Ҷангҷӯёни тоҷик дар Бадахшон кушта шуданд

13.04.2015, 08:09 Хонданд: 1356

Даргирӣ миёни неруҳои амниятии Афғонистон ва Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо талафоти сангини ҷангҷӯёни Толибон поён ёфтааст, хабар медиҳад “Хома”.

Масъулони амниятии вилояти Бадахшон ба хабаргузории “Хома” гуфтаанд: дар даргирии ду рӯзи ахир миёни неруҳои амниятӣ ва Толибон дар дараи Хастаки ноҳияи Ҷурми ин вилоят 27 нафар аз Толибон кушта шудаанд.

Сахидод Ҳайдарӣ, масъули амниятии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки 8 нафар аз ин кушташудагон ҷангҷӯёни хориҷӣ ва аз Тоҷикистон мебошанд.

Дар ин даргирӣ 6 нафар аз неруҳои амниятии афғон низ кушта ва 12 нафари онҳо захмӣ шудаанд, хабар додааст “Хома”.

Ин даргирӣ рӯзи 10-уми апрел оғоз шуда то поёни рӯзи 11-уми апрел давом кардааст.

Вилояти Бадахшони Афғонистон яке аз вилоятҳоест, ки бо Покистону Тоҷикистон ҳаммарз аст. Ва ба навиштаи ин хабаргузорӣ, вилояти Бадахшони Афғонистон ноҳияҳои Вахон, Ишкошим, Шуғнон ва минтақаи Дарвозро дар бар мегирад, бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва то кунун борҳо аз ҳузури талафоти ҷангҷӯёни Тоҷикистонӣ дар он гузориш шудааст.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    апрел 2016    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
2