Бозгашти охирин зоирини тоҷик ба ватан

19.11.2012, 11:29 Хонданд: 1585

Рӯзи 18-уми ноябр ба майдони ҳавоии Душанбе ҳавопаймои охирин бо зоирини тоҷик фуруд омад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сарфи назар аз соли равон ҷорӣ гардидани чанде аз навовариҳо зимни гусели зоирин ба ҳаҷ, фурудгоҳ муваффақона барномаи «Ҳаҷ-2012»-ро анҷом дод.

Ба қавли ӯ, ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр», ки ба ҳамлу нақли зоирини тоҷик машғул буданд, дар маҷмӯъ бо хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе 29 парвоз анҷом доданд.

Қобили зикр аст имсол ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон пиёда ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор шуданд. Ҳамчунин бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, имсол ҳамчунин дар шаҳрҳои Маккаву Мадина шаҳрвандони тоҷике дар маросими ҳаҷ ҳузур доштаанд, ки бидуни мувофиқа бо кумитаи мазкур ба сафари ҳаҷ рафтаанд, вале шумори дақиқи онҳо маълум набудааст. Соли 2011 шумори зоирини «ғайрирасмӣ» 600 нафарро ташкил дода буд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2