Абдуллоҳи Муҳаққиқ: Манъи таълими ислом ва рафтан ба масҷид боис ба рушди салафия шуд

11.06.2015, 09:48 Хонданд: 198

Ҷанг дар Сурияву Ироқ ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи ҷангиён дар ин кишварҳо бори дигар нишон дод, ки хатари ифротишавии ҷавонон ҳар лаҳза ҷомеаро таҳдид дорад. Мақомоти кишвар барои коҳиши ин раванд талошҳо доранд, аммо ба натиҷаи кори онҳо то ҳол баҳо додан барвақт аст. Зиёд ишора ҳам мешавад, ки ҷараёни мамнуъшудаи Салафия бештар ҷавононро ба ин роҳ мекашад. TojNews дар як суҳбат аз коршинос Абдуллоҳи Муҳаққиқ пурсид, ки чаро сарфи назар аз манъ шудани фаъолияти ин ҷараён ҳанӯз ҳам онҳо фаъоланд? Бо вуҷуди густариши мубориза ва танг шудани доираи фаъолияти ошкори онҳо, маҳз чи омил инҷараёнро боз ҳам фаъол нигоҳ медорад?

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Мутаассифона, густариши ақидаву андешаи ботил ва афкори пурзалолати “Иттиҳодияи экстремистии Салафия”  феълан моҳияти фаромиллӣ ва фарокишварӣ касб намудааст. Зеро пуштибонҳои аслӣ ва таъсисдиҳандагони Салафия ҷаҳони куфр ва қудратҳои бузурги террористӣ мебошанд. Омилҳои дохилӣ, яъне воизон ва мавлавиҳои фурӯхташудаи дохили кишвар барои решадавонии омилҳои хориҷӣ шароит фароҳам меоваранд.

Мо барои хунсо ва шакл нагирифтани идеологияи террористии Салафия ҳамчун таълимоти дини Ислом дар Тоҷикистон 11 сол инҷониб дар ҳафтаномаҳои ватанӣ ва хориҷӣ мақолахои зиёди таҳлилӣ-илмӣ ва таҳкиқотӣ навиштаем. Ҳамин омил мунҷар ба ронда шудани ман аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ гашт! Пас маълум мешавад, ки пуштибонҳои “Иттиҳодияи экстремистии Салафия” ба таври маҷҳул дар бисёр ниҳодҳои калидӣ ҷойгир шуда, шахсияти онҳо то имрӯз ношинохта боқӣ мондаанд ва онҳо тибқи имконият аз  Салафия ба таври ғайрирасмӣ пуштибонӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои амниятию интизомӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро нисбат ба равияи иртиҷоӣ ва тундрави cалафия мушаххас намуда, алайҳи ин падидаи хатарнок ва саратони такфирӣ муборизаи оштинопазир мебаранд. Аммо то имрӯз ниҳодҳои динӣ, аз ҷумла  раиси Маркази исломӣ ва Кумитаи дин мавқеи расмии худро аз лиҳози шаръӣ нисбат ба “Иттиҳодияи экстремистии Салафия” изҳор надоштаанд. Бисёр аз ҷавонони ғофил аз дин идеологияи экстремистии салафияро ҳамчун таълимоти исломӣ мепиндоранд. Мисоли одӣ дар конфронси  ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Хатари ифротгароии салафия”, ки бо итобкории Маркази исломшиносии назди Президент 27-уми майи соли 2015 баргузор шуд. Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодиров ва Раиси Кумитаи дин Давлат Сулаймон умуман дар мавриди ифротгароии салафия сухан нагуфтанд, балки Саидмукаррам конфронсро тарк намуд ва Далат Сулаймон бошад, риштаи суханро ба ҷониби дигар кашида, ба ҷои ошкор ва наҳй намудани омилҳои иғвоангези салафия динро падидаи иҷтимоӣ номид. Аммо аз хатари салафия сухан нагуфт. Дар ҳоле ки онҳо тавассути дастгоҳҳои иттилоотии ташкилотҳои экстремистӣ ошкоро раҳбари давлат ва ҳукуматдоронро золиму тоғут ва кофиру мушрик ҳукм менамояд.

Замоне ки дар Маркази исломшиносии назди Президент кор мекардам, даҳҳо адабиёт ва дастурамалҳои ба ном диниро, ки сирф моҳият ва характери салафиягаройӣ доштанд, ташхиси диншиносӣ намуда, онҳоро аз муомилот бозчин намудем. Дар радифи ин адабиёт китобҳое ҳастанд, ки моҳияти иғвоангезии динӣ ва мазҳабӣ дошта, онҳо бо изоҷати Кумитаи дин ба нашр расидаанд. Мо хулосаи худро ба ниҳодҳои дахлдори давлатӣ оид ба ҳамин мавзӯъ ирсол намуда будем.

