Зоирини пиёдаи тоҷик бо ҳавопаймо ба ватан бармегарданд

8.11.2012, 15:08 Хонданд: 1555

Зоирини пиёдаи тоҷик бо ҳавопаймо ба ватан бармегарданд. Тавре ба islamnews.tj як манбаъ аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зоирини пиёдаи тоҷик изҳор кардаанд, ки тавассути ҳавопаймо ба ватан бармегарданд, зеро мусалмонон набояд аз ним сол зиёдтар аз оилаи худ дур бошанд.

«Мо ҳам аз ин тасмими онҳо дар тааҷҷубем, зеро онҳо гуфта буданд, ки роҳи ҳарду тарафро пиёда тай хоҳанд намуд, вале акнун акнун ногаҳон изҳор намуданд, ки ба ватан бо ҳавопаймо баргаштанианд», - гуфтанд дар кумита.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи майи соли равон ҳашт нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки синнусолашон аз 21 то 65-соларо ташкил медод, баҳри адои маросими ҳаҷ пиёда ба Арабистони Саъудӣ раҳсипор шуданд. Ду нафар аз онҳо бинобар сабаби беморӣ ва пайдо шудани корҳои муҳим дар хона сафари худро қатъ намуданд. Чор нафари дигар то Эрон роҳро пиёда тай намуда, аз онҷо тавассути ҳавопаймо ба Арабистони Саъудӣ рафтанд.

Танҳо ду нафари онҳо ба мақсади худ содиқ монда, вале зимни вуруд ба Арабистони Саъудӣ боздошт гардиданд, зеро бо худ раводиди вуруд надоштанд.

Пас аз расидагии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин қазия, ба онҳо раводиди вуруд ба Арабистони Саъудӣ дода шуда, зоирини пиёдаи тоҷик маросими ҳаҷро адо намуданд.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2