Хонданд: 3188

Исмоилиён

Исмоилия яке аз равияҳои асосии исломи муосир ба шумор меравад. Айни ҳол дар тамоми чаҳон беш аз 20 млн пайравони равияи исмоилия ба қайд гирифта шудааст. Онҳо асосан дар қаламрави Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Танзания, Кена, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Ливан, Сурия, ва ҳамчунин дар ИМА, Канада, Британияи Кабир, Фаронса ва дар як қатор давлатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон пайравони ин равияи дини ислом дар Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ умр ба сар мебаранд ва яке аз ҷомеаҳои бузурги равияи мазкурро дар ҷахон намояндагӣ мекунанд.

Таърихи пайдоиши равия Исмоилия бо он тақсимшавии мусалмонҳо, ки вақте пас аз марги пайғомбар Муҳаммад мусулмонҳо ба мазҳабҳои суннию шииа ҷудо шуда буданд, монанд аст. Пас аз марги имоми шииаҳо – имом Ҷаффар ас-Содиқ, ду самти шииамазҳабони мусулмон ба миён омад, ба гурӯҳи якум онҳое, ки писари у Исмоилро ҳамчун имоми навбатӣ эътироф карданду исмоилиён шуданд, дохил мешавад ва ба гурӯҳи дуюм бошад, онҳое, ки бародари у Имом Мусо Қозимро ба сифати имом қабул карданд, шомил гаштаанд.

Аслан, харакати исмоилия бо таъсисёбии гуруҳе, ки даъвои пайравони Исмоилро барои имом шудан дастгирӣ мекард, оғоз гардидааст. Дере нагузшта ҳаракати мазкур ба ҳаракати пурқуввати динию сиёсӣ ва иҷтимоию фалсафӣ мубаддал гардид. Он ба ҳаёти исломӣ таъсири амиқи худро расонд, ва ба пешрафти анъанаҳои озодфикрии мусалмонӣ, саҳми босазои худро гузошт. Ғайр аз ин, дар асоси он як қатор равияҳои ҷадид, ҷаҳонбинӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ ба амал омаданд.

Дар охири асри 10 исмоилиён таълимоти худро дар тамоми Шарқи наздик, ва ҳамчунин дар Андалузияи Испания паҳн карданд. Онҳо ҳокимияти сиёсиро дар Марғиб (Африқои шимолӣ) ба даст оварданд ва давлати абаркудрат- Хилофати фотимиёнро бо пойтахт дар Қоҳира бунёд карданд. Давлати мазкур такрибан 200 сол арзи ҳастӣ карда буд.

Дар асрҳои 10-11 исмоилия дар Шарқи наздик ва дар Осиёи Марказӣ ба шакли таълимоти динию фалсафӣ паҳн гардида буд. Таълимоти мазкур масоили асосии мавҷудият ва руҳро тафсир мекард. Исмоилиён тавонистанд ба ҷониби худ қисмати зиёди аҳолии босавод, мутаффакирони машҳур, ходимони бузурги давлатиро ҷалб намоянд. Онҳо низоми ақидаҳои мулоҳизакорона, таълимоти ниҳоят мушкили динию фалсафӣ, догматика, расму оини худӣ ва ғайраро коркард кардаанд.

Баъдан маркази имомияти исмоилиён ба Эрон кӯчонида мешавад, ки дар он ҷо адабиёти фарроху гуногунҷабҳаи динию фалсафӣ оид ба масоили мухталифи омӯзишӣ ва догматикаи исмоилия ташкил карда шуд.

Марҳилаи эронӣ дар таърихи исмоилия ба ду давра- давраи алавӣ ва баъди онҳо, ки то нимаи асри 19 идома ёфтааст, тақсим мешавад. Давраи алавӣ, ки бо замони пурзӯр гардидани парокандагии феодалӣ дар Эрон рост меояд, бо он тавсиф меёбад, ки исмоилиён муборизаи бобарор барои ташкил кардани давлати мустақили исмоилӣ пеш мебурданд. Давлати алавӣ мулкҳои мустақил ва қалъаҳои алоҳидаро, ки дар тамоми қаламрави Эрон ҷойгир буданд, муттаҳид мекард. Ҳамчунин як қатор мулкҳои хурди мустақили исмоилӣ аз Сурия то Бадахшон ташкил карда шуда буданд.

