Даъвати Толибон аз ДИИШ оид ба худдорӣ аз эҷоди ҷабҳаи ҷудогона дар Афғонистон

17.06.2015, 11:41 Хонданд: 321

Гурӯҳи Толибон дар номае ба Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳушдор додааст, ки аз эҷоди ҷабҳаи ҷудогона дар Афғонистон худдорӣ кунад.

 Бино ба иттилои бахши тоҷикии радиои Садои  Хуросон бо истинод ба гузориши хабаргузории ИРНА, Толибон дар ин нома ба изҳор кардаанд, ки барои эҷоди гурӯҳи дигар аз сӯи ДИИШ дар Афғонистон зарурате нест.

Толибон дар ин нома қайд кардаандт, ки онҳо хайри ДИИШ-ро мехоҳанд ва ин гурӯҳ ҳам набояд алайҳи Толибон сафи ҷадидеро ба вуҷуд оварад.

Онҳо дар ин нома хитоб ба Бағдодӣ таъкид кардааст, ки афроди вай набояд дар байни нерӯҳои Толибон кина ва дудастагӣ эҷод ва орзӯи мухолифони гурӯҳи Толибонро бароварда кунанд.

Толибон дар ин нома ба ДИИШ ҳушдор додааст, ки агар афроди онон барои Толибон мушкил эҷод кунанд, ба шӯҳрати онон садамаи ҷуброннопазир ворид хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин раҳбари гурӯҳи террористии ДИИШ гуфта буд, ки "торихи масраф"- Мулло Умар ва Толибон ба поён расидааст.

ДИИШ пеш аз ин гурӯҳи Толибонро олати дасти Созмони иттилоотии низомиёни Покистон хонда ва алайҳи ин гурӯҳ эъломи ҷиҳод карда буд.

То кунун дар даргириҳои ДИИШ ва Толибон дар Афғонистон даҳҳо тан аз афроди ду тараф кушта ва ё захмӣ шудаанд.

 



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2