Волии Қундуз: Интиқоли майдони ҷанг ба шимоли Афғонистон кори артиши Покистон аст

4.06.2015, 15:54 Хонданд: 140

Муҳаммад Умар Софӣ, волии Қундуз мегӯяд, ки артиши Покистон бо роҳандозии амалиёте дар Вазиристон террористони хориҷиро ба Афғонистон фиристодааст ва аз ҳамин рӯ вазъият дар Қундуз сангин шудааст, хабар додааст шабакаи телевизионии “Тулуъ

Дар ҳамин ҳол фармондеҳи пулиси Қундуз аз мусаллаҳ сохтани фармондеҳони пешини ҷиҳодӣ дифоъ мекунад ва мегӯяд, ки неруҳои мардумӣ дар шикаст додани Толибон ва террористони хориҷӣ то кунун судман будааст.

Ба навиштаи “Тулуъ” Волии Қундуз ҳузури ДИИШ ва террористони хориҷиро дар Афғонистон як нигаронии ҷиддӣ медонад.

Муҳаммад Умар Софӣ гуфтааст: “Толибон ва террористони хориҷӣ, ки бо ДИИШ байъат кардаанд аз баҳри эҷоди як паноҳгоҳи амн дар Қундуз ва шуморе аз вилоятҳои дигари шимол меҷанганд”.

Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон шаҳрвандони Туркия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва шуморе аз кишварҳои дигар мебошанд.

Муҳаммад Умар Софӣ, волии Қундуз изҳор дошт: “ДИИШ бештар аз ин ҷойе дар Вазиристон, яъне пойгоҳаш дар Покистон надорад. Зеро артиши Покистон сахт дар талоши фиристодани онон ба Афғонистон аст, бинобар ин ҷангҷӯёни хориҷӣ мехоҳанд то як пойгоҳи амн барояшон пайдо кунанд, пас онон сахт мекушанд то дар шимоли Афғонистон паноҳ бигиранд”.

Акнун ҳукумати Афғонистон барои кӯмак ба неруҳои амниятӣ дар ин ҷанг усулеро дар пеш гирифтааст ва ин мусаллаҳсозии беш аз 2 ҳазор низомӣ бо роҳбарии фармондеҳони пешини ҷиҳодӣ дар баробари шӯришиён аст.



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2