Исмоилиёни Эрон дар муборизаи зидди муғулии мардуми эронӣ ширкати фаъолона меварзиданд. Танҳо солҳои 50-уми асри 13 муғулҳо тавонисатнд муқовиамти исмоилиёнро шикаст дода, қалъаҳои онҳоро ишғол ва хароб намоянд. Истилогарони муғул сиёсати пурра нобуд кардани исмоилиён ва хароб кардани муҳити фарҳангӣ, ки аз ҷониби исмоилиён дар муддати якчанд аср ташкил карда шуда буд, пеш мебурданд. Хусусан, китобхонаи ғанитарини Алавӣ торумор ва оташ зада шуда буд, ки дар натиҷа дастнависҳои нодир, ки ба фалсафа ва теологияи исмоилӣ бахшида шуда буд, нобуд шуданд.

Давраи баъдиавлавӣ (нимаи дуюми асри 13то нимаи аввали садаи 19) яке аз марҳиллаҳои вазнинтарин ва фоҷианок дар таърихи исмоилия ба ҳисоб меравад. Он замон худи ҷамъияти исмоилия дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт, муносибат байни имомат ва пайравони он суст шуда буд.

Баъдан имомҳои исмоилиён маркази имоматро дар Анҷидон баркарор карданд ва сипас онро ба Маҳаллат (наздикии шахри Қум) кӯчониданд. Онҳо тавонистанд муносибатҳои қатъкардашударо бо ҷамъиятҳои исмоилӣ дар Ҳиндустон, Бадахшон, Афғонистон, Сурия ва дигар ҷойҳо барқарор намоянд. Аллакай дар давраи салтанати зендҳо (1760-1794) ва қачорҳо (1794-1925) имомҳои исмоилӣ дар ҳаёти сиёсии Эрон иштироки фаъолона доштанд. Асосан имом Шоҳ Халилиллоҳи 3 (1780-1817) бо Фатҳалӣ - шоҳи Қочор (1797-1834) муносибати хуб дошт, ва вақте дар соли 1817 дар натиҷаи задухӯрди динӣ дар шаҳри Язд имоми исмоилиён аз тарафи мутаасибони динӣ кушта шуд, шоҳ Фатҳали бо мақсади ором кардани наздикони ӯ, духтари худро ба писари вай, шоҳ Ҳасан Алӣ ба занӣ медиҳад. Шоҳ Фатҳалӣ ҳокими охирони Қумро таин кард ва ба ӯ мақоми фахрии «Ого Хонро», ки мақоми меросии имомҳои исмоилиён шуд, дод. Аммо дар давраи салтанати Муҳаммадшоҳи қочорӣ (1834-1848) дар натиҷаи фитнаҳо ва муборизаҳо дар байни гуруҳҳои мухталифи дарборӣ, муносибати имоми исмоилиён Ого Хони 1 бо аҳли дарбори шоҳ зуд бад гардид.

Соли 1841 ӯ сарҳади Афғонистонро гузашт ва ба шаҳри Қандаҳор омад. Аз Афғонистон дере нагузашта ба Ҳиндустон кӯч баст ва сипас дар Бомбей маркази нави имомати исмоилиёнро таъсис дод.

