Хонданд: 2995

Муассисаҳои таълимотии давлатӣ

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит

Донишгоҳи исломӣ бо қарори Ҳукумати ҶТ дар моҳи ноябри соли 2007 таъсис дода шудааст.

Пештар донишкадаи мазкур номи донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи ат-Тирмизиро дошт, ва соли 1991 бунёд гардида буд, аммо расман эътироф карда мешавад, ки ифтитоҳи донишгоҳ соли 1997 суръат гирифтааст.

Мувофиқи маълумоти раёсати феълии донишкада, кушодашавии донишгохи исломи дар охири чанги шаҳррвандӣ дар соли 1997 рост омад. Онро гурӯҳи уламои динӣ, ва ҳамчунин бо қарори конфронси мусулмонҳои ҶТ аз 5 июни соли 1997, аз рӯйи мувофиқаи Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд.

То охири соли 2007 дар донишгоҳ танҳо ду факулта, факултаи методологияи дин ива шариати исломӣ мавҷуд буд.

Соли 2008 пас за хотимаи корҳои ташкилию муназзим, донишкада дари худро барои қабули донишҷӯён аз рӯйи панҷ ихтисос, илмҳои Қуръон, филологияи араб, таърихи ислом ва дин, фақеҳӣ ва фалсафаи ислом, илмҳои исломӣ боз кард.

Соли 2008 бо қарори президенти ҶТ Донишкадаи исломии Тоҷикстон номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро гирифт. Ҳамон сол, гимназияи нахустини махсус дар назди донишкада кушода шуд, ки дар баробари барномаи таълимии дигар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон илмҳои динӣ, барномаи омӯзиши сатҳии Қуръон, ҳадисҳо, таърихи ислом, таълимоти исломӣ ва забони арабӣ омӯзонида мешаванд.

Соли 2010 дар фаъолияти донишкада тағйирот ба вуҷуд омад, донишкада аз зери раҳбарии Вазорати маорифи ҶТ баромад ва айни хол дар зери тобеияти сохтори Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ қарор дорад. Ба ҳайси ректори донишкада дотсент Умаралӣ Назаров, ки пештар мақоми проректор оид ба корҳои таълимро ба зимма дошт, таин гардид. Дар охири соли 2010 донишкада аттестатсияи давлатии назорат ва иваз кардани ҷойи кадрҳо, ки аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ ба роҳ монда шуда буд, гузашт.

Дар барномаҳои таълимӣ на танҳо омӯзонидани илмҳои динӣ, балки таълим додани фанҳои муосир низ дохил карда шудааст. Донишкада дар ҳафт самт амал мекунад: улуми Қуръон, ҳадисҳои пайғомбар, шариати исломӣ, филологияи араб, таърих ва фалсафаи ислом, илмҳои табиию иттилооти ва забономӯзӣ омӯзонида мешаванд. Ба қатори таърихи ислом, ҳамчунин таърихи давраҳои қадим, асрҳои миёна, муосир ва махсусан таърихи давраи навини халқи тоҷик дарс дода мешавад. Аҳамияти зиёд ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ равона карда шудааст. Он донишҷӯёне, ки филологияи арабро меомузанд, доир ба таърих, иктисодиёт, ҷуғрофия, робитаҳои сиёсӣ ва байналмилалии кишварҳои арабизабон маълумоти муфассал мегиранд.

Соли ҷорӣ маҷаллаи илмию фарҳангии донишкада бо номи «Маърифати исломӣ» бо ду забон (тоҷикӣ ва арабӣ) интишор карда шуд.

Соли 2010 дар баробари факулати «Илмҳои исломӣ» факултаи «филологияи шарқӣ» кушода шуд ва бо максади танзим кардани идора ва истеҳсоли кор, раёсати донишкада «Шӯъбаи тафтишу назорат ва алоқа бо чамъият» ташкил кард. Ҳамчунин баҳри рушди корҳои таҳқиқотӣ, коркарди эҷодиёти илмию таълимӣ, адабиёти илмию методикӣ, «Маркази корҳои тадқиқотӣ» ба роҳ монда шуд.

Дар донишкада нашриёти худӣ кушода шуд, ки бо таҷҳизоти муосири ранга таъмин карда шудааст ва фаъолияти худро моҳи июли соли 2011 оғоз кард ва инчунин сомонаи махсуси донишкада - islam.tj боз карда шуд.

Мувофиқи тартиботи дар донишкада ҷорикардашуда, бояд 1500 нафар донишҷӯён таҳсил намоянд, мутаассифона, мушкилӣ дар он аст, ки дар дохили донишкада ҷойҳои таълимӣ кифоя нестанд. Проблемаи дигар, донишкада имкони дар шаҳри Душанбе пурра бо ҷойи истиқоматӣ, яъне бо хобгоҳ таъмин кардани донишҷӯёне, ки аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ва аз кишварҳои хориҷаи дуру наздик меомадаро надорад.

Дар донишкада гурӯҳҳои буҷавӣ ҳастанд, ки маблағгузории таҳсили онҳо аз ҳисоби буҷа амалӣ карда мешавад, ва ҳамчунин гуруҳҳои шартномавӣ ҳастанд, ки хароҷоти таҳсил аз ҳисоби худи донишҷӯён пардохт карда мешавад.

Барои дохил шудан ба доншкада довталабон имтиҳоноти хаттӣ (иншо) бо забони форсӣ дарӣ ва адабиёт ва инчунин санҷишҳо, ки саволҳо дар бораи забони форсию дарӣ ва адабиёт, таърихи Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, забонҳои хориҷӣ ва ҳоказоро фаро мегиранд, месупоранд.

Имтиёз ба довталабоне, ки дониши забони форсӣ ва алифбои арабиро доранд, дода мешавад. Аммо довталабони шӯъбаи «улуми Қуръон» бояд пурра Қуръонро ҳифз карда бошанд, ки таҳсили онҳоро баъдан дар ихтисоси мазкур осон мегардонад.

Раванди таҳсил дар донишкада айни ҳол аз се зина таркиб ёфтааст. Якум, бакалавр, ки мӯҳлати таҳсил чор сол аст. Дуюм, магистратура, мӯҳлаташ ду сол аст. Баъди хатми таҳсил дар магистратура ва ба охир расонидани омодакунӣ ва ҳифзи номзадии магистерӣ, хохишмандон метавонанд ба аспирантура дохил шаванд ва бо корҳои илмию таҳқиқотӣ сару кор гиранд.

Дар Донишкада шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона аст. Шӯъбаи улуми Қуръон ва шӯъбаи филологияи араб шакли ғоибонаи таҳсилро надоранд. 

НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2