Кушта шудани 140 нафар толибон дар марз бо Туркманистон

2.11.2015, 10:14 Хонданд: 303

Дар ҷараёни амалиёти поксозии вулусволии Гурмачи вилояти Фарёби Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, беш аз 140 нафар ифротгароён нобуд карда шуданд. Дар ин бора «Интерфакс»  бо истинод ба сардори раёсати пулиси ин минтақа Саид Оғо Андаробӣ хабар дода, менависад, зимни амалиёти мазкур воҳидҳои нерӯҳои ҳукуматии дар иҳотамонда низ озод карда шудаанд.

«Ҳамроҳ бо артиши миллӣ, дастаҳои ихтиёриён аз миёни мардум мо амалиётеро роҳандозӣ намудем, ки дар натиҷаи он се хатти мудофиаи толибон рахна шуда, беш аз 140 нафар ҷангиён нобуд ва роҳи аз иҳота баромадани нерӯҳои ҳукумат дар Гурмач ва маҳаллаи аҳолинишини Дуоба боз карда шуд», - гуфтааст Андаробӣ.

Ӯ қайд кардааст, ки бинобар сабаби аз ҷониби толибон истифода шудани аҳолии осоишта ба сифати сипари зинда амалиёт ба дарозо мекашад.

Гуфта мешавад, тақибан даҳ рӯз пеш вулусволии Гурмач таҳти назорати толибон қарор гирифта, зимни ҳамлаи ифротгароён сардори шуъбаи пулиси ин вулусволӣ Абдул Маҷид Гилембофӣ ба асорат афтида ва баъдан кушта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи чоршанбе ҷангиёни ҳаракати Толибон шаҳри Дарқад дар вилояти Тахор, воқеъ дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    март 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2