Кӯчонидани маркази имомат аз Эрон ба Ҳиндутсон дар рушди исмомиля нақши муҳим бозид. Давраи нав дар таърихи он оғоз мегардад. Дар Ҳиндустони бритонӣ Ого Хони 1 ҳамчун раҳбари яке аз самтҳои ислом аз ҷониби давлат дастгирӣ ва ҳимоя карда мешуд, ки ин ба меъёри муайян ба мустаҳкам шудани мавқеи ӯ дар ҷомеа мусоидат кард. «Давраи бомбейӣ» тақрибан 30 сол давом ёфт, ва дар ҷараёни ин вақт Ого Хони 1 аз уҳади дар атрофи хеш муттаҳид кардани шумораи зиёди ҷомеаҳои ноаҳли исмоилӣ баромад. Ҷомеаи аз ҳама бештар муташаккили низаритҳо дар Ҳиндустон ҷамоати хоҷа-исмоилиён буд. Намяндагони он маълум шуд, ки бештар барои муттаҳид шудан омода будаанд. Дар асоси таҷрибаи онҳо, кори диққатталаб барои азнавсозии ҷамоати исмоилиён гузаронида шуд. Ин боиси мустаҳкам гаштани мавқеи исмоилиёни Ҳиндустон дар давраи Ого Хони 2 (1881-1885) ва хусусан дар замони Ого Хони 3- Султон Мухаммадшоҳ (1885-1957) гардид.

Ого Хони 3 дар тақвият бахшидани ҷамоати исмоилиён, махсусан дар Ҳиндустон ва Африқои шарқӣ нақши бузург бозид. Бештар ба гузаронидани ислоҳоти куллии иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, ки метавонист ҷамоати исмоилиёнро ба ҷамоати муосиру пешрафта бо сатҳи баланди некуаҳволӣ табдил бидиҳад.

Ҷамоати исмоилӣ дар замони Ого Хони 3

Ого Хони 3 маблағи калон барои амалигардии барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ баҳри ислоҳоти ҷамоати исмоилия ва беҳтар шудани некуаҳволии он сарф мекард. Ҳамчунин у, як қатор созмонҳо ва муассисаҳои молиявӣ, ки барои тадбиқи барномаҳои бисёрмаксадонаи ӯ равона карда шуда буданд, таъсис дод. Ҳамин тариқ, Ого Хони 3 дар соли 1935 дар Африқои шарқӣ ширкати суғуртавӣ ва соли 1936 ширкат барои сармоягузории депозитарӣ ташкил кард. Ин ширкат, ва ҳамчунин созмонҳои фаръии он ба тоҷирон, кооперативҳо ва ба шахсоне, ки ба дастгирии молиявӣ муҳтоҷ буданд, қарз бо фоизи паст барои сохтани манзилҳо медод.

Дар ин давар Ассотсиатсияи хайрияти мусалмонҳои Африқои шарқӣ фаъолияташро шурӯъ кард, ки яке аз асосгузорони он Ого Хони 3 буд. Ассотсиатсияи мазкур фаъолияти пуравҷ баҳри сохтмони мактабҳо ва масҷидҳо барои ҷамоати мусулмонии маҳаллӣ дар Африқои шарқӣ пеш мебурд.

Ого Хони 3 ба сохтмони манзилҳо барои пайравони худ аҳамияти ҷиддӣ медод. Як қатор ширкатҳои бинокорӣ дар ҷойҳои зиндагимекардаи исмоилиён дар Африқои шарқӣ таъсис дода шуданд. Ҳамзамон раванди сохтмони муассисаҳои таълмӣ, китобхонаҳо, беморхонаҳо, муолиҷахонаҳо ва ҳоказо гузаронида мешуд. Дар сохтори шуроҳо созмонҳои мувофиқ барои бурдани назорат аз болои фаъолияти ин муассисаҳо ташкил карда шуда буданд.

Соли 1957 пас аз марги Ого Хони 3 набераи ӯ, донишҷӯйи Донишгоҳи Гарвард, Ҷаноби олӣ Шоҳзода Карим Ого Хон 49-ум имоми исмоилиён шуд. Ого Хони 4 кори бобояшро идома медод ва дар Африқои шарқӣ сохтори хуби муташаккил таъсис дод. Он дорои дастгоҳи хуби идоракунанда буд, ки ба ҳаёт принсипҳои муҳими Қонуни асосиро ҷорӣ намуда, ҳокимияти мутлақи имомро таъмин менмуд, амният ва эътимоднокии ҳаёти дохилиҷамоатиро кафолат медод ва ҳамзамон ҳамчун василаи хуби азнавсозии ҷамоат хизмат мекард. Зиёда аз ин, он ба инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷамоати исмоилияи Африқои шарқӣ мусоидат кардааст.

