Фохир Ҳасан: Нагузоред салафиҳо Тоҷикистонро ноором кунанд

27.02.2015, 14:31 Хонданд: 1186

Фохир Ҳасан, донишманди суннимазҳаби Ироқ аст, ки моҳе қабл рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи таърих ҳимоя кард. Фохир Ҳасан дар минтақае зиндагӣ мекунад, ки чанде пеш аз тарафи ДОЪИШ роҳбарӣ мешуд ва ҷиноётеро муртакиб шуданд, ки таърих назирашро надидааст. Хабарнигори “Азия Плюс” бо ин донишманд, ки шоҳиди ин ҳама воқеаҳо буд оид ба хатари салафия, ба хусус ДОЪИШ суҳбате дошта бошад:

Лутфан, худро муаррифӣ мекардед

Ман Фохир Ҳасан аз аҳолии Курдистони Ироқ ва устоди Донишгоҳ, номзади илми таърих ва дорои чандин корҳои таҳкикотӣ дар мавриди таърих мебошам. 

Минтақаи Шумо чанд фосила бо манотиқи зери нуфузи ДОЪИШ дорад?

Ман дар минтақае зиндагӣ мекунам, ки ҳудуди 15 км бо манотиқи зери нуфузи ДОЪИШ фосила дорад, вале шоҳиди садҳо ҳаводиси гуногуни ин минтақа дар чанд соли охир ҳастам.

ДОЪИШ дар қуҷои Ироқ шуруъ ба фаъолият кард?

Гуруҳи террористӣ маъруф ба ДОЪИШ (ё ба истилоҳ давлати исломии Шому Ироқ) дар наздикиии марзи Арабистони Саъудӣ, дар саҳрои Ал-Анбори Ироқ, ки марзи васеъе бо Арабистон дорад шуруъ ба шаклгирӣ намуд. Ба далели шароити дурафтодаи Ал-Анбор ин минтақаи камҷамъият, тақрибан холӣ аз мардум ва дур аз контроли комили низомӣ аст. Аҳолии манотиқи Ал-Анбор ба тамомӣ дорои мазҳаби Аҳли Суннат ҳастанд ва ба ҳамин иллат ДОЪИШ тавонист ба роҳати ин ҷо нуфуз пайдо бикунад. Ин гуруҳи террористӣ дақиқан дар марзи бедару дарвозаи Арабистон бо саҳрои Ал-Анбор тавлид шуда, минбаъ ҳар чиро мехостанд дар Ироқу Сурия роҳандозӣ карданд.

Мехостам дар бораи андешаи асли ДОЪИШ чанд калом бигӯед.

Андешаи ин гурӯҳ он аст, ки танҳо худро дурусту барҳаққ медонанд ва мухолифони худро гумроҳ, кофир ё муртад мехонанд. Агар шумо ба торих ворид бошед, дақиқан тарзи тафаккуру аъмолашон бо гурӯҳи хавориҷ ё хориҷӣ, ки дар садри ислом, замони хилофати ҳазрати Алӣ, карамаллоҳу ваҷҳа, зуҳур карданд, монандӣ дорад. Хориҷиҳо низ бо фикр, андеша, таҳқиқ мухолиф буданд ва ҳар касе, ки бо онҳо мухолиф буд, ӯро аз байн мебурданд. Имрӯз ҳам ин гурӯҳ, як гуруҳи террористии мусаллаҳ бо андеша ва шеваи салафии ҷиҳодӣ мебошад ва аъзои он ташкили хилофати исломӣ ва иҷрои шариъат” дар Ироқ ва Сурияро ҳадафи ниҳоияшон интихоб кардаанд. Аммо бо ин ду кишвар басандагӣ намекунанд, балки хоҳони тарвиҷи ақидаи худ дар саросари кишварҳои исломӣ ва тамоми рӯйи замин ҳастанд.

Ҳомиёни ДОЪИШ киҳоянд?

