Пешниҳоди лағви фаъолияти ҲНИТ, такрори схемаи соли 1991-ро мемонад

8.04.2015, 12:53 Хонданд: 489

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Нуралии Давлат, муаррихи даврони муосири халқи тоҷик ва коршиноси маъруфи тоҷик дар умури сиёсӣ 

Ахиран, муовини муфтии Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории намози ҷумъа дар санаи 27.03-и соли ҳолӣ мавзӯи мавъизаи худро ба таври ногаҳонӣ ба интихоботи ахири парлумонии кишвар(??) ва ғолибу мағлуби ин маъракаи муҳимми сиёсӣ дар кишвар ихтисос дод. Дар ин навишта тафсири мавъизаи ҷаноби қоиммақомро, ки барои намозгузорон ва мардуми кишвар чун тарошаи аз бом уфтодаро мемонд, ба вақту навиштаи дигар вомегузорем. Аммо зарур медонем, ки ду нуктаро инҷо тазаккур бидиҳем. Сухан аз ин ҷост, ки мазмуни матн ва дархосту талаби ҷаноби нойиби муфтӣ дар бархе дигар аз масоҷиди мамлакат аз тарафи имомхатибон манзури аҳли салоти он ҷумъа шудааст. Яъне ин аз он далолат мекунад, ки пушти он( матни мавъиза ва иқдоми қироати он дар масоҷид) кадом нерӯ ва қувваҳои муғризу бадхоҳи алайҳи сулҳу оромиши бо азобу азият ва бар ивази даҳҳо ҳазор ҷони аз дастрафта ва ба дастовардаву ба дастомадаи мардум ва миллату давлати тоҷик баҷо шудаанд, шабеҳи созмон ва аносири муташаккили ҷиноӣ, аммо имомхатибон васила ва абзори дасти эшон қарор гирифтанд.Ҳамон метод ва усуле, ки дар оғози муқовимати панҷсолаи дохилӣ мулло Ҳайдар ва мулло Абдураҳимро дар Кӯлоб бар зиди ҳам ангехтанд. Ҳадаф ин аст ки қасд доранд миёни руҳоният ва ҲНИТ, ду гурӯҳи исломӣ тафриқа ва низоъ ангехта бо дастони онҳо нақшаҳои шум ва музир барои миллатро татбиқ созанд.

Нуктаи дигар ин аст ки худи ин иқдом (мавъиза ва қироати он аз сӯи бархе аз имомхатибон ва нойиби муфтӣ) басо риёкорона ва ҳайратовар ва суолбарангез аст. Зеро, то он ҷо ки воқиф шудем дар асл матни ин мавъиза маҳсули қалам ва тафаккури нойибмуфтӣ ва хостаи имомхатибон набуда муаллифи воқеии он шахсе бо номи А. Мавлонов будааст, ки ба навиштаи расонаҳо корманди Кумитаи дини ҳукумат мебошад ва "мавъизаи булаҷаби таърихӣ”-и ин "мулло”-и ҳукуматӣ то инки он аз тарафи нойиби муфтӣ ва имомхатибони маошхӯри масоҷиди кишвар дар намози ҷумъа хонда шавад, дар сафаҳоти расонаҳои интернетӣ дарз ва дарҷ шуд. Ва дар ин "мавъизаи ҳукуматӣ” нуктаи асосӣ пешниҳод ва дархости фаъолияти ҲНИТ(???) ва бад-ин манзур баргузории раъйпурсӣ аст. Воқеан ин талаб ва ин таклифи булаҷаб ҳар нафари солимақлро ба ҳайрат меоварад. Чаро барои бастани як ҳизб, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон 8 ҳизб амал мекунад, референдум доир кардан мехоҳад? Агарки ҲНИТ иқдомоти зиди қонун анҷом дод ва ба корҳое даст зад, ки хилофи ойиннома ва меъёрҳои муқарраркардаи давлат аст, пас, бояд бар пояи салоҳият ва уҳдадориву рисолати хеш вазорати адлия, додситонӣ ва ниҳоятуламар Додгоҳи олӣ даст ба коршаванд, чи ҳоҷат ва зарурат ба баргузории раъйпурсӣ? Ин ва чанд пурсишҳои дигар моро ба пойи сӯҳбати Нуралии Давлат, муаррихи номвари даврони муосири халқи тоҷик ва коршиноси маъруф дар умури сиёсӣ бурд.

Чаро барои бастани ҲНИТ раъйпурсӣ талаб карда шудааст?

Ба он хотир ки нишон дода шавад,бастани ҲНИТ-ро мардум мехоҳад. Мо дар гузашта шоҳид будем, ки дар тирамоҳи соли 1991 аз минбари парламент пешниҳод карда буданд, ки қозикалони ҷумҳурӣ дар райъпурсӣ аз ҷониби мардум интихоб карда шавад.Пешниҳоди кунунӣ такрорӣ ҳамон схема аст.

Аслан ҳадаф аз бастани фаъолияти ҲНИТ чӣ аст? Чаро пештар ин ҳизб барои ҳукумати даркор буд имрӯз нодаркор шудааст, ки ҳатто ҳузури онро намехоҳанд? Ин ҳизб ба чи халал мерасонад?

Ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон ягон ҳукумат, на дар даврони шӯравӣ ва на дар даврони истиқлол фаъолияти ҲНИТ-ро намехостанд. Ин ҳизб алорағми хоҳиши ҳукуматҳо дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, алалхусус дар зери фишори Маскав дар тирамоҳи соли 1999 ва баъдан дар музокироти сулҳ миёни тоҷикон. Ба назари ман, ҳукумат дар симои ҲНИТ ягона қувваи сиёсии мухолифи худро мебинад.