Сохтори ба ин монанд дар шӯроҳо инчунин барои ҷамоатҳои исмолияи Ҳиндустону Покистон ташкил карда шуда буд. Бо назардошти шартҳои маҳаллӣ дар ин ҷо низоми ягонаи шӯруҳо таъсис ёфт, ки пурра дар зери назорати имоми замон карор дошт. Дар Покистон рахбарии маъмурии ҷамоатро шӯрои федеративӣ дар Қарачӣ ба уҳда дошт. Он фаъолияти панҷ Шӯроҳои олӣ, ки минтақҳои кишварро намояндагӣ мекарданд, координатсия мекард, ва аз ҷумла як шӯро Покистони шарқиро намояндагӣ мекард, ки дар соли 1972 мустақилиятро ба даст оварда, номи Бангладешро соҳиб гашт.

Дар Ҳиндустон Шӯрои олӣ дар Бомбей воқеъ буд ва кори чор шӯрои минтақавиро дар Махараштр, Гуҷарат, Ҳиндустони ҷанубию шарқӣ сарварӣ мекард. Дар сохтори иерархӣ бошад, 28 шӯрои маҳаллӣ ҷойгир буд. Ҳар як шӯро раҳбар ва аъзоҳо дошт, ки аз ҷониби имом таин ва ё аз рӯйи тавсияи ӯ интихоб карда мешуданд. Ҳамаи шӯроҳо ваколатҳои дараҷаи судӣ оид ба корҳои шаҳрвандӣ доштанд.

«Ҷомеаи воситаҳои исмоилӣ ва таълимоти динӣ» ҳамчунин дар Покистону Ҳиндустон низ бунёд гашта буданд. Маркази ин ҷомеаҳо дар Қарачӣ ва Бомбей ҷойгир буд. То охири солхои 70 ин созмонҳо мустақилона амал мекарданд.

Шабакаи созмонҳои Ого Хон оид ба рушд

Ҳамин тариқ, мунтазам дар кишварҳое, ки исмоилиён умр ба сар мебурданд, шабакаҳои зиёди созмонҳо ташкил карда шуданд, ки баҳри тадбиқи барномаҳои рушд дар соҳаҳои таълиму тарбия, тандурустӣ, сохтмони манзилҳо ва ғайраҳо равона карда шуда буданд. Ин созмонҳо супоришҳои худро дар зери назорати умумии шӯрои федеративӣ дар ҳар як кишвари алоҳида иҷро мекарданд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҳиндустону Покистон, ба мисли дигар кишварҳои Африқои шарқӣ, пайравони Ого Хон аз амалигардонии барномаҳои мухталифи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ки ба воситаи сохторҳои созмонҳои оид ба рушди Ого Хон тадбиқ карда мешаванд, фоидаи калони иқтисодиву иҷтимоӣ ба даст меоварданд. Дар рафти се даҳсола аз ҷониби Ого Хони 4 як қатор шабакаҳои созмонҳое, ки супоришҳои амиқро дар соҳаи рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг дар кишварҳои сеюми чаҳон иҷро мекунанд, таъсис дода шудааст.

Шабакаи созмонҳои Ого Хон оид ба рушд аз якчанд ташкилотҳои байналмилалии ғайритиҷоратӣ ва ғайридавлатӣ иборат аст. Дари онҳо барои ҳама шахсони новобаста аз мазҳаб, нажод ва ҳоказо боз аст.