Дар ҳақиқат ин савол ҳамеша мавриди таҳқиқ аст, ки оё кадом тараф аз ин гуруҳи террористӣ ҳимоят мекунад ва бо  кадом пул харҷи худашонро таъмин мекунанд. Метавонем ин суолро ба бахшҳои ҷудогона тақсим кунем:

Сармояи аввалияашон бе ҳеч шак аз ҷониби ҳомиёнашон, бо роҳбарии Арабистони Саъудӣ таҳия гардид. Онҳо аз ноамниву зиддият ва даргириҳое, ки дар Суриву Ироқ буд, истифода карда, вилояти Раққа ва манотиқе аз Ҳалаб ва атрофи Лозақия ва Рифи Димишқ ва Дейр-эй-Зор, Хумс, Ҳамо, Ал Ҳаска ва Идлиб дар Сурия ва ҳамчунин вилояти Мавсил ва Тикрит ва Ал Анбор ва дигар манотиқи кишвари Ироқро зери султаи худашон дароварданд. Дар манотиқ ҷойҳои муҳиме буд, барои ба даст овардани сарват. Ин гурӯҳҳо ҳам тавонистанд чандин чоҳи нафтро ба даст оранд ва ба сурати ғайриқонунӣ нафт бифӯрушанд ва даромади фаровоне ба даст оваранд. Аз тарафи дигар кӯмакҳои ғайримустақими давлатҳои арабӣ ба вижа Арабистони Саъудӣ, Қатар ва ҳамчунин кишвари Туркия, ки аз ҳомиёни ин гурӯҳ аст, дар истиқрори ин гурӯҳ муассир будааст.

Бояд инро ҳам гуфт, ки ҳарчанд кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳамкорӣ мекунанд ва зарбаҳои ҳавоӣ ба минтақаҳои зери нуфузи Сурия ва Ироқ мезананд, вале натиҷаашон мушаххас нест ва зери парда бо ДОЪИШ ҳамкории моддӣ ва маънавӣ мекунанд. Имрӯз исбот шудааст, ки бештар террористҳое, ки ба ин гуруҳ мулҳақ мешаванд аз роҳи Туркия ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс ба ин ҷо мераванд. Ин ҷо ҳаст, ки савол пайдо мешавад, ки агар ҳамкории байнулмилалӣ набошад чигуна ин гуруҳ тавонистаанд то ба ҳол бидуни таваққуф биҷанганд ва беҳтарин аслиҳаро ҳам дар даст дошта бошанд?

Дар маконе, ки Шумо алҳол зиндагӣ мекунед вазъият чӣ гуна аст?

Дар моҳи июни соли 2014 панҷ ҳазор мусаллаҳи ДОЪИШ ба таври комил шаҳри Мавсилро ба тасарруф дароварданд ва ҳамаи шаҳрро дар ихтиёр гирифтанд. Қаблан аз ҳузури танҳо се ҳазор нафар неруҳои ДОЪИШ суҳбат мерафт. Баъд мушаххас шуд, ки дар шаҳр боз ду ҳазору понсанд нафар аз хориҷ ба ин вилоят омада буданд ва бо сервисҳои иттилоотии мавҷуд дар шаҳри Мавсил ва 500 неруи дигари мавҷуд дар ин шаҳр тавонистанд шаҳрро ба тасарруф дароварданд ва неруҳои худро афзоиш диҳанд. Албатта набояд фаромуш шавад, ки теъдоди зиёде аз касоне, ки бо ин гурӯҳ пайвастанд ва фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, аъзои собиқи ҳизби динситези БАЪС дар замони диктотури хуношом Саддом буданд. Онҳо аз ин, ки пас аз суқути режими Саддом ва аз вазъияте, ки шиъаён ва курдҳо ҳукумат дар даст гирифтанд, норозӣ буданд ва ба дунболи фурсат буданд, ки бо ин кор мавҷудияти худашонро собит кунанд. Аммо ҳангоме, ки ДОЪИШ Мавсилро ба тасарруфи худ даровард, бештари ононро канор гузошту бартараф кард.

