Хонданд: 3892

Таърихи пайдоиш ва паҳншавии ислом дар ОМ

Аҳолии тагҷойии Тоҷикистон, ба монанди аксарияти халқҳои Шарқи Миёнаю Наздик, Африқо, Осиёи Марказӣ аллакай беш аз 13 сол аст, ки пайрави дини исломанд. Таърихи фарҳанги маънавии мардуми тоҷик ду давраи қариб ба ҳамдигар аз ҷиҳати мазмуну давомнокӣ баробарро дар бар мегирад. Ин давраи тамаддуни қадимаи зороастрикӣ, ки дар хориҷа дар ҳазорсолаи дуюм ва якуми пеш аз мелод оғоз гардидааст ва давраи тамаддуни ҷадиди тоҷикию мусулмонӣ, ки дар асрҳои 8-9 пеш а мелод ибтидо ёфтааст, ба ҳисоб мераванд.

Дар Шарқ дар натиҷаи табдилёбии зороастризм ба дини аристократии ҳокимони сулолаи Сосониёни Эрон, пайдошавии манихизм, маздакия, зурванизм, митраизм кӯшишҳои ҷустуҷӯ кардани дин ва идеологияи нав, ки ба орзую омоли халқ ҷавобгӯ бошад, ба миён омад. Аммо дар Осиёи Марказӣ дар арафаи пайдошавии ислом манзараи мазкур нисбат ба Эрон андак дигар хел тобиш дошт. Дар қаламрави Мовароуннаҳр намояндагони динҳои мухталиф бештар имкони озодона амал карданро доштанд.

Аз ҷиҳати сиёсӣ бошад, Мовароуннаҳр дар арафаи истилои араб аллакай барвакт аз Эрони ғарбӣ ҷудо карда шуда буд ва он ба ҳайати сулолаи Сосониён дохил намешуд. Мовароуннаҳр давраи парокандагии сиёсиро аз сар мегузаронид, ки асрҳои 5-6 ба вуҷуд омода буд ва дар давраи ба охиррасии салтанати Эфталитҳо ва ҳоқонии турк боз авҷ гирифта буд. Ин гуна вазъияти сиёсию динии Мовароуннаҳр ҳамчунин зарурати мавҷуд будани идеологияи ягонаи муттаҳидкунандаро илқо мекард.

Истилои Осиёи Марказиро арабҳо дар соли 644 сар карда буданд, ки ин ҷараён то соли 737 идома ёфт. Арабҳо ба ғайр аз Осиёи Марказӣ дигар дар хеҷ ҷо ин гуна муқовимати сахту далеронаро надида буданд. Раванди қабулнамоии ислом аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ тулонӣ ва мушкил буд. Маҳз дар ҳамин сарзамин арабҳо маҷбур шуданд, ки бар хилофи навиштҳои Қуръон бо роҳи зӯрӣ паҳн намудани исломро пеш бигиранд. Аксари тадқиқотҳо барои исбот кардани он, ки ислом дар ин ҷо бо роҳи зӯрӣ паҳн карда шудааст, ба китоби Наршахӣ «Таърихи Бухоро» ишора мекунанд. Дар китоби мазкур чунин гуфта шудааст, ки сокинони Бухороро се маротиба водор мекунанд, ки ба ислом рӯ оваранд, аммо ҳар дафъа онҳо аз ин дасткашӣ мекарданду этиқоди худро гум менамуданд. Дар маротибаи чорум фармондеҳи низомии араб Қутайба ибни Муслим «ба истиқоматкунандагони Бухоро фармон дод, ки як қисми манзилҳои худро ба арабҳо диҳанд, то ки арабхо бо сокинони Бухоро омехта шуда зиндагӣ намоняду тарзи зисту зиндагонии онҳоро омӯзанд ва сокинони халқи Бухороро аз рӯйи зарурат мусулмон намоянд». Ғайр аз ин, арабҳо баҳри паҳннамоии ислом ҳамчунин фишорҳои иқтисодӣ ба кор бурда, беимононро маҷбур мекарданд, ки андози сарикасии махсуси «ҷиза (джизя)»-ро супоранд.