Нақши бениҳоят муҳимро дар соҳаи пешрафти иҷтимоӣ Хазинаи Ого Хон мебозад, ки соли 1967 таъсис дода шудаасту яке аз созмонҳои пешсаф дар кори рушди хоҷагии қишлоқ, тандурустӣ, маориф ба ҳисоб меравад. Ситоди созмони мазкур дар Женева ҷойгир аст, филиалҳо ва шӯъбаҳои он дар давлатҳои Африқои шарқӣ, Осиёи ҷанубӣ, Аврупо ва Амрико ифтитоҳ гардидааст. Соли 1994 шӯъбаи созмони мазкур дар Тоҷикистон низ кушода шуд.

Супориши асосии хазина – маблағгузорӣ ва инкишоф додани лоиҳаҳое, ки барои беҳтар кардани ҳолати иқтисодӣ, тандурустӣ ва таълиму тарбияи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимои сустпешрафтаи кишварҳои сеюми ҷахон равона карда шудааст. Аз хама лоиҳаҳои бузург дар соҳаи маориф, ки номи «Оила» ва «Кудаконро» ба худ касб кардааст, ба шумор мераванд, ки беш аз 300 мактаб, 200 бемористону муолиҷахонаҳо ва марказҳои тиббиро дар бар мегиранд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа омодагардонии мутахассисони баландихтисос ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқотҳо амалӣ гардонида мешавад.

Фаъолияти Созмони Ого Хон оид ба рушд ва хазинаи ӯ бо созмонҳои байналмилалии пешсаф, муассисаҳои олии таълимӣ, хусусан бо Донишгоҳҳои Гарвард ва Оксфорд, ва ҳамчунин бо донишгоҳҳои Торонто, Макгила ва ғайраҳо ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Яке аз супоришҳои асосии хазинаи мазкур беҳтарнамоии шароитҳои зиндагонии кишварҳои рушдёфтаистодаи Африқои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Барномаи сохтмони манзили Ого Хон таъсис ва амалӣ гардонида шудааст. Хазинаи мазкур тависиаҳои техникӣ медихад, барои азнавсизии шаҳрҳои қадима, сохтани манзилҳои нав, муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо, таълимгоҳҳои олӣ кӯмак мерасонад.

Хазинаи Ого Хон оид ба рушди иқтисодӣ дар се самт фаъолият мекунад: иштрок дар инкишофи саноат, расонидани кӯмак барои пешрафти сайёҳӣ ва амалигардонии лоиҳаҳо.

Исмоилиён дар Тоҷикистон

Бадахшони кӯҳӣ (ВМКБ) яке аз минтақаҳои азими зиндагонии сарҷамъонаи исмоилиён ба шумор меравад.

Дар рафти беш аз 70 сол ВМКБ ба ҳайати кишвари шӯравӣ дохил мешуд, ки ба меъёри муайян тарзи зиндагонии мардуми он маконро тағйир дод. Роҳҳои муосир, сатҳи баланди таъминот бо қувваи барқ ва рушди низоми алоқа, алоқаи автомобилию авиатсионӣ, ки деҳаҳои дурдастро бо маркази вилояти ВМКБ шаҳри Хоруғ ва онро бо минтақаҳои аз ҳама дурдасти Иттиҳоди Шӯравӣ мепайвандад, агар ҳаёти мардумро дар кӯҳистон беташвиш накарда бошанд ҳам, лекин онро хеле мӯътадил гардонидаанд.

Пас аз давраи шӯравӣ, дар ҳаёти маънавии исмоилиёни ВМКБ тағйиротҳои муҳим ба вуҷуд омаданд. Сокинони вилояти мазкур бемузд таълимоти миёна мегирифтанд, ба китобхонаҳо, маҷмуаҳои иҷтимоию фарҳангӣ дастрасӣ доштанд. Ҳамаи ин ба тағйир ёфтани ҷаҳонбунӣ ва муносибаташон ба дин мусоидат кард.

