Боздошти ду зоири пиёдаи тоҷик дар Арабистони Саъудӣ

10.10.2012, 10:13 Хонданд: 1540

Ду зоири пиёдаи тоҷик ба иллати надоштани раводиди кишвари дахлдор дар марзи миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саъудӣ боздошт шуданд.

Тавре ба Islamnews.tj сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, сафорати Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон ба ин зоирин раводид надодааст ва яке аз шартҳои кишвар он аст, ки зойирин бояд бо гурӯҳҳо тавассути ҳавопаймоҳо ба ҳаҷ оянд.

«Мо огаҳем, ки як гурӯҳ зойирин пиёда сафари ҳаҷро ихтиёр намуда, чанде аз онҳо аз ними роҳ баргаштанд ва баъзе бо ҳавопаймо ба Арабистони Саъудӣ расиданд. Танҳо ду нафари онҳо то Аморати Муттаҳидаи Араб расида, дигар кишварҳоеро, ки убур кардаанд, расводид доштаанд, вале гумон кардаанд, ки раводиди Арабистони Саъудиро дар худи ҳамин кишвар медиҳанд, вале мутаассифона, мушкилоти раводиди онҳо то ҳол ҳал нашудааст», - гуфт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ин қазияро пайгирӣ дошта, дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2