Контроли Мавсил ва дигар шарҳрҳои суннинишин аз тарафи ДОЪИШ ба чӣ тарз аст?

То ҳоким шудан бар Мавсил ва дигар манотиқ ҳарфи ин гурӯҳ дигар буд. Ҳангоме ки ДОЪИШ Мавсилро гирифтанд шуруъ ба зулм бар зидди мухолифин карданд ва ҷиноятҳои фаровоне анҷом доданд ва ҳанӯз медиҳанд, ки на танҳо дин ва балки инсоният онро рад мекунад. Чӣ гуна инҳо дур аз инсоният ва башарият ҳастанд, корҳое анҷом доданд, ки ақл қабулаш намекунад. Кори онҳоро метавонем ваҳшигарӣ номем. Ба сурати хулоса, ҷиноятҳое, ки гурӯҳи ДОЪИШ дар Ироқ анҷом доданд ингуна мебошанд:


1. Раҳо кардани зиндониҳо.
Ҳангоми суқути Мавсил ва тасаллут пайдо кардани ДОЪИШ, онҳо ба бузургтарин зиндони маъруфи шаҳр ба номи Бодуш ҳамла бурданд ва дарҳои зиндонро гушудаанд ва тамоми касоне, ки ба ҷурми одамкушӣ, таҷовуз, дуздӣ ва ҳатто аъмоли террористӣ зиндонӣ буданд, озод карданд. Онҳо ба ДОЪИШ пайвастанд. Аммо дигар зиндониҳое, ки аз шиъа ва ё курд буданд ҷудо карданд ва беш аз 600 зиндониро тирборон карданд ва ҳамаи онҳоро ба қатл расониданд. Ба хусус нисбат ба шиъаҳо, ки ДОЪИШ онҳоро ба унвони кофир ва муртад мешиносанд, рафтори бераҳмона карданд. Ҷанозаҳояшонро ба партовгоҳ меандохтанд.

2. Куштани қозиҳо ва кормандони системи додгоҳӣ. Теъдоди зиёде аз вакилон (адвокатҳо) ва додгоҳҳои шаҳри Мавсил ба манотиқи курднишин фирор карданд. Теъдоди зиёдеро ҳам ДОЪИШ ба қатл расонд. Баҳонаашон он буд, ки танҳо Худованд ҳукм иҷро мекунад ва инсон наметавонад ҳукмро содир кунад ва ҳукм ҳукми Худост ва дар ин чанд моҳи гузашта мо шоҳиди ба қатл расидани чандин вакил ва қозӣ дар Мавсил ва дигар манотиқ будем, бештари онон аз шахсиятҳои барҷаста ва фаъолу маъруфи Ироқ буданд.

3. Ба қатл расонидани даҳҳо аз бузургтарин уламои аҳли суннат ва ҷамоат дар шаҳри Мавсил ва дигар манотиқ ба баҳонаи ин ки инҳо бо Абубакри Бағдодӣ – «халифаи муслимин» байъат накарданд ва ба дурӣ ҷустани онон тибқи шаръи Ислом ҳаққи онон марг аст. Аммо чӣ марге? Сар буридани уламо дар ҳузури хонаводаҳояшон, аз ҳама муҳимтар донишманди бузурги Аҳли Суннат ва имомҷумъаи масҷиди ҷомеъи Ал-Мансур Муҳаммад Мансурӣ дар шаҳри Мавсил ба қатл расонданд ва ҷасадашро тикка-тикка карданд.


