Донишманди тоҷик: Салафия хатар ба фазои динӣ ва манфиатҳои миллии мо дорад

Ғафор Мирзоев, мудири Шӯъбаи таърих ва фалсафаи дини Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 27-уми май дар ҳамоиши “Ифротгароии салафӣ, масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ”, гуфт: "Салафияи муосир ин хатар ҳам ба фазои динӣ ва муҳити иҷтимоӣ ва манфиатҳои миллии мо дорад”.

Ӯ зикр кард, ки бояд сари истилоҳи “Салафия” биандешем. “Ҳама равия, фирқа ва ҷунбишҳо худро пойбанди салафи солеҳ медонанд. Ягон фирқае нест, ки худро аз он ҷудо донад, вале салафияи муосир хусусияташ дар он аст, ки дар зери шиорҳо, ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоиро пайгирӣ менамояд”.

Мирзоев зикр кард: "Ҳадафи салафиҳо он аст, ки тавассути дин ба фазои иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон роҳ ёбанд".

Омилҳое, ки заминаи рушд ва таблиғи ҷараёни экстремистӣ дар Тоҷикистон мешавад, донишманди тоҷик гуфт: “Ҷалб намудани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ бештар дар ду ғариза воқеъ аст: Якум ғаризаи эътиқодӣ. Дуюм ғариза ин манфиатҳои иқтисодӣ аст”.

Ӯ ҳамчунин гуфт намояндагони салафия ба хусусиятҳои равонии ҷавонон ба осонӣ даст меёбанд ва воситаҳои иттилоотиро истифода мебаранд, тағйиротҳои иҷтимоиро саривақт дарк менамоянд.

“Масалан вақте, ки салафиҳо ба фазои муҳити муҳоҷирони мо роҳ ёфта буданд бисёрии мо дар фикри муҳоҷирон набудем. Вале ҳамин фазоҳои нозук, фазоҳои барои мо хушунатхез, доим мо аз мушкилоти онҳо дер огоҳ мешавем. Ҳатто дар муҳити доираҳои илмии Русия пештар аз мо огоҳ шуда ба омӯзиши ҷойгоҳи дин дар ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ даст зада буданд. Яке аз муҳаққиқони рус Алексей Старостин ҳанӯз соли 2008 иброз дошта буд, ки: “Омили динӣ барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳамчун омили нигаҳдорандаи ҳуввияти миллӣ табдил ёфтааст. Ва дар айни замон барои ҳифзи равонии онҳо хизмат менамояд. Тундгароёни динӣ бошад ин омилро хеле хуб дарк карда онро мехоҳанд ба ғаризаҳои алоҳидаи худ барои мубориза бурдан бо он ниҳодҳои сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва айни замон бо Русия истифода баранд”.  Вале мо аз ин масъалаҳо хеле дер огоҳ шудем”, мегӯяд Мирзоев.

Ин муҳаққиқи тоҷик дар мавриди пешгирии омилҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” ва салафиятгароӣ гуфт: “Яке аз масъалае,ки метавонад таъсир гузорад ин густариш ва таҳким кардани вазифаҳои оила аст. Чун бисёр масъалаҳо, мушкилотҳои динӣ аз оила сар мешавад. Дар робита ба масоили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ҳам нишон медиҳад, ки он нафароне ки аз иштибоҳи худро дарк карда баргаштаанд, тавассути дастгирии оила ин масъала имкон доштааст. То ба ҳанӯз оила метавонад як ниҳоди асосии воқеӣ дар пайи ҳаллу фасли ин мушкилот боқӣ монад. Вале мо, ҳам мушкилоти оила, камбизоатӣ, бекорӣ, мушкилоти набудани мард ҳамчун сарвари оила, ки солҳои тӯлонӣ дар оила нест ва сухани зан ба он наврасе, ки 15 сола мешавад, муассир нест, дарк намоем”.

Дар идома зикр кард: “Мушкилоти ҳаллу фасли салафия ин як омили алоҳида нест, балки ин дастҷамъии якчанд омилҳои гуногун аст, ки ҳаллу фасл ва пешгирии он ҳам муносибати дастҷамъонаро талаб мекунад”.

НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2