TojNews: - Чунин ба назар мерасад, ки мубориза бо салафия чанд сол пештар фаъолтар аз имрӯз буд. Иштибоҳ накардам?

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: - Бале, то ҷойе дуруст. Уламои суннатӣ ин хатарро дарк намуда, бо раҳбарии собиқ Раиси Шӯрои уламо, марҳум, шайх Амонуллоҳи Неъматзода  (р) китобе ба номи “Симои воқеии Салафия” ба табъ расонида буданд!  Акбари Тӯраҷонзада низ баҳри дафъи салафия дар матбуоти даврӣ талошҳои зиёд намуда буд. Аммо баъди вафоти шайх Амонуллоҳ (р) чароғи мубориза бар зидди салафия дар Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои Тоҷикистон то кунун хомӯш гардид.

Мутаассифона, то имрӯз дар ягон рӯзнома ва ҳафтаномаи хусусӣ ва давлатӣ шоҳиди он нагаштаем, ки масъулини Шӯрои уламо ва Кумитаи дин нисбат ба ин омили хатарнок ҳарафе гуфта бошанд ва равияи экстремистии Салафияро аз нигоҳи шариъат маҳкум карда бошанд. Гӯё дар муҳити динии Тоҷикистон ягон салафия вуҷуд надошта бошад.

Воизони ҳангомаҷӯ ва фурӯхташудагони сервисҳои хориҷӣ оятҳои Қуръон ва аҳодиси шарифи Паёмбар (с)-ро дар асоси мафкураи ифротгароии Салафия шарҳу тавзеҳ намуда, меъёрҳои фиқҳии ҳанафимазҳабонро инкор намуданд. Ҳазорон ҷавонони исломӣ дар зери таъсири “амри маъруф ва наҳй аз мункар”-и воизони фурӯхташуда ва миссионерҳои такфирӣ қарор гирифа, ақидаи такфирӣ ва ифротии онҳоро ҳамчун омӯзаҳои исломӣ пазируфтанд. Аммо муддарисони Донишкадаи исломии ба номи Абӯҳанифа-Имоми Аъзам (р) то имрӯз ягон мақолаи таҳлилӣ ва илмӣ бар зидди салафия ва ҷараёнҳои такфирӣ нанавиштаанд, балки баъзе аз онҳо худ дорои тафаккур ва афкори ботили Салафия буда, Худоро дорои ҷисм, пайкар, дасту по, чеҳра, ораз ва макону замон дониста, омили ихтилофи ақидавӣ ва манбаи бархӯрди тафаккури динӣ гаштаанд.

Ҳар донишманд ва мусалмоне, ки бар зидди равияи ботил ва номашруъи салафия сухан бигӯяд, аз ҷониби пайравони такфирӣ ва мутаассиби салафия ба шиа будан, туҳмат карда мешаванд. Чаро то имрӯз Шӯрои уламо ва Донишакадаи исломӣ дар мавриди осори исломии шайхи ҳанафимазҳаб Мотуридии Самарқандӣ лаб намекушоянд? Чаро осори ӯро барои донишомӯзон сабақ намедиҳанд? Дар паси ин парда ва розҳои нокушода кадом ҳадафҳои миллаткуш пинҳон ҳастанд? Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон ва Қирғизистон барои таъмини амнияти кишвар ва муҳитии динии худ ақоиди ҳанафимазҳаби Мотуридии Самарқандиро расман ақидаи динии кишвари худ пазируфтанд. Аммо дар Тоҷикистон бошанд дастпарварони ташкилотҳои ифротии салафия шайх Мотуридии Самарқандиро кофиру мушрик ҳисобида, омӯхтани осори илмӣ ва динии ӯро ҳаром хукм намудаанд. Мотуридии Самарқандӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик буда, осори таълиф намудаи ӯ бузургтарин мушти сангин бар даҳони пурпашми салафия ва рофизия мебошад.

Дар аксарияти масоҷиди шаҳри Душанбе камераҳои махфии сабткунӣ насб шудааст, аммо салафия дар ин масҷидҳо озодона бо усули эътиқодоти ботили такфирӣ ва зидди ҳанафӣ намоз мегузоранд, касе аз масъулини Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо ному насаби ин Салафияи иғвоангезро ба мақомоти дахлдор намесупорад.