Раванди паҳннамоии ислом дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар байни аҷдодони мо - суғдиҳо ва туҳориён дар таърихи сиёсии ислом аз хама раванди тӯлонӣ ва пуразоб буд. Агар дар паҳн кардани ислом ва фатҳ намудани Осиёи Хурд, Осиёи ҷанубу ғарбӣ (Передняя Азия) ва Эрони ғарбӣ пурра 12-20 сол сарф шуда бошад, аммо ҷараёни мазкур дар Осиёи Марказӣ беш аз 90 сол идома ёфта буд. Агар он вазъияте, ки дар Осиёи Марказӣ буд ба назар гирем, ки дар асрҳои 7- 8 ба ҳайати он вилоятҳои таърихии Суғд, Туҳористон, Хоразм, Чоч, Истаравшан, Хутал, Фарғона ва як қисмати Хуросон дохил мешуду. Дар навбати худ ин давлатҳои хурд аз бисёр мулкҳои хурд - хурд, ки онҳоро аз ҳамдигар зиддиятнокии дохилӣ ҷудо мекард, таркиб ёфта буданд, ки ин муқовиматхо табиатан истилои арабҳоро осон карда буд, дар ин ҳолат фаҳмидан мумкин аст, ки бо чӣ мушкилӣ арабҳо ин минтақаро ба даст овардаанд.

То ба ҳол, дар асоси таҳқиқоти давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, аксарият бар онанд, ки сабаби ягонаи паҳн шудани ислом дар Осиёи Марказӣ ин шамшер ва зӯроварӣ мебошад. Барои дуруст ё нодуруст будани ин назарияро нишон додан, бояд раванди паҳншавии ислом дар минтақа пурра ба таври таърихию фалсафӣ тафтиш карда шавад.

То таъсисёбии давлатҳои маҳаллии мустақили миллии Саффориён, Тоҳириён ва Сомониён ислом пурра паҳн нашуда буд. Танҳо пас аз таъсис дода шудани ҳокимияти мустақили давлатӣ раванди исломинамоии хақиқӣ оғоз мегардад. Тақвият бахшидани ислом дар Осиёи Марказӣ асосан бо се роҳ амалӣ карда мешуд: якум, бо кӯшишҳои ҳокимони маҳаллӣ, хусусан дар давраи ҳукумронии сулолаи Тоҳириён ва Сомониён, дуюм ба воситаи тарғиб кардани тариқатҳои мухталифи ислом, равияхо ва асосан дар зери фишори сӯфиҳо, исмоилиён ва худи уламои суннимазҳабону ибодаткунандагон ва ғайра, сеюм, барои паҳн кардани ислом дар Осиёи Марказӣ нақши муҳимро низоми ҷорикардашудаи таҳсилот дар масҷидҳо, мактабҳо ва мадрасаҳо бозидааст. Хислати демократӣ доштани таҳсил дар ислом аз бисёр ҷиҳат барои мустаҳкам шудани ислом, пешрафти илму маориф дар ин минтақа мусоидат кардааст.

Ин лаҳзаҳоро қайд намуда, гуфтан зарур аст, ки танҳо бо як роҳи зӯроварӣ ба ягон халқ умурбод бор кардани идеологияи бегона, хусусан дини бегона имконнопазир аст. Ғайр аз роҳи зӯроварию фишороварии иқтисодӣ, боз як қатор омилҳои дигар вуҷуд доштанд, ки онҳо ба он боис гардиданд, ки ин халқиятҳо ба таври якумра исломро қабул карданд, ва зиёда аз ин худашон паҳнкунандагони он гаштанд. Якум, ислом пеш аз ҳама аз рӯйи табиати худ дини дунявӣ (космополити) буд, инсонро ба хама роҳҳои одамгарӣ ҳидоят мекард, дуюм, захираҳо ва имконияҳои динҳои миллию давлатӣ истифода карда шуда буданд, сеюм динҳои дар он замон вуҷуддошта пурра тағйир дода шуда буданд ва он режимҳои сиёсию иҷтимоеро, ки онҳо ҳимоя мекарданд, ба мардум нафратангез буд. Дар ин самт, бешубҳа, эгалитаризми дини ислом нақши муҳимро иҷро кард.

