Имтиёзҳо ва барномаҳои Рамазонии мо (3)

12.07.2015, 15:18 Хонданд: 254

(Идомаи Имтиёзҳо ва барномаҳои Рамазонии мо (2) 

Имтиёзҳо ва барномаҳои Рамазонии мо (1))

Салом ва дуруд бар Шумо меҳмонони Илоҳӣ

Рӯзҳои ин моҳи азиз мегузарад ва аҷру подош ва қурби Илоҳӣ барои шумо рӯзадорон мемонад. Шумо ки муштоқи бандагии Ӯ ҳастед. Ҷамъе бо рӯзадории холисона бар Ӯ тақарруб меҷӯянд ва иддае ҳам ки барои рӯза гирифтан монеъе доранд, бо риояти ҳурмати ин моҳ ва анҷоми ибодати дигар ибрози бандагӣ мекунанд. Дӯстон боз ҳам имтиёзот ва барномаҳои ин моҳ ба Шумо тақдим мегардад:

Имтиёзи ҳаштум: Бештарин тоат, камтарин маъсият

Ин моҳ дар муқоиса бо моҳҳои дигари ин имтиёзро дорад, ки итоати Парвардигор дар он беш аз ҳама замонҳост. тавба ва бозгашт аз гуноҳон, рӯйовардан ба намоз, хидмат ба хонавода, садоқат ва дурусткорӣ дар ин моҳ бештар шуда ва дар нуқтаи муқобили гуноҳ ва хато ба ҳаддиақалл мерасад. Борҳо иттифоқ афтодааст,ки марказҳои интизомӣ омор додаанд, ки ба таври чашмгире дар ин моҳ ҷурмҳо ва талафот коҳиш ёфтааст ва албатта интизор ҳам ҳамин аст, ки чаро ки дар заминаҳои покӣ ва маънавият дар ин моҳ муҳаё ва авомили рушди маънавӣ побарҷост.

Имом Саҷҷод, фарзанди Ҳазрати Имом Ҳусайн дар дуое мефармоянд: “Салом бар ту эй моҳе, ки дилҳо дар ту нарм ва ҳақпазир буд ва гуноҳон дар ту андак буд”.

Барномаи ҳаштум: Адои ҳуқуқи мардум

Ин моҳ, моҳи покӣ аст, моҳи озод шудан аз гуноҳ ва гирифторӣ ва яке аз борҳои сангин бар дӯши инсон ҳаққуннос аст. Қарздорӣ ба дигарон ва қарздор будан аз ину он боиси бетавовутӣ дар дунё ва гирифторӣ ва уқубат дар Барзах ва охират аст. Биёед дар ин моҳи Худо чанд тасмими хуб дар ин замина бигирем:

1.Қарзҳои худро дақиқ бинависем, агар имкон дорем пардохт кунем ва агар нест, барномае барои он мушаххас кунем, ки дар аввалин фурсат пардохт гардад.

2.Агар амонате аз касе дар дасти мост, оно баргардонем ва агар лозим аст бо аломат ё навиштае мушаххас кунем марбут ба чӣ касе аст?

3.Нисбат ба мавридҳое, ки ба фарде хисорате задаем, вале ҳеҷ нишоне аз ӯ надорем маблағи муносиб бо он хисорат ба унвони садақа бидиҳем.

4. Васиятномае дошта бошем, ки қарзҳои мо дар он сабт шуда бошад ва ҳатто мавридҳои ҷузъиро дар варақае навишта дар васиятнома қарор диҳем, ки агар маргамон фаро расид ҳаққи мардум зоеъ нагардад.

Имтиёзи нуҳум: Дуо ба иҷобат наздиктар

Аз он ҷо, ки дар моҳи мубораки Рамазон, меҳмони Худои меҳрубон ҳастем дуо ба иҷобат хеле наздик аст. Мо бандагони Худо ҳастем гар меҳмоне дошта бошем ва ӯ аз мон дархосте намояд, ки мақдури мост, ҳатман хостаи ӯро анҷом медиҳем ва мегӯем меҳмон азиз аст ва набояд ба ӯ “на” гуфт. Пас, Худои боазамат чӣ гуна хостаи бандаи худро рад кунад? Ба ҳамин ҷиҳат Паёмбари азизамон (с) фармуданд: “Дуои шумо дар моҳи Рамазон мустаҷоб аст”. Албатта ин нуктаро ҳам набояд фаромуш кард, ки иҷобат яъне таваҷҷуҳ ва расидагӣ ба хостаи бандагон, пас агар хостаи ман феълан бахайр набошад, ӯ ба гунаи дигар посух медиҳад. Ё лутфи дигаре ба ман менамояд, ё балоеро аз ман дур мекунад ва ё барои охиратам захира менамояд. Аммо ба хостаи ман ҳаргиз бетаваҷҷуҳӣ намекунад.

Барномаи нуҳум: Дуо, ба вижа пас аз намозҳо

Акнун ёдовар мешавем дар ин моҳ дуо мустаҷоб аст аз ҳар фурсате барои муноҷот бо хондани дуоҳо ва муноҷотҳое, ки аз азизони Худо ба мо расидааст. Дар дуоҳо бо забони худ бо Худо дарди дил кунем. Аз неъматҳо бигӯем ва шукр кунем. Аз ғафлатҳо бигӯем ва узрхоҳӣ намоем, аз норасоиҳо ва камбудиҳо бигӯем ва талаби ёрӣ кунем. Аз шайтон ва нафс бигӯем ва паноҳандагӣ бихоҳем ва ёдамон наравад, ки аз беҳтарин замонҳо барои дуо дар ин моҳи бузург, баъд аз намозҳо аст, чаро ки Паёмбар (с) фамуданд: “Дар замонҳои намоз дастҳои худро ба сӯи ӯ ба дуо баланд кунед, зеро замонҳои намоз арзишмандтарин соатҳо ҳастанд, Худованд дар ин замонҳо бо раҳмат ба бандагон назар менамояд ва нидои ононро посух дода, дархосташонро расидагӣ намуда ва дуояшонро мустаҷоб менамояд”.

