Боздошти сокини Кӯлоб барои барафрохтани парчами ДИИШ дар болои дарвозаи шаҳр

15.10.2015, 11:01 Хонданд: 274

Яке аз сокинони шаҳри Кӯлоб, собиқ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боздошт шуд. Ӯ ба таблиғи афкори гурӯҳи «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешавад.

Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин робита хабар дод, Маҳмадалӣ Исломови 32-сола ба гумони аввали моҳи сентябри соли равон барафрохтани парчами Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар болои дарвозаи шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон Маҳмадалӣ Исломов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ низ дар вилояти Хатлон ду гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Шаҳритӯс ва шаҳри Норак ба гумони барафрохтани парчами Давлоати исломӣ боздошт шуда буданд.

 



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    ноябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
2