Хонданд: 1790

Кумита оид ба корҳои дин

Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 бо қарори ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд.

Мутобиқи қарор, Кумита мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи ҶТ маҳсуб ёфьта, ба сифати мақомоти давлоатии ваколатдор оид ба умури дин ва ҳамчунин мақомоти иттилоотиву машваратӣ ва коршиносӣ дар масоили озодии виҷдон ва иттиҳолияҳои ҷамъиятӣ, сиёсати давлатӣ оид ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии мазҳабӣ, танзими расму оини динӣ, ҳамоҳангсозии муносибати давлат бо иттиҳодияҳои диниро роҳандозӣ менамояд.

Ваколатҳои асосии Кумита:

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар асноди ҳуқуқуиву меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили ба фаъолияти Кумита дахлдошта ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омӯзиш ва таҳлили фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии мазҳаб;

- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва мазҳаб, танзими расму оин ва маросимҳои динӣ;

- баргузории бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои динӣ;

- ташкил ва роҳандозии Рӯйхати давлатии иттиҳодияҳои динӣ;

- аз иттиҳодияҳои динӣ талаб кардани ҳамасола пешниҳод намудани маълумот дар бораи идомаи фаъолият мутобиқи оиннома (муқаррарот) ва шомил сохтани онҳо ба Рӯйхати давлатии иттиҳодияҳои динӣ;

- мувофиқа сохтани масъалаи интихоби имомхатибон ва имомҳои масҷидҳо;

- дар сурати аз ҷониби иттиҳдияи динӣ риоя накрдани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содир шудани амали мухолифи мақсади дар оиннома (муқаррарот)-и он пешбинишуда ба иттиҳодияи динӣ равона кардани огаҳии хаттӣ ва муайян кардани мӯҳлати бартараф сохтани камбудиҳои зикршуда;

- дар сурати аз ҷониби иттиҳодияи динӣ риоя нагардидани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷимкистон ё содир шудани амали мухолифи мақсади оинномаи он, боздоштани фаъолияти иттиҳодияи динӣ ва қабули қарор дар бораи дубора барқарор кардани фаъолияти он;

- муроҷиат ба суд дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи динӣ ё манъи фаъолияти ҷамоатҳои динӣ;

- ташкил ва баргузории маросимҳои сафари оммавӣ ба ҳаҷ ва ҳаҷҷи умра, муайян кардани тартиби сафар ва боздид аз макони муқаддас;

- бо мақсади муайян кардани вижагиҳои махсуси мазҳаби иттиҳодияҳои динӣ, дурустии маълумот дар бораи мазҳаб ва фаъолияти динии онҳо ва ҳамчунин таҳлили мундариҷаи адабиёт ва чизҳои таъиноти динӣ, баргузор кардани ташхиси давлатии динии он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқа сохтани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ мутобиқи ҳамкориҳои байнулмилалии динӣ бо созмонҳои ба ин монанди динии хориҷӣ;

- назорати танзими расму оин ва маросимҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқа сохтани сафарҳои кории омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит.

Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе Шӯъбаҳо оид ба корҳои дин, дар шаҳру ноҳияҳо Бахшҳо оид ба корҳои дин таъсис дода шудаанд.

Аз моҳи майи соли 2010 то кунун Абдураҳим Холиқов вазифаи роҳбари Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.

НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2