Раванди паҳншавӣ, ташаккул ва мустаҳкамшавии ислом дар қаламрави Осиёи Марказӣ камаш ду марҳилларо фаро мегирад. Марҳиллаи нахустин ҳамзамон бо оғоз шудани истилои араб ибтидо мегардад. Дар марҳиллаи мазкур масъалаи исломинамоии кишварҳои забтшуда дар назди арабҳо эҳтимол ҳадафи асосӣ набудааст. Онҳо танҳо мақсадҳои низомию сиёсӣ ва ғоратгаронаро пайгирӣ мекарданд. Ин аз таркиби он шартномаҳои сулҳомез маълум шуд, ки дар онҳо на танҳо нуқтаи алоҳида, балки суханҳое, ки қабулнамоии исломро ҳамчун шарти сулҳ маънидод мекарданд, мавчуд нест. Дар онҳо ғайр аз пардохти миқдори муайяни маблағ, додани ғуломон ва ҳоказо дигар ҳеҷ чиз нест. Дар ин давра як гурӯҳи алоҳидаи одамон буданд, ки ба таври ихтиёрӣ исломро қабул карда буданд, лекин ин зуҳуротҳо, хусусан барои Осиёи Марказӣ зуҳуротҳои оммавию умумихалкӣ набуданд. Дар ин хусус А. И. Колесников менависад, ки «ҳолатҳои якка ва тариқи гурӯҳӣ гузаштани эрониҳо ба ислом дар тамоми давраи истилои араб мавҷуд буд, ташаббус бештар пас аз истилои ин ё он музофот аз ҳокимони эронӣ мебаромад».

Наршахӣ мегӯяд, ки «пас аз оне, ки Қутайба ибни Муслим дар солҳои 94 (716 пеш аз мелод) масҷиди ҷумъагиро дар Бухоро сохт, ӯ ба сокинони ин сарзамин фармон дод,ки ҳар рӯзи ҷумъа дар он ҷо ҷамъ оянд. Ҳар рӯзи ҷумъа ҷорчӣ эълон мекард, ки “ҳар касе, ки дар намози ҷумъа ширкат варзад, соҳиби ду дирҳам мегардад…” истиқоматкунандагони Бухоро сараввал дар ҷараёни намоз оятҳои Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекарданд, чунки омӯхтани забони арабӣ барояшон мушкилӣ пеш меовард».

Агар шӯришҳо ва муқовиматҳои доимии мардумро ба назар гирем, метавон гуфт, ки исломро на танҳо дар Бухоро, балки дар тамоми марзи Суғду Бохтар сараввал ба таври зӯрӣ ҷорӣ кардаанд. Аммо ин иқдом натиҷаи дилхоҳро намедод. Дар ин марҳилла, онҳое, ки исломро қабул карда буданд, шояд инро аз сабаби насупоридани андози сарикасӣ ва ё бо дигар мақсадҳои ғаразнок карада буданд. Ин эътиқод не, балки сохтакорӣ буд. Ҳатто дар марҳиллаи ниҳоии истилоҳи Мовароуннаҳр суғдиҳо дар лаҳзаи қуллай аз ислом даст мекашиданд. Ин ҳодисаҳо ба таври ошкоро нишон медиҳанд, ки эътиқоди суғдиҳо ба ислом сатҳӣ буд, онҳо тарзе вонамуд мекарданд, ки исломро танҳо барои насупоридани ҷзиа қабул кардаанд. Халифат ва ҳокимони маҳаллӣ аллакай дар нимаи аввали асри 8 фикр мекарданд, ки аҳолии маҳаллиро ба ислом бо воситаи фаъолияти миссионери ҷалб созанд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса баровард, ки то охири истилои араб ва ҳатто дар мобайнҳои асри 8 мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан суғдиҳо ва туҳориҳо ҳоло мусалмонҳои ҳақиқӣ набуданд. Эътиқоди онҳо, бештар ба паноҳгоҳ аз маҷбуриятҳои иқтисодӣ монанд буд. Ин ҳолат камаш, то охири асри 8 идома ёфтааст.

Марҳиллаи дуюм, раванди қабулнамоии амиқу пуртаъсири исломро дар бар мегирад. Он аз вақти пайдошавии ҳокимони маҳаллӣ ва ташкилаҳои миллию давлати оғоз мегардад. Танҳо пас аз оне, ки арабҳо маҷбур шуданд, ки ин минтақаро тарк намоянд, тағйирёбии муносибат нисбат ба ислом шурӯъ гардид.

