муносибат таъсринокии баландро фароҳам овард ва дар лаҳзаи марги Илёс дар сли 1944 Таблиғ дар тамоми қаламрави Ҳиндустон паҳн гардид. Дар ин вақт Таблиғ дар бораи дур будани худ аз сиёсат изҳор кард. Хусусиятҳои Таблиғ мавкеҳои пурзӯр дар байни ҷавонон дар ҳабсхонаҳо ба ҳисоб меравад.

Хислати байналмилалӣ

Ба ҷойи Моулан Илёс писари у Моулан Муҳаммад Юсуф (1967-1965) омад, ки ба сифати раҳбари ҳаракти мазкур тавонист фаъолияти онро васеъ намояд ва таъсири Таблиғро зиёд гардонад. Пас аз ҷудошавии Ҳиндустон, ин ҷомеа зуд мавқеи худро дар кишвари навбунёди мусалмонии Покистон мустаҳкам кард. Ва ситоди у мунтазам аз Низомиддин ба атрофи Деҳлӣ дар Райванд кӯч баст. Ду хусусияти асосии фаъолияти созмон дар зери сарварии Моулан Муҳаммад Юсуф ва писари у Иномулло Ҳасан (1965-1995) ин табдилёбии Таблиғ ба ҳаракати байналмилалӣ, ва ҳамчунин ғуншавии кӯшишҳо барои ҷалб кардани ғайримусалмон ба ислом гардид. Дар охири солҳои 1960 Таблиғ дар бисёр кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва Амрикои шимолӣ, дар тамоми Осиё ва ҳатто дар давлатҳое, ки амалан мусалмонҳо набуданд, масалан Ҷопон фаъолияти худро ба роҳ монда буд. Зуд паҳншавии фаъолияти ҳаракат дар манотиқи ғайримусалмонӣ дар соли 1970 бо ташкилшавии муносибатҳои мутақобилан мукаммал кардашуда бо равияи ваҳҳобистӣ дар Арабистони саудӣ ва бо намондагони деобандизм дар Осиёи ҷанубӣ, бо ду самтҳои низомии радикалии ислом рост омад. Натиҷаҳои амалии ин ҳамкорӣ, ки то имрӯз идома дорад, равона шудани дастгирии зиёд ба фаъолияти созмонҳои деобандӣ ва Таблиғ аз ҳисоби маблағҳои Арабистони Саудӣ мебошад. Оғози он соли 1962 пас аз таъсисёбии Иттиҳоди умумиҷаҳонии мусулмонӣ суръат гирифтааст; ҷараёни мазкур баъди қарори ваҳҳобистони саудӣ оид ба фаъол кардани ғасбкориҳои худ дар хориҷа дар солҳои 1970 боз ҳам рушд ёфт. Дар ин маврид ба зикр аст, ки ваҳҳобистон, одатан ниҳоят назари танқидӣ доранд ва дар муносибат қариб ба ҳамаи мактабҳои мусулмонӣ норизогии худро баён мекунанд, аммо қариб ягон хел муносибати манфӣ нисбат ба Таблиғ надоранд; танҳо аз он андӯҳгинанад, ки аъзоёни ҳаракти мазкур дониши амиқи исломӣ надоранд. Ҳамин тариқ, раҳбари машҳури ваҳҳобистон, ки дар рафти ду даҳсола ҳаракати мазкурро сарварӣ мекунад Шайх Абдул Азиз ибни Баз мебошад ва ӯ хизматҳои Таблиғро эътироф карду ба бародарони худ тавсия дод, ки ба таври муштарак дар амалиётҳои тарғиботӣ бо мақсади «ислоҳ кардан ва маслиҳат додан» ширкат варзанд.

Сохтор

Сохтори Таблиғ, ба монанди ҳама чизе, ки ба ин созмон тааллуқ дорад, барои бегонаҳо бо пардаи ғафи асрор маҳкам аст. Аммо бо як ҳиси боварӣ метавон баъзе чизҳоро тахмин кард. Аммо тасдиқ карда мешавад, ки ҷомеаи Ҷамоати Таблиғ дар асоси принсипҳои баробари вуҷуд дорад ва он аз лаҳзаи таъсисёбӣ аз рӯйи принсипи сахти иерархӣ, ки на ба ҳаракатҳои оммавӣ, балки ба тариқатҳои харизматикӣ хос аст, сохта мешавад. Дар сари рахбарии созмон сарвари олӣ-амир меистад, ки фармонҳои ӯ бечуну чаро иҷро карда мешаванд. Ситоди Ҷамоати Таблиғ дар Райвинд (Покистон) воқеъ аст, лекин маркази пештара дар Низомиддини Ҳиндустон ҷойгир аст, ки то ба хол нақши муҳимро мебозад.     

Ҷойи дуюмро дар иерархия, бино ба баъзе шаҳодатҳо, шӯро ишғол мекунад, ки аҳамияти калони машваратӣ дорад. Баъдан, ҷойҳои навбатиро қисмҳои дигар дар кишварҳои алохида мегиранд, ки аз ҷониби амирон раҳбарӣ карда мешаванд, ки одатан функсионерони ботаҷрибаи ҳаракат дар ҷойхое, ки масҷидҳои Таблиғ ҷойгир аст, мебошанд. Дар бораи механизми фаъолияти он дар ин сатҳ ниҳоят кам чиз маълум аст, вале ҳисоб меравад, ки маҳз ин сохторҳо дар азнависломинамоии муҳоҷирон дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ нақши муҳимро иҷро кардаанд.

Фаъолияти Ҷамоати Таблиғ аз соли 2006 дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби суди олӣ манъ карда шудааст. 

НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2