Салафия зимни таблиғи “ақида” дар зери парчами “Қуръон ва суннат” барои наҳзатҳои ДИИШ ва Ал-қоида дар ҷомеи мо заминаи сиёсӣ ва мафкуравӣ муҳайё месозанд. Барои ҷангҳои мазҳабӣ замина ҳамвор мекунанд. Ҳадафи асосии салафия дарҳам шикастани аҳком ва аркони сохтори конститутсионии давлати Тоҷикистон  ва таъсиси “Хилофати язидӣ” мебошад, на чизи дигар. Ва барои фаъол нигоҳ доштани фаъолияти Салафия хамасола миллионҳо доллар аз ҷониби шайхҳои нафтӣ ва ташкилотҳои террористӣ ҷудо карда мешавад.

TojNews: - Ва нуктаи дигар, ки шояд ин ҳам баҳснок аст.  Фикр намекунед, ки мақомот низ дар мубориза бо онҳо нерӯманд нестанд?

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: -  Ба ин нукта, ки мақомот дар мубориза бо Салафия нерӯманд нестанд, розӣ шуда наметавонам. Мақомоти дахлдор дар мубориза бо “Иттиҳодияи экстремистии Салафия” хеле фаъоланд. Мутаассифона, ҳайати шахсии мақомот, ки беҳтарин фарзандони ҷонфидои миллатанд, дар шинохти симои нопок ва сирати хатарноки Салафия мушкилӣ мекашанд, зеро барои онҳо адабиёт ва китобҳои динӣ нисбат ба шинохти омилҳои хатарноки Салафия вучуд надорад. Вале ин низ як амри муваққат аст, мутмаъинам, ки дар наздиктарин фурсат барои онҳо дастурамалҳои зарурии фанниро дастрас хоҳем намуд. Агар ҳамин мақомоти дахлдори қудратӣ фаъол намебуданд, алакай муздурони такфирӣ кишварро макони тохтутозҳои аъробиёни зархарид ва майдони қатлу куштори худ сохта буданд. Вале агар шумо мақомот гуфта, ниҳодҳои диниро дар назар дошта бошед, пас дуруст гуфтаед!

Мутаассифона, дастгоҳҳои ҷосусии “Иттиҳодияи экстремистии Салафия” баъзе афсарону кормандони заъифирода ва гумроҳро мутеъи худ сохта, онҳро гумоштаи ташкилотҳои террористӣ намуданд.

Натанҳо полковники хоин Гулмурод Ҳалимов дар Амрико сабақ омӯхта, салафия шудааст, балки баъзе руҳониёни иғвоангез низ ба Амрико сафар намуда, аз муассисони аслии “Иттиҳодияи экстремистии Салафия” сабақ омӯхтаанд.

Вақте ки таълиму тадриси улуми исломӣ барои ноболиғон маҳдуд ва рафтани онҳо ба масҷид қонунан манъ гардид, дар замина халои маънавӣ ва сиёсӣ барои рушди ақидаи салафия ва шаклгири ақидаи террористии дигар ҷараёнҳои такфирӣ комилан муҳайё гардид. Яъне, уламои суннатӣ ба хотири пос доштани ҳукми қонун аз таълиму тадриси динии хонагӣ даст кашиданд. Дигар ноболиғон  ва навҷавонон аз ноилоҷӣ бевосита барои дарёфти ормонҳои имонии худ ба саҳифаҳои иҷтимои интернетӣ ва шабакаҳои моҳворавӣ, ки аксари онҳо моҳияти иғвоангезии салафия доранд,  муроҷиат намуданд.

Ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ин фурсати “тиллоӣ” истифода намуда, ҳазорон ҷавонони тоҷикро мағзшӯйӣ намуда, онҳоро дорои идеологияи такфирӣ ва ифротӣ намуданд.

Ҳолиё мазҳаби ҳанафӣ дар кишвар заъиф ва нотавон гашта, аксарияти ҷавонон майл ба салафия ва исломи инқилобӣ доранд, ки ин омил барои амнияти давлат, ҳукумат ва миллату фарҳанг бисёр хатарнок  мебошад.

TojNews: - Воқеан, оё тасмими аз минбарҳо дур кардани домуллоҳои суннатӣ роҳро барои таҳсилкардаҳои Покистону Арабистон боз накард? Дур шудани домуллоҳои суннатӣ яке аз омилҳои заиф шудани мазҳаб нест?

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: - Баъди вафоти шайх Амонуллоҳи Неъматзода (р), ки парвардаи мактаби Маворуннаҳр буд, вазъи ҷобаҷогузории сархатиб ва муллоимомҳо ба куллӣ шеваи дигар гирифт. Афроде сари мансабҳои динӣ омаданд, ки иддае аз онҳо хатмнамудаи кишварҳои хориҷӣ ҳастанд. Ин омил боиси густариши ақида ва идеологияи Салафия дар қишрҳои гуногуни ҷомеа гашт. Ҷавононе раҳбари динӣ, муддарису мулло гаштанд, ки дорои мафкураи хориҷӣ буда, чуноне болотар ишора кардам, ҳатто таълимоти шайх Абумансур Мотуридии Самарқандиро, ки он беҳтарин ақидаи ҳанафимазҳаб аст, маҳкум намуда, донишҷуёнро дар асоси ҷаҳонбини такфирии Носириддини Алобонӣ  ва Усаймину Бозу Ринат таълим медиҳанд.