Аз нимаи дуюми асри 8 марҳиллаи дуюми исломинамоии Осиёи Марказӣ оғоз мегардад. Ин марҳилла бо он хусусият тафовут дорад, ки дар он фишор ва ҳукмфармоии беруна мавҷуд набуд. То фарорасии ин марҳилла барои ошно шудан бо моҳияти ислом вақти зиёде сипарӣ шуда буд. Аз байни форсҳо, мардуми Осиёи Марказӣ ва онҳое, ки ба ғуломӣ кашида шуда буданд, фақехони машҳур ва ҳуқуқдон-асосгузорони тафсирҳои исломӣ, сӯфиён-орифон, шореҳони Қуръон, ба монанди Абӯ Ҳанифа (699-767), Абӯ Муслим ( соли 755 кушта шуд), Муҳаммад ал-Бухорӣ (810-870), ат-Тирмизӣ (дар охири асри 9 вафот кард), Боязид Бистамӣ (соли 874 вафот кард) ва дигарон баромаданд. Ин гуна вазъият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мунтазам мардуми Осиёи Марказӣ ва Эрон на танҳо исломро қабул намуданд ва бо моҳияти ин дин ошно гардиданд, балки худ тарғибкунандагони илм ва фарҳанги исломӣ шуданд.

Марҳиллаи дуюми исломинамоӣ бо омадани сулолаҳои маҳаллӣ ба сари қудрат дар Хуронсону Мовароуннаҳр, аввал сулолаи Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903) ва баъдан Сомониён (875-999) рост меояд. Исломинамоии минбаъдаи Мовароуннаҳру Хуросон ба фаъолияти ин ҳокимони маҳаллӣ марбут аст. Чуноне Бобочон Ғафуров менависад, «Тоҳириён ба таври қатъӣ исломро ҷорӣ карда, кӯшиш ба харҷ медоданд, то дар миёни рӯҳониёни мусулмон пуштибони сиёсати мутамарказонидашудаи худро дарёфт намоянд». Бино ба сухонони у, «ҳамзамон бо Талх Тоҳириён исломро ба Истаравшан низ, ки дар он чо зороастризм бештар идома ёфта буд, ҷорӣ карданд».

Бо омадани сулолаҳои маҳаллӣ ба сари ҳокимият Эҳёи Аҷам, инкишофи фарҳанги эронӣ оғоз мегардад. Махсусан, дар замони ҳукумронии Сомониён забони миллӣ форсӣ –дарӣ, адабиёт бо ин забон ва дигар самтҳои фарҳанг рӯ ба инкишоф мениҳанд. Аммо онаш ба тааҷҷуб меорад, ки эҳё ба худ инкишофи дини қадима ва хатро дохил намекард. Нахустин маротиба дар таърихи Эрону Тӯрон ба сифати пойтахти ҳокимияти нави давлатии мардуми эрону тӯрониҳо шаҳрҳои Тӯрон, яъне Самарқанду Бухоро интихоб карда шуданд.

Тақсимоти миллию давлатӣ ва худмуайянкунии халқҳои эронӣ, ба туфайли сиёсати Сомониён тарзе амалӣ мегашт, ки он ба таназзул ва пошхурии ичтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат накарда, балки баръакс боиси бошиддат рушд ёфтани ҳам фарҳанги миллӣ ва ҳам фарҳанги умумиисломӣ гардид. Бо дастгирии онҳо сохтмони масҷидҳо сар шуд. Аз забони асл тарҷума кардани сарманъбаҳо ба забони маҳалии форсӣ – дарӣ оғоз гардид. Ҳокимони сомонӣ ба пешрафти илми исломӣ саҳми худро гузоштанд. Тарҷумаи сармаъбаҳои ислом ба забони маҳалӣ ба хубтару беҳтар омӯхта шудани дини ислом аз ҷониби аҳолии Мовароунаҳру Хуросон мусоидат карда буд. Ҳамазмон бо ин, дар давраи салтанати Сомониён фаъолияти васеи тарғиботиро намояндагони тариқатхои гуногуни Эрон ва Осиёи Марказӣ пеш гирифтанд. Дар Эрон шииаҳо ва исмоилиён, дар Осиёи Марказӣ тариқати ҳанафии суннӣ ва хусусан суффизм нақши калон дар паҳншавӣ ва мустаҳкамшавии ислом бозидаанд.

