Сафари ҳайати мақомоти расмии дини ҷумҳурӣ ба Русия

10.10.2012, 15:18 Хонданд: 1319

Як ҳайати мақомоти расмии дини ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷиҳати вохӯриву мулоқот бо муҳоҷирини кории тоҷик ба Русия раҳсипор шуд.

Тавре ба islamnews.tj як манбаъ аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар дод, сафари ин ҳайат то 17-уми октябр идома ёфта, онҳо аз шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Қазон боздид мекунанд. Аммо манбаъ барномаи сафари ҳайатро мушаххас нагуфт.

« Омӯзишу расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик, бахусус муҳити маънавии онҳо яке аз ҳадафҳои аслии сафар маҳсуб меёбад», - изҳор дошт ҳамсуҳбат.

Дар Тоҷикистон фаъол шудани муборизаи сиёсӣ баҳри мавқеи мусбат пайдо кардан миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки тибқи баъзе маълумот ба 2,5 млн. нафар наздик мешавад, ба мушоҳида мерасад.

Қобили зикр аст, ки қаблан руҳониёни маъруфи кишвар бародарон Тӯраҷонзодаҳо, намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва якчанд ҳайатҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ ба манотиқи гуногуни Русия сафар намуда, бо муҳоҷирон мулоқоту вохӯриҳо доштанд.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2