4. Куштан ва ихроҷи масеҳиёни Мавсил
ва дигар манотиқ дар ҳангоми вуруди ДОЪИШ ба Мавсил даст ба куштан ва берун кардани масеҳиён карданд ва молу амволи онҳоро гирифтанд ва ҳатто ба номуси онҳо таҷовуз карданд, ба унвони ғанимат, бештари масеҳиён ба минтақаи курднишинон фирор карданд ва онҳое, ки дар дасти онҳо монданд ё иҷбор мусалмон шуданд ва ё ба қатл расиданд ва тамоми сарвату моли онҳоро ғорат карданд.

5. Фурухтани мулку амлоки курдҳои суннӣ ва туркманҳо ва курдҳои шиъӣ дар шаҳри Мавсил ва атрофи он. Баъд аз ин ки курдҳои суннӣ ва туркманҳо ва теъдоди каме аз курдҳои шиъа аз тарси куштан ва таҷовуз ба номус фирор карданд ва хонаву кошонаашонро тарк карданд ва ба манотиқи дур аз султаи ДОЪИШ рафтанд. ДОЪИШ қонуне вазъ кард, ки мулку амлоки онҳо ба ҳараҷ (ауксион) гузошта шавад ва ба камтарин қимат ба фуруш рафт.

6. Суфиёни суннимазҳабро ба қатл расонданд, ки ба ақидаи онҳо сӯфиён бидъатгузоре ҳастанд ва бояд онҳоро ба қатл бирасонанд. ДОЪИШ шуруъ карданд ба куштани суфиён ва дарвешон.


7. Хароб кардани осори таърихиву бостонӣ. Ироқ, ки яке аз кишварҳои қадим аст ва маъруф ба Байнаннаҳрайн аст, дорои осори фаровони таърихӣ аст. Мавсил яке аз шаҳрҳои муҳими таърихии Ироқ ба ҳисоб меояд ва садҳо осори таърихӣ аст, монанди осори давраи Ошур (Ассирия) ва ҳамчунин чандин пайғамбарон дар шаҳри Мавсил мадфун ҳастанд, монанди Ҳазрати Юнус, Ҳазрати Ҷирҷис, Ҳазрати Шис (алайҳимоссалом) ва чандин авлиёи дигар. Метавон гуфт, шаҳри Мавсил маъруф ба шаҳри сӯфигарӣ аст ва ҳар кас аз Мавсил дидан карда бошад ин назар барояш собит мешавад.


Ҳангоме, ки ДОЪИШ Мавсилро гирифт, шурӯъ кард ба таркондани қабри бузургон.  ДОЪИШ аз қабри Ҳазрати Юснус, ки дар болои як теппа қарор дошт ва зебоӣ ба шаҳри Мавсил мебахшид шуруъ карданд. Баъд аз ҷамъ кардани пулу нусхаҳои хаттии ин мақбараи он пайғамбари олишаън, ки ҳам масеҳиён қабулаш доштанд ва ҳам мусалмонон, ба сурати ваҳшиёна мунфаҷир карданд ва ба хок яксон карданд. Ва баъд шуруъ ба тахриби қабри Ҷирҷис ва ҳазрати Шис ва қубури шайхҳо ва сӯфиён карданд. Ва бо ин кор симои шаҳри Мавсил ҳолати вайрону валангорро ба худ гирифт.


8. Куштори донишҷӯён.
Яке аз дигар ҷурмҳои ДОЪИШ, ки таърих ҳеҷ вақт фаромуш нахоҳад кард ин ба қатл расонидани 1700 донишҷӯи донишгоҳи неруи ҳавоӣ дар Сабоякр дар шимоли шаҳри Тикрит аст. Ҳамаи ин донишҷӯён дорои мазҳаби шиъа буданд, баъд аз гирифтани ин донишҷӯён ва ташна ва гурусна нигоҳ доштанди онҳо, ҳарчанд сад нафар аслан бетараф буданд, вале ба сурати ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.

Чаро ДОЪИШ бо курдҳо вориди ҷанг шуданд?