Домулло Абдураҳим, мулаққаб ба Абдураҳими қазоқонӣ, сархатиби масҷидаи Қазоқони шаҳри Душанбе, ки аз донишмандони саршиноси Тоҷикистон мебошад, то соли 2009 бар зидди “Иттиҳодияи экстремистии Салафия” ошкоро мубориза бурда, аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  пуштибонӣ мекард, аммо намедонам ӯро бо кадом сабаб аз вазифа сабукдӯш намуданд. Домулло Абдураҳим ягона рӯҳоние буд, ки бо далоли шаръӣ таълимот ва афкори ботили Салафияро маҳкум менамуд. Шикастани уламои суннатӣ бисёр нигаронкунанда аст. Намедонам дар пасманзари ин чӣ фитнаҳои миллаткуш ва ватансӯз нуҳуфтааст.

TojNews: - Баъзе вақт Шуморо мунтақидонатон шиа меноманд. Мегӯянд, ки аз ҳамин сабаб алайҳи Салафия мубориза мебаред...

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: - Аввалан, ки банда ҳанафимазҳабам ва дар хонадони ҳанафӣ ба дунё омада, назди уламои суннатии кишварамон, ки онҳо парвардаи мактаби Бухорову Самарқанд буданд, сабақи динӣ гирифтаам. Афроди фитнагар, иғвоангез, муғриз ва гумоштаҳои сервисхои хориҷӣ, ки амният, оромиш ва истиқлолияти Тоҷикистонро намехоҳанд, ҳама фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро шиа ва рофизӣ хукм намуда, дар асоси ҳамин принсипи террористӣ қатли мусалмононро фарз ва воҷиб меҳисобанд.

Банда бар зидди ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ, аз ҷумла бар алайҳи наҳзатҳои Язидӣ-салафия, ки дар пайи тахсиси “Давлати исломӣ” ҳастанд, даҳҳо мақолаҳои таҳлилӣ-таҳқиқотии шаръӣ ва илмӣ навишта, фаъолиятҳои ҷинояткронаи салафияро дар дохили кишвар ва дар кунгураҳои байналмилалӣ маҳкум намудаам! Инчунин аз нафарони аввалине дар Осиёи Миёна мебошам, ки симои аслӣ ва сирати саратонии Салафияро дар фазои иттилоотии чаҳон фош намуда, исбот намудам, ки равияи бемазҳабии Салафия ҳаракати сирф экстремстӣ буда, ба дини мубини Ислом, аз ҷумла ба аҳли суннат ва ҷамоъат ягон иртиботи эътиқодӣ надорад.

Ровии шабакаи “Висоли Ҳақ” ҷаноби Муҳаммади Ансорӣ тибқи маълумотҳои бардурӯғи салафияи тоҷик маро шиаву рофизӣ ҳукм намуда, шаҳодати бардурӯғ дода, ки гӯё банда хатмкардаи донишгоҳи “Ҷомеъату-л-Мустафо”-и шаҳри Қуми Эрон бошам ва зиёда 10 ҳазору 500 нафарро барои таҳсил ба Қум бурда, шиа намудаам. Ман хатмнамудаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи ВКД ҶТ ҳастам, на таҳсилкардаи кишвари дигар. То имрӯз ягон маротба ақидаи шиа ва ё идеологияи “Вилояти факеҳ”-ро таблиғ накардаам ва ниёз ба таблиғи онҳо нест. Ҳар гоҳе ки мо мусалмонони ҳанафимазхаб қиёс, раъй, иҷмоъ, васила, зиёрат, табаррук, дуъои дастҷамъӣ ва хайру худоӣ (садақот)-ро ҳамчун омили муҳими шаръӣ қабул дорем ва эътироф мекунем, аммо салафия ба ин ҷиҳат моро шиву рофизӣ ҳукм намуда, кофиру мушрик меҳисобанд.

Салафия на танҳо маро, балки Имоми Аъзам (р), Мотуридии Самарқандӣ (р) ва даҳҳо Уламои саршиноси аҳли суннатро бидъаткор, шиа, кофиру мушрик меҳисобанд, Фикҳи исломиро қабул надоранд.

TojNews



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2