Ҷаримабандии муаззини масҷиди марказӣ барои қироати азон назди ноболиғон

4.10.2012, 10:04 Хонданд: 1764

Адашхон Иноятзода, муаззини масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб, ки паҳлӯи Маркази исломии Тоҷикистон воқеъ аст, барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи масъулияти падуру модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба андозаи 280 сомонӣ ҷармабандӣ шуд.

Тавре ба islamnews.tj худи Адашхон Иноятзода хабар дод, ӯро барои риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва мутобиқи моддаи 474 Кодекси ҶТ «Дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ» (риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) ҷарима бастаанд.

Ба қавли номбурда, рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон пас аз анҷоми намози таровеҳ кормандони мақомот ба назди ӯ омада, изҳор кардаанд, ки зимни қироати азон дар масҷид беш аз 30 нафар ноболиғон ҳузур доштаанд ва дар робита ба ин ӯро гунаҳкор донистаанд. Дар ҳамин ҳол, худи муаззин аз айбномаи пешниҳодшуда шикоят надорад, ҳарчанд таъкид менамояд, ки ба назорати ба масҷид ворид шудани ибодаткунандагон салоҳиятдор нест.

«Ин талаботи қонун буда, қонун аз ҳама болотар аст. Мо бояд ба қонунҳои кишвар риоя намоем, вале гап сари он аст, ки ман ҳамеша аз пеши ибодаткунандагон истода, афроди ба масҷид воридшударо намебинам. Фикр мекунам, ки инро дигар шахсони масъул бояд назорат мекарданд», - зикр кард Иноятзода.

Қобили зикр аст, ки Адашхон Иноятзода аллакай муддати беш аз 25 сол, ҳанӯз аз замони Қозикалони Тоҷикистон будани рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар масҷиди марказии пойтахт азон мегӯяд.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2