Тавре гуфтем, барномаи амали гурӯҳи ДОЪИШ аз ҷониби кишварҳои арабӣ тарҳрезӣ шудааст ва ҳамчунон дар таркиби ин гурӯҳ аъзоёни собиқи ҳизби БАЪС, ки дар гузаштаи на чандон дур алайҳи курдҳо ҷиноёти зиёде содир кардааст,  зиёд мебошанд. Курдҳои Ироқ, ки бештар суннимазҳаб ва шофеъӣ ҳастанд дар ибтидо вориди ҷанг нашуданд, вале ҳангоме ки ДОЪИШ ба манотиқи курдҳо ҳамла карданд, курдҳо вориди ҷанг шуданд ва бештар манотиқи курднишин, ки дар дасти ДОЪИШ буданд аз сулати ДОЪИШ хориҷ карданд ва неруҳои курд бо раҳбари Масъуд Боризонӣ ва неруҳои пешмарга тавонистааст, то ҳол биҷангад ва дар тули ин чанд моҳ бештар аз 4 ҳазор ДОЪИШ-ӣ ба дасти неруҳои пешмарга ба қатл бирасанд.

Ҷиноёти ДОЪИШ бар алайҳи курдҳои эзадӣ?


Эзадӣ тоифаи курд ҳастанд ва дорои мазҳаби эзадӣ аст, ки аз адёни бостонии Курдистон ба ҳисоб меоянд. ДОЪИШ дар ҳангоми гирифтани манотиқи эзадинишин аз ҳеҷ коре даст накашиданд, ки муҳимтарини онҳоро бароятон мегӯям:

1- Онҳое, ки тавонистанд фирор кунанд аз ваҳшигариҳои онҳо наҷот ёфтанд ва бақия ба бадтарин шеваҳо бо онҳо рафтор мекарданд.

2- ДОЪИШ манотиқи Эзадиёнро, ки мегирифтанд пирамард ва пиразонан ва мардҳо ва кӯдаконро мекуштанд.

3- Духтарони 6 сола то 45 соларо ғанимат мебурданд ва ҳоло бештар аз 1500 духтари курди эзадӣ дар дастони ДОЪИШ асир ҳастанд ва бадтарин рафтор бо онон анҷом медиҳанд. Чандин духтар аз дасти онҳо фирор карда буданд ва мегуфтанд, ки ба сурати ваҳшиёна бо онҳо наздикӣ мекарданд,  ҳатто чанд нафар дар як рӯз бо як духтар ба сурати ваҳшиёна наздикӣ мекунанд.


4- ДОЪИШиҳо эзадиёнро кофир ва хориҷ аз дини Ислом ҳисоб мекунанд ва ҷону моли онҳо ҳалол аст. 

5- Тамоми осори мазҳабии эзадиён монанди дигар маконҳои аҳли суннат ва шиъаён минтақаро тахриб карданд.

Ҳақиқатан намедонам ин чӣ дине аст, ки ДОЪИШ доранд ва ин рафтори ваҳшиёна ба кор мебаранд ва кӯдакони бегуноҳро аз падару модар ҷудо карданд ва духтарони ба балоғат расидаро, ки садҳо орзу доштанд дуздиданд ва байни худашон тақсим карданд ва ба сурати ваҳшиёна бо онҳо ҳамбистар шуданд ва он ҳам на як нафар, балки дар як рӯз чандин нафар бо онҳо таҷовуз мекарданд.


Тавре хабар дорем руҳонияти шиъа дар Ироқ бар зидди онҳо фатвои ҷиҳод содир карданд. Оё ин таъсире ба вазъи минтақа расонд?

