Пешравии ДИИШ дар Сурия ба самти марзҳои Туркия

2.06.2015, 09:03 Хонданд: 217

Гуруҳи террористии ДИИШ дар ҳоли ҳозир тавонаистааст рустои Суваронро, ки 10 километр наздик ба марзи Туркия қарор дорад, дар ихтиёри худ гирад, хабар додааст EuroNews.

Созмонҳои ҳуқуқи башари Сурия гуфтаанд, ДИИШ бахшҳое аз маркази Ҳумс ва шимоли Ҳалабро таҳти контроли худ даровардаанд ва ба ин тартиб онҳо ниме аз хоки Сурияро дар контроли худ доранд.

Ахиран гуруҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Рамодии Ироқ аз хонаводаҳои сунни мазҳаб ба далели муқовимат дар баробари ДИИШ интиқом мегиранд.

Нашрияи англисизабони Telegraph навиштааст, ки ДИИШ аз сунниҳо интиқом гирифта хонаҳояшонро ба сурати комил тахриб кардаанд.

Ба иттилои Telegraph, Рамодӣ дар миёни шаҳрҳое, ки аксарият суннӣ ҳастанд аз аввалин шаҳрҳоест, ки аз ДИИШ безорӣ кард ва неруҳои мардумиро барои ҳамкорӣ бо давлат ташкил дод ва ин кори онҳо боиси хашми террористҳои ДИИШ гардид. Интиқоми онҳо ба тавре сурат мегирад, ки сунниҳо аз тарафи ДИИШ кушта ва ҷасади онҳоро тика-тика кардаанд.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2