Пайвастани уйғурҳо ба ДИИШ таҳдиде барои амнияти Чин ва Покистон аст

13.07.2015, 09:30 Хонданд: 146

Ба гузориши хабарнигори “Форс” дар Исломобод, рӯзномаи Daily Pakistan, имрӯз дар гузорише навишт: Туркия уйғурҳои мусулмони Чинро ба узвияти ДИИШ дармеоварад.

Ин гузориш меафзояд, сафоратҳои Туркия дар ҷануби Осиё муқаддамоти сафари уйғурҳо ба ин кишвар ва дарёфти миллияти Туркия дар идома узвият дар ДИИШ-ро барои чиниҳои мусулмон фароҳам мекунад.

Мақомоти Чин эълом карданд: Уйғурҳо шаҳрвандони чинӣ ҳастанд ва агар аз кишвар фирор кунанд бояд бозгардонда шаванд, бинобар ин Туркия ҳақ надорад барои онон миллият фароҳам кунад.

Ин суҳбати мақомоти Чин дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Туркия уйғурҳоро аз нажоди туркӣ медонад ва саъй дар ба истилоҳи кӯмаки онон дорад.

Ин гузориш меафзояд: Уйғурҳо баъд ахз дарёфти миллияти Туркия ба Сурия ва Ироқ низ эъзом мешаванд, зеро ДИИШ дар ин кишварҳо бо камбуди нерӯ мувоҷеҳ шудааст.

Ба навиштаи Daily Pakistan, ДИИШ барои ҳар уйғур ба узвияти ин гуруҳ дар биёяд 2 ҳазор доллар пардохт мекунад ва маблағе низ ба Туркия пардохт мешавад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Чинӣ эълом кардаанд, ки бо баррасии телефонҳои ҳамроҳи бархе уйғурҳо, ки аз Туркия баргаштаанд, мутаваҷҷеҳ шудаанд онҳо шустушӯи мағзӣ шудаанд ва илова бар ваъдаи Биҳишт аз назари молӣ низ таъмин мешаванд.

Коршиносони Покистонӣ унвон мекунанд, ки пайвастани уйғурҳо ба ДИИШ амнияти марзҳои муштараки Покистон ва Чинро ба хатар меандозад ва мубориза бо шуришиёни Синзянро ба чолиш хоҳад кашид.

Бахше аз ҷангҷӯёни уйғур дар Вазиристони шимолӣ мустақар ҳастанд ва дар амалиётҳои террористии мутааддид алайҳи артиши Покистон бо узбакҳо ва чеченҳо ҳамкорӣ кардаанд.

 



Рекомендую
МАВОД ОИД БА МАВЗӮИ МАЗКУР
НАЗАРҲО (0)
Информация
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
НАЗАРСАНҶӢ
Шумо ба намози ҷумъа меравед?

Ҳамеша меравам

Қариб, ки доимо

Замоне, ки шароит имкон диҳад

Хеле кам

Намеравам

Бойгонии назарсанҷӣ
БОЙГОНӢ
«    октябр 2015    »
ДшСшЧшПшҶмШнЯш
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
2