Ҳангоме ки Мавсил ва дигар минтақаи суннинишини Ироқ иқдоми бузургтарин таҳдид барои шиъаёни Ироқ буд ва Бағдод мавриди таҳдид қарор гирифт, чун ки шиъа ба ақидаи ДОЪИШи салафӣ кофир ва хориҷ аз дин ҳисоб мешавад ва молу ҷони онҳо барои ДОЪИШ ҳалол аст. Пешвои шиъаҳои Ироқ Оятулло Сиистонӣ бо судури як фатво, ҷиҳод дар муқобили ононро воҷиб шумурд. Аз ин рӯ пас аз судури ин фатво ҳазорон мардуми Ироқ, пеш аз ҳама шиъаён даст ба силоҳ бурданд ва бар зидди террористҳо ҷангиданд ва тавонистанд бештари Ироқ аз ҷумла Бағдодро аз ДОЪИШ наҷот диҳанд ва акнун манотиқи зиёдеро аз султаи ДОЪИШ хориҷ карданд. Оре, ин фатво таърихӣ буд ва нақше муассир гузошт.

ДОЪИШ чӣ қонунҳоро дар зери султаи худ ҷорӣ кардааст?

Ҳангоме ки ДОЪИШ дар Мавсил ва дигар манотиқ мусаллат шуданд. қавонини гуногун ва аҷибу ғайримантиқиро ба мардум таҳмил карданд ва ҳар кас баръакси он амал кунанд, ононро муҷозот мекунанд, муҳимтарин қавонини  онон ба сурати зер мебошанд:

1-Мамнӯъияти пӯшидани шалвори ҷинс барои занон.

2-Мамнуъияти пӯшидани шалвори ҷинс тавассути мардони миёнборик.

3-Мамнуъияти кӯтоҳ кардани мӯй.

4-Мамнуъияти нишастани занон бар сандалӣ. 

5-Мамнуъияти вуруди мардон ба мағозаҳои либоси занона.

6-Мамнӯъияти муроҷиати занон ба духтури зан барои таваллуд.

7-Мамнӯъияти шона кардани муйи сар аз тарафи мард.

8-Мамнӯъияти кашидани сигор ва қалён.

9-Мамнӯъияти пӯшоки бача.

10-Мамнуъияти хӯрдани турушӣ.

11-Мамнӯъияти тамошо кардани футбол.

12-Мамнӯъияти берун рафтани зан бидуни маҳрам.

13-Мамнӯъияти тамошои филми тасвирӣ ба бачаҳо.

14-Мамнӯъияти баланд кардани шалвор ба мардон.

15-Ҷудо кардани духтарон аз писарони донишҷу дар Донишгоҳ.

16-Бардоштани дарсҳои монанди химия, физика ва фалсафа ва ғайра дар Донишгоҳҳо.

17-Шино кардани занон дар об.

18-Ҳангоми намоз мағозаҳо бояд баста бошанд.

19-Кафши пошнаи баланд барои занон.

Шумо хабар доред, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба ДОЪИШ пайваста дар Суриву Ироқ ҷанг мекунанд?

Бале, бо камоли таассуф бояд бигӯям, ки ин хабарро шунидам ва чанд наворро ҳам тамошо кардам. Хеле нороҳат шудам. Охир онҳо намедонанд, ки мо курдҳову тоҷикҳо бо ҳам аз як нажоду як таборем, вале ин беинсофҳои ДОЪИШӣ ба мо раҳм накарданд, курдҳои суннимазҳаб ва курдҳои пайрави тариқати суфияро қатл карданд. Чандин руҳонии суннимазҳаби курдро дар Ироқ ва Сурия террор карданд. Бигирем, ҳамин Рамазон ал-Бутиро, ки як донишманди курди Сурия буд. Олиме, ки ҷаҳони ислом ҳама қабулаш мекарданд, инҳо ӯро дар дохили масҷид шаҳид карданд. Фақат ба хотири ин ки афкори мухарриби ДОЪИШро қабул надошт. Охир ин бачаҳои тоҷики фиребхӯрда аз ин ДОЪИШ чӣ умед доранд. Инҳо бо ислому тамаддуни дурахшони исломӣ, ки аҷдоди курду тоҷик ба он хидмати зиёд кардаанд, бегонаанд. Инҳо зидди истиқлоли шумоянд. Бубинед мо чӣ қадр талош кардаем, ки истиқлол дошта бошем, аммо надорем. Мо курдҳо бешт аз 40 миллион нуфуз дорему давлате надорем. Нугузоред инҳо Тоҷикистонро хароб кунанд, ҷавонони тоҷикро гумроҳ созанд, ҷояшон надиҳед ин салафиву такфириву дигар гурӯҳҳое, ки хатаре барои ояндаи Тоҷикистонанд. 