Пас, ғофил нашавем, ҳам барои худ ва ҳам барои дигарон дуо кунем.

Имтиёзи даҳум: Канор гирифтан дар канори авлиёи Худо

Паёмбар (с) дар ҷумъаи охири моҳи Шаъбон ва дар хутбаи худ фармуданд: “Мардум ҳамоно моҳи Худо бо баракат ва раҳмат ва мағфират ба шумо рӯй оварда аст... он моҳе аст, ки дар он ба меҳмонии Худованд даъват шудаед...”. Ба назари шумо мухотаби ин каломи нуронӣ кист? Оре, мухотаб ҳама ҳастанд, ҳамаи мардум аз афроди хатокор гирифта то мусалмононе, ки муроқиб ҳастанд гуноҳ накунанд ва то муъминин, солиҳин ва муттақин ва боз ҳам болотар то авлиёи Худо. Ҳама ва ҳама дар ин зиёфат даъватанд. Пас, як нукти муҳим ва як фурсати истисноӣ! Дар ин моҳ ман дар канори авлиёи Худо ва бо онон ба як меҳмонӣ даъват шудаам. Ҳама ифтихори бузург ва ҳам фурсати арзишманд, ки талош кунам дар канори эшон бимонам ва дар ақида ва амал аз онон ҷудо нашавам ва ҳар чӣ бештар ба онон наздик гардам.

Барномаи даҳум: Улгӯ қарор додани хубон

Аз он ҷо, ки ин моҳ моҳи худсозӣ ва рушду камол аст ва яке аз роҳҳои пешрафти маънавӣ доштан улгӯ будан ва нигоҳ кардан ба афроди муваффақ аст, дар ин моҳ бо мутолиа ва диққат дар зиндагии хубон аз рафтори неки онон дарс бигирем.

Яке аз шахсиятҳои бузург дар олами Ислом, ҳазрати Хадича (с) аст, ки улгӯи некӯӣ барои мо ҳастанд, ба панҷ вижагии муҳими эшон ишора мекунем:

1. Дӯст доштан барои Худо

Ҳазрати Хадича (с) Расули Худо (с)-ро барои Худо интихоб намуд ва дар роҳи ин интихоб бисёре аз дӯстиҳо, имконот ва муваффақиятҳо гузашт. Мо ҳам саъй кунем ҳар кас ва ҳар чиро дӯст дорем, фақат ба хотири Худо бошад.

2. Эъломи сареҳи боварҳо

Ҳазрати Хадича (с) эълом намуданд,  ман ҳар чӣ дорам ҳадя намудам ба Муҳаммад (с) ва худ мутеъи ӯ ҳастам. Ва бо ин эъломи равшан, мунҳарифонро аз худ ноумед карданд. Аммо агар инсон боварҳои динии худро возеҳ ва равшан баён накунад мумкин аст дӯстони нобоб тамаъ кунанд ва мукарар барои ҷазби ӯ талош намоянд.

3. Гузаштан аз дунё барои дин

Дар зиндагии ҳар касе ду роҳе пеш меояд, ки бояд якеро интихоб кунад ва гое имтиҳони сахте хоҳад буд. Аммо ҳазрати Хадича (с), ки аз ҷиҳати дунёӣ мавқуияти бисёр болое дошт, вақте мушрикон ба ӯ гуфтанд ё бояд моро интихобкунӣ ё Муҳаммад (с)-ро, ӯ бо камоли оромиш ва бидуни ҳеҷ тардиде Паёмбар (с)-ро интихоб ва аз ҳама ҷилваҳои дунёӣ чашм пӯшид ва албатта ба саъодати дунё ва охират расид.

4. Истиқомат дар дин  

Кам нестанд афроде, ки иддаои диндорӣ доштанд, аммо дар мувоҷеҳ бо сахтиҳо ақибнишинӣ карданд, аммо ҳазрати Хадича дар ҳама номлоимот ва сахтиҳо дар канори Расули Худо (с) буд ва ҳаргиз дар роҳи худ тардид накард.

5. Ёрии дини Худо бо мол ва ҷон

Ҳама медонем, ки ҳазрати Хадича (с) амволи бисёр фаровоне дошт, ки дар замони худ бе назир буд, аммо дар аввалин фурсат амакашро маъмур намуд, ки дар канори хонаи Худо бо садои баланд эълом кунад: “Мардум! Хадича тамоми амвол ва имконот ва маҳрия ва ҳадяҳо ва ҳарчӣ дошт ҳамаро бахшид ба Муҳаммад (с)”. Ва ба ин кор ифтихор намуд, то касе нагӯяд Паёмбар (с) аз амволи ҳамсараш истифода мекунад. Ва низ сахтиҳои мухталифро ба ҷон харид. Раҳмати Илоҳӣ бар он бонуи бузурги Ислом. Ва умед, ки мо ҳам аз ӯ биоӯзем...

Идома дорад



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2