Пеш бурдани сиёсати муборизаи бераҳмона бар зидди дин ва фаъолияти динӣ аз ҷониби Ҳизби коммунист ба он боис гардид, ки дар оғози солҳои 30 «масъалаи динӣ» дар ВМКБ ба пуррагӣ бартараф карда шуд. Шахсони обруманди диниро ба ҷазо кашиданд ва ё онҳо вилоятро тарк карда, ба хорича фирор намуданд. Барои гузаронидани маросимҳои динӣ дар ҳар як шӯрои қишлоқ «халифа» таин карда мешуд, ки на арбоби динӣ, балки аниктараш ходими давлатӣ буд. Истифодабарии адабиёти динӣ манъ гардида буд. Таълимоти исмоилӣ сарчамаи ба вуҷудовардандаи ҷаҳонбинии «торик», «ҷахолатпараст» ва «зидди илм» эълон карда шуд.

Соли 1936 аз тарафи ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ қарори маҳкам кардани сарҳадҳо бо Афғонистон қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, дар рафти даҳсолаҳои тӯлонӣ хешовандони наздик, ки дар соҳилҳои мухталифи дарёи Панҷ умр ба сар мебурданд, аз ҳуқуқи робита доштан бо наздикони хеш маҳрум гаштанд. Бо ин васила, ҳукуматдорон алоқаи диниро дар байни исмоилиёни ВМКБ ва ҳаммазҳабони онҳо, ки дар он тарафи сарҳад зиндагӣ мекарданд, қатъ намуданд.

Ҳаммазҳабони исмоилиёни Помир, ки дар хорича зинадагони мекарданду бо наздикони хеш робита надоштанд, сафи сотсиалистиро ягона роҳи халос шудан аз қашшоқӣ, гуруснагӣ ва таҳқир меҳисобиданд ва ба мустаҳкам гардидани он боварии комил доштанд. Аммо пас аз барҳамхурии Иттиҳоди шӯравӣ ва хусусан дар алоқамандӣ бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамаи ин тасаввуротҳо дар давоми як соат нобуд шуданд. Ба муҳосира афтода, сокинони ВМКБ ва ҳазорҳо гурезаҳо ба доми марги гуруснагӣ афтоданд.

Дар чунин рузҳои барояшон вазнинтарин созмонҳои зиёди байналмилалии хайриявӣ, пеш аз ҳама созмонҳои Ого Хони 4 барои дароз кардани дасти ёрии хеш омаданд.

Саҳми Ого Хони 4 дар раванди ба таври осоишта танзим кардани низоҳои байнитоҷикӣ ниҳоят бузург аст, ки ӯро якчанд маротиба ҳам ҳукуматдорони расмии Тоҷикистон ва ҳам раҳбарони мухолифини кишвар дастгирӣ карда буданд. Дар ВМКБ Хазинаи Ого Хон барономаи кӯмак ва рушди Помир амалӣ гардонида мешавад. Дар солҳои аввали фаъолияти худ дар Тоҷикистон (1994-1997), хусусан дар Бадахшон, Хазинаи Ого Хон асосан бо корҳои таъмин кардани маҳсулоти хӯрокаи асосӣ сару кор мегирифт. Ин иқдом барои он пеш гирифта шуда буд, ки бинобар сабаби ҷанги шаҳрвандӣ низоми кашонидани пеш аз мӯҳлати маҳсулоти лозима ба вилояти баландкӯҳу мушкилдастрас вайрон гардид, ки дар натиҷа Бадахшони кӯҳӣ ба доми муҳосира афтод ва аҳолӣ, ки аз маҳсулоти хӯрока маҳрум шуд, дар дами марги гуруснагӣ карор гирифт. Аз ҷниби хазинаи Ого Хон ба вилоят ҳазорҳо тонна маҳсулоти хӯрока оварда ва дар байни аҳолии тақсим карда шуда буд.

Акнун, пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикстон ва пойдоршавии сулҳ ва устуворӣ дар кишвари мазкур, Хазинаи Ого Хон супориши асосии худро дар инкишоф додани иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дар азнавсозии хоҷагии қишлоқ мебинад. Мақсад аз ин таъмин гардидани аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокаи истеҳсоли дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Муаллиф- Саиданвар Шохуморов, котиби илмии Институти шарқшиноӣи ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҶТ.

НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2