Шумо ДОЪИШиҳоро салафӣ гуфтед. Охири соли 2014 ин ҷараён ҳамчун ҷараёни экстремистӣ дар Тоҷикистон дониста шуд. Дар бораи ин қонун чӣ фикр доред?

Муддате, ки дар Тоҷикистон машғул ба таҳсил будам, ин кишвари ором аст ва хушбахтона мардуми Шумо дар амнияти комил ба сар мебаранд, ки кам неъмате нест. Шукри чунин неъматро бояд гузорид. Вазъи кишвари ҳамсояи Шумо Афғонистон ва ҳамин Ироқи мусибатзадаи мо бояд барои мардум ва давлати шумо сабақ бошад. Ба ҳар қиммате бояд ин амниятро нигоҳ дошт, амният ки бошад ба дигар чизҳо метавон расид. Дар масъалаи озодии мазҳабӣ бояд ҳаминро гӯям, ки ин барои як кишвари демократӣ ин шарти асосист. Аммо, ин масъала ҳеч рабте бо ҳузури гурӯҳи салафия надорад, ҳар куҷо ки қадами инҳо расид, ваҳдати дохилии ҷомеаи исломӣ аз пай меравад ва аслан иттиҳоди дохилии мусалмонон аз ҳама пошида мешавад. Дар ҳеч ҷое то кунун инҳо ба масоили усуливу калидӣ наандешидаанд ва мардумро ба масоили дуюмдараҷа таваҷҷуҳ дода, намегузоранд, ки Ислом бо роҳи худ ба дили мардум роҳ ёбад. Муҳимтар аз ҳама дигар барои ҳеч кас пӯшида нест, ки салафия ҳамеша як абзоре дар дасти бегонагон аст. Умедворам раҳбарони Тоҷикистон дунболи чорае бошанд ба тамом фаъолияти салафиятро мутаваққиф кунанд, ҳеҷ роҳе ба онҳо надиҳанд, ки фаъолияти густарда дошта бошанд. Ҳарчанд салафи худашонро аз аъмоли ДОЪИШ дур мекунанд, вале дар асл бо кирдори онҳо мувофиқанд. Ман аз рӯи таҷриба дар Ироқ ба Шумо мегӯям, шаҳри Тел Афар, шаҳре аз тобеи вилояти Мавсил теъдоди салафӣ дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва қабл аз омадани ДОЪИШ ба Ироқ худашонро аз аъмоли ДОЪИШ дур нигоҳ медоштанд, вале ҳангоме ки ДОЪИШ бар шаҳри Тел Афар ва Мавсил мусаллат шуданд ҳамаи онҳо бо ДОЪИШ пайвастанд ва даст ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ заданд ва то ҳол даст аз ҳеҷ коре накашидаанд ва ба тамом бо ДОЪИШ ҳамкорӣ мекунанд. Ман мутмаинам салафия дар ҳар куҷо, ки бошад дилашон бо ДОЪИШ аст ва ҳар вақт фурсат пайдо кунанд бо онон мулҳақ мешаванд.

Дар охир чӣ гуфтанӣ доред?

Дар охир ман орзумандам кишвари Тоҷикистон ҳамеша дур аз ифротгароӣ монанди ДОЪИШи салафии такфирӣ бошад ва ҳамеша ором ва бо амнияти комил ба сар бибарад.

 

Аҳлиддин Салимов



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    март 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2