Раъйпурсӣ танҳо бо мақсади бастани ҲНИТ сурат мегирад ё ягон мақсади дигар ҳам инҷо буда метавонад?

Дар ин бора аз чанд соли пеш муҳити сиёсии кишварро сару садоҳо фаро гирифта ва бо пеш омадани ҳодисае ва ё нашри навиштае муртабит гаҳ-гоҳе т гарму доғ ҳам мешавад. Фарзияҳо ва сабабҳои гуногун зикр карда мешаванд ва масоили мухталиферо ҳамчун баҳона ва ё далели баргузории он зикр ҳам мекунанд. Аммо ба назари ман ҳоло ба ин савол посух гуфтан барвақт аст. Ва, посух ҳам бигӯем, такрори ҳамин гуфтаҳо дар расонаҳо хоҳад буд.

Фикр мекунед дар сурати бастани ҲНИТ вокуниши он чи хоҳад буд?

Бо бастан, яъне пас гирифтани шаҳодатномаи вазорати адлия, гумон аст ки ҲНИТ аз фаъолият боз монад. Зеро, агар ба таърихи он назар афканем, бештари солҳои фаъолияти худро дар шароити зеризаминӣ ва ё ҳамон пинҳонкорӣ гузаронидааст. Таҷриба ва малакаи зиёд дар ин заминаро дорад, ин ҳам дар ҳолест ки ҳоло замон замони интернет, воситаи алоқа ва иртиботи они воҳидии инсонҳо аст. "Тортанаки ҷаҳонӣ” дар чунин шароит бар суд ва манфиати ҲНИТ хеле самарбахш ва муаассир мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор мегирад . Аз ин рӯ ба гумони ғолиб теъдоди зиёди аъзои ин ҳизб мисли даврони шӯравӣ ба фаъолияти пинҳонкорӣ мегузаранд.

Аз бастани ҲНИТ гурӯҳҳои тундрав ва ифротии мазҳабӣ истифода нахоҳанд кард? Ва аъзои он бо ин қабил гурӯҳҳо пайваст намешавад?

Бидуни шубҳа ва бечунучаро ин имкон вуҷуд хоҳад дошт ва пайдо хоҳад шуд. Ҳоло мо дар Сурия аллакай чунин гурўҳҳоро дорем. Мисоли равшани он ҳамон Назири кӯлобӣ аст, ки ахиран ҳатто бо Ҳоҷӣ мирзо, аз руҳониҳои машҳури кишвар даъват ба амал овард то ба сафи эшон бипайвандад. Аз дигар сӯ ба пайваст шудани аъзои ин ҳизб баъди манъи фаъолият муносибат ва бархӯрди кормандони ниҳодҳои интизомӣ ву амниятии кишвар ҳам бетаъсир нахоҳад буд. Чун бастани ҳизб барои онҳо як навъ дастаки хуб барои фишор овардан ва таъқиб кардани аъзои он мешавад, бархе аз онҳо ба ин ҳолат ва шароит тоб намеоваранд ва табиист, ки аксуламал нишон медиҳанд. Ва, баъид нест, ки яке аз он вокунишҳо пайвастан ба чунин гурӯҳҳо бишавад.

Табрикоти И. Каримов ҲХДТ-ро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи парлумонӣ чи гуна арзёбӣ мекунед? Дар ҳоле ки пеш аз ин чунин корро Каримов накарда буд?

Ба назари ман ин як таоруфоти дипломатӣ аз ҷониби Ислом Каримов аст. Албатта, дар Тоҷикистон баъди сафари президенти кишвари ҳамсоя дар тирамоҳи соли гузашта бисёриҳо ба ин умед бастаанд, ки равобити миёни ду кишвар хеле беҳтар мешавад, аммо то ҳол бо гузашти ним сол ин умедҳо амалӣ нашудаанд.

Дар амри бастани ҲНИТ омили беруна , масалан Ӯзбакистон метавонад таъсир дошта бошад? Ва ин як навъ тела додан ба дом ва нооромии кишвар нест?

Ҳоло пешбинӣ кардани ин ки кадом кишвар метавонад таъсир дошта бошад, мушкил аст. Имрӯз дар маҷмӯъ афкори ҷомеаи башарӣ аз ҷониби бархе абарқудратҳо чунин ташаккул дода шудааст, ки гурӯҳҳои сиёсии исломӣ дар тамоми ҷаҳон ифротгаро мебошанд.

Дар ҳоле ки матни ин мавъиза дар Кумитаи дин омода шудааст чаро худи ин Кумита мустақим чунин пешниҳод накарда аз минбари масҷид ва руҳоният истифода карда мешавад?

Фикр мекунанд бастани ҲНИТ бояд аз ҷониби ҷомеа пешниҳод шавад.

Дар ҳоле ки ташкилоти динӣ аз умури сиёсӣ ҷудост, чаро масоҷид ба ин корҳо кашида мешавад. Мақсад ангехтани низоъ миёни руҳонияти расмӣ ва ҲНИТ- як созмони мазҳабӣ аст?

Ин ҳамон схемае аст, ки дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум пиёда шуда буд. Дар он даврон пешвои рӯҳониёне, ки талаб мекарданд, ҲНИТ баста шавад, мулло Ҳайдар ном дошт, ки имрўз ба гўшаи фаромўшӣ супорида шудааст ва аз ӯ дигар ёд намекунанд...

http://nahzat.tj/



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    апрел 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
2