Кабирӣ: Масъулин дар масъалаи ҲНИТ саросема нашаванд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март дар ҷаласаи пасазинтихоботии парлумонӣ гуфт: “Бояд ба мaсъулин бирасад, дар масъалаи ҲНИТ бояд саросема нашаванд, агар лозим шуд наҳзат худ тасмим мегирад, миллат тасмим мегирад, вале набояд саросема шуд”.

Кабирӣ ба ҷонибдорони ҲНИТ гуфт: “Ҳамин рӯз, натиҷае, ки эълон карда шуд барои мову шумо як такон аст, рӯзе ҳаст, ки бояд фикру таҳлил кард,барои як ояндаи беҳтару хубтар ҳам барои ояндаи кишвару миллат ва ҳам барои ҲНИТ тарҳҳо ва барномаҳои ҷадидро фикр кард”.

Ӯ ҳамчунин зикар кард, ки мо ниёз ба як суботи дохилӣ дар кишвар дорем, то ин ба ин таҳдидҳое, ки аз берун ба мо равона шудаанд, ҷавоб дода тавонем, чи ифротгароӣ бошад, чи бекориву мушкилоти иқтисодӣ: “Ин суботи миллӣ бояд, ки дар як муколамаи шаффоф байни тамоми қишрҳо роҳандозӣ шавад”.

Кабирӣ дар идома гуфт яке аз тарҳҳоямон ҳамин аст, ки бояд дар наздиктарин фурсат мизи гирд даъват карда шавад ва тамоми мутахассисон ширкат кунанд, аз Шӯрои уламо, аз вазоратҳои қудратӣ, аз ҳизбҳои сиёсӣ, донишмандони соҳаи ҳуқуқу сиёсат ва дар масъалаи будан ё набудан, зарурати як ҳизби динӣ дар кишваре мисли Тоҷикистон машварату суҳбат шавад. Наҳзати исломии Тоҷикистон барои миллат лозим буд, дар қонуни аосӣ ҷо дода шудааст ва то имрӯз шукри Худо фаъолият карда истодаем.

“Бояд ба мсъулин бирасад, дар масъалаи ҲНИТ бояд саросема нашаванд, агар лозим шуд наҳзат худ тасмим мегирад, миллат тасмим мегирад, вале набояд саросема шуд. Зеро ҳодисаҳо дар ҷаҳон зуд тағйир ёфта истодаанд, дар минтақа ҳам баъд як вақт зарурат ба ҳизб ё ҳаракате мисли наҳзат пайдо мешавад, ки дер мешавад он вақт. Ҳатман ин гуна зарурат барои нерӯи сиёсие мисли наҳзат дар ҷомеа ҳаст ва хоҳад монд, зеро таҳдидҳое, ки аз тарафи ифротгароёну ДОИШ, аз тарафи Ал-Қоида ва гуруҳҳои дигаре, ки дар натиҷаи сиёсатҳои нодурусти ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадаанд, инҳо барои миллату Ислом таҳдиданд. Ҳич ҳукумат ба танҳои наметавонад пеши роҳи ин таҳдидҳоро бигирад, магар он ки тамоми миллат бо тамоми ҳизбу ҳаракатҳо ва қишрҳояш дар ҳамкорӣ бошанд”, зикр кард Муҳиддин Кабирӣ.

НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2