Боздиди серӯзаи шоҳзода Ҳусейн Оғо Хон аз Душанбе

16.11.2015, 16:42 Хонданд: 377

Шоҳзода Ҳусейн Оғо Хон, писари волоҳазрат Оғо Хони IV рӯзи якшанбе, 15 ноябр бо сафари серӯза корӣ ба Душанбе ташриф овард.

Аз Ташкилоти Оғо Хон оид ба рушд (АКДН) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни сафар шоҳзода Ҳусейн дар семинар оид ба таъсиси агентии нав - Агентии Оғо Хон оид ба муҳити зист дар Душанбе ширкат меварзад.

Вазифаҳои асосии Агентии Оғо Хон оид ба муҳити зист аз таъмини хонаводаҳо бо шароитҳои бештар бехатари зист иборат аст, ки аз оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳофиазт карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, Агентии мазкур баҳри фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди имконоти дастрасӣ ба воситаҳои зиндагӣ талош варзида, дастрасӣ ба хизматгузориҳои иҷтимоӣ ва молиявиро низ таъмин хоҳад кард.

Ҳамчунин Агентӣ хонаводаҳоро дар самти қодир будани онҳо ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ аз нигоҳи омодагӣ ва вокуниш ба онҳо низ дастгирӣ карданист.

Фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба муҳити зист кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва Ҳиндустонро фаро хоҳад гирифт.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    март 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2