Хусусияти махсуси ин марҳилла нисбат ба марҳиллаи якум дар он аст, ки дар ин давра аксарияти аҳолӣ аллакай ба ислом аз рӯйи гувоҳии дил ва дар ҳақиқат аз рӯйи боварии худ эътиқод мебанданд. Шайхҳо-сӯфиён, даъваткунандагони исмоилӣ, фақеҳони ҳанафӣ барои бо роҳи осоишта паҳн шудани ислом дар Осиёи Марказӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд. Агар дурандешии сиёсӣ ва кӯшишҳои ҳокимони маҳалӣ, ва ҳамчунин хатибаҳо ва тарғиби тариқатҳо ва равияҳои мухталифи ислом намебуд, дар ин ҳолат бозгаштан ба динҳои пештара, ҳатто барои онҳое, ки пештар дини исломро пас аз ба даст омадани мутақилияти сиёсӣ қабул карда буданд, аз эҳтимол дур мешуд.

Дар марҳиллаи дуюм, яке аз омилҳои асосӣ барои зуд қабул шудан, паҳн гаштан ва мустаҳкам шудани ислом эҳтимол меравад, ки ин омӯзиши он будааст. Нисбат ба давраи пешазисломӣ, вақте таҳсилот бартарияти табақаи болои ҷомеа ба ҳисоб мерафта бошад, аммо дар давраи ба вуҷдойиии ислом таҳсилот хислати демократиро ба худ касб кард. Дар баробари сохтани масҷидҳо дар асри 8, дар назди онҳо таълим додани илмҳои исломӣ оғоз гардида буд.

Аз ҷониби дигар, баъд аз оне, ки ҳокимияти бевоситаи арабӣ ба охир расид, ва вақте мардуми Осиёи Марказӣ оромона бо омӯзиши ислом шинос шуданду онро бо динҳои пештараи худ муқоиса карданд, дар ин сурат онҳоро як қатор ҳолатҳои иҷтимоии таълимоти нави динӣ ба худ ҷалб сохт. Инҳо пеш аз ҳама, баробарии ҳамаи мусулмонҳо дар назди Худо, лағви никоҳи хешутаборӣ, демократияшавӣ, дастрасии озод ба донишҳо ва умумияти ҷиҳатхои ислом бо омӯзиши пештараи зороастризм, ба монанди яккахудоӣ, эътиқод ба ҳаёти ондунёӣ ва ҳоказо мебошанд.

Дар марҳиллаи дуюм, аксарияти халқиятҳои забтшудаи Осиёи Марказӣ на танҳо исломро қабул карда буданд, балки ҳамчунин ба мборизаи сиёсию динии дохилиисломӣ ҷалб карда шуда буданд. Ибтидои ин ҷараёнро метавон идеологияи исёни Абӯ Муслими Хуросонӣ ҳисобид. Ҳаракати Абӯ Муслим бо шиорҳои исломи гузаронида шуда буд. Мардуми Хуросону Осиёи Миёна аллкай ҳамчун пешбарандагони шакли идоракунии исломӣ баромад мекарданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳатто дар асрҳои 10-11 дар Самарҳанд ва Хоразм зороастриҳо, манихистҳо ва маздакиҳо умр ба сар мебурданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳатто дар асрҳои 10-11 исломинамоии умумӣ дар Осиёи Марказӣ ба пуррагӣ амалӣ нагашта буд.

Таъсири ислом ба ҳаёти маънавии Осиёи Марказӣ дар марҳиллаи дуюм нисбат ба саддаҳои баъдина чандон баланд набуд. Дар эҷодиёти шоирони форсу тоҷик А. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон, бештар таъсири шуубизм (харакати миллии зиддиарабии мардуми эронӣ дар асрҳои 7-10) ҳис карда мешавад. Минбаъд, кӯшиши исломинамоӣ ва бетоқатӣ ба динҳои пештараи дар боло зикршудаи Эрон ва Осиёи Марказӣ зиёд гардид. Таъсири ислом бо омадани сулолаҳои Ғазнавиён, Қарахониён ва Салчуқиён ва дигарон боз ҳам бештар мегардад.

Виркан Музаффарпур-номзади илми фалсафа, саркорманди шӯъбаи таърих ва фалсафаи дини Донишкадаи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи улуми ҶТ